Дар байни беҳтарин чеҳраҳои шинохтаи варзиши ҷумҳурии солҳои 80-90-ум, алалхусус гӯштигирӣ Саламшо Муҳаббатов мақоми хоса дорад. Ин паҳлавонро ҳама хурду бузург мешиносанд ва эътирофу эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ӯ нафақат байрақи ин намуди варзишро баланд нигоҳ медорад, инчунин ба ҳайси яке аз сарпарастони расмии ин соҳа мекӯшад то шарафи онро ба зинаҳои баланди байналмиллалӣ барорад.
Саламшо Муҳаббатов 11 ноябри соли 1960 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Шавқи варзиш ҳанӯз дар тифлӣ дар дилаш бедор гаштааст. Ӯ аз модараш доир ба корнамоиҳои варзишии бобояш Хушдилпаҳлавон қиссаҳо мешуниду бо исрору ифтихор ба такрор гуфтани онҳоро аз модар хоҳиш мекард.
Дар солҳои мактабхонӣ миёни шарикдарсон бо бартарии қобилият фарқ карда, дар тамоми ҷамъомаду мусобиқаҳои хонандагону наврасони ноҳия ва вилоят ғолиб меомад.
Саламшо ин касби бобоиро ҳангоми хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС ва солҳои донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ҳаматарафа сайқал медод. У дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявй аз рӯи қариб тамоми намудҳои гӯштй (самбо, дзюдо, озод ва тарзи миллӣ) ширкат варзида, дар аксари онҳо дастболо мешуд.
Иштироки Саламшопахлавон тамоми мусобиқаву маъракаҳон гӯштии миллиро таровати тоза мебахшид. Дар майдон ӯ ҳамеша сабуку чолок буда, гӯё иқбол ёраш, фақат барои ғолиб шудаи, мебаромад. Ин муваффақиятро дар гӯштиҳои умумииттифоқӣ нл байналмиллалӣ низ борҳо соҳиб шудааст.
Аз рӯи баҳои беҳтарин мутахассисони ин соҳа, Саламшо бн гӯштӣ чун ба санъат муносибат менамояд. Аз ин рӯ дар байни варзишгарону мухлисони бешумор эҳтироми хосса пайдо намдааст. Ӯ паҳлавонест, ки ҳамеша эҳтироми ҳарифашро ба ҷо орад. Дар ҳасостарин лаҳзаҳо асабонй намешавад. Дониши мукаммали назариявӣ, дар амал санҷидани беҳтарии дастовардқои варзишии ҳозиразамон аз тамоми намудҳои гӯштй бартарии ӯро дар назди ҳарифон ҳамеша таъмин менамояд.
Инро боз ду корнамоии солҳои охири ин паҳлавони миллӣ собит сохт. Соли 2001 дар мусобиқаи ҷаҳонии байни устодони варзиш дар Фаронса ҷои дуюм ва соли 2002 дар чемпионати ҷаҳонии дар шаҳри Амидиои давлати Юнон барпошуда, Саламшоҳ ҳарифонашро аз Русия, Олмон, Фаронса озодона мағлуб карда, барои ҷои аввал бо яке аз зӯртарин паҳлавонони ин мусобиқа Пурзарови узбекистонӣ зӯрозмоӣ намуд. Дар натиҷа ҳариф ба бартарии нерӯи паҳлавони тоҷик тоб наоварда, мағлуб шуд. Дар толори варзишӣ суруди миллии Тоҷикистон баланд садо дод. Парчами ҷумҳурӣ дар ҳолате, ки ҳама ҳозирин аз ҷой бархоста буданд, барафрохта шуд. Дар зинаи аввали шӯҳрат намояндаи варзиши Тоҷикистон, паҳлавони ванҷӣ бо як ғуруру самимияти барои мардуми ин диёр хос буда, чашм аз парчам наканда, ба суруди ба дил наздики миллӣ, ки дар ин кишвари Аврупо аз ғолибияти котеъона ва қаҳрамони ҷаҳонии варзиш гаштанаш мужда медоданд, гӯш медоду ифтихор аз Ватан, аз Тоҷикистони азизаш дошт.
Ҳамин бартариҳои касбиест, ки қаҳрамони бисёркаратаи тарзҳои самбо, дзюдо, озод ва миллии Тоҷикистон Саламшо Муҳаббатовро бисёре аз варзишгарони номии тоҷик чун устоди комили соҳа ҳурмату эҳтиром менамоянд. Бале, Саламшо дар ин ҷода соҳибмактаб аст. Аз ин мактаб бевосита садҳо варзишгарони тоҷик баҳра бардоштаанд. Бо итминону ифтихор гуфта метавонем, ки писарони Саламшопахдавон Ҷаҳонгир ва Баҳриддин равнақдиҳандагони варзиши волои авлодӣ ва миллӣ хоҳанд гашт.
Устоди варзиши ИҶШС оиди тарзҳои гӯшгии самбо, дзюдо, озод ва миллӣ Саламшо Муҳаббатов имрӯз низ ба серкории худ нигоҳ накарда, барои равнақи ин шуғли побарҷои миллӣ, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Саҳми шахсии ин марди наҷиб дар пешбурди гӯштии ҷумхурӣ хеле равшан ба назар мерасад. Маҳз бо кӯшиши ӯ соли 1999 Федератсияи гӯштии тарзи озоди Тоҷикистон, аз нав эҳё гашт. Ӯ ҳоло чун Президенти федератсияи мазкур саҳмгузори бевоситае дар ташкили мусобиқаҳои расмии соҳавӣ ва маъракаҳои дигари варзишӣ шоистаи ифтихору қадршиносист.
Бартарии Саламшо Мухаббатов аз ҳамсолони фаъоли худ дар он буд, ки дар шиддатноктарин давраҳои даргир ҳамаро ба сулҳу салоҳ даъват мекард.
Саламшо Муҳаббатов 3 август соли 1998 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи нафту гази назди ҳукумат таъйин гардида, то соли 2003 дар ин ҷода кору фаъолият намудааст. 2 сентябри соли 1999 бо ордени “Спитамен” сарфароз гардидааст.
Саламшо Муҳаббатов дар айни авҷи камолоти ташкилотчии варзишӣ ва фаъолияти сиёсӣ қарор ёфта, бо ғайрати том мекӯшад хизмати беминнати халқу Ватанро ба ҷо биёрад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Дар васфи Саламшо
Сипаҳбод Саламшоҳи Раҳмониён,
Ҷасуру хирадманду ҳам паҳлавон.
Ба ҳамнгоми корзор чу шери жаён,
Ҳарифро дарорад, зи по аз миён.
Худоё, тавонаш ту афзун намо,
Ва машҳур варо то ба гардун намо.
Ту додӣ варо дасту бозӯи зӯр,
Қавӣ панҷаву қудрат, нерӯи пур.
Туӣ раҳнамояш, туӣ дилкӯшояш,
Муҳаммад (с) бувад раҳнамояш.
Алии Зулфиқор андар замираш,
Ба дасти ту дигар аст, тақдираш.
Ҷадду обош аз насли Муҳаббат,
Ҳама тору ҳама пудаш Муҳаббат.
Дарахту решааш аст, аз Муҳаббат,
Замир саршор аз меҳру Муҳаббат.
Дилаш пурнур аз даргоҳи Яздон,
Ба қалби пур меояд ба майдон.
Ба пешонӣ нураш, Шамс хандон,
Барои меҳану миллат диҳад ҷон.
Саросар ҳарф аз мардӣ бигӯяд,
Ҳамеша роҳу ҳамдардӣ биҷӯяд.
Ҳамагӣ тору пудаш аз ғурур аст,
Ба меҳру гармрӯву бо сурур аст.
Ҷавонмардӣ бувад, андешаи ӯ,
Хирадмандӣ силаҳу пешаи ӯ.
Гирифта дарси ибрат аз падарҷон,
Ба рӯҳи модари хеш медиҳад ҷон.
Ҳамеша дар раҳи инсон равон аст,
Намуна, ибрати насли ҷавон аст.
Яқин гӯям, ки фарзанди замон аст,
Барои миллати хеш қаҳрамон аст.
Зи волидон накӯкорӣ гирифтаст.
Зи устодон хирадборӣ гирифтаст.
Саламшоҳ худ султони ғурур аст,
Ҷавонмард аст, хеле бошуур аст.
Надорад кор бо хушкидамағзон,
Далеру шери мо аст, зеби майдон.
Бар роҳу самти хешаш устувор аст,
Ҳамеша дар раҳаш бо эътибор аст.
Ба асли хеши худ бо эҳтиром аст,
Ба буду насли хеш бо интизом аст.
Ғами миллат аз ӯ ҳошо ҷудо нест,
Ва ӯ як лаҳза бе зикри Худо нест.
Саламшо бандаи яктопараст аст,
Ба имон сахт, хуб яздонпараст аст.
Ба кеши ҷадд хуб боэҳтиром аст,
Ба ахлоқ, бо адаб, бо интизом аст.
Фурӯ гардан бар душман лек наорад,
Ғулому расми хасм будан надорад.
Ғуруру сарфарозӣ одати ӯст,
Далериву шуҷоат хислати ӯст.
Накӯкорӣ яке андешаи ӯст,
Ҷавонмардӣ низ дар решаи ӯст
Салам вориси фарҳанги ниёгон,
Саламшоҳ номбардори бузургон.
Чу кӯҳи кӯсораш сарбаланд аст,
Барои миллати хеш арҷманд аст.
Ман аз Яздон дорам ин таманно,
Саламшоҳ доимо бошад тавоно!.
Худоё, бош дар пушту паноҳаш,
Муҷавваз кун аз хирад силлоҳаш!.
Абдулқодир Алавӣ. 05.09.2020, шаҳри Маскав.
Назари хешро иброз кунед