Аз майдони набард ба фаъолияти бунёдкорӣ
Чанде аз фотеҳони ҷабҳа, ки бо амри қисмат ва бахти фарзандон. баъди набардҳои шадид ва таъмини Ғалабаи бузург алайҳи фашизм ба Ватан баргашта баҳри ободии диёр заҳмати беминнати худро дареғ надоштаанд, бояд абадан дар хотири фарзандон ва наслҳои наврас ҷой дошта бошанд. Инро мантиқи ватанпарастӣ, нигаҳдошти ғурури озодихоҳӣ, тарбияи худшиносии миллӣ тақозо дорад. Дар китоб вобаста ба мундариҷа ва мантиқи ободкориҳои солҳои 50-70-уми асри гузашта, ба фаъолияти меҳнатӣ ва намунавии ин собиқ диловарони ҷабҳа лаҳзаю ҷузъиёти ҷолибе оварда шудааст. Вале қаблан мехостем то ҷое, ки маълумоти бароямон дастрас имкон медиҳад, аз он диловарони ҷангу меҳнат дар доираи рӯйхати оддӣ ҳам бошад ёдовар шавем, то хонанда ба фидокории меҳнатии онҳо баҳои сазовор дода тавонад. Инак ин номҳои шариф:
Баротов Дӯстмуҳаммад (аскари қаторӣ) — тав. 1912
Бачонаев Худоназар (командири хурд) — 1909
Беков Ҷангӣ (аскари қаторӣ) — тав. 1924
Боев Давлат (аскари қаторӣ) — тав. 1926
Буҳриев Худодод (аскари қаторӣ) — тав. 1915
Валиҷонов Маҳмадкарим (аскари қаторӣ) — тав. 1915
Давлатов Аваз (аскари қаторӣ) — тав. 1914
Давлатов Баёз (аскари қаторӣ) — тав. 1917
Давлатов Шаша (аскари қаторӣ) — тав. 1924
Иззатов Бурхвалишо (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Маҳмадуллоев Нағзалӣ (аскари қаторӣ) — тав. 1915
Мастов Усмон (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Мастов Назар (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Мирзоев Назарӣ (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Миров Саид (аскари қаторӣ) — тав. 1918
Муҳаббатов Раҳмоншо (аскари қаторӣ) — тав. 1924
Муҳиддинов Бурҳон (сержант, крмандир) — тав. 1925
Мухторов Маҳмадниёз (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Неъматов Сафар (лейтенант) — тав. 1920
Нуров Пир (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Нусратов Зиёратулло (аскари қаторӣ) — 1908
Орифов Пирумшо (сержанти хурд) — тав. 1925
Садриддинов Зайниддин (аскари қаторӣ) — тав. 1920
Саидамиров Хоса (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Сулаймонов Бӯрибек (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Умаров Саидмаҳмад (аскари қаторӣ) — тав. 1917
Ҳалимов Хонадон (аскари қаторӣ) — тав. 1907
Хуррамов Шакаршо (сержант) — тав. 1924
Шарифов Иброҳим (сержант, командири шӯъба) — тав. 1919
Шейхов Амрихудо (аскари қаторӣ) — тав. 1926
Шоев Кош (аскари қаторӣ) — тав. 1914
Шоев Ёр (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Ҷаваров Додихудо (сержант, командири шӯъба) — тав. 1925
Ҷонаков Қурбоншо (аскари қаторӣ) — тав. 1925
Ятимов Аҳтам ( — ) — тав. 1925
Шояд ин рӯйхати оварда пурра набошад. Дар ҳар ҳолат он маълумоте оварда шудааст, ки ба мо дастрас буд.
Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.
Якимов не Ятимов Аҳтам (Шрговад), ё бо рутбаи лейтинанти калон ё рутбаи капитан баргашт аз ҷанг.
Дар ҳуҷҷҷатҳои расмӣ номаш «Якимов» сабт шудааст.
Дар кадом хуҷҷат? як бор рафта ҳуҷҷатҳояшоро аз фарзандонаш, ки ҳаётан гирифта дақиқ кунед ва дигар ин ки марҳумро ҳама мардуми Ванҷ мешиносанд ва мо ягон Иван нестем, ки Ятимро аз Яким фарк накунем. Бояд ислоҳ шавад номаш барои ояндагон ва вафоташ ки соли 1992 аз дасти одамхурҳои Файзалӣ сурат гирифт низ зикр гардад.
Ному насаби Ятимов Аҳтамро ислоҳ кунед. Ва ҳамроҳи вай бачайи холааш бо номи Шайх писари эшони Аҳмад низ ба ҷанг рафту дигар бе ному нишон шудааст. Шайх Аҳмадов