Саидбек Мирзоев 12 январи соли 1944 дар деҳаи Ширговади деҳшӯрои Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1960 таҳсилро дар мактаби миёнаро ҷамъбаст намуда, ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кард. Солҳои 1972-1975 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъди хатми он фаъолияти касбиаш ба таври зайл ҷараён гирифт: солҳои 1972-1974 дар совхози Кирови ноҳияи Вахш ба ҳайси духтури участкавӣ ва баъд сардухтури ҳамин совхоз, духтури касалиҳои дарунӣ (терапевт), мудири шӯъбаи таъҷилӣ, 1974-1979 сартерапевти (духтури касалиҳои дарунӣ) касалхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа, 1979-1982 сартерапевти вилояти Қӯрғонтеппа, 1982-1993 сардухтури касалиҳои дарунии шаҳри Қӯрғонтеппа, 1993-1995 дар дармонгоҳҳои №14, 9 ш.Душанбе ба ҳайси муовини сардухтур доир ба корҳои табобат.
С.Мирзоев аз моҳи октябри соли 1995 ба сафи Артиши милли Тоҷикистон даъват шуда, аввал ба сифати сардори шӯъбаи касалиҳои рӯдаю меъда, баъдан сартерапевти Беморхонаи марказии Вазорати мудофиа ва аз январи соли 2001 ба вазифаи ҷонишини аввали сардухтури беморхонаи марказии қувваҳои мусаллаҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
С.Мирзоев дорандаи унвони ифтихории “Терапевти дараҷаи олӣ”, инчунин аълочии коркунони тандурустии ИҶШС мебошад. Муаллифи зиёда аз 20 мақола оиди пешгирии касалиҳои дарунист, ки аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд. Хизмати намунавии С.Мирзоев бо чандин медал, зиёда аз 20 адад ифтихорномаҳои Вазорати тандурустии ИҶШС, Тоҷикистон ва ғайра қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед