Муҳаммад Иқбол
Ҷаҳд кун, дар бехудӣ худро биёб,
Зудтар «валлоҳу аълам биссавоб».
Мавлонои Рум
Пешкаш ба ҳузури миллати исломия
Мункир натавон гашт, агар дам занам аз ишқ,
Ин нашъа ба ман нест, агар бо дигаре ҳаст.
Урфӣ
Эй туро Ҳақ хотами ақвом кард,
Бар ту ҳар оғозро анҷом кард.
Эй мисоли анбиё покони ту,
Ҳамгари дилҳо ҷигарчокони ту.
Эй назар бар ҳусни тарсозодае,
Эй зи роҳи Каъба дурафтодае.
Эй фалак мушти ғубори кӯи ту,
«Эй тамошогоҳи олам рӯи ту»
Ҳамчу мавҷ оташ таҳи по меравӣ,
«Ту куҷо баҳри тамошо меравӣ?»
Рамзи сӯз омӯз аз парвонае,
Дар шарар таъмир кун кошонае.
Тарҳи ишқ андоз андар ҷони хеш,
Тоза кун бо Мустафо паймони хеш.
Хотирам аз сӯҳбати тарсо гирифт,
То ниқоби рӯйи ту боло гирифт.
Ҳамнаво аз ҷилваи ағёр гуфт,
Достони гесӯву рухсор гуфт.
Бар дари соқӣ ҷабин фарсуд ӯ,
Қиссаи муғзодагон паймуд ӯ.
Ман шаҳиди теғи абрӯи туям,
Хокаму осудаи кӯи туям.
Аз ситоишгустарӣ болотарам,
Пеши ҳар девон фурӯ н-ояд сарам.
Аз сухан ойинасозам кардаанд,
В-аз Сикандар бениёзам кардаанд.
Бори эҳсон барнатобад гарданам,
Дар гулистон ғунча гардад доманам.
Сахткӯшам мисли ханҷар дар ҷаҳон,
Оби худ мегирам аз санги гарон.
Гарчи баҳрам, мавҷи ман бетоб нест,
Бар кафи ман косаи гирдоб нест.
Пардаи рангам, шамиме нестам,
Сайди ҳар мавҷи насиме нестам.
Дар шарорободи ҳастӣ ахгарам,
Хилъате бахшад маро хокистарам.
Бар дарат ҷонам ниёз овардааст,
Ҳадяи сӯзу гудоз овардааст.
3-осмони обгун ям мечакад,
Бар дили гармам дамодам мечакад.
Ман зи ҷӯ бориктар месозамаш,
То ба саҳни гулшанат андозамаш.
3-он ки ту маҳбуби ёри мостӣ,
Ҳамчу дил андар канори мостӣ.
Ишқ то тарҳи фиғон дар сина рехт,
Оташи ӯ аз дилам ойина рехт.
Мисли гул аз ҳам шикофам синаро,
Пеши ту овезам ин ойинаро.
То нигоҳе афканӣ бар рӯи хеш,
Мешавӣ занҷирии гесӯи хеш.
Боз хонам қиссаи поринаат,
Тоза созам доғҳои синаат.
Аз пайи қавме зи худ номаҳраме
Хостам аз Ҳақ ҳаёти маҳкаме.
Дар сукути нимашаб нолон будам,
Олам андар хобу ман гирён будам.
Ҷонам аз сабру сукун маҳрум буд,
Вирди ман «ё ҳайю ё қайюм» буд.
Орзуе доштам, хун кардамаш,
То зи роҳи дида берун кардамаш.
Сӯхтан чун лола пайҳам то куҷо?
Аз саҳар дарюзи шабнам то куҷо?
Ашки худ бар хеш мерезам чу шамъ,
Бо шаби ялдо даровезам чу шамъ.
Ҷилваро афзудаму худ костам,
Дигаронро маҳфиле оростам.
Як нафас фурсат зи сӯзи сина нест,
Ҳафтаам шармандаи одина нест.
Ҷонам андар пайкари фарсудае,
Ҷилваи оҳест гардолудае.
Чун маро субҳи азал Ҳақ офарид,
Нола дар абрешими удам тапид.
Нолае ифшогари асрори ишқ,
Хунбаҳои ҳасрати гуфтори ишқ.
Фитрати оташ диҳад хошокро,
Шӯхии парвона бахшад хокро.
Ишқро доғе мисоли лола бас,
Дар гиребонаш гули як нола бас.
Ман ҳамин як гул ба дасторат занам,
Маҳшаре бар хоби саршорат занам.
То зи хокат лолазор ояд падид,
Аз дамат боди баҳор ояд падид.
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Тамҳид
Дар маънии рабти фарду миллат
Фардро рабти ҷамоъат раҳмат аст,
Ҷавҳари ӯро камол аз миллат аст.
То тавонӣ, бо ҷамоъат ёр бош,
Равнақи ҳангомаи аҳрор бош.
Ҳирзи ҷон кун гуфтаи Хайру-л-башар,
Ҳаст шайтон аз ҷамоъат дуртар.
Фарду қавм ойинаи якдигаранд,
Силку гавҳар Каҳкашону ахтаранд.
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.
Фард то андар ҷамоъат гум шавад,
Қатраи вусъатталаб қулзум шавад.
Моядори сирати дерина ӯ,
Рафтаву ояндаро ойина ӯ.
Васли истиқболу мозӣ зоти ӯ,
Чун абад лоинтиҳо авқоти ӯ.
Дар дилаш завқи нумӯ аз миллат аст,
Эҳтисоби кори ӯ аз миллат аст.
Пайкараш аз қавму ҳам ҷонаш зи қавм,
Зоҳираш аз қавму пинҳонаш зи қавм.
Дар забони қавм гӯё мешавад,
Бар раҳи аслоф пӯё мешавад.
Пухтатар аз гармии сӯҳбат шавад,
То ба маънӣ фард ҳам миллат шавад.
Ваҳдати ӯ мустақим аз касрат аст,
Касрат андар ваҳдати ӯ ваҳдат аст.
Лафз чун аз байти худ берун нишаст,
Гавҳари мазмун ба ҷайби худ шикаст.
Барги сабзе, к-аз ниҳоли хеш рехт,
Аз баҳорон тори уммедаш гусехт.
Ҳар ки об аз Замзами миллат нахурд,
Шӯълаҳои нағма дар удаш фусурд.
Фарди танҳо аз мақосид ғофил аст,
Қувваташ ошуфтагиро моил аст.
Қавм бо забт ошно гардонадаш,
Нармрав мисли сабо гардонадаш.
По ба гул монанди шамшодаш кунад,
Дасту по бандад, ки озодаш кунад.
Чун асири ҳалқаи ойин шавад,
Оҳуи рамхӯи ӯ мушкин шавад.
Ту худӣ аз бехудӣ нашнохтӣ,
Хешро андар гумон андохтӣ.
Ҷавҳари нурест андар хоки ту,
Як шӯъояш ҷилваи идроки ту.
Айшат аз айшаш, ғами ту аз ғамаш,
Зиндаӣ аз инқилоби ҳар дамаш.
Воҳид асту барнаметобад дуӣ,
Ман зи тоби ӯ ман астам, ту-туӣ.
Хешдору хешбозу хешсоз,
Нозҳо мепарварад андар ниёз.
Оташе аз сӯзи ӯ гардад баланд,
Ин шарар бар шӯъла андозад каманд.
Фитраташ озоду ҳам занҷирӣ аст,
Ҷузви ӯро қуввати кулгирӣ аст.
Хӯгари пайкори пайҳам дидамаш,
Ҳам худӣ, ҳам зиндагӣ номидамаш.
Чун зи хилват хешро берун диҳад,
Пой дар ҳангомаи ҷилват ниҳад.
Нақшгир андар дилаш «ӯ» мешавад,
«Ман» зи ҳам мерезаду «ту» мешавад.
Ҷабр қатъи ихтиёраш мекунад,
Аз муҳаббат моядораш мекунад.
Ноз то ноз аст, кам хезад ниёз,
Нозҳо созад ба ҳам, хезад ниёз.
Дар ҷамоъат худшикан гардад худӣ,
То зи гул барги чаман гардад худӣ.
«Нуктаҳо ҷун теғи пӯлод аст тез,
Гар намефаҳмӣ, зи пеши мо гурез”.1
ДАР МАЪНИИ ИН КИ МИЛЛАТ АЗ ИХТИЛОТИ АФРОД ПАЙДО МЕШАВАД ВА ТАКМИЛИ ТАРБИЯТИ Ӯ АЗ НУБУВВАТ АСТ
Аз чӣ рӯ барбаста рабти мардум аст,
Риштаи ин достон сардаргум аст.
Дар ҷамоъат фардро бинем мо,
Аз чаман ӯро чу гул чинем мо.
Фитраташ ворафтаи яктоӣ аст,
Ҳифзи ӯ аз анҷуманороӣ аст.
Сӯзадаш дар шоҳроҳи зиндагӣ,
Оташе овард гоҳи зиндагӣ.
Мардумон хӯгар ба якдигар шаванд,
Суфта дар як ришта чун гавҳар шаванд.
Дар набарди зиндагӣ ёри ҳаманд,
Мисли ҳамкорон гирифтори ҳаманд.
Маҳфили анҷум зи ҷазбе бо ҳам аст,
Ҳастии кавкаб зи кавкаб маҳкам аст.
Хаймагоҳи корвон кӯҳу ҷабал,
Марғзору домани саҳрову тал.
Сусту беҷон тору пуди кори ӯ,
Нокушуда ғунчаи пиндори ӯ.
Сози барқ оҳанги ӯ нанвохта,
Нағмааш дар парда нопардохта.
Гӯ: шамоли ҷустуҷӯ нохӯрдаӣ,
Захмҳои орзӯ нохӯрдаӣ.
Нобасомон маҳфили навзодааш,
Метавон бо пунба чидан бодааш.
Навдамида сабзаи хокаш ҳанӯз,
Сардхун андар раги токаш ҳанӯз.
Манзили деву парӣ андешааш,
Аз гумони худ рамидан пешааш.
Тангмайдон ҳастии хомаш ҳанӯз,
Фикри ӯ зери лаби бомаш ҳанӯз.
Бими ҷон сармояи обу гилаш,
Ҳам зи боди тунд меларзад дилаш.
Ҷони ӯ аз сахткӯшӣ рам занад,
Панҷа дар домони фитрат кам занад.
Ҳар чӣ аз худ медамад, бардорадаш,
Ҳар чӣ аз боло фитад, бардорадаш.
То Худо соҳибдиле пайдо кунад,
К-ӯ зи ҳарфе дафтаре имло кунад.
Сози пардозе, ки аз овозае
Хокро бахшад ҳаёти тозае.
Зарраи бемоя хӯ гирад аз ӯ,
Ҳар матоъе арҷи нав гирад аз ӯ.
Зинда аз як дам дусад пайкар кунад.
Маҳфиле рангин зи як соғар кунад.
Дидаи ӯ мекашад лаб, ҷон дамад,
То дуӣ мирад, якӣ пайдо шавад.
Риштааш, к-ӯ бар фалак дорад саре,
Пораҳои зиндагиро ҳамгаре.
Тозаандози назар пайдо кунад,
Гулситон дар дашту дар пайдо кунад.
Аз тафи ӯ миллате мисли сипанд,
Барҷаҳад шӯрафкану ҳангомабанд.
Як шарар меафканад андар дилаш,
Шӯълаи даргир мегардад гилаш.
Нақши пояш хокро бино кунад,
Зарраро чашмакзани Сино кунад.
Ақли урёнро диҳад перояе,
Бахшад ин бемояро сармояе.
Домани худ мезанад бар ахгараш,
Ҳар чӣ ғаш бошад, рабояд аз зараш.
Бандҳо аз по кушояд бандаро,
Аз худовандон рабояд бандаро.
Гӯядаш: ту бандаи дигар наӣ,
3-ин бутони безабон камтар наӣ.
То сӯи як муддаъояш мекашад,
Ҳалқаи ойин ба пояш мекашад.
Нуқтаи тавҳид боз омӯзадаш,
Расму ойини ниёз омӯзадаш.
АРКОНИ АСОСИИ МИЛЛИЯИ ИСЛОМИЯ
РУКНИ АВВАЛ: ТАВҲИД
Дар ҷаҳони кайфу кам гардид ақл,
Пай ба манзил бурд аз тавҳид ақл.
Варна ин бечораро манзил куҷост,
Киштии идрокро соҳил куҷост.
Аҳли Ҳақро рамзи тавҳид азбар аст
Дар «атирРаҳмони абдан» музмар аст.
То зи асрори ту бинмояд туро,
Имтиҳонаш аз амал бояд туро.
Дин аз ӯ, ҳикмат аз ӯ, ойин аз ӯ,
Зӯр аз ӯ, қувват аз ӯ, тамкин аз ӯ.
Олимонро ҷилвааш ҳайрат диҳад,
Ошиқонро бар амал қудрат диҳад.
Паст андар сояаш гардад баланд,
Хок чун иксир гардад арҷманд.
Қудрати ӯ баргузинад бандаро,
Навъи дигар офаринад бандаро.
Дар раҳи Ҳақ тезтар гардад тагаш,
Гармтар аз барқ хун андар рагаш.
Биму шак мирад, амал гирад ҳаёт,
Чашм мебинад замири коинот.
Чун мақоми «абдуҳу» маҳкам шавад,
Косаи дарюза ҷоми Ҷам шавад.
Миллати байзо тану ҷон «ло илаҳ,»
Сози моро пардагардон «ло илаҳ.»
«Ло илаҳсармояи асрори мо,
Риштааш шерозаи афкори мо.
Ҳарфаш аз лаб чун бадал ояд ҳаме,
Зиндагиро қувват афзояд ҳаме.
Нақши ӯ гар санг гирад, дил шавад,
Дил гар аз ёдаш масӯзад, гил шавад.
Чун дил аз сӯзи ғамаш афрӯхтем,
Хирмани имкон зи оҳе сӯхтем.
Оби дилҳо дар миёни синаҳо,
Сӯзи ӯ бигдохт ин ойинаҳо.
Шӯьлааш чун лола дар рагҳои мо,
Нест ғайр аз доғи ӯ колои мо.
Асвад аз тавҳид аҳмар мешавад,
Хеш Форуқу Абузар мешавад.
Дил мақоми хешию бегонагист,
Шавқро мастӣ зи ҳампаймонагист.
Миллат аз якрангии дилҳостӣ,
Равшан аз як ҷилва ин Синостӣ.
Қавмро андешаҳо бояд яке,
Дар замираш муддаъо бояд яке.
Ҷазба бояд дар сиришти ӯ яке,
Ҳам аёри хубу зишти ӯ яке.
Гар набошад сӯзи Ҳақ дар сози фикр,
Нест мумкин инчунин андози фикр.
Мо мусалмонему авлоди Халил,
Аз «абикум» гир, агар хоҳӣ далил.
Бо ватан вобаста тақдири умам,
Бар насаб бунёди таъмири умам.
Асли миллат дар ватан дидан, ки чӣ,
Боду обу гил парастидан, ки чӣ.
Бар насаб нозон шудан нодонӣ аст,
Ҳукми ӯ андар тану тан фонӣ аст.
Миллати моро асоси дигар аст,
Ин асос андар дили мо музмар аст.
Ҳозирему дил ба ғойиб бастаем,
Пас зи банди ину он ворастаем.
Риштаи ин қавм мисли анҷум аст,
Чун нигаҳ ҳам аз нигоҳи мо гум аст.
Тири хушпайкони як кешем мо,
Якнамо, якбин, якандешем мо.
Муддаъои мо, маоли мо якест,
Тарзи андози хаёли мо якест.
Мо зи неъматҳои ӯ ихвон шудем,
Якзабону якдилу якҷон шудем.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ЯЪСУ ҲУЗНУ ХАВФ УММУЛХАБОИС АСТ ВА ҚОТЕЪИ ҲАЁТ ВА ТАВҲИД ИЗОЛАИ ИН АМРОЗИ ХАБИСА МЕКУНАД
Маргро сомон зи қатъи орзуст,
Зиндагонӣ маҳкам аз «ло тақнату»ст.
То умед аз орзуи пайҳам аст,
Ноумедӣ зиндагониро сам аст.
Ноумедӣ ҳамчу гӯр афшорадат,
Гарчи Алвандӣ, зи по меорадат.
Нотавонӣ бандаи эҳсони ӯ,
Номуродӣ бастаи домони ӯ.
Зиндагиро яъс хобовар бувад,
Ин далели сустии унсур бувад.
Чашми ҷонро сурмааш аъмо кунад,
Рӯзи равшанро шаби ялдо кунад.
Аз дамаш мирад қувои зиндагӣ,
Хушк гардад чашмаҳои зиндагӣ.
Хуфта бо ғам дар таҳи як чодар аст,
Ғам раги ҷонро мисоли наштар аст.
Эй, ки дар зиндони ғам бошӣ асир,
Аз Набӣ таълими «ло таҳзан» бигир.
Ин сабақ Сиддиқро сиддиқ кард,
Сархуш аз паймонаи таҳқиқ кард.
Аз ризо муслим мисоли кавкаб аст,
Дар раҳи ҳастӣ табассум дар лаб аст.
Гар Худо дорӣ, зи ғам озод шав,
Аз хаёли бешу кам озод шав.
Қуввати имон ҳаёт афзоядат,
Вирди «ло хавфун алайҳим» боядат.
Чун Калиме сӯи Фиръавне равад,
Қалби ӯ аз «лотахаф» маҳкам шавад.
Бими ғайриллаҳ амалро душман аст,
Корвони зиндагиро раҳзан аст.
Азми маҳкам мумкинотандеш аз ӯ,
Ҳиммати олӣ таъаммулкеш аз ӯ.
Тухми ӯ чун дар гилат худро нишонд,
Зиндагӣ аз худнамоӣ боз монд.
Фитрати ӯ тангтобу созгор,
Бо дили ларзону дасти раъшадор.
Дуздад аз по тоқати рафторро,
Мерабояд аз димоғ афкорро.
Душманат тарсон агар бинад туро,
Аз хиёбонат чу гул чинад туро.
Зарби теғи ӯ қавитар мефитад,
Ҳам нигоҳаш мисли ханҷар мефитад.
Бим чун банд аст андар пои мо,
Варна сад сел аст дар дарёи мо.
Барнамеояд агар оҳанги ту,
Нарм аз бим аст тори чанги ту.
Гӯштобаш деҳ, ки гардад нағмахез,
Бар фалак аз нола орад растхез.
Бим ҷосусест аз иқлими марг,
Андарунаш тира мисли муми марг.
Чашми ӯ барҳамзани кори ҳаёт,
Гӯши ӯ бузгири ахбори ҳаёт.
Ҳар шари пинҳон, ки андар қалби туст,
Асли ӯ бим аст, агар бинӣ дуруст.
Лобаву маккориву кину дурӯғ,
Ин ҳама аз хавф мегирад фурӯғ.
Пардаи зӯри риё пироҳанаш
Фитнаро оғӯши модар доманаш.
3-он ки аз ҳиммат набошад устувор,
Мешавад хушнуд бо носозгор.
Ҳар кӣ рамзи Мустафо фаҳмидааст,
Ширкро дар хавфи музмар дидааст.
МУҲОВАРАИ ТИРУ ШАМШЕР
Сирри Ҳақ тир аз лаби сӯфор гуфт,
Теғро дар гармии пайкор гуфт:
Эй париҳо ҷавҳар андар Қофи ту,
Зулфиқори Ҳайдар аз аслофи ту.
Қуввати бозуи Холид дидаӣ,
Шомро бар сар шафақ пошидаӣ.
Оташи қаҳри Худо сармояат,
Ҷаннату-л-фирдавс зери сояат.
Дар ҳавоям ё миёни таркашам,
Ҳар куҷо бошам, саропо оташам.
Аз камон оям чу сӯйи сина ман,
Нек мебинам ба тӯи сина ман.
Гар набошад дар миён қалби салим,
Фориғ аз андешаҳои яъсу бим.
Чок-чок аз нӯки худ гардонамаш,
Нимае аз мавҷи хун пӯшонамаш.
В-ар сафои ӯ зи қалби мӯъмин аст,
Зоҳираш равшан зи нури ботин аст.
Аз тафи ӯ об гардад ҷони ман,
Ҳамчу шабнам мечакад пайкони ман.
ҲИКОЯТИ ШЕРУ ШАҲАНШОҲ ОЛАМГИР РАҲМАТУЛЛОҲУ АЛАЙҲ
Шоҳи Оламгири гардуностон,
Эьтибори дудмони Курагон.
Пояи исломиён бартар аз ӯ
Эҳтироми шаръи пайғамбар аз ӯ.
Дар миёни корзори куфру дин,
Тиркаши моро хаданги охирин.
Тухми илҳоде, ки Акбар парварид,
Боз андар фитрати Доро дамид.
Шамъи дил дар синаҳо равшан набуд,
Миллати мо аз фасод эман набуд.
Ҳақ гузид аз Ҳинд Оламгирро,
Он фақири соҳиби шамшерро.
Аз пайи эҳёи дин маъмур кард,
Баҳри таҷдиди яқин маъмур кард.
Барқи теғаш хирмани илҳод сӯхт,
Шамъи дил дар маҳфили мо барфурӯхт.
Кӯрзавқон достонҳо сохтанд,
Вусъати идроки ӯ нашнохтанд.
Шӯълаи тавҳидро парвона буд,
Чун Бароҳим андар ин бутхона буд.
Дар сафи шоҳаншаҳон яктостӣ,
Фарқи ӯ аз турбаташ пайдостӣ.
Рӯзе он зебандаи тоҷу сарир,
Он сипаҳдору шаҳаншоҳу фақир,
Субҳгоҳон шуд ба сайри бешае,
Бо парасторе, вафоандешае.
Сархуш аз кайфияти боди саҳар,
Тоирон тасбеҳхон бар ҳар шаҷар.
Шоҳи рамзогоҳ шуд маҳви намоз,
Хайма барзад дар ҳақиқат аз маҷоз.
Шери нар омад падид аз тарфи дашт,
Аз хурӯши ӯ фалак ларзанда гашт.
Бӯйи инсон додаш аз инсон хабар,
Панҷа Оламгирро зад бар камар.
Дасти шаҳ нодида ханчар баркашид,
Шарзашереро шикам аз ҳам дарид.
Дил ба худ роҳе надод андешаро,
Шери қолин кард шери бешаро.
Боз сӯйи Ҳақ рамид он носабур,
Буд меьроҷаш намози боҳузур.
Инчунин дил худнамову худшикан
Дорад андар синаи мӯъмин ватан.
Бандаи Ҳақ пеши мавлоностӣ,
Пеши ботил аз наъам барҷостӣ.
Ту ҳам, эй нодон, диле овар ба даст,
Шоҳидеро маҳмиле овар ба даст.
Хешро дарбозу худро боз гир,
Дом густар аз ниёзу ноз гир.
Ишқро оташ занӣ, андеша кун,
Рӯбаҳи Ҳақ бошу шерӣ пеша кун.
Хавфи Ҳақ унвони имон асту бас,
Хавфи ғайр аз ширк пинҳон асту бас.
РУКНИ ДУВВУМ: — РИСОЛАТ
Торики офил Бароҳими Халил,
Анбиёро нақши пои ӯ далил.
Он Худои лам язалро ояте
Дошт дар дил орзуи миллате.
Ҷӯи ашк аз чашми бехобаш чакид,
То паёми «Таҳҳаро байтӣ» шунид.
Баҳри мо вайронае обод кард,
Тоифонро хонае бунёд кард.
То ниҳоли «Туб алайно» ғунча баст,
Сурати кори баҳори мо нишаст.
Ҳақ таъоло пайкари мо офарид,
В-аз рисолат дар тани мо ҷон дамид.
Ҳарфи бесавт андар ин олам будем,
Аз рисолат мисраъи мавзун шудем.
Аз рисолат дар ҷаҳон таквини мо,
Аз рисолат дини мо,ойини мо.
Аз рисолат сад ҳазори мо як аст,
Ҷузви мо аз ҷузви мо лоянфак аст.
Он ки шаъни ӯст «яҳдӣ ман юрид»,
Аз рисолат халқа гирди мо кашид.
Ҳалқаи миллат муҳитафзостӣ,
Маркази ӯ водии Батҳостӣ.
Мо зи ҳукми нисбати ӯ миллатем,
Аҳли оламро паёми раҳматем.
Аз миёни баҳри ӯ хезем мо,
Мисли мавҷ аз ҳам намерезем мо.
Умматаш лар ҳирзи девори Ҳарам
Наъразан монанди шерон дар Аҷам.
Маънии ҳарфам кунӣ таҳқиқ агар,
Бингарӣ бо дидаи Сиддиқ агар,
Қуввати қалбу ҷигар гардад Набӣ,
Аз Худо маҳбубтар гардад Набӣ.
Қалби мӯъминро китобаш қувват аст,
Ҳикматаш ҳаблулвариди миллат аст.
Зиндагӣ қавм аз дами ӯ ёфтаст,
Ин саҳар аз офтобаш тофтаст.
Фард аз Ҳақ, миллат аз вай зиндааст,
Аз шуъои меҳри ӯ тобанда аст.
Аз рисолат ҳамнаво гаштем мо.
Ҳамнафас, ҳаммуддаъо гаштем мо.
Касрати ҳаммуддаъо ваҳдат шавад,
Пухта чун ваҳдат шавад, миллат шавад.
Зинда ҳар касрат зи банди ваҳдат аст,
Ваҳдати муслим зи дини фитрат аст.
Дини фитрат аз Набӣ омӯхтем,
Дар раҳи Ҳақ машъале афрӯхтем.
Ин гуҳар аз баҳри бепоёни ӯст,
Мо, ки як ҷонем, аз эҳсони ӯст.
То на ин ваҳдат зи дасти мо равад,
Ҳастии мо бо абад ҳамдам шавад.
Пас Худо бар мо шариъат хатм кард,
Бар Расули мо рисолат хатм кард.
Равнақ аз мо маҳфили айёмро,
Ӯ русулро хатму мо ақвомро.
Хидмати соқигарӣ бо мо гузошт,
Дод моро охирин ҷоме, ки дошт.
«Ло Набӣ баъдӣ «зи эҳсони Худост,
Пардаи номуси дини Мустафост.
Қавмро сармояи қувват аз ӯ,
Ҳифзи сирри ваҳдати миллат аз ӯ.
Ҳақ таъоло нақши ҳар даъво шикаст,
То абад Исломро шероза баст.
Дил зи ғайриллаҳ мусалмонбар кунад,
Наъраи «ло қавма баъдӣ» мезанад.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ МАҚСУДИ РИСОЛАТИ МУҲАММАДИЯ ТАШКИЛУ ТАЪСИСИ ҲУРРИЯТУ МУСОВОТУ УХУВВАТИ БАНИ НАВЪИ ОДАМ АСТ
Буд инсон дар ҷаҳон инсонпараст,
Нокасу нобудманду зердаст.
Сатвати Кисрову Қайсар раҳзанаш,
Бандҳо дар дасту пову гарданаш.
Коҳину попову султону амир,
Баҳри як нахчир сад нахчиргир.
Соҳиби аврангу ҳам пири куништ,
Боҷ бар кишти хароби ӯ навишт.
Дар калисо усқуфи ризвонфурӯш,
Баҳри ин сайди забун доме ба дӯш.
Барҳаман гул аз хиёбонаш бибурд,
Хирманаш муғзода бо оташ супурд.
Аз ғуломӣ фитрати ӯ дун шуда,
Нағмаҳо андар найи ӯ хун шуда.
То амини Ҳақ ба ҳақдорон супурд,
Бандагонро маснади Хоқон супурд.
Шӯълаҳо аз мурда хокистар кушод,
Кӯҳканро пояи Парвез дод.
Эътибори корбандонро фузуд,
Хоҷагӣ аз корфармоён рабуд.
Қуввати ӯ ҳар куҳанпайкар шикаст,
Навъи инсонро ҳисори тоза баст.
То зи ҷон андар тани одам дамид,
Бандаро боз аз худовандон харид.
Зодани ӯ марги дунёи куҳан,
Марги оташхонаву дайру шаман.
Ҳуррият зод аз замири поки ӯ,
Ин майи нӯшин чакид аз токи ӯ.
Асри нав, к-ин сад чароғ овардааст,
Чашм дар оғӯши ӯ во кардааст.
Нақши нав бар сафҳаи ҳастӣ кашид,
Уммате гетикушое офарид.
Уммате аз мосиво бегонае,
Бар чароғи Мустафо парвонае.
Уммате аз гармии Ҳақ синатоб,
Заррааш шамъи ҳарими офтоб.
Коинот аз кайфи ӯ рангин шуда,
Каьбаҳо бутхонаҳои Чин шуда.
Мурсалону анбиё обои ӯ,
Акрами ӯ назди Ҳақ атқои ӯ.
«Куллу мӯъмин ихватун» андар дилаш,
Ҳуррият сармояи обу гилаш.
Ношикеби имтиёзот омада,
Дар ниҳоди ӯ мусовот омада.
Ҳамчу сарв озод фарзандони ӯ,
Пухта аз қолу бало паймони ӯ.
Сачдаи Ҳақ гул ба симояш зада,
Моҳу анҷум бӯса бар пояш зада.
ҲИКОЯТИ БУУБАЙДУ ҶОБОН ДАР МАЪНИИ УХУВВАТИ ИСЛОМИЯ
Шуд асири муслиме андар набард,
Қоиде аз қоидони Яздаҷард.
Габри борондидаву айёр буд,
Ҳилаҷӯву пурфану маккор буд.
Аз мақоми худ хабардораш накард,
Ҳам зи номи худ хабардораш накард.
Гуфт: мехоҳам, ки ҷон бахшӣ маро,
Чун мусалмонон амон бахшӣ маро.
Кард муслим теғро андар наём
Гуфт: хунат рехтан бар ман ҳаром.
Чун Дирафши Ковиёнӣ чок шуд,
Оташи авлоди Сосон хок шуд.
Ошкоро шуд, ки Ҷобон аст ӯ,
Мири сарбозони Эрон аст ӯ.
Қатли ӯ аз мири аскар хостанд,
Аз фиреби ӯ сухан оростанд.
Буубайд-он сайиди фавҷи Ҳиҷоз,
Дар дағо азмаш зи лашкар бениёз.
Гуфт: «Эй ёрон, мусалмонем мо,
Тори чангему як оҳангем мо.
Наъраи Ҳайдар навои Бузар аст,
Гарчи аз халқи Билолу Қанбар аст.
Ҳар яке аз мо амини миллат аст,
Сулҳу кинаш сулҳу кини миллат аст.
Миллат ар гардад асоси ҷони фард,
Аҳди миллат мешавад паймони фард.
Гарчи Ҷобон душмани мо будааст,
Муслиме ӯро амон бахшудааст.
Хуни ӯ, эй маъшари Хайруланом,
Бар дами теғи мусалмонон ҳаром.»
ҲИКОЯТИ СУЛТОНИ МУРОД ВА МЕЪМОР ДАР МАЪНИИ МУСОВОТИ ИСЛОМИЯ
Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,
Дар фанни таъмир номи ӯ баланд.
Сохт он санъатгари фарҳодзод
Масҷиде аз ҳукми Султони Мурод.
Хуш наёмад шоҳро таъмири ӯ,
Хашмгин гардид аз тақсири ӯ.
Оташи сӯзанда аз хашмаш чакид,
Дасти он бечора аз ханҷар бурид.
Ҷӯйи хун аз соъиди меъмор рафт,
Пеши қозӣ нотавону зор рафт.
Он ҳунарманде, ки дасташ санг суфт,
Достони ҷаври Султон боз гуфт.
Гуфт: «Эй пайғоми Ҳақ гуфтори ту,
Ҳифзи ойини Муҳаммад кори ту.
Суфтагӯши сатвати шоҳон наям,
Қатъ кун аз рӯйи Қуръон даъвиям».
Қозии одил ба дандон хаста лаб,
Кард шаҳро дар ҳузури худ талаб.
Ранги шаҳ аз ҳайбати Қуръон парид,
Пеши қозӣ чун хатокорон расид,
Аз хиҷолат дида бар по дӯхта,
Орази ӯ лолаҳо андӯхта.
Як тараф фарёдии даъвогаре,
Як тараф шоҳаншаҳи гардунфаре.
Гуфт шаҳ: «Аз карда хиҷлат бурдаам,
Эътироф аз ҷурми худ овардаам».
Гуфт қозӣ: «Филқасос омад ҳаёт,
Зиндагӣ гирад ба ин қонун субот.»
Абди муслим камтар аз аҳрор нест,
Хуни шаҳ рангинтар аз меъмор нест.
Чун Мурод ин ояти маҳкам шунид,
Дасти хеш аз остин берун кашид.
Муддаъиро тоби хомӯшӣ намонд,
Ояти «биладли валэҳсонӣхонд. Гуфт:
«Аз баҳри Худо бахшидамаш,
Аз барои Мустафо бахшидамаш.»
Ёфт мӯре бар Сулаймоне зафар,
Сатвати ойини Пайғамбар нигар.
Пеши Қуръон бандаву мавло якест,
Бурёву маснади дебо якест.
ДАР МАЪНИИ ҲУРРИЯТИ ИСЛОМИЯ ВА СИРРИ ҲОДИСАИ КАРБАЛО
Ҳар ки паймон бо “ҳувалмавҷуд» баст,
Гарданаш аз банди ҳар маъбуд раст.
Мӯъмин аз ишқ асту ишқ аз мӯъмин аст,
Ишқро номумкини мо мумкин аст.
Ақл саффок асту ӯ саффоктар,
Поктар, чолоктар, бебоктар.
Ақл дар печоки асбобу илал,
Ишқ чавгонбози майдони амал.
Ишқ сайд аз зӯри бозу афканад,
Ақл маккор асту доме мезанад.
Ақлро сармоя аз бими шак аст,
Ишқро азму яқин лоянфак аст.
Он кунад таъмир, то вайрон кунад,
Ин кунад вайрон, ки ободон кунад.
Ақл чун бод аст арзон дар ҷаҳон,
Ишқ камёбу баҳои ӯ гарон.
Ақл маҳкам аз асоси чуну чанд,
Ишқ урён аз либоси чуну чанд,
Ақл мегӯяд, ки худро пеш кун,
Ишқ гӯяд: имтиҳони хеш кун.
Ақл бо ғайр ошно аз иктисоб,
Ишқ аз фазл асту бо худ дар ҳисоб.
Ақл гӯяд: шод шав, обод шав,
Ишқ гӯяд: банда шав, озод шав.
Ишқро ороми ҷон ҳуррият аст,
Ноқаашро сорбон ҳуррият аст.
Он шунидастӣ, ки ҳангоми набард,
Ишқ бо ақли ҳаваспарвар чӣ кард?
Он имоми ошиқон Пури Батул,
Сарви озоде зи бустони Расул.
Аллаҳ-Аллаҳ бои бисмиллаҳ падар
Маънии «зибҳун азим» омад писар.
Баҳри он шаҳзодаи хайрулмилал,
Дӯш «Хатмулмурсалин неъмалҷамал.»
Сурхрӯ ишқи ғаюр аз хуни ӯ,
Шӯхии ин мисраъ аз мазмуни ӯ.
Дар миёни уммат он кайвонҷаноб,
Ҳамчу ҳарфи Қул ҳуваллаҳдар Китоб.
Мӯсиву Фиръавну Шаббиру Язид,
Ин ду қувват аз ҳаёт ояд падид.
Зинда Ҳақ аз қуввати Шаббирӣ аст.
Ботил охир доғи ҳасратмирӣ аст.
Чун хилофат ришта аз Қуръон гусехт,
Ҳурриятро заҳр андар ком рехт.
Хост он сарҷилваи Хайрулумам,
Чун саҳоби қибла борон дар қадам.
Бар замини Карбало бориду рафт,
Лола дар вайронаҳо кориду рафт.
То қиёмат қатъи истибдод кард,
Мавҷи хуни ӯ чаман эҷод кард.
Баҳри Ҳақ дар хоку хун ғалтидааст,
Пас бинои «ло илаҳ» гардидааст.
Муддаъояш салтанат будӣ агар,
Худ накардӣ бо чунин сомон сафар.
Душманон чун реги саҳро лотаъад,
Дӯстони ӯ ба Яздон ҳамадад.
Сирри Иброҳиму Исмоил буд,
Яъне он иҷмолро тафсил буд.
Азми ӯ чун кӯҳсорон устувор,
Пойдору тундсайру комгор.
Теғ баҳри иззати дин асту бас,
Мақсади ӯ ҳифзи ойин асту бас.
Мосивуллаҳро мусалмон банда нест,
Пеши Фиръавне сараш афканда нест.
Хуни ӯ тафсири ин асрор кард,
Миллати хобидаро бедор кард.
Теғи «ло» чун аз миён берун кашид,
Аз раги арбоби ботил хун кашид.
Нақши «иллаллоҳ» бар саҳро навишт,
Сатри унвони наҷоти мо навишт.
Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем,
З-оташи ӯ шӯълаҳо афрӯхтем.
Шавкати Шому фари Бағдод рафт,
Сатвати Ғарнота ҳам аз ёд рафт
Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз,
Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз.
Эй сабо, эй пайки дурафтодагон,
Ашки мо бар хоки поки ӯ расон.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ЧУН МИЛЛАТИ МУҲАММАДИЯ МУАССИС БАР ТАВҲИДУ РИСОЛАТ АСТ, ПАС НИҲОЯТИ МАКОНӣ НАДОРАД
Ҷавҳари мо бо мақоме баста нест.
Бодаи тундаш ба ҷоме баста нсст.
Ҳиндиву чинӣ сафоли ҷоми мост,
Румиву шомӣ гили андоми мост.
Қалби мо аз Ҳинду Руму Шом нест,
Марзу буми ӯ ба ҷуз Ислом нсст.
Пеши Пайғамбар чу каъби покзод,
Ҳадяе овард аз Бонат Суъод.
Дар санояш гавҳари шабтоб суфт,
Сайфи маслул аз сиюфу-л-Ҳинд гуфт.
Он мақомаш бартар аз чархи баланд,
Н-омадаш нисбат ба иқлиме писанд.
Гуфт: «Сайфун мин сиюфиллоҳ» гӯ,
Ҳақпарастӣ, ҷуз ба роҳи Ҳақ мапӯ.
Ҳамчунон он роздони ҷузву кул,
Гарди пояш сурмаи чашми Расул.
Гуфт бо уммат: «Зи дунёи шумо,
Дӯст дорам тоъату тибу нисо».
Гар туро завқи маъонӣ раҳнамост,
Нуктае пӯшида дар ҳарфи «шумо»-ст.
Яъне он шамъи шабистони вуҷуд,
Буд дар дунёву аз дунё набуд.
Ҷилваи ӯ қудсиёнро синасӯз,
Буд андар обу гил одам ҳанӯз.
Ман надонам марзу буми ӯ куҷост,
Ин қадар донам, ки бо мо ошност.
Ин аносирро ҷаҳони мо шумурд,
Хештанро меҳмони мо шумурд.
3-он ки мо аз сина ҷон гум кардаем,
Хешро дар хокдон гум кардаем.
Муслим астӣ, дил ба иқлиме мабанд,
Гум машав андар ҷаҳони чуну чанд,
Менагунҷад муслим андар марзу бум,
Дар дили ӯ ёва гардад Шому Рум.
Дил ба даст овар, ки дар паҳнои дил,
Мешавад гум ин сарои обу гил.
Уқдаи қавмияти муслим кушуд,
Аз ватан оқои мо хиҷрат намуд.
Ҳикматаш як миллати гетинавард,
Бар асоси калмае таъмир кард.
То зи бахшишҳои он Султони дин
Масҷиди мо шуд ҳама рӯи замин.
Он ки дар Қуръон Худо ӯро сутуд,
Он ки ҳифзи ҷони ӯ мавъуд буд.
Душманон бедаступо аз ҳайбаташ,
Ларза бар тан аз шукӯҳи фитраташ.
Пас чаро аз маскани обо гурехт?
Ту гумон дорӣ, ки аз аъдо гурехт?
Қиссагӯён Ҳақ зи мо пӯшидаанд,
Маънии ҳиҷрат ғалат фаҳмидаанд.
Ҳиҷрат ойини ҳаёти муслим аст,
Ин зи асбоби суботи муслим аст.
Маънии ӯ аз тунукобе рам аст,
Тарки шабнам баҳри тасхири ям аст.
Бигзар аз гул, гулситон мақсуди туст,
Ин зиён пероябанди суди туст.
Меҳрро озода рафтан обрӯст,
Арсаи офоқ зери пои ӯст.
Ҳамчу ҷӯ сармоя аз борон махоҳ,
Бекарон шав, дар ҷаҳон поён махоҳ.
Буд баҳри талхрӯ як содадашт,
Соҳиле варзиду аз шарм об гашт.
Боядат оҳанг тасхири ҳама,
То ту мебошӣ фарогири ҳама.
Сурати моҳӣ ба баҳр обод шав,
Яъне аз қайди мақом озод шав.
Ҳар кӣ аз қайди ҷиҳот озод шуд,
Чун фалак дар шаш ҷиҳат обод шуд.
Бӯи гул аз тарки гул ҷавлонгар аст,
Дар фарохои чаман худгустар аст.
Эй, ки як ҷо дар чаман андохтӣ,
Мисли булбул бо гуле дарсохтӣ.
Чун сабо бори қабул аз дӯш гир,
Гулшан андар ҳалқаи оғӯш гир.
Аз фиреби асри нав хушёр бош,
Раҳ фитад, эй роҳрав, ҳушёр бош!
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ВАТАН АСОСИ МИЛЛАТ НЕСТ
Ончунон қатъи ухувват кардаанд,
Бар ватан таъмири миллат кардаанд.
То ватанро шамъи маҳфил сохтанд,
Навъи инсонро қабоил сохтанд,
Ҷаннате ҷустанд дар биъса-л-қарор,
То «аҳаллу қавмаҳум доралбавор».
Ин шаҷар ҷаннат зи олам будааст,
Талхии пайкор бор овардааст.
Мардумӣ андар ҷаҳон афсона шуд,
Одамӣ аз одамӣ бегона шуд.
Рӯҳ аз тан рафту ҳафт андом монд,
Одамият гум шуду ақвом монд.
То сиёсат маснади мазҳаб гирифт,
Ин шаҷар дар гулшани Мағриб гирифт.
Қиссаи дини масеҳоӣ фусурд,
Шӯълаи шамъи калисоӣ фусурд.
Усқуф аз бетоқатӣ дармондае,
Мӯҳраҳо аз каф бурун афшондае.
Қавми Исо бар калисо по зада,
Нақди ойини чалипо во зада.
Даҳрият чун ҷомаи мазҳаб дарид,
Мурсале аз ҳазрати шайтон расид.
Он филорансовии ботилпараст,
Сурмаи ӯ дидаи мардум шикаст.
Нусхае баҳри шаҳаншоҳон навишт,
Дар гили мо донаи пайкор кишт.
Фитрати ӯ сӯйи зулмат бурда рахт,
Ҳақ зи теғи хомаи ӯ лахт-лахт.
Бутгаре монанди Озар пешааш,
Баст нақши тозае андешааш.
Мамлакатро дини ӯ маъбуд сохт,
Фикри ӯ мазмумро маҳмуд сохт.
Бӯса то бар пойи ин маъбуд зад,
Нақди Ҳақро бар аёри суд зад.
Ботил аз таълими ӯ болидааст,
Ҳилаандозӣ фане гардидааст.
Тарҳи тадбири забунфарҷом рехт,
Ин хасак дар ҷодаи айём рехт.
Шаб ба чашми аҳди олам чидааст,
Маслиҳат тазвирро номидааст.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ МИЛЛАТИ МУҲАММАДИЯ НИҲОЯТИ ЗАМОНӢ ҲАМ НАДОРАД, КИ ДАВОМИ ИН МИЛЛАТИ ШАРИФА МАВЪУД АСТ
Дар баҳорон ҷӯши булбул дидаӣ?
Растахези ғунчаву гул дидаӣ?
Чун арӯсон ғунчаҳо ороста,
Аз замин як шаҳри анҷум хоста.
Сабза аз ашки саҳар шӯидаӣ?
Аз суруди оби ҷӯ хобидаӣ?
Ғунчае бармедамад аз шохсор,
Гирадаш боди насим андар канор.
Ғунчае аз дасти гулчин хун шавад,
Аз чаман монанди бӯ берун шавад.
Баст қумрӣ ошён, булбул парид,
Қатраи шабнам расиду бӯ рамид.
Рухсати сад лолаи нопойдор,
Кам насозад равнақи фасли баҳор.
Аз зиён ганҷи фаровонаш ҳамон,
Маҳфили гулҳои хандонаш ҳамон.
Фасли гул аз настаран боқитар аст,
Аз гулу сарву суман боқитар аст.
Кони гавҳарпарварӣ, гавҳаргарӣ
Кам нагардад аз шикасти гавҳарӣ.
Субҳ аз Машриқ, зи Мағриб шом рафт,
Ҷоми садрӯз аз хуми айём рафт.
Бодаҳо хӯрданду саҳбо боқӣ аст,
Дӯшҳо хун гашту фардо боқӣ аст.
Ҳамчунон аз фардҳои пайсипар
Ҳаст тақвими умам пояндатар.
Дар сафар ёр асту сӯҳбатқоим аст,
Фард раҳгир асту миллат қоим аст.
Зоти ӯ дигар, сифоташ дигар аст,
Суннати маргу ҳаёташ дигар аст.
Фард бармехезад аз мушти гиле,
Қавм зояд аз дили соҳибдиле.
Фард нури шасту ҳафтод асту бас,
Қавмро сад сол мисли як нафас.
Зинда фард аз иртиботи ҷону тан,
Зинда қавм аз ҳифзи номуси кӯҳан.
Марги фард аз хушкии рӯди ҳаёт,
Марги қавм аз тарки мақсуди ҳаёт,
Гарчи миллат ҳам бимирад мисли фард,
Аз аҷал фармон пазирад мисли фард.
Уммати муслим зи оёти Худост,
Аслаш аз ҳангомаи қолу балост».
Аз аҷал ин қавм бепарвостӣ,
Устувор аз «наҳну наззалностӣ».
Зикри қоим аз қиёми зокир аст,
Аз давоми ӯ давоми зокир аст.
То Худо «ан йутфиу» фармудааст,
Аз фусурдан ин чароғ осудааст.
Уммате дар ҳақпарастӣ комиле,
Уммате маҳбуби ҳар соҳибдиле.
Ҳақ бурун овард ин теғи асил,
Аз паёми орзуҳои Халил.
То садоқат зинда гардад аз дамаш,
Ғайри Ҳақ сӯзад зи барқи пайҳамаш.
Мо, ки тавҳиду Худоро ҳуҷҷатем,
Ҳофизи рамзи китобу ҳикматем.
Осмон бо мо сари пайкор дошт,
Дар бағал як фитнаи тотор дошт.
Бандҳо аз по кушуд он фитнаро,
Бар сари мо озмуд он фитнаро.
Фитнае помоли роҳаш маҳшаре,
Куштаи теғи нигоҳаш маҳшаре.
Хуфта сад ошӯб дар оғӯши ӯ,
Субҳи имрӯзӣ назояд дӯши ӯ.
Сатвати муслим ба хоку хун тапид,
Дид Бағдод, он чи Румо ҳам надид.
Ту магар аз чархи каҷрафтор пурс,
3-он навойини куҳанпиндор пурс.
Оташи тоториён гулзори кист?
Шӯьлаҳои ӯ гули дастори кист?
3-он ки моро фитрати Иброҳимист,
Ҳам ба Мавло нисбати Иброҳимист.
Аз таҳи оташ барандозем гул,
Нори ҳар Намрудро созем гул.
Шӯьлаҳои инқилоби рӯзгор
Чун ба боғи мо расад, гардад баҳор.
Румиёнро гарм бозоре намонд,
Он ҷаҳонгирӣ, ҷаҳондорӣ намонд.
Шишаи Сосониён дар хун нишаст,
Равнақи хумхонаи Юнон шикаст.
Миср ҳам дар имтиҳон ноком монд,
Устухони ӯ таҳи аҳром монд.
Дар ҷаҳон бонги азон будасту ҳаст,
Миллати исломиён будасту ҳаст.
Ишқ ойини ҳаёти олам аст,
Имтизоҷи солимоти олам аст.
Ишқ аз сӯзи дили мо зинда аст,
Аз шарори «ло илаҳтобанда аст.
Гарчи мисли ғунча дилгирем мо,
Гулситон мирад, агар мирем мо.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ НИЗОМИ МИЛЛАТ ҒАЙР АЗ ОЙИН СУРАТ НАБАНДАД ВА ОЙИНИ МИЛЛАТИ МУҲАММАДИЯ ҚУРЪОН АСТ
Миллатеро рафт чун ойин зи даст,
Мисли хок аҷзои ӯ аз ҳам шикаст.
Ҳастии муслим зи ойин асту бас,
Ботини дини Набӣ ин асту бас.
Барг гул шуд, чун зи ойин баста шуд,
Гул зи ойин баста шуд, гулдаста шуд.
Нағма аз забти садо пайдостӣ,
Забт чун рафт аз садо, ғавғостӣ.
Дар гулӯйи мо нафас мавҷи ҳавост,
Чун ҳаво побанди най гардад, навост.
Ту ҳамедонӣ, ки ойини ту чист?
Зери гардун сирри тамкини ту чист?
Он китоби зинда-Қуръони ҳаким
Ҳикмати ӯ лоязол асту қадим.
Нусхаи асрори таквини ҳаёт,
Бесубот аз қувваташ гирад субот.
Ҳарфи ӯро райб не, табдил не,
Ояташ шармандаи таъвил не.
Пухтатар савдои хом аз зӯри ӯ,
Дарфитад бо санг ҷом аз зӯри ӯ.
Мебарад побанду озод оварад,
Сайдбандонро ба фарёд оварад.
Навъи инсонро паёми охирин,
Ҳомили ӯ Раҳматун ли-л-оламин.
Арҷ мегирад аз ӯ ноарҷманд,
Бандаро аз саҷда созад сарбаланд.
Раҳзанон аз ҳифзи ӯ роҳбар шуданд,
Аз китобе соҳиби дафтар шуданд.
Даштпаймоён зи тоби як чароғ,
Сад таҷаллӣ аз улум андар димоғ.
Он ки дӯши кӯҳбораш барнатофт,
Сатвати ӯ заҳраи гардун шикофт.
Бимгар он сармояи омоли мо,
Гунҷад андар синаи атфоли мо.
Он ҷигартоби биёбони камоб,
Чашми ӯ аҳмар зи сӯзи офтоб.
Хуштар аз оҳу рами ҷаммозааш,
Гарм чун оташ дами ҷаммозааш.
Рахти хоб афканда дар зери нахил,
Субҳдам бедор аз бонги раҳил.
Дашти сайр аз бому дар ноошно,
Ҳарзагарду аз ҳазар ноошно.
То дилаш аз гармии Қуръон тапид,
Мавҷи бетобаш чу гавҳар орамид.
Хонд з-оёти мубини ӯ сабақ,
Банда омад, хоҷа рафт аз пеши Ҳақ.
Аз ҷаҳонбонӣ навозад сози ӯ,
Маснади Ҷам гашт поандози ӯ.
Шаҳрҳо аз гарди пояш рехтанд,
Сад чаман аз як гулаш ангехтанд.
Эй гирифтори русум имони ту,
Шеваҳои кофирӣ зиндони ту.
Қатъ кардӣ амри худро дар зубур,
Ҷодапаймои «ило шайъиннукур».
Гар ту мехоҳӣ мусалмон зистан,
Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.
Сӯфии пашминапӯши ҳолмаст
Аз шаробу нағмаи қаввол маст.
Оташ аз шеъри Ироқӣ дар дилаш,
Дарнамесозад ба Қуръон маҳфилаш.
Аз кулоҳу бӯрё тоҷу сарир,
Фақри ӯ аз хонақоҳон боҷгир.
Воъизи дастонзани афсонабанд,
Маънии ӯ пасту ҳарфи ӯ баланд.
Аз хатибу дайламӣ гуфтори ӯ,
Бо заъифу шозу мурсал кори ӯ.
Аз тиловат бар ту Ҳақ дорад Китоб,
Ту аз ӯ коме, ки мехоҳӣ, биёб.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ДАР ЗАМОНАИ ИНҲИТОТ ТАҚЛИД АЗ ИҶТИҲОД АВЛОТАР АСТ
Аҳди ҳозир фитнаҳо зери сар аст,
Табъи нопарвои ӯ офатгар аст.
Базми ақвоми куҳан барҳам аз ӯ,
Шохсори зиндагӣ бе нам аз ӯ.
Ҷилвааш моро зи мо бегона кард,
Сози моро аз наво бегона кард.
Аз дили мо оташи дерина бурд,
Нуру нори «ло илаҳ” аз сина бурд.
Музмаҳил гардад чу тақвими ҳаёт,
Миллат аз тақлид мегирад субот.
Роҳи обо рав, ки ин ҷамъият аст,
Маънии тақлид забти миллат аст.
Дар хазон, эй бенасиб аз баргу бор,
Аз шаҷар магсил ба уммеди баҳор.
Баҳр гум кардӣ, зиёнандеш бош,
Ҳофизи ҷӯйи камоби хеш бош!
Шояд аз сели кӯҳистон бархӯрӣ,
Боз дар оғуш тӯфон парварӣ.
Пайкарат дорад агар ҷони басир,
Ибрат аз аҳволи Исроил гир.
Гарму сарди рӯзгори ӯ нигар,
Сахтии ҷони низори ӯ нигар.
Хун гаронсайр аст дар рагҳои ӯ,
Санги сад даҳлезу як симои ӯ.
Панҷаи гардун чу ангураш фишурд,
Ёдгори Мӯсиву Ҳорун намурд.
Аз навои оташинаш рафт сӯз,
Лекин андар сина дам дорад ҳанӯз.
3-он ки чун ҷамъияташ аз ҳам шикаст,
Ҷуз ба роҳи рафтагон маҳмил набаст.
Эй парешон маҳфили деринаат.
Мурд шамъи зиндагӣ дар синаат.
Нақш бар дил маънии тавҳид кун,
Чораи кори худ аз тақлид кун.
Иҷтиҳод андар замони инҳитот
Қавмро барҳам ҳамепечад бисот.
3-иҷтиҳоди олимони камназар
Иқтидо бар рафтагон маҳфузтар.
Ақли обоят ҳавасфарсуда нест,
Кори покон аз ғараз олуда нест.
Фикрашон ресад ҳаме бориктар.
Варъашон бо Мустафо наздиктар.
Завқи Ҷаъфар, ковиши Розӣ намонд,
Обрӯйи миллати тозӣ намонд.
Танг бар мо раҳгузори дин шудаст,
Ҳар лаъиме роздори дин шудаст.
Эй, ки аз асрори дин бегонаӣ,
Бо як ойин соз, агар фарзонаӣ.
Ман шунидастам зи наббози ҳаёт,
Ихтилофи туст миқрози ҳаёт.
Аз якойинӣ мусалмон зиндааст,
Пайкари миллат зи Қуръон зиндааст.
Мо ҳама хоку дили огоҳ ӯст,
Эътисомаш кун, ки ҳаблуллоҳ ӯст.
Чун гуҳар дар риштаи ӯ суфта шав
Варна монанди ғубор ошуфта шав.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ПУХТАГИИ СИРАТИ МИЛЛИЯ АЗ ИТТИБОЪИ ОЙИНИ ИЛОҲИЯ АСТ
Дар шариъат маънии дигар маҷӯ,
Ғайри зав дар ботини гавҳар маҷӯ,
Ин гуҳарро худ Худо гавҳаргар аст,
Зоҳираш гавҳар, бутунаш гавҳар аст.
Илми Ҳақ, ғайр аз шариъат ҳеҷ нест,
Асли суннат ҷуз муҳаббат ҳеҷ нест.
Фардро шаръ аст мирқоти яқин,
Пухтатар аз вай мақомоти яқин.
Миллат аз ойини Ҳақ гирад низом,
Аз низоми маҳкаме хезад давом.
Қудрат андар илми ӯ пайдостӣ,
Ҳам асову ҳам яди байзостӣ.
Бо ту гӯям, сирри Ислом аст шаръ,
Шаръ оғоз асту анҷом аст шаръ.
Эй, ки бошӣ ҳикмати динро амин,
Бо ту гӯям нуктаи шаръи мубин.
Чун касе гардад музоҳим бесабаб,
Бо мусалмон дар адои мустаҳаб.
Мустаҳабро фарз гардонидаанд,
Зиндагиро айни қудрат дидаанд.
Рӯзи ҳайҷо лашкари аъдо агар,
Бар гумони сулҳ гардад бехатар.
Гирад осон рӯзгори хешро,
Бишканад ҳисну ҳисори хешро.
То нагирад боз кори ӯ низом,
То Хутан бар кишвараш омад ҳаром.
Сирри ин фармони Ҳақ донӣ, ки чист?
Зистан андар хатарҳо зиндагист.
Шаръ мехоҳад, ки чун ойӣ ба ҷанг,
Шӯъла гардӣ, вошикофӣ коми санг.
Озмояд қуввати бозӯйи ту,
Мениҳад Алванд пеши рӯйи ту,
Боз гӯяд: сурма соз Алвандро,
Аз тафи ханҷар гудоз Алвандро.
Нест меше нотавоне, лоғаре,
Дархӯри сарпанҷаи шери наре.
Боз чун бо саъва хӯгар мешавад,
Аз шикори худ забунтар мешавад.
Шореъи ойин шиноси хубу зишт,
Баҳри ту ин нусхаи қудрат навишт.
Аз амал оҳан асаб месозадат,
Ҷои хубе дар ҷаҳон андозадат.
Хаста бошӣ, устуворат мекунад,
Пухта мисли кӯҳсорат мекунад.
Ҳаст дини Мустафо дини ҳаёт,
Шаръи ӯ тафсири ойини ҳаёт.
Гар заминӣ, осмон созад туро,
Он чи Ҳақ мехоҳад, он созад туро.
Сайқалаш ойина созад сангро,
Аз дили оҳан рабояд зангро.
То шиъори Мустафо аз даст рафт,
Қавмро рамзи бақо аз даст рафт.
Он ниҳоли сарбаланду устувор,
Муслими саҳроии уштурсавор,
Пой то дар водии Батҳо гирифт,
Тарбият аз гармии саҳро гирифт.
Ончунон коҳид аз боди Аҷам,
Ҳамчу най гардид аз боди Аҷам.
Он, ки куштӣ шерро чун гӯсфанд,
Гашт аз помоли мӯре дардманд.
Он, ки аз такбири ӯ санг об гашт,
Аз сафири булбуле бетоб гашт.
Он, ки азмаш кӯҳро коҳе шумурд,
Бо таваккул дасту пои худ супурд.
Он, ки зарбаш гардани аъдо шикаст,
Қалби хеш аз зарбҳои сина хаст.
Он, ки гомаш нақши сад ҳангома баст,
Пой андар гӯшаи узлат шикаст.
Он, ки фармонаш ҷаҳонро ногузир,
Бар дараш Искандару Доро фақир.
Кӯшиши ӯ бо қаноъат соз кард,
То ба кашкули гадоӣ ноз кард.
Шайх Аҳмад Сайиди гардунҷаноб,
Косиби нур аз замираш офтоб.
Гул, ки мепӯшад мазори поки ӯ,
«Ло илаҳгӯён дамад аз хоки ӯ.
Бо муриде гуфт: «Эй ҷони падар,
Аз хаёлоти Аҷам бояд ҳазар!!
Он ки фикраш гарчи аз гардун гузашт,
Аз ҳади дини Набӣ берун гузашт.»
Эй бародар, ин насиҳат гӯш кун,
Панди он оқои миллат гӯш кун.
Қалбро з-ин ҳарфи ҳақ гардон қавӣ,
Бо Араб дарсоз, то муслим шавӣ.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ҲУСНИ СИРАТИ МИЛЛИЯ АЗ ТААДДУБ БА ОДОБИ МУҲАММАДИЯ АСТ
Соиле мисли қазои мубраме
Бар дари мо зад садои пайҳаме.
Аз ғазаб чӯбе шикастам бар сараш,
Ҳосили дарюза афтод аз бараш.
Ақл дар оғози айёми шабоб
Менаяндешад савобу носавоб.
Аз мизоҷи ман падар озурда гашт,
Лолазори чеҳрааш афсурда гашт.
Бар лабаш оҳи ҷигартобе расид,
Дар миёни синаи ӯ дил тапид.
Кавкабе дар чашми ӯ гардиду рехт,
Бар сари мижгон даме тобиду рехт.
Ҳамчу он мурғе, ки дар фасли хазон
Ларзад аз боди саҳар дар ошён.
Дар танам ларзид ҷони ғофилам,
Рафт Лайлои шикеб аз маҳмилам.
Гуфт: Фардо уммати Хайруррасул
Ҷамъ гардад пеши он Мавлои кул.
Ғозиёни миллати байзои ӯ,
Ҳофизони ҳикмати раънои ӯ,
Ҳам шаҳидоне, ки динро хуҷҷатанд,
Мисли анҷум дар фазои миллатанд.
Зоҳидону ошиқони дилфигор,
Олимону осиёни шармсор.
Дар миёни анҷуман гардад баланд,
Нолаҳои ин гадои дардманд.
Эй сиротат мушкил аз бемаркабӣ,
Ман чӣ гӯям, чун маро пурсад Набӣ!
«Ҳақ ҷавони муслиме бо ту супурд,
Кӯ насибе аз дабистонам набурд.
Аз ту ин як кор осон ҳам нашуд,
Яъне он анбори гил одам нашуд».
Дар маломат нармгуфтор он карим,
Ман раҳини хиҷлату уммеду бим.
Андаке андешу ёд ор, эй писар,
Иҷтимоъи уммати Хайрулбашар.
Боз ин риши сапеди ман нигар,
Ларзаи биму умеди ман нигар.
Бар падар ин ҷаври нозебо макун,
Пеши Мавло бандаро расво макун.
Ғунчае аз шохсори Мустафо,
Гул шав аз боди баҳори Мустафо.
Аз баҳораш рангу бӯ бояд гирифт,
Баҳрае аз хулқи ӯ бояд гирифт.
Муршиди Румӣ чи хуш фармудааст,
Он ки ям дар қатрааш осудааст:
«Магсил аз Хатмуррасул айёми хеш,
Такя кам кун бар фану бар гоми хеш.»[2]
Фитрати муслим саропо шавқат аст,
Дар ҷаҳон дасту забонаш раҳмат аст.
Он ки маҳтоб аз сарангушташ дуним,
Раҳмати ӯ ому ахлоқаш азим.
Аз мақоми ӯ агар дур истӣ,
Аз миёни маъшари мо нестӣ.
Ту, ки мурғи бӯстони мостӣ,
Ҳам сафиру ҳам забони мостӣ.
Нағмае дорӣ агар, танҳо мазан,
Ҷуз ба шохи бӯстони мо мазан.
Ҳарчӣ ҳаст аз зиндагӣ сармоядор,
Мирад андар унсури носозгор.
5 Ин байт аз Љалолиддини Румист.
Булбул астӣ, дар чаман парвоз кун.
Нағмае бо ҳамнавоён соз кун.
В-ар уқоб астӣ, таҳи дарё мазӣ,
Ҷуз ба хилватхонаи саҳро мазӣ.
Кавкабӣ? Метоб бар гардуни хеш,
По манеҳ берун зи пиромуни хеш.
Қатраи обе гар аз найсон барӣ,
Дар фазои бӯстонаш парварӣ.
То мисоли шабнам аз файзи баҳор
Ғунчаи тангаш бигирад дар канор.
Аз шуъои осмон тоби саҳар,
К-аз фусунаш ғунча мебандад шаҷар.
Унсури нам баркашӣ аз ҷавҳараш,
Завқи рам аз солимоти музтараш.
Гавҳарат ҷуз мавҷи обе ҳеҷ нест,
Саъйи ту ғайр аз саробе ҳеҷ нест.
Дар ям андозаш, ки гардад гавҳаре,
Тоби ӯ ларзад чу тоби ахтаре.
Қатраи найсон, ки маҳҷур аз ям аст,
Назри хошоке мисоли шабнам аст.
Тинати поки мусалмон гавҳар аст,
Обу тобаш аз ями Пайғамбар аст.
Оби найсонӣ, ба оғӯшаш даро,
В-аз миёни қулзумаш гавҳар баро.
Дар ҷаҳон равшантар аз хуршед шав,
Соҳиби тобонии ҷовид шав.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ҲАЁТИ МИЛЛИЯ МАРКАЗИ МАҲСУС МЕХОҲАД ВА МАРКАЗИ МИЛЛАТИ ИСЛОМИЯ БАЙТУЛҲАРОМ АСТ
Мекушоям уқда аз кори ҳаёт,
Созамат огоҳи асрори ҳаёт.
Чун хаёл аз худ рамидан пешааш,
Аз ҷиҳат доман кашидан пешааш.
Дар ҷаҳони деру зуд ояд чӣ сон?
Вақти ӯ фардову дӣ зояд чӣ сон?
Гар назар дорӣ, яке бар худ нигар,
Ҷуз рами пайҳам наӣ, эй бехабар.
То намояд тоби номашҳуди хеш,
Шӯълаи ӯ пардабанд аз дуди хеш.
Сайри ӯро то сукун бинад назар,
Мавҷи ҷӯяш баста омад дар гуҳар.
Оташи ӯ дам ба хеш андар кашид,
Лола гардиду зи шохе бардамид.
Фикри хоми ту гаронхез асту ланг,
Тӯҳмати гул баст бар парвози ранг.
Зиндагӣ мурғи нишемансоз нест,
Тоириранг асту ҷуз парвоз нест.
Дар қафас вомондаву озод ҳам
Бо навоҳо мезанад фарёд ҳам.
Аз параш парвоз шӯяд дамбадам,
Чораи худ карда ҷӯяд дамбадам.
Уқдаҳо худ мезанад дар кори хеш,
Боз осон мекунад душвори хеш.
По ба гил гардад ҳаёти тезгом.
То ду боло гардадаш завқи хиром.
Созҳо хобида андар сӯзи ӯ,
Дӯшу фардо зодаи имрӯзи ӯ.
Дамбадам мушкилтару осонгузор,
Дамбадам навофарину тозакор.
Гарчи мисли бӯ саропояш рам аст,
Чун ватан дар синае гирад, дам аст.
Риштаҳои хешро бар худ танад,
Тукмае гардад, гиреҳ бар худ занад.
Дар гиреҳ чун дона дорад баргу бар,
Чашм бар худ во кунад, гардад шаҷар.
Хилъате аз обу гил пайдо кунад,
Дасту пову чашму дил пайдо кунад.
Хилват андар тан гузинад зиндагӣ,
Анҷуманҳо офаринад зиндагӣ.
Ҳамчунон ойини милоди умам,
Зиндагӣ бар марказе ояд ба ҳам,
Ҳалқаро марказ чу ҷон дар пайкар аст,
Хатти ӯ дар нуқтаи ӯ музмар аст.
Қавмро рабту низом аз марказе,
Рӯзгорашро давом аз марказе.
Роздору рози мо Байтулҳарам,
Сӯзи мо, ҳам сози мо Байтулҳарам.
Чун нафас дар синаи ӯ парварем,
Ҷони ширин аст ӯ, мо пайкарем.
Тозарӯ бӯстони мо аз шабнамаш,
Мазраъи мо обгир аз Замзамаш.
Тобдор аз зарраҳояш офтоб,
Ғӯтазан андар фазояш офтоб.
Даъвии ӯро далел астем мо,
Аз Бароҳини Халил астем мо.
Дар ҷаҳон моро баландовоза кард,
Во ҳудуси мо қидам шероза кард.
Миллати байзо зи тавфаш ҳамнафас,
Ҳамчу субҳи офтоб андар қафас.
Аз ҳисоби ӯ яке бисёрият,
Пухта аз банди яке худдорият.
Ту зи пайванди ҳариме зиндаӣ,
То тавофи ӯ кунӣ, пояндаӣ.
Дар ҷаҳон ҷони умам ҷамъият аст,
Дар нигар сирри Ҳарам ҷамъият аст.
Ибрате, эй муслими равшанзамир,
Аз маоли уммати Мӯсо бигир.
Дод чун он қавм марказро зи даст,
Риштаи ҷамъияти миллат шикаст.
Он ки болид андар оғӯши Расул,
Ҷузви ӯ донандаи асрори кул.
Даҳр селе бар баногӯшаш кашид,
Зиндагӣ хун гашту аз чашмаш чакид.
Рафт нам аз решаҳои токи ӯ,
Беди Маҷнун ҳам нарӯяд хоки ӯ.
Аз гули ғурбат забонгумкардае,
Ҳам наво, ҳам ошён гумкардае.
Шамъ мурду навҳахон парвонааш,
Мушти хокам ларзад аз афсонааш.
Эй зи теғи ҷаври гардун хастатан,
Эй асири илтибосу ваҳму зан(н).
Пираҳанро ҷомаи эҳром кун,
Субҳ пайдо аз ғубори шом кун.
Мисли обо ғарқ андар саҷда шав,
Ончунон гум шав, ки яксар саҷда шав.
Муслими пешин ниёзе офарид,
То ба нози оламошӯбе расид.
Дар раҳи Ҳақ по ба нӯки хор ҳаст,
Гулситон дар гӯшаи дастор баст.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ҶАМЪИЯТИ ҲАҚИҚӢ АЗ МАҲКАМ ГИРИФТАНИ НАСАБ-УЛ-ЪАЙНИ МИЛЛИЯ АСТ ВА НАСАБУЛЪАЙНИ УММАТИ МУҲАММАДИЯ ҲИФЗУ НАШРИ ТАВҲИД АСТ
Бо ту омӯзам забони коинот,
Ҳарфу алфоз аст аъмоли ҳаёт.
Чун зи рабти муддаъое баста шуд,
Зиндагонӣ матлаъи барҷаста шуд.
Муддаъо гардад агар маҳмези мо,
Ҳамчу сарсар меравад Шабдези мо.
Муддаъо рози бақои зиндагӣ,
Ҷамъи симоби қувои зиндагӣ.
Чун ҳаёт аз мақсаде маҳрум шавад,
Зобити асбоби ин олам шавад.
Хештанро тобеъи мақсад кунад,
Баҳри ӯ чинад, гузинад, рад кунад.
Нохудоро ямравӣ аз соҳил аст,
Ихтиёри ҷодаҳо аз манзил аст.
Бар дили парвона доғ аз завқи сӯз,
Тавфи ӯ гирди чароғ аз завқи сӯз.
Қайс агар овора дар саҳростӣ,
Муддаъояш маҳмили Лайлостӣ.
То бувад шаҳрошно Лайлои мо,
Барнамехезад ба саҳро пои мо.
Ҳамчу ҷон мақсуд пинҳон дар амал,
Кайфу кам аз вай пазирад ҳар амал.
Гардиши хуне, ки дар рагҳои мост,
Тез аз саъйи ҳусули муддаъост.
Аз тафи ӯ хешро сӯзад ҳаёт,
Оташе чун лола андӯзад ҳаёт.
Муддаъо мизроби сози ҳиммат аст,
Марказе, к-ӯ ҷозиби ҳар қувват аст.
Дасту пойи қавмро ҷунбонд ӯ,
Як назар сад чашмро гардонд ӯ.
Шоҳиди мақсудро девона шав,
Тоифи ин шамъ чун парвона шав,
Хушнавое нағмасози Қум задаст.
Захмаи маънӣ бар абрешум задаст.
То кашад хор аз кафи порасипар,
Мешавад пӯшида маҳмил аз назар.
Гар ба қадри як нафас ғофил шудӣ,
Дур сад фарсанг аз манзил шудӣ.
Ин куҳанпайкар, ки олам номи ӯст,
3-имтизоҷи уммаҳот андоми ӯст.
Сад найистон кошт, то як нола раст,
Сад чаман хун кард, то як лола раст.
Нақшҳо оварду афканду шикаст,
То ба лавҳи зиндагӣ нақши ту баст.
Нолаҳо дар кишти ҷон коридааст,
То навои як азон болидааст.
Муддате пайкор бо аҳрор дошт,
Бо худовандони ботил кор дошт.
Тухми имон охир андар гил нишонд,
Бо забонат калмаи тавҳид хонд.
Нуқтаи адвори олам «ло илаҳ,
Интиҳои кори олам «ло илаҳ».
Чархро аз зӯри ӯ гардандагӣ,
Меҳрро пояндагӣ, рахшандагӣ.
Баҳр гавҳар офарид аз тоби ӯ,
Мавҷ дар дарё тапид аз тоби ӯ.
Хок аз мавҷи нишеман гул шавад,
Муштипар аз сӯзи ӯ булбул шавад.
Шӯъла дар рагҳои ток аз сӯзи ӯ,
Хоки мино тобнок аз сӯзи ӯ.
Нағмаҳояш хуфта дар сози вуҷуд,
Ҷӯядат, эй захма дар сози вуҷуд,
Сад наво дорӣ чу хун дар тан равон,
Хезу мизробе ба тори ӯ расон.
3-он ки дар такбир рози буди туст,
Ҳифзу нашри «ло илаҳмақсуди туст.
То нахезад бонги Ҳақ аз оламе,
Гар мусалмонӣ, наёсоӣ даме.
Менадонӣ ояти Уммулкитоб,
Уммати одил туро омад хитоб.
Обу тоби чеҳраи айём ту,
Дар ҷаҳон шоҳид алалақвом ту,
Нуктасанҷонро салои ом деҳ,
Аз улуми уммие пайғом деҳ.
Уммие пок аз ҳаво гуфтори ӯ,
Шарҳи рамзи моғаво гуфтори ӯ.
То ба даст овард набзи коинот,
Во намуд асрори тақвими ҳаёт.
Аз қабои лолаҳои ин чаман,
Пок шуст олудагиҳои куҳан.
Дар ҷаҳон вобастаи динаш ҳаёт.
Нест мумкин ҷуз ба ойинаш ҳаёт.
Эй, ки медорӣ китобаш дар бағал,
Тезтар неҳ по ба майдони амал.
Фикри инсон бутпарастӣ, бутгарӣ,
Ҳар замон дар ҷустуҷӯи пайкаре.
Боз тарҳи озарӣ андохтаст,
Тозатар парвардигоре сохтаст.
К-ояд аз хун рехтан андар тараб,
Номи ӯ ранг асту ҳам мулку насаб.
Одамият кушта шуд чун гӯсфанд,
Пеши пойи ин бути ноарҷманд.
Эй, ки хӯрдастӣ зи минои Халил,
Гармии хунат зи саҳбои Халил.
Бар сари ин ботили ҳақпираҳан,
Теғи «ло мавҷуд иллоҳу» бизан.
Ҷилва дар торикии айём кун,
Он чи бар ту комил омад, ом кун.
Ларзам аз шарми ту, чун рӯзи шумор,
Пурсадат он обрӯи рӯзгор.
Ҳарфи Ҳақ аз ҳазрати мо бурдаӣ,
Пас чаро бо дигарон наспурдаӣ?
ДАР МАЪНИИ ИН КИ ТАВСЕЪИ ҲАЁТИ МИЛЛИЯ АЗ ТАСХИРИ ҚУВОИ НИЗОМИ ОЛАМ АСТ
Эй, ки бо нодида паймон бастаӣ,
Ҳамчу сел аз қайди соҳил растаӣ.
Чун ниҳол аз хоки ин гулзор хез,
Дил ба ғоиб банду бо ҳозир ситез.
Ҳастии ҳозир кунад тафсири ғайб,
Мешавад дебочаи тасхири ғайб.
Мосиво аз баҳри тасхир асту бас,
Синаи ӯ арсаи тир асту бас.
Аз «кун» — и Ҳақ мосиво шуд ошкор,
То шавад пайкони ту сандонгузор.
Риштае бояд гиреҳ андар гиреҳ,
То шавад лутфи кушуданро фиреҳ.
Ғунчаӣ? Аз худ чаман таъбир кун,
Шабнамӣ? Хуршедро тасхир кун!
Аз ту меояд агар кори шигарф,
Аз дами гармӣ гудоз ин шири барф.
Ҳар кӣ маҳсусотро тасхир кард,
Оламе аз заррае таъмир кард.
Он ки тираш қудсиёнро сина хаст,
Аввал одамро сари фитрок баст.
Уқдаи маҳсусро аввал кушуд,
Ҳиммат аз тахсири мавҷуд озмуд.
Кӯҳу саҳро, дашту дарё, баҳру бар
Тахтаи таълими арбоби назар.
Эй, ки аз таъсири афюн хуфтаӣ,
Олами асбобро дун гуфтаӣ.
Хезу во кун дидаи махмурро,
Дун махон ин олами маҷбурро.
Ғояташ тавсеъи зоти муслим аст,
Имтиҳони мумкиноти муслим аст.
Мезанад шамшери даврон бар танат,
То бубинӣ ҳаст хун андар танат.
Синаро аз санг зӯри реш кун,
Имтиҳони устухони хеш кун
Ҳақ ҷаҳонро қисмати некон шумурд,
Ҷалвааш бо дидаи мӯьмин супурд.
Корвонро раҳгузор аст ин ҷаҳон,
Нақди мӯъминро аёр аст ин ҷаҳон.
Гир ӯро, то на ӯ гирад туро.
Ҳамчу май андар сабӯ гирад туро.
Дулдули андешаат тӯтипар аст,
Он ки гомаш осмон, паҳновар аст.
Эҳтиёҷи зиндагӣ меронадаш,
Бар замин гардунсипар гардонадаш.
То зи тасхири қувои ин низом,
Зуфунуниҳои ту гардад тамом,
Ноиби Ҳақ дар ҷаҳон одам шавад,
Бар аносир ҳукми ӯ маҳкам шавад.
Тангият паҳно пазирад дар ҷаҳон,
Кори ту андом гирад дар ҷаҳон.
Хешро бар пушти бод асвор кун,
Яъне ин ҷаммозаро моҳор кун.
Даст рангин кун зи хуни кӯҳсор,
Ҷӯйи обе, гавҳар аз дарё барор.
Сад ҷаҳон дар як фазо пӯшидаанд,
Меҳрҳо дар зарраҳо пӯшидаанд.
Аз шуъояш дида кун нодидаро,
Во намо асрори нофаҳмидаро.
Тобиш аз хуршеди оламтоб гир,
Барқи тоқафрӯз аз селоб гир.
Собиту сайёраи гардун ватан,
Он худовандони ақвоми куҳан,
Ин ҳама, эй хоҷа, оғӯши туянд,
Пешхезу ҳалқадаргӯши туянд.
Ҷустуҷӯро маҳкам аз тадбир кун,
Анфусу офоқро тасхир кун.
Чашми худ бикшову дар ашё нигар,
Нашъа зери пардаи саҳбо нигар.
То насиб аз ҳикмати ашё барад,
Нотавон боҷ аз тавоноён хурад.
Сурати ҳастӣ зи маънӣ сода нест,
Ин куҳансоз аз наво афтода нест.
Барқ оҳанг аст, хушёраш занад,
Хешро чун захма бар тораш занад.
Ту, ки мақсуди хитоби унзур» — ӣ,
Пас чаро ин роҳ чун кӯрон бурӣ?
Қатрае, к-аз худфурӯзӣ маҳрам аст,
Бода андар току бар гул шабнам аст.
Чун ба дарё дарравад, гавҳар шавад,
Ҷавҳараш тобанда чун ахтар шавад.
Чун сабо бар сурати гулҳо матан,
Ғӯта андар маънии гулзор зан.
Он ки бар ашё каманд андохтаст,
Маркаб аз барқу ҳарорат сохтаст.
Ҳарф чун тоир ба парвоз оварад,
Нағмаро бе захма аз соз оварад.
Эй харат ланг аз раҳи душвори зист,
Ғофил аз ҳангомаи пайкори зист,
Ҳамраҳонат пай ба манзил бурдаанд,
Лайлии маънӣ зи маҳмил бурдаанд.
Ту ба саҳро мисли Қайс овораӣ,
Хастаӣ, вомондаӣ, бечораӣ.
Илми асмо эътибори одам аст,
Ҳикмати ашё ҳисори одам аст.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ КАМОЛИ ҲАЁТИ МИЛЛИЯ ИН АСТ, КИ МИЛЛАТ МИСЛИ ФАРД ЭҲСОСИ ХУДӢ ПАЙДО КУНАД ВА ТАВЛИДУ ТАКМИЛИ ИН ЭҲСОС АЗ ЗАБТИ РИВОЁТИ МИЛЛИЯ МУМКИН ГАРДАД
Кӯдакеро дидӣ, эй болиғназар,
К-ӯ бувад аз маънии худ бехабар.
Ношиноси дуру наздик ончунон,
Моҳро хоҳад, ки баргирад инон.
Аз ҳама бегона он момакпараст,
Гирямасту ширмасту хобмаст.
Зеру бамро гӯши ӯ даргир нест,
Нағмааш ҷуз шӯриши занҷир нест.
Содаву дӯшиза афкораш ҳанӯз,
Чун гуҳар покиза гуфтораш ҳанӯз.
Ҷустуҷӯ сармояи пиндори ӯ,
Аз «чаро, чун, кай, куҷо?», гуфтори ӯ.
Нақшгири ину он андешааш,
Ғайрҷӯйӣ, ғайрбинӣ пешааш.
Чашмаш аз дунбол агар гирад касе,
Ҷони ӯ ошуфта мегардад басе.
Фикри хомаш дар ҳавои рӯзгор,
Паркушо монанди бози навшикор.
Дар пайи нахчирҳо бигзорадаш,
Боз сӯйи хештан меорадаш.
То зи оташгирии афкори ӯ,
Гул фишонад зарчаки пиндори ӯ.
Чашми гирояш фитад бар хештан.
Дастаке бар сина мегӯяд, ки «ман».
Ёди ӯ бо худ шиносояш кунад,
Ҳифзи рабти дӯшу фардояш кунад.
Суфта айёмаш дар ин тори заранд,
Ҳамчу гавҳар аз пайи якдигаранд.
Гарчи ҳар дам коҳад, афзояд гилаш,
«Ман ҳамонастам, ки будам» дар дилаш.
Ин»ман»-и навзода оғози ҳаёт,
Нағман бедории сози ҳаёт.
Миллати навзода мисли тифлак аст,
Тифлаке, к-ӯ дар канори момак аст.
Тифлаке аз хештан ноогаҳе,
Гавҳари олудаи хоки раҳе.
Баста бо имрӯзи ӯ фардош нест.
Ҳалқаҳои рӯзу шаб дар пош нест.
Чашми ҳастиро мисоли мардум аст,
Ғайрро бинандаву аз худ гум аст.
Сад гиреҳ аз риштаи худ во кунад,
То сари тори худӣ пайдо кунад.
Гарм чун афтад ба кори рӯзгор,
Ин шуъури тоза гардад пойдор.
Нақшҳо бардораду андозад ӯ,
Саргузашти хешро месозад ӯ.
Фард чун пайванди айёмаш гусехт,
Шонаи идроки ӯ дандона рехт.
Қавм равшан аз саводи саргузашт,
Худшинос омад зи ёди саргузашт.
Саргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,
Боз андар нестӣ гум мешавад.
Нусхаи буди туро, эй ҳушманд,
Рабти айём омада шерозабанд.
Рабти айём аст моро пираҳан,
Сӯзанаш ҳифзи ривоёти куҳан.
Чист таърих? Эй зи худ бегонае,
Достоне, қиссае, афсонае
Ин туро аз хештан огаҳ кунад,
Ошнои кору марди раҳ кунад.
Рӯҳро сармояи тоб аст ин,
Ҷисми миллатро чу аъсоб аст ин.
Ҳамчу ханҷар бар фасонат мезанад,
Боз бар рӯи ҷаҳонат мезанад.
Ваҳ, чи сози ҷоннигору дилпазир,
Нағмаҳои рафта дар тораш асир.
Шӯълаи афсурда дар сӯзаш нигар,
Дӯш дар оғӯши имрӯзаш нигар.
Шамъи ӯ бахти умамро кавкаб аст,
Равшан аз вай имшабу ҳам дишаб аст.
Чашми паргоре, ки бинад рафтаро,
Пеши ту боз офаринад рафтаро.
Бодаи садсола дар минои ӯ,
Мастии порина дар саҳбои ӯ.
Сайдгире, к-ӯ ба дом андар кашид,
Тоире, к-аз бӯстони мо парид.
Забт кун таърихро, поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав,
Дӯшро пайванд бо имрӯз кун,
Зиндагиро мурғи дастомӯз кун.
Риштаи айёмро овар ба даст
Варна гардӣ рӯзкӯру шабпараст.
Сар занад аз мозии ту ҳоли ту,
Хезад аз ҳоли ту истиқболи ту.
Машкан, ар хоҳӣ ҳаёти лозавол,
Риштаи мозӣ зи истиқболу ҳол.
Мавҷи идроки тасалсул зиндагист,
Майкашонро шӯри қулқул зиндагист.
ДАР МАЪНИИ ИН КИ БАҚОИ НАВЪ АЗ УМУМАТ АСТ ВА ҲИФЗУ ЭҲТИРОМИ УМУМАТ ИСЛОМ АСТ
Нағмахез аз захмаи зан сози мард,
Аз ниёзи ӯ дуболо нози мард.
Пӯшиши урёнии мардон зан аст,
Ҳусни дилҷӯ ишқро пироҳан аст.
Ишқи Ҳақ парвардаи оғӯши ӯ,
Ин наво аз захмаи хомӯши ӯ.
Он ки нозад бар ваҷудаш коинот,
Зикри ӯ фармуд бо тибу салот.
Муслиме, к-ӯро парасторӣ шумурд,
Баҳрае аз ҳикмати Қуръон набурд.
Нек агар бинӣ, умумат раҳмат аст,
3-он ки ӯро бо нуббуват нисбат аст.
Шафқати ӯ шафқати пайғамбар аст,
Сирати ақвомро суратгар аст.
Аз умумат пухтатар таъмири мо,
Дар хати симои ӯ тақдири мо.
Ҳаст агар фарҳанги ту маънирасе,
Ҳарфи уммат нуктаҳо дорад басе.
Гуфт он максуди ҳарфи «кун факон»
Зери пойи уммаҳот омад ҷинон.
Миллат аз такрими арҳом асту бас,
Варна кори зиндагӣ хом асту бас.
Аз умумат гарм рафтори ҳаёт,
Аз умумат кашфи асрори ҳаёт.
Аз умумат печутоби ҷӯйи мо,
Мавҷу гирдобу ҳубоби ҷӯйи мо.
Он духи рустоқзоде, ҷоҳиле,
Пастболое, ситабре, бадгиле.
Нотароше, парваришнододае,
Камнигоҳе, камзабоне, содае,
Дил зи оломи умумат карда хун,
Гирди чашмаш халқаҳои нилгун.
Миллат ар гирад зи оғӯшаш ба даст
Як мусалмони ғаюри ҳақпараст.
Ҳастии мо маҳкам аз оломи ӯст,
Субҳи мо оламфурӯз аз шоми ӯст.
В-он тиҳиоғӯши нозукпайкаре,
Хонапарварде, нигоҳаш маҳшаре.
Фикри ӯ аз тоби Мағриб равшан аст,
Зоҳираш зан, ботини ӯ нозан аст.
Бандаҳои миллати байзо гусехт,
То зи чашмаш ишваҳо ҳал карда рехт.
Шӯхчашму фитназо озодияш,
Аз ҳаё ноошно озодияш.
Илми ӯ бори умумат барнатофт,
Бар сари шомаш яке ахтар натофт.
Ин гул аз бустони мо норуста беҳ,
Доғаш аз домони миллат шуста беҳ.
«Ло илаҳгӯён чу анҷум бешумор,
Баст чашм андар заломи рӯзгор.
По набурда аз адам берун ҳанӯз,
Аз саводи кайфу кам берун ҳанӯз.
Музмар андар зулмати мавҷуди мо,
Он таҷаллиҳои номашҳуди мо.
Шабнаме, бар барги гул наншастае,
Ғунчаҳое аз сабо нохастае.
Бардамад ин лолазори мумкинот,
Аз хиёбони риёзи уммаҳот.
Қавмро сармоя, эй соҳибназар,
Нест аз нақду қумошу симу зар,
Моли ӯ фарзандҳои тандуруст,
Тардимоғу сахткӯшу чоқу чуст.
Ҳофизи рамзи ухувват модарон,
Қуввати Қуръону миллат модарон
ДАР МАЪНИИ ИН КИ САЙИДАТ-УН-НИСО ФОТИМАТ-УЗ-ЗАҲРО УСВАИ КОМИЛАЕСТ БАРОИ НИСОИ ИСЛОМ
Марям аз як нисбати Исо азиз,
Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз.
Нури чашми Раҳматан л-ил-оламин,
Он имоми аввалину охирин.
Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид,
Рӯзгори тозаойин офарид.
Бонуи он тоҷдори ҳалато,
Муртазо, мушкилкушо, шери Худо.
Подшоҳу кулбае айвони ӯ,
Як ҳусому як зиреҳ сомони ӯ.
Модари он маркази паргори ишқ,
Модари он корвонсолори ишқ.
Он яке шамъи шабистони Ҳарам,
Ҳофизи ҷамъияти Хайрулумам.
То нишинад оташи пайкору кин,
Пушти по зад бар сари тоҷу нигин.
В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон,
Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон.
Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳусайн,
Аҳли Ҳақ ҳурриятомӯз аз Ҳусайн.
Сирати фарзандҳо аз уммаҳот,
Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.
Мазраъи таслимро ҳосил Батул,
Модаронро усваи комил Батул.
Баҳри мӯҳтоҷе дилаш он гуна сӯхт,
Бо яҳудӣ чодари худро фурӯхт.
Нуреву ҳам оташе фармонбараш,
Гум ризояш дар ризои шавҳараш.
Он адабпарвардаи сабру ризо,
Осиёгардону лаб Қуръонсаро.
Гиряҳои ӯ зи болин бениёз,
Гавҳар афшондӣ ба домони намоз.
Ашки ӯ барчид Ҷибрил аз замин,
Ҳамчу шабнам рехт бар Арши барин.
Риштаи ойини Ҳақ занҷири мост,
Поси фармони ҷаноби Мустафост.
Варна гирди турбаташ гардидаме,
Саҷдаҳо бар хоки ӯ пошидаме.
ХИТОБ БА МУХАДДАРОТИ ИСЛОМ
Эй ридоят пардаи номуси мо,
Тоби ту сармояи фонуси мо.
Тинати пойи ту моро раҳмат аст,
Қуввати дину асоси миллат аст.
Кӯдаки мо чун лаб аз шири ту шуст,
«Ло илаҳомӯхтӣ ӯро нахуст.
Метарошад меҳри ту атвори мо,
Фикри мо, гуфтори мо, кирдори мо.
Барқи мо, к-ӯ дар саҳобат орамид,
Бар ҷабал рахшиду дар саҳро тапид.
Эй амини неъмати ойини Ҳақ,
Дар нафасҳои ту сӯзи дини Ҳақ.
Даври ҳозир тарфурӯшу пурфан аст,
Корвонаш нақди динро раҳзан аст.
Кӯру яздонношинос идроки ӯ,
Нокасон занҷирии печоки ӯ.
Чашми ӯ бебоку нопарвостӣ,
Панҷаи мижгони ӯ гиростӣ.
Сайди ӯ озод хонад хешро,
Куштаи ӯ зинда донад хешро.
Оббанди нахли ҷамъият туӣ,
Ҳофизи сармояи миллат туӣ.
Аз сари суду зиён савдо мазан,
Гом ҷуз бар ҷодаи обо мазан.
Ҳушёр аз дастбурди рӯзғор
Гир фазандони худро дар канор.
Ин чаманзодон, ки пар накшодаанд,
3-ошёни хеш дур афтодаанд.
Фитрати ту ҷазбаҳо дорад баланд,
Чашми ҳуш аз усваи Заҳро мабанд.
То Ҳусайнӣ, шохи ту бор оварад,
Мавсими пешин ба гулзор оварад.
ХУЛОСАИ МАТОЛИБИ МАСНАВӢ ДАР ТАФСИРИ СУРАИ ИХЛОС ҚУЛ ҲУВАЛЛАҲУ АҲАД
Ман шабе Сиддиқро дидам ба хоб,
Гул зи хоки роҳи ӯ чидам ба хоб.
Он «Амунуннос» бар Мавлои мо,
Он Калими аввали Синои мо.
Ҳиммати ӯ кишти миллатро чу абр
Сонии Ислому ғору Бадру қабр.
Гуфтамаш: «Эй хосаи хосони ишқ,
Ишқи ту сарматлаъи девони ишқ.
Пухта аз дастат асоси кори мо,
Чорае фармо пайи озори мо.
Гуфт: «То кай дар ҳавас гардӣ асир,
Обутоб аз сураи Ихлос гир.
Ин ки дар сад сина печад як нафас,
Сирре аз асрори тавҳид асту бас.
Ранги ӯ баркан, мисоли ӯ шавӣ,
Дар ҷаҳон акси ҷамоли ӯ шавӣ.
Он ки номи ту мусалмон кардааст,
Аз дуӣ сӯи якӣ овардааст.
Хештанро турку афғон хондаӣ,
Вой бар ту, он чи будӣ, мондаӣ.
Вораҳон номидаро аз номҳо,
Соз бо хум, даргузар аз ҷомҳо.
Эй, ки ту расвои ном афтодаӣ,
Аз дарахти хеш хом афтодаӣ.
Бо якӣ соз, аз дуӣ бардор рахт,
Ваҳдати худро магардон лахт-лахт.
Эй парастори якӣ, гар ту туӣ,
То куҷо бошӣ сабақхони дуӣ?
Ту дари худро ба худ пӯшидаӣ,
Дар дил овар, он чи бар лаб чидаӣ.
Сад милал аз миллате ангехтӣ,
Бар ҳисори худ шабехун рехтӣ.
Як шаву тавҳидро машҳуд кун,
Ғоибашро аз амал мавҷуд кун.
Лаззати имон физояд дар амал,
Мурда он имон, ки н-ояд дар амал.
АЛЛОҲ—УС-САМАД
Гар ба «Аллоҳуссамад» дил бастаӣ,
Аз ҳадди асбоб берун ҷастаӣ.
Бандаи Ҳақ бандаи асбоб нест
Зиндагонӣ гардиши дӯлоб нест.
Муслим астӣ, бениёз аз ғайр шав,
Аҳли оламро саропо хайр шав.
Пеши мунъим шикваи гардун макун,
Дасти хеш аз остин берун макун.
Чун Алӣ дарсоз бо нони шаъир,
Гардани Марҳаб шикан, Хайбар бигир.
Миннат аз аҳли карам бурдан чаро,
Наштари «лою наъам» хӯрдан чаро?
Ризқи худро аз кафи дунон магир,
Юсуф астӣ, хешро арзон магир.
Гарчи бошӣ мӯру ҳам беболу пар,
Ҳоҷате пеши Сулаймоне мабар.
Роҳ душвор аст, сомон кам бигир,
Дар ҷаҳон озод зӣ, озод мир.
Сабҳаи «ақлилминаддунё» шумор,
Аз «таъиш ҳурран» шавӣ сармоядор.
То тавонӣ, кимиё шав, гил машав,
Дар ҷаҳон мунъим шаву соил машав.
Эй шиносои мақоми Буалӣ,
Ҷуръае орам зи ҷоми Буалӣ.
Пушти по зан тахти Кайковусро,
Сар бидеҳ, аз каф мадеҳ номусро.
Худ ба худ гардад дари майхона боз,
Бар тиҳипаймонагони бениёз.
Қоиди исломиён Ҳорунрашид,
ки Нақфур оби теғи ӯ чашид.
Гуфт Моликро, ки эй мавлои қавм,
Равшан аз хоки дарат симои қавм.
Эй навопардози гулзори ҳадис,
Аз ту хоҳам дарси асрори ҳадис.
Лаъл то кай пардабанд андар Яман,
Хезу дар дорулхилофат хайма зан.
Эй хушо тобонии рӯзи Ироқ,
Эй хушо ҳусни назарсӯзи Ироқ.
Мечакад оби Хизар аз токи ӯ,
Марҳами захми Масеҳо хоки ӯ.
Гуфт Молик: — Мустафоро чокарам,
Нест ҷуз савдои ӯ андар сарам.
Ман, ки бошам бастаи фитроки ӯ,
Барнахезам аз ҳарими поки ӯ.
Зинда аз тақбили хоки Ясрибам,
Хуштар аз рӯзи Ироқ омад шабам.
Ишқ мегӯяд, ки фармонам пазир,
Подшоҳонро ба хидмат ҳам магир.
Ту ҳамехоҳӣ маро оқо шавӣ,
Бандаи озодро мавло шавӣ.
Баҳри таълими ту оям бар дарат,
Ходими миллат нагардад чокарат.
Баҳрае хоҳӣ агар аз илми дин,
Дар миёни ҳалқаи дарсам нишин.
Бениёзӣ нозҳо дорад басе,
Нози ӯ андозҳо дорад басе.
Бениёзӣ ранги Ҳақ пӯшидан аст,
Ранги ғайр аз пираҳан шӯидан аст.
Илми ғайр омӯхтӣ, андӯхтӣ,
Рӯи хеш аз ғозааш афрӯхтӣ.
Арҷмандӣ аз шиъораш мебарӣ,
Ман надонам ту туӣ ё дигарӣ.
Аз нишеман хоки ту хомӯш гашт
В-аз гулу райҳон тиҳиоғӯш гашт.
Кишти худ аз дасти худ вайрон макун,
Аз саҳобаш гидяи борон макун.
Ақли ту занҷирии афкори ғайр,
Дар гулӯи ту нафас аз тори ғайр.
Бар забонат гуфтугӯҳо мустаъор,
Дар дили ту орзӯҳо мустаъор.
Қумриёнатро навоҳо хоста,
Сарвҳоятро қабоҳо хоста.
Бода мегирӣ ба ҷом аз дигарон,
Ҷом ҳам гирӣ ба вом аз дигарон.
Он нигоҳаш сирри «мо зоғалбасар»,
Сӯйи қавми хеш боз ояд агар,
Мешиносад шамъи ӯ парвонаро,
Нек донад хешу ҳам бегонаро.
«Ласта миннӣгӯядат Мавлои мо,
Войи мо, эй войи мо, эй войи мо!
Зиндагонӣ мисли анҷум то куҷо?
Ҳастии худ дар саҳар гум то куҷо?
Реве аз субҳи дурӯғе хӯрдаӣ,
Рахт аз паҳнои гардун бурдаӣ.
Офтоб астӣ, яке дар худ нигар,
Аз нуҷуми дигарон тобе махар.
Бар дили худ нақши ғайр андохтӣ,
Хоб бурдӣ, кимиё дарбохтӣ.
То куҷо рахшӣ зи тоби дигарон,
Сар сабук соз аз шароби дигарон.
То куҷо тавфи чароғи маҳфиле,
3-оташи худсӯз агар дорӣ диле.
Чун назар дар пардаҳои хеш бош,
Мепару аммо ба ҷои хеш бош.
Дар ҷаҳон мисли ҳубоб, эй ҳушманд,
Роҳи хилватхона бар ағёр банд.
Фард фард омад, ки худро вошинохт,
Қавм қавм омад, ки ҷуз бо худ насохт.
Аз паёми Мустафо огоҳ шав,
Фориғ аз арбоби дуналлоҳ шав.
ЛАМ ЯЛИД ВА ЛАМ ЮЛАД
Қавми ту аз рангу хун болотар аст,
Қимати як асвадаш сад аҳмар аст
Қатраи оби вузӯи Қанбаре,
Дар баҳо бартар зи хуни Қайсаре.
Фориғ аз бобу уму аъмом бош,
Ҳамчу Салмон зодаи Ислом бош.
Нуктае, эй ҳамдами фарзона бин,
Шаҳдро дар хонаҳои лона бин.
Қатрае аз лолаи ҳамростӣ,
Қатрае аз наргиси шаҳлостӣ.
Ин намегӯяд, ки ман аз абҳарам,
Он намегӯяд ман аз нилуфарам.
Миллати мо шони Иброҳимӣ аст,
Шаҳди мо имони Иброҳимӣ аст.
Гар насабро ҷузви миллат кардаӣ,
Рахна дар кори ухувват кардаӣ.
Дар замини мо нагирад решаат,
Ҳаст номуслим ҳанӯз андешаат.
Ибни Масъуд-он чароғафрӯзи ишқ,
Ҷисму ҷони ӯ саропо сӯзи ишқ.
Сӯхт аз марги бародар синааш,
Об гардид аз гудоз ойинааш.
Гиряҳои хешро поён надид,
Дар ғамаш чун модарон шеван кашид:
«Эй дареғо, он сабақхони ниёз,
Ёри ман андар дабистони ниёз».
Оҳ он сарви сиҳиболои ман,
Дар раҳи ишқи Набӣ ҳампои ман.
Ҳайф, ӯ маҳруми дарбори Набӣ,
Чашми ман равшан зи дидори Набӣ».
Нест аз Руму Араб пайванди мо,
Нест побанди насаб пайванди мо.
Дил ба маҳбуби ҳиҷозӣ бастаем,
3-ин ҷиҳат бо якдигар пайвастаем.
Риштаи мо як таваллояш бас аст,
Чашми моро кайфи саҳбояш бас аст.
Мастии ӯ то ба хуни мо давид,
Кӯҳнаро оташ заду нав офарид.
Ишқи ӯ сармояи ҷамъият аст,
Ҳамчу хун андар уруқи миллат аст.
Ишқ дар ҷону насаб дар пайкар аст,
Риштаи ишқ аз насаб маҳкамтар аст.
Ишқ варзӣ, аз насаб бояд гузашт,
Ҳам зи Эрону Араб бояд гузашт.
Уммати ӯ мисли ӯ нури Ҳақ аст,
Ҳастии мо аз вуҷудаш муштақ аст.
Нури Ҳақро кас наҷӯяд зоду буд,
Хилъати Ҳақро чӣ хоҷат тору пуд.
Ҳар кӣ по дар банди иқлиму ҷад аст,
Бехабар аз «Лам ялид лам юлад» аст.
ВА ЛАМ ЯКУНЛАҲУ КУФУВАН АҲАД
Муслими чашм аз ҷаҳон барбаста чист?
Фитрати ин дил ба Ҳақ пайваста чист?
Лолае, к-ӯ бар сари кӯҳе дамид,
Гӯшаи домони гулчине надид.
Оташи ӯ шӯълае гирад ба бар,
Аз нафасҳои нахустини саҳар.
Осмон з-оғӯши худ нагзорадаш,
Кавкаби вомондае пиндордаш.
Бӯсадаш аввал шуъои офтоб,
Шабнам аз чашмаш бишӯяд гарди хоб.
Риштае бо «лам якун» бояд қавӣ,
То ту дар ақвом беҳамто шавӣ.
Он ки зоташ воҳид асту лошарик,
Бандааш ҳам дарнасозад бо шарик.
Мӯъминӣ, болои ҳар болотаре,
Ғайрати ӯ барнатобад ҳамсарӣ.
Хирқаи «ло таҳзану» андар бараш,
«Антумулаълавна» тоҷе бар сараш.
Мекашад бори ду олам дӯши ӯ,
Баҳру бар парвардаи оғӯши ӯ.
Бар ғави тундар мудом афканда гӯш,
Барқ агар резад, ҳамегирад ба душ.
Пеши ботил теғу пеши Ҳақ сипар,
Амру наҳйи ӯ аёри хайру шар.
Дар гиреҳ сад шӯъла дорад ахгараш,
Зиндагӣ гирад камол аз ҷавҳараш.
Дар фазои ин ҷаҳони ҳоюҳу,
Нағма пайдо нест ҷуз такбири ӯ.
Афву адлу базлу эҳсонаш азим,
Ҳам ба қаҳр андар мизоҷи ӯ карим.
Сози ӯ дар базмҳо хотирнавоз,
Сӯзи ӯ дар размҳо оҳангудоз.
Дар гулистон бо анодил ҳамсафир,
Дар биёбон ҷуррабози сайдгир.
Зери гардун менаёсояд дилаш,
Бар фалак гирад қарор обу гилаш.
Тоираш минқор бар ахтар занад,
Он сӯйи ин кӯҳначанбар пар занад.
Ту ба парвозе паре накшудаӣ,
Кирмак астӣ, зери хок осудаӣ.
Хор аз маҳҷурии Қуръон шудӣ,
Шиквасанҷи гардиши даврон шудӣ.
Эй чу шабнам бар замин афтандаӣ,
Дар бағал дорӣ китобе, зиндаӣ.
То куҷо дар хок мегирӣ ватан?
Рахт бардору сари гардун фикан!
АРЗИ ҲОЛИ МУСАННИФ БА ҲУЗУРИ РАҲМАТУ-ЛИЛ-ОЛАМИН
Эй зуҳури ту шабоби зиндагӣ,
Ҷилваат таъбири хоби зиндагӣ.
Эй замин аз боргоҳат арҷманд,
Осмон аз бӯсаи бомат баланд.
Шаш ҷиҳат равшан зи тоби рӯи ту,
Турку тоҷику араб, ҳиндуи ту.
Аз ту боло пояи ин коинот
Фарқи ту сармояи ин коинот.
Дар ҷаҳон шамъи ҳаёт афрӯхтӣ,
Бандагонро хоҷагӣ омӯхтӣ.
Бе ту аз нобудмандиҳо хиҷил
Пайкарони ин сарои обу гил.
То дами ту оташе аз гил кушуд,
Тӯдаҳои хокро одам намуд.
Зарра домангири меҳру моҳ шуд,
Яъне аз нерӯи хеш огоҳ шуд.
То маро афтод бар рӯят назар,
Аз абу ум гаштаӣ маҳбубтар.
Ишқ дар ман оташе афрӯхтаст,
Фурсаташ бодо, ки ҷонам сӯхтаст.
Нолае монанди най сомони ман,
Он чароғи хонаи вайрони ман.
Аз ғами пинҳон нагуфтан мушкил аст
Бода дар мино нуҳуфтан мушкил аст.
Муслим аз сирри Набӣ бегона шуд,
Боз ин Байтулҳарам бутхона шуд.
Аз Маноту Лоту Уззову Ҳубал,
Ҳар яке дорад буте андар бағал.
Шайхи мо аз барҳаман кофиртар аст,
3-он ки ӯро Суманот андар сар аст.
Рахти ҳастӣ аз Араб барчидаӣ,
Дар хумистони Аҷам хобидаӣ.
Шал зи барфоби Аҷам аъзои ӯ,
Сардтар аз ашки ӯ саҳбои ӯ.
Ҳамчу кофир аз аҷал тарсандае,
Синааш фориғ зи қалби зиндае.
Наъшаш аз пеши табибон бурдаам,
Дар ҳузури Мустафо овардаам.
Мурда буд, аз оби ҳайвон гуфтамаш,
Сирре аз асрори Қуръон гуфтамаш.
Достоне гуфтам аз ёрони Наҷд,
Накҳате овардам аз бустони Наҷд.
Маҳфил аз шамъи наво афрӯхтам,
Қавмро рамзи ҳаёт омӯхтам.
Гуфт: бар мо бандад афсуни Фаранг,
Ҳаст ғавғояш зи қонуни Фаранг.
Эй Бусайриро ридобахшандаӣ,
Барбати Салмо маро бахшандаӣ.
Завқи Ҳақ деҳ ин хатоандешро,
Ин ки нашносад матоъи хешро.
Гар дилам ойинаи беҷавҳар аст
В-ар ба ҳарфам ғайри Қуръон музмар аст.
Эй фурӯғат субҳи аъсору дуҳур,
Чашми ту бинандаи «мо фиссудур».
Пардаи номуси фикрам чок кун,
Ин хиёбонро зи хорам пок кун.
Танг кун рахти ҳаёт андар барам,
Аҳли миллатро нигаҳ дор аз шарам.
Сабз кишти нобасомонам макун,
Баҳрагир аз абри найсонам макун.
Хушк гардон бода дар ангури ман,
Заҳр рез андар майи кофури ман.
Рӯзи маҳшар хору расво кун маро,
Бенасиб аз бӯсаи по кун маро.
Гар дури асрори Қуръон суфтаам,
Бо мусалмонон агар ҳақ гуфтаам.
Эй, ки аз эҳсони ту нокас кас аст,
Як дуъоят музди гуфторам бас аст.
Арз кун пеши Худои аззу ҷал,
Ишқи ман гардад ҳамоғӯши амал.
Давлати ҷони ҳазин бахшидаӣ,
Баҳрае аз илми дин бахшидаӣ.
Дар амал пояндатар гардон маро,
Оби найсонам, гуҳар гардон маро.
Рахти ҷон то дар ҷаҳон овардаам,
Орзуи дигаре парвардаам.
Ҳамчу дил дар синаам осудааст,
Маҳрам аз субҳи ҳаётам будааст.
Аз падар то номи ту омӯхтам,
Оташи ин орзу афрӯхтам.
То фалак деринатар созад маро,
Дар қимори зиндагӣ бозад маро.
Орзуи ман ҷавонтар мешавад,
Ин куҳансаҳбо гаронтар мешавад.
Ин таманно зери хокам гавҳар аст,
Дар шабам тоби ҳамин як ахтар аст.
Муддате бо лоларӯён сохтам,
Ишқ бо марғуламӯён бохтам.
Бодаҳо бо моҳсимоён задам,
Бар чароғи офият домон задам.
Барқҳо рақсид гирди ҳосилам,
Раҳзанон бурданд колои дилам.
Ин шароб аз шишаи ҷонам нарехт,
Ин зари соро зи домонам нарехт.
Ақли Озар пешаам зуннор баст,
Нақши ӯ дар кишвари ҷонам нишаст.
Солҳо будам гирифтори шаке,
Аз димоғи хушки ман лоянфаке
Ҳарфе аз илм-ул-яқин нохондаӣ,
Дар гумонободи ҳикмат мондаӣ.
Зулматам аз тоби Ҳақ бегона буд,
Шомам аз нури шафақ бегона буд.
Ин таманно дар дилам хобида монд,
Дар садаф мисли гуҳар пӯшида монд.
Охир аз паймонаи чашмам чакид,
Дар замири ман навоҳо офарид.
Эй зи ёди ғайри ту ҷонам тиҳӣ,
Бар лабаш орам, агар фармон диҳӣ.
Зиндагиро аз амал сомон набуд,
Пас маро ин орзу шоён набуд.
Шарм аз изҳори ӯ ояд маро,
Шафқати ту ҷуръат афзояд маро
Ҳаст шаъни раҳматат гетинавоз,
Орзу дорам, ки мирам дар Ҳиҷоз.
Муслимӣ, аз мосиво бегонаӣ,
Ту куҷо зуннории бутхонаӣ?
Ҳайф, чун ӯро сарояд рӯзгор,
Пайкарашро дайр гирад дар канор.
Аз дарат хезад агар аҷзои ман,
Войи имрӯзам, хушо фардои ман.
Фаррухо шаҳре, ки ту будӣ дар он,
Эй хунук хоке, ки осудӣ дар он.
«Маскани ёр асту шаҳри шоҳи ман
Пеши ошиқ ин бувад ҳубб-ул-ватан»
Кавкабамро дидаи бедор бахш,
Марқаде дар сояи девор бахш.
То биёсояд дили бетоби ман,
Бастагӣ пайдо кунад симоби ман.
Бо фалак гӯям, ки оромам нигар,
Дидаӣ оғозам, анҷомам нигар!
[1] Аз Мавлои Рум аст.
[2] Ин байт аз Ҷалолиддини Румист.
Назари хешро иброз кунед