Пайваста Заробеков аввалин акушер-геникологи касбии ноҳияи Ванҷ. Пайваста аз синни 5 солагиаш дар мактаби ҳаштсолаи деҳшӯрои Рованд оғозу таҳсил намуда, соли 1966 синфи 10-ро дар мактаб-интернати махсусгардонидаи шаҳри Хоруг хагм кардааст. Солҳои 1966-1972 донишҷӯи факултаи акушер- геникологияи Донишкадаи тибии шаҳри Душанбе ба номи Абу Али ибни Сино буд. Пас аз хатми он фаъолияти касбиашро дар касалхонаи ноҳияи Ванҷ ба ҳайси духтури занона (акушер-гениколог) оғозу сайқал додааст. Солҳои 1975-1979 бо амри тақдир дар Ҷумҳурии Венгрия, чун акушер-гениколог ифои вазифа кардааст.
Пайваста Заробекова солҳои 1983-1986 аз курси такмили ихтисоси (ординатура) дар шаҳри Москва гузашта,дониш ва таҷрибаи хешро бой ва ғанӣ сохтааст. Баъди ин ба Ватан баргашта, аз соли 1988 инҷониб ин табиби ҳозиқ дар Пажуҳишгоҳи тадқиқотии модару кӯдак ба ҳайси мудири шӯъбаи акушер-гениколог машғули фаъолият мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед