Рубоиёти Мулло Ёри Ванҷӣ

Пушаймонӣ

Аз ҳаводис аҷабо хаставу нолон шудаам,
Хотирозурдаву бо ҳоли парешон шудаам.
Ёрӣ бо ин ҳама ошуфтагӣ дар охири кор,
Аз санои шаҳи Дарвоз пушаймон шудаам.

Шоҳони фитна

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедоди шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ.
Худоё, навҳагар набвад халоиқро дар ин даврон,
Ба ҳар ҷое назар афтад, фиғону ҷӯи хун бинӣ.

Аз вайрона меҷӯ

Маро ҳамрангӣ аз парвона меҷӯ,
Суроғамро зи ҳар фарзона меҷӯ.
Ба лафзу маънӣ ганҷи шойгонам,
Бирав ин ганҷ аз вайрона меҷӯ.

Як ҳарф бас аст

Марди ҳақҷӯ одиласту додрас,
Марди доно камгапасту камҳавас.
Эй, ки дар тинат на инастӣ на он,
Дар сари хони касӣ, як ҳарф бас.

Навомем

Аз суҳбати фачи ҳар марди дағал навомем,
Дар оврингу кӯтал ёбуи шал навомем.
Дар як канора Ёрй, мевом, ки тоқа бошум,
Ҷамьияти харону мобузи кал навомем.

Чӣ кме?

Думӣ андар шави ҳиҷрон чи кме,
Бе ту дар майлиси хубон чи кме?
Осмун бинаму дасте ба дуо,
Дигаре ҷои ту, эй ҷон, чи кме?

Нокомӣ

Ҳосили умр ба ҳар марҳилае нокомист,
Мурғи толеъ зи қафас раста ба чанги домест.
Ёриё, номи ту дар дафтари аъмоли замон.
Аз азал сабт ба бетолеъиву бадномист.

Нохун надора

Дили бечораам дармун надора,
Азоби зиндагонӣ пун надора.
Зи дасти муфлисӣ овора Ёрӣ,
Бари сархориаш нохун надора.

Майли ҷинс

Ба ҷинси худ кунад ҳар ҷинс оҳанг,
Надорад ҳеҷ кас аз ҷинси худ нанг.
Ба ҷинси хеш дорад майл ҳар ҷинс,
Фаришта бо фаришта инс бо инс.

Дар мазаммати мир

Баски ай сарвати днёӣ надорӣ серӣ,
Кнадат кашяни сармояи мардм дерӣ.
Э Худо, дар талаби носрие првоӣ,
Ин дъо ай тани ҳар гшнае дорад Ёрӣ.

Шиква набуд

Солҳоест, ки аз васвасаи буду набуд,
Сари ҳарфе ба забонам гилаолуд набуд.
Бо ҳама шӯру шари зиндагиву нодорӣ,
Шиквае аз амали мардуми Бовуд набуд.

Потов

Брафтм қад-қади Потов,
Бхӯрм шав фақат барфов,
Бмундм то саҳар партов,
Найин гӯшай, брам Потов.

Меҳмонӣ

Кӯтале тай кардаву бе азму ҳол,
Ноилоҷе мо шудем меҳмони Хол.
Чашм мурғак рафту омад дар назар,
Дар қрутовош рӯған хол-хол.

Нун наёвӣ

Илоҳӣ gаткновӣ нун наёвӣ,
Ба вахти мрдант эмун наёвӣ.
Ба вахти мрдант иллову билло,
Шарике беҳтар ай шайтун наёвӣ.

Ҳоли хароб

Ба як ҳоли харобум ай замуна,
Зи сӯзишҳо кабобум ай замуна.
Надим як лаҳза осоиш ай ин умр,
Шда гум сарҳисобум ай замуна.

Чашми меҳр кӯрай

Замуна бар дабирон тезу тундай,
Чу ови Панҷ сар то по зрндай.
Наку гар бингарӣ, рӯшод бинӣ,
Ки чашми меҳр кӯру зеҳн кундай.

Сарборӣ ба ранҷай

Ғам бори груне ба ҳама мардуми Ванҷай,
Нодориву бечорагӣ сарборӣ ба ранҷай.
Ҳуҷҷат¹, ки варо Ванҷи ману ганҷи мане хонд,
Оре, бари мирони пакар хамбани ганҷай.

Толеи шум

Навмам ба ниго ба гулситон ғайр ай шл,
Глҳо ба баҳор мундаан ай ҳосл.
Ай толеи шум Ёрӣ надиву нашавӣ,
На нолаи блблеву не ҷлваи гл.

Ай алавнаи ҷун

Не завқу на шавқ мундаастм ба миён,
3-алавнаи ҷун кме ҳама кори ҷаҳон.
Дасту дилм ай ҷаври фалак лозр шӣ,
Ай ёриву некиҳо наёфтем нишон.

Ванвани боло

Мевом, ки дар Ванвани боло бошум,
Бо сандали рт ай дми моло бошум.
Безорум ай ин мӯзаи глгуни хиром,
Дар хуна грснашини доро бошум.

Хираманғит

Ғами дунё ба андак кам намеша,
Зи оби дидаи мо нам намеша.
Ғуруру нилаи ин хираманғит,
Зи оҳу сӯзи мардум хам намеша.

Сӯзи дил

Олам ҳама дар шӯру ғрев афтодай,
Сӯзе ба дил аз Маҳваши Зев афтодай.
Мардум ба кинояе ба Ёрӣ меган,
Ҳайфи бачазан, ба чанги дев афтодай.

Маёзор дилро

Маёзор дилро ба номеҳрубонӣ,
Ки ошуфтаҳоласту бе меҳрубоне.
Надорад раҳоӣ зи тадбири Ёрӣ,
Илоҷи ҳама дарду ранҷаш ту донӣ.

Интизор бош

Ёрӣ бирав муқими сари кӯи ёр бош,
Лутфу атое аз карамаш интизор бош.
Гар бо имое медиҳадат ваъдаи висол,
Гӯяш ба илтиҷой, ки дар як қарор бош.

Ита нест

Дар ғамт мурдаму мегӯм, ки ғамхор ита нест,
Ранги зарди мна бин, ҳеҷ гули хор ита нест.
Мурдм аз баҳрату аз ҳоли мнт нест хабар,
Ба худо духтараке, одами ҳушёр ита нест.

Сабзина

Эй духтари сабзинаи дар бунги Сро,
Рӯят сни мардумону пштат сни мо.
Як бори дигар ҷониби мо гар нигарӣ,
Каҳдуди сиё бадар шавад аз дили мо.

Рехта риши пияри мо

Уфтод яке рӯз ба Роғак гзари мо,
Омос шӣ ай бори грун пшти хари мо.
Маълум шудӣ пеши халоиқ ҳнари мо,
Ай беҳнарӣ рехта риши пияри мо.

Дил дағдағагар шӣ

Наврӯзу баҳор омаду дил дағдағагар шӣ,
Сарсабзу пур ай лола ҳама кӯҳу камар шӣ.
Ай пойлучӣ умада талхам паи кафян,
Як гудапияр ума, ки гови шаҳӣ ҷар шӣ.

Бубин

Усто ту дар ин боғи пур аз мева бубин,
Дар ҳар таи тут қофилаи бева бубин.
Рангзард занон дидаам рӯзи баҳор,
Боз о туву нозу мастиву шева бубин.

Мебинум

Днёра чи ҷои бевафо мебинум,
Хдма зи гарибони Худо мебинум.
Бо ун ҳама молу сарваташ Қорунро,
Дар кӯчаи охират гадо мебинум.

Омадаам

Ба дарат, э маҳи ман, рӯ ба ниёз омадаам,
Зи раҳи пурхатару дуру дароз омадаам.
Дари дилдориву уммед ба рӯям бастӣ,
Офарине ба мани хира, ки боз омадаам.

Катхдо шӣ

Шнавяй ин, ки Наҷмон катхдо шӣ,
Нгини нқра ай дастш хато шӣ.
Нгини нқраи бандш бринҷӣ,
Ки рангу рӯйи ёрм каҳрабо шӣ.

¹Ҳуҷҷат – тахаллуси Ҳаким Носири Хисрави Қубодиёнӣ (1004-1088). Ба ривояте Ҳаким баъди сайру саёҳати ин диёр қаноатмандона «Ванҷи ману ганҷи ман» гӯён хитоб намуда аст.