Устоди гӯштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1943 дар деҳаи Андарбаги деҳшӯрои Язғулом ба дунё омадааст. Ӯ яке аз паҳлавонони варзидаи Ҷумҳурӣ дар солҳои 60-ум ва ибтидои солҳои 70-ум шинохта мешуд, ки аз беҳтарин анъанаҳои гӯштии пешгузаштагон бархӯрдор буд.
Дорандаи чандин мукофотҳои ҷои аввал. Дар мудати 15 сол дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба маротиб дастболо гаштааст. Шогирдони зиёде аз мактаби варзишии ӯ гузаштаанд.
Ҳоло чун омӯзгори соҳибтаҷриба дар деҳаи Андарбаг адои вазифа менамояд. Дорандаи зиёда аз 4 диплому ифтихорномаҳои Кумитаҳои варзиши ИҶШС ва Тоҷикистон аст. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед