Савлатшо Ҳамроев

  SavlhamroСавлатшо Ҳамроев яке аз аввалин муборизони фаъоли сохтмони колхозӣ дар ноҳияи Ванҷ, соли 1904 таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз давраи наврасӣ оғоз ёфтааст. Соли 1927 С. Ҳамроев бо чанде аз ҷавонони лаёқатманд аввалин шуда, барои таҳсил ба дорулмуаллимини шаҳри Тошканд рафта, баъди хатми он, аввалин дар ноҳияи Ғарм, сипас ба зодгоҳаш баргашта, шуғли омӯзгориро пеша намудааст.
  Соли 1937 дар давраи мустаҳкамшавӣ ва болоравии сохти колхозӣ, ҳукумати маҳаллӣ қобилияту истеъдоди меҳнатӣ ва масъулиятшиносии С. Ҳамроевро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи мудири шӯъбаи абрешими ноҳия таъин менамояд.
  Дар тамоми давраи зиёда аз 30 солаи хизматаш дар ин соҳа, фақат пешравӣ мушоҳида мешуд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, соли 1937 дар ноҳия ҳамагӣ 8 тонна пилла истеҳсол шуд. Соли 1966 ин нишондиҳанда ба 42 тонна расид. Баъди ба нафақа баромаданаш низ, вазифаи агрономии колхози калонтарини ноҳия “Комунизм” ро ба ӯҳда дошт, ки он нафси тамоми пиллаи ноҳияро парваришу истеҳсол менамуд. Ин марди ботамкину меҳнатқарин аз худ  хотираи нек боқӣ монд. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.