Мураттиб Ашраф Акрам
Ҳар мусулмоне, ки дунёро пушти сар гузоштаву ба масҷид ба қасди ибодати Худо, барои ризои Ӯву талаби охират ворид мегардад ва аз Худованд хоҳишу талаби кушодани дарҳои раҳматашро мекунад, албатта барои ӯ раҳмати Худо – биҳишт бо ҳамаи неъматҳояш насиб мегардад.
Масҷид хонаи Худои таъолост ва банда барои ниёзи хеш ба ин макон меравад ва ҳангоми вуруд ба он эҳтиром ва одоби онро бояд риоят намояд. Барои масҷид одобе муқаррар шудааст, ки донистан ва риоя кардани онҳо барои ҳар мусулмон амри зарурист.
Душанбе 2015
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Ситоиш мар Худойрост парвардигори оламиён ва дуруду саломи Худованд бар Паёмбар бод, раҳнамои мардумон!
Мафҳуми масҷид
Масҷид биноест, ки дар он ибодати Худованд ба ҷо оварда мешавад. Маънои масҷид ҷои саҷдакунӣ ё саҷдагоҳ аст. Намоз беҳтарин мазҳари (намо, ҷило) ибодат аст. Саҷда яке аз аркони (рукн – асос) муҳимтарини намоз аст, ки он бо ҳафт узви бадани инсон (пешонӣ, бинӣ, ду даст, ду зону ва ду по) сурат мегирад ва мусулмон бо ин аъзо дар пеши Парвардигори хеш ба замин меафтад. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: «Наздиктарин ҳолати банда ба Худо саҷда аст». Сабаби масҷид ном гирифтани хонаи Худо низ ҳамин аст. «Албатта масҷидҳо барои (парастиши) Аллоҳанд пас (дар он ҷо) хеҷ якеро бо Худо ибодат накунед (ба Ӯ ҳамто ва шарик наёваред)». (Ҷин 18) . Пас масҷид хонаест, ки дар он маҳз Худои таъоло парастиш карда мешавад.
Банда барои худ саҷда мекунад ва ба василаи ин саҷда Худованд дараҷае ба дараҷоти ӯ меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонашро маҳв мекунад ва Худо ба саҷдаи ӯ ниёзе надорад. Аз ин ҷиҳат масҷид хонаи Худои таъолост ва банда барои ниёзи хеш ба ин макон меравад ва ҳангоми вуруд ба он эҳтиром ва одоби онро бояд риоят намояд. Барои масҷид одобе муқаррар шудааст, ки донистан ва риоя кардани онҳо барои ҳар як мусулмон амри зарурӣ аст.
Фазилати намоз дар масҷид
Масҷид маконест, ки мардум барои намозро бо ҷамоат хондан ҷамъ меоянд ва агар дар маҳале масҷид бошад, аҳли онро дуруст намебошад, ки намози фарзро танҳо гузоранд ва хондани намоз дар масҷид фазилати (бартарӣ, афзалият) бузург дорад. Расулуллоҳ (с)[1] мефармоянд: «Савоби хондани як намоз бо ҷамоат баробари савоби бисту ҳафт намози танҳогузор аст». (Ҳадисро Бухорӣ (раҳ)[2] ва Муслим (раҳ) ривоят намудаанд). Дар ҳадиси дигар фармудаанд: «Намози ду нафар (ки бо ҳам хонанд) аз намози як нафар беҳтар ва намози се нафар аз ду бартар аст, ҳар қадаре шумори намозгузорон бештар бошад, ба Худованд писандидатар аст». (Ҳадис аз Абудовуд (раҳ) ва Насоӣ (раҳ). Инчунин мефармоянд: «Агар се нафаре дар деҳ ё саҳрое намозро бо ҳам нахонанд, албатта дар ихтиёри шайтон қарор хоҳанд гирифт. Бо намози ҷамоат боэҳтиёт бошед ва онро бо ҳам гузоред, воқеан гӯсфанде, ки аз рама ҷудо гардад, тӯъмаи гургон мешавад». (Абудовуд (раҳ), Насоӣ (раҳ). Дар ҳадиси дигар омадааст: «Ҳар касе, ки намози хуфтанро бо ҷамоат гузошт, гӯё намози ними шабро (таҳаҷҷуд) адо намудааст ва касе, ки намози фаҷрро (бомдод) бо ҷамоат гузорад гӯё тамоми шаб намоз хондааст». (Имом Муслим (раҳ). Муҳаммад (с) таъкид менамоянд: «Бо оромиш ва виқор (ҷиддӣ, бошаън) ба масҷид биравед ва ҳар чӣ аз намози ҷамоат дарёфтед бихонед ва ҳар чӣ аз шумо фавт шуд, комил кунед».
Намози ҷамоат фақат барои намози фарз буда, намозгузор ихтиёр дорад намозҳои суннат ва нофиларо (намозҳои иловагие, ки хонданашон ихтиёрӣ буда, хеле савоб доранд) дар хона ё масҷид адо кунад. Пайғамбари Худо (с) таъкид намудаанд, ки хонаҳои хешро ба масҷид ва ба қабристон табдил надиҳед, яъне ба мисли масҷид ҳамаи намозҳоро дар хона нахонед ва хонаҳоро тамоман бенамоз низ нагузоед, дар онҳо намозҳои суннату нофиларо адо кунед, то малоик ворид шаванду баракат дар онҳо афзояд.
Фазилати рафтан ба масҷид
Муъмине, ки вузуъ гирад ва ба нияти хондани намоз ба сӯи масҷид равад, дар ҳолати намоз қарор дорад. Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо хуб вузуъ бигирад ва сипас ба масҷид биравад, ҳанӯз қадами росташро бар надошта, ки ба масҷид ояду бо ҷамоат намоз хонад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад». (Имом Муслим (раҳ). Дар ҳадиси дигар омадааст: «Мужда деҳ касонеро, ки дар торикиҳо ба масоҷид мераванд, ки дар рӯзи Қиёмат нури комиле насибашон мегардад». (Ҳадис аз Абудовуд (раҳ) ва Тирмизӣ (раҳ). Ин башорат (хабари хуш) барои касоне аст, ки дар шабҳо бисёр ба масҷид мераванд. Дар ҳадиси дигар омадааст: «Касоне, ки аз масҷид дур бошанд, бузургтарин подошро доранд, ҳар чӣ дуртар бошанд, подоши онҳо бештар аст». Имом Муслим (раҳ) низ монанди ин ҳадисеро ривоят намудаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Оё шуморо ба чизе раҳнамоӣ кунам, ки Худованд ба василаи он гуноҳонро маҳв кунад ва бар дараҷот афзояд? Ёронаш арз карданд, ки бале ва гуфтанд: — Комил кардани вузӯъ дар замоне, ки вузӯъ гирифтан душвор бошад ва бардоштани гомҳои зиёд ба тарафи масҷид ва интизорӣ кашидан барои намоз баъд аз намози дигар». Ҳар касе аз хонааш ба масҷид ояд, то ҳамроҳи мусулмонон намоз хонад ва пас ба хонааш равад, соҳиби подоши бузург мегардад. Дар ин бора Муҳаммад (с) мефармоянд: «Касе, ки ба тарафи масҷид равад ва ба хонааш баргардад, бо ҳар рафтану баргаштан Худованд меҳмонияшро дар биҳишт муҳайё мекунад».
Одоби ворид шудан ва хориҷ шудан аз масҷид
Масҷид хонаи Худованди бузург буда, дар вуруд ва хуруҷ ба он бояд одоби хосеро риоят кард, ки аз инҳо иборатанд:
- воридшаванда бояд ботаҳорат бошад ва бадану либосаш пок бошад;
- аз дарвозаи масҷид бояд бо пои рост ворид шавад ва дуои дохил шудан ба масҷидро хонад: «Аллоҳума афтаҳ лӣ абвоби раҳматика». Тарҷума: «Худовандо, дарҳои раҳмататро барои ман бикушо»;
- ҳангоми хориҷ шудан аз масҷид бо пои чап берун шавад ва дуои хориҷ шудан аз масҷидро хонад: «Аллоҳума инно асъалука мин фазлика». Тарҷума: «Худовандо, маро аз фазли хеш бонасиб гардонӣ».
Ҳар мусулмоне, ки дунёро пушти сар гузоштаву ба масҷид ба қасди ибодати Худо, барои ризои Ӯву талаби охират ворид мегардад ва аз Худованд талаби кушодани дарҳои раҳматашро мекунад, албатта барои ӯ раҳмати Худо – биҳишт бо ҳамаи неъматҳояш насиб мегардад. Ҳар мусулмоне, ки ибодати Худоро дар масҷид ба ҷо овардаву баҳри коре барои идомаи ҳаёт бо талаби фазли Худо аз он ҷо хориҷ мешавад, албатта Худованди бузург ризқу сабаби ба даст овардани онро ба ӯ насиб мегардонад.
Таҳияи масҷид
Ҳар касе ба қасди ибодат дохили масҷид шавад, суннат аст қабл аз нишастан ду ракъат намоз бигузорад ва ин намозро «Таҳияи масҷид» мегӯянд. Таҳия ба маънии салом аст ва касе дар масҷид қасди нишастан дошта бошад, онро адо мекунад, вале чун дохили масҷид шавад намози ҷамоат шурӯъ шуда бошад ва ё намози фарз ё воҷиби қазое дошта бошад, таҳияро намехонад. Муҳаммад (с) таъкид менамоянд: «Ҳар кӣ аз шумо вориди масҷид шуд, нанишинад, то ин ки ду ракъат намоз бихонад». Инчунин мефармояд: «Ҳаққи масҷидро адо кунед!». Саҳоба арз карданд, ки ҳаққи масҷид чӣ аст? Фармуданд: «Ин ки қабл аз нишастан ду ракъат намоз бихонед!».
Одоби дохили масҷид
Ҳар кӣ дохили масҷид шавад, бояд одоби масҷидро риоят кунад, ки аз инҳо иборатанд:
- ҳар кӣ дохили масҷид шавад, бояд сатри авратро риоя намояд, ҳеҷ ҷое аз андоми ниҳонии ӯ (мисли пушти камару зону ва ғ.) бараҳна нашавад, ки ин сабаби фосид (хароб, вайрон) шудани ибодат мегардад;
- либосаш аз бӯи бадану чирк пок ва хушбӯй бошад то сабаби нороҳатии аҳли масҷид нагардад, Расуллуллоҳ (с) низ дастур додаанд, ки худро муаттар (хушбӯ) намуда, ба масҷид равед;
- телефони ҳамроҳашро хомӯш кунад, то аҳли масҷидро аз ёди Худо боз надорад ва бо он дар дохили масҷид сӯҳбат нанамояд, агар зарур бошад, аз масҷид хориҷ шуда, бо он сӯҳбат кунад;
- чун дохили масҷид шавад, кафшҳоро дар ҷои кафшгузорӣ гузорад ва агар ҷои муносибе барои гузоштани кафшҳо набошад, онҳоро ҳангоми намозхонӣ дар самти чапи хеш монда, намоз гузорад. Зеро ин суннат аст. Абудовуд (раҳ) ва Ибни Моҷа (раҳ) ривоят намудаанд, ки Пайғамбари Худо (с) рӯзи фатҳи Макка ҳангоми хондани намоз кафшҳоро дар самти чапи худ гузошт.
- ба аҳли масҷид салом гӯяд, ҳангоми вуруд ба аҳли масҷид «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ» гӯяд;
- намози таҳияи масҷидро адо кунад, магар намози фарз шурӯъ нашудаву мардум дар он истода бошанд;
- боодоб пойҳоро ҷамъ дошта, нишинад, зеро масҷид хонаи Худову банда меҳмон аст ва одоби меҳмониро бояд риоят намояд, чорзону ё зонуҳоро гирд дошта, хоксорона нишинад;
- рӯй ба тарафи қибла нишинад, зеро намоз ба сӯи қибла хонда мешавад ва масҷид низ ба сӯи қибла сохта мешавад ва пушт гардондан ба он беэҳтиромӣ ба он аст;
- ба зикри Худо машғул шавад, чунки масҷид ибодатгоҳ аст, агар мунтазири намоз бошад ё нофила хонад ё зикр кунад ё Қуръон хонад ва агар тавони инҳоро надошта бошад, ба ёди Худо фурӯтанона (хоксорона) дар интизори намоз нишинад;
- агар дар масҷид амри маъруф ё Қуръон хонанд, боадабона нишинад ва гӯш диҳад ва агар худ Қуръон хонад ё зикр кунад, овозашро паст дорад, то ба дигарон халал нарасонад;
- сухани дунё нагӯяд ва шӯру ғавғо накунад, зеро мӯъмин баробари ворид шудан ба масҷид дунёву кору гапи онро пушти сар гузошта, дар муддати дар он қарор доштанаш танҳо ибодати Худоро барои дарёфти охирати некаш ба ҷо меорад;
- аз пеши намозхонҳо нагузарад, зеро ин хеле амали зишт буда, убуркунанда (гузаранда) гунаҳкор мешавад;
- ҳангоми ворид шудан дар ҷои холӣ нишинад ва аз болои нишастагон нагузарад ва худ низ дар ҷои холии сафи пеш нишинад, то аз болояш нагузашта, пеш раванд ва барои ҷой ба касе баҳсу муҷодала (ҷанҷол) накунад;
- хариду фурӯш накунад, зеро ки он дар масҷид манъ буда, ҷои адои он бозор аст;
- суроғи гумшударо накунад, зеро масҷид бо адои ин ва дигар навъи корҳои дунявӣ аҳамияти худро гум мекунад;
- ба нишастагон халал нарасонад, воридшаванда тарзе рафтор намояд, ки ба намозгузорнон, зикркунандагон, хонандагони Қуръон халалу монеа эҷод накунад;
- дар масҷид оби даҳон (туф) наафканад, зеро боиси касиф (нопок) шудан ва нороҳатии аҳли он мегардад;
- бо ангуштонаш садо набарорад, Расулуллоҳ (с) онро ҳам дар намоз ва ҳам дар интизории намоз манъ намудаанд;
- дар масҷид ғаждӣ наафканад, зеро назофати (тозагӣ) масҷид амри воҷиб аст ва аз худ ғаждие боқӣ гузоштан дар он хилофи ин амр амал кардан аст;
- дар масҷид гадоӣ накунад, соилӣ (гадоӣ) кардан навъи дигаре аз аъмоли номашрӯъ (ғайришариатӣ) дар масҷид аст.
Фазилати интизорӣ кашидан барои намоз
Ҳар касе, ки қабл аз вақти намоз ба масҷид ояд ва дар интизори намоз нишинад, аз аҷру савоби бузург бархурдор мешавад ва он мисли ин аст, ки дар ҳоли намоз аст, аз ин хотир малоик (фариштагон) барои ӯ дуои мағфирату раҳмат мекунанд. Пайғамбари Худо (с) дар ин бобат мефармоянд: «Фариштагон барои ҳар яке аз шумо то замоне ки дар маҳали намоз ё масҷид бошед, дуо мекунанд ва мегӯянд: — «Худоё, ӯро мавриди авфи худ қарор деҳ ва ба ӯ раҳм кун». Пас барои дарёфти чунин подошу мукофоти бузург, ки фазлу бахшише аз ҷониби Худованд аст, ҳар мӯъмине бояд нишастан дар масҷидро нисбат ба гузаронидани вақт беҳуда дар кучаву бозору ҷои дигаре бартар донад.
Касоне, ки вурудашон ба масҷид манъ аст
Дохил шудан ба масҷид барои чунин ашхос манъ аст:
- ҷунуб – шахси ҷанобат дида, яъне марде, ки бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ намуда ё эҳтилом (шайтонзанӣ) дидааст ва зане, ки бо шавҳараш алоқаи ҷинсӣ намудааст;
- ҳойиз – зане, ки дар ҳолати ҳайз (хунравии дарунии занон) аст;
- нифоса – зане, ки дар ҳолати нифос (хунравии дарунии занон баъди таваллуди кӯдак) қарор дорад.
Пайғамбар (с) дар ҳадис мефармоянд: «Ман масҷидро барои зане, ки ҳойиз бошад ва касе, ки ҷунуб бошад, ҳалол намедонам».
Тозагии масҷид
Мусулмононро воҷиб аст, ки хонаҳои Худо, яъне масҷидҳоро тоза нигоҳ доранд ва бикӯшанд, ки он аз ҳар навъ наҷосату палидӣ пок бошад. Ҳар чизе, ки мусулмононро азият мекнунад, бояд рафъ (бартараф) карда шавад, то мӯъминон бароҳат ибодат кунанд. Дар ривоёти зиёде омадааст, ки Пайғамбари Худо (с) ба поку тоза ва муаттар (хушбӯ) нигоҳ доштани масҷидҳо дастур додаанд. Инчунин он Ҳазрат (с) гуфтаанд, ки барои касе, ки масҷидро аз гарду ғубор, сангрезаву хасу дигар чиркиниҳо тоза мекунад, аҷру савоби зиёде навишта мешавад.
Вуруди шахси сирпиёзхӯрда ба масҷид
Бӯи бади бадан, либос ё даҳони касе аҳли масҷид, яъне намозгузоронро нороҳат месозад ва мӯҷиби азияти эшон мегардад. Имом Бухорӣ (раҳ) ва Муслим (раҳ) аз Ҷобир (раз) ривоят намудаанд, ки Пайғамбари ислом (с) фармудаанд: «Ҳар касе, ки сир, пиёз ва тара (пиёзи даштӣ) хӯрад, ба масҷиди мо наздик нашавад, зеро ки фариштагон азият мешаванд аз он чизе, ки инсонҳо азият мешаванд». Пас каси сирхӯрда бояд намозро танҳо дар хонааш ё ҷои дигаре адо намояд ва аз ин ӯро савоб аст.
Хориҷ шудан аз масҷид беузр пеш аз намоз
Шахсеро, ки дар дохили масҷид аст ҷоиз нест, ки баъди азон пеш аз хондани намоз беузр аз масҷид хориҷ шавад, ба шарте, ки зарурате мисли шикастани таҳорату ғусл пешаш ояд. Дар ин бора Имом Аҳмад (раҳ) аз Абуҳурайра (раз) ривоят мекунад: «Паёмбар ба мо омӯхт ва фармуд, ки ҳар вақт ки шумо дар масҷид будед ва барои намоз азон дода шуд, пас ҳеҷ кас аз масҷид берун нашавад то ин ки намоз бихонад». Пас ин амали нописанд хилофи дастури Пайғамбари ислом (с) буда, аз он бояд парҳез кард.
Таъйини ҷои махсус дар масҷид
Ибни Моҷа (раҳ) бо санади саҳеҳ аз Расулуллоҳ (с) ривоят мекунад, ки аз се чиз наҳй (манъ) кардаанд:
- нӯл задан мисли кулоғ дар саҷда беназму оромиш, яъне бо суръати ниҳоят тез қоидаҳои саҷдаро пурра риоя накарда, сар ба замин задан;
- паҳн намудан ва часпондани бозуҳо бар замин мисли ҳайвони дарранда дар вақти саҷда;
- таъйин намудани ҷои махсусе дар масҷид барои худ, зеро масҷид моли касе нест ва касе ҳаққи ғасби ҷоеро дар он надорад.
Иваз намудани ҷой баъди намози фарз
Баъди адои намози фарз иваз намудани ҷои намозгузорӣ барои намозҳои суннат мустаҳаб аст. Муҳаммад (с) дар ин бора дар ҳоли сарзаниш фармудаанд: «Оё нотавон аст ҳар яке аз шумо ҳангоме, ки намози фарзро адо кунад каме пеш ё ақиб ва ба тарафи рост ё чап биравад!». Ҳикмат дар ин амр он аст, ки инсон дар рӯи замин намоз мехонад ва рӯзи Қиёмат замин ба ин шаҳодат медиҳад ва беҳтар аст, ки дар қитъаҳои гуногуни замин намоз хонд то шаҳодат бештару аҷру савоб бисёртар бошад.
Хариду фурӯш дар масҷид
Масҷидҳо барои ибодати Худо буда, истифодаашон барои корҳову ҳадафҳои дигар мануъ аст. Дар масоҷид адои намоз, зикр, хондани Қуръон, таълим ва омӯхтани илми шаръ ҷоиз буда, адои корҳои дунявӣ дар онҳо манъ аст. Имом Тирмизӣ (раҳ) ба ривояти Абуҳурайра (раҳ) ривоят мекунад: «Ҳар гоҳ дар масҷид дидед, ки хариду фурӯш мекунанд, бигӯед: — Худованд дар тиҷорати ту суде надиҳад ва ҳар вақт дидед, ки касе дар масҷид касе гумшудаеро эълом мекунад, бигӯед: — Худо онро ба ту бар нагардонад». Бино бар ин ҳадис фақеҳон иҷмоъ кардаанд, ки хариду фурӯш, паҳн кардани бисот ва дигар навъҳои тиҷорат дар масҷид ҳаром аст.
Зинат додани масҷид
Нақшу нигорҳое, ки бар девору фаршу сақфҳои масҷид зада шудааст, диққати намозгузоронро ба худ ҷалб намуда, онҳоро ғофил мегардонад. Пайғамбари Худо (с) мефармоянд: «Ман дастур дода нашудаам, ки деворҳои масҷидро баланду гачкорӣ кунам, ки боиси ғафлат шавад». Ҳазрати Умар (раз) ба яке аз маъмуронаш дастур медиҳад: «Мардумро аз гармо ва сармо бипӯшон ва аз рангин кардани масҷид бо ранҳои сурху зард парҳез кун, ки шояд мардумро ба фитна андозӣ». Масҷид ҷои ибодати Худо буда, музайяну (бозебу зинат) мунаққаш (бонақшу нигор) намудани он мусулмонро аз фикри Худованд ва хушӯъ (аз рӯи хориву зорӣ сар ба итоати Худо фуруд овардан) дар намоз, ки он рӯҳи намоз аст, ғофил месозад. Муҳамад (с) мефармоянд: «Қиёмат барпо намешавад, магар замоне, ки мардум ба масоҷиди хеш муҳобот варзанд».
Фазилати сохтани масҷид
Сохтани масҷид аҷру подоши бузург дошта, садақаи ҷория ҳисоб мешавад, яъне то оне, ки он масҷид мавриди истифода қарор дорад, савобаш ба созандаи он мерасад, чӣ дар ин дунё бошад ва чӣ дар он. Дар ҳадис омадааст: «Ҳар кӣ барои Худо масҷиде бисозад, Худованд монанди он барояш дар биҳишт хонае месозад». (Имом Бухорӣ (раҳ). Сохтани масҷид ва шарик шудан дар сохтани он ҳар як ба андозаи заҳмати кашида дар ин роҳ аҷру подоши худро дорад. Дар ҳадиси набавӣ омадааст: «Касе масҷиде барои Худо бисозад ва агарчӣ ба андозаи лонаи гунҷишке бошад, ки барои тухмгузорӣ сохтааст, Худованд барояш хонае дар биҳишт муҳайё мекунад». Сохтани масҷиди калон ва хурд ҳар яке аҷру савоби азиме дорад. «Масоҷиди Худоро танҳо касе обод мекунад, ки имон ба Худо ва рӯзи Қиёмат овардааст». (Сураи Тавба, ояти 18).
Гуноҳи тахриби масҷид
Масҷид хонае хоси Худованди таъоло буда, барои зикру ёду парастишу ниёишу ибодати Ӯ махсус гаштааст ва Худо дар китобаш дар оятҳои зер таъйиноти он ва аҳкоми манъкунанда ва тахрибкунандаи (харобкунанда) масоҷидро ба таври возеҳ баён намудааст:
«Дар хонаҳое, ки Худо иҷозат додааст, ки онҳо баланд карда шаванд ва он ҷо номи Ӯ ёд карда шавад – он ҷо Худоро субҳу шом ба покӣ ёд мекунанд». (Сураи Нур, ояти 369).
«Ва кист ситамкортар аз он, ки ёд кардани номи Худоро дар масҷидҳои Худо манъ кард ва дар вайронии онҳо кӯшид? Ин гурӯҳро намесазад, ки ҷуз [тарсону] ҳаросон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст». (Сураи Бақара, ояти 114).
Фазилати омӯхтани илм дар масҷид
Омӯхтан ва омӯзондани улуми шаръӣ, яъне илмҳои динӣ: Қуръон ва суннат дар масҷид ҷоиз мебошад. Дар ин бобат Имом Муслим (раҳ) аз Пайғамбари Худо (с) чунин ҳадисеро ривоят мекунад: «Ҷамъ намешаванд гурӯҳе дар хонае аз хонаҳои Худо, ки китоби Худоро тиловат кунанд ва бо якдигар таълим ва таъаллум (омӯзиш) кунанд, магар ин, ки бар онҳо оромиш нозил шуда ва раҳмати Худо онҳоро фаро мегирад ва малоика дар атрофашон ҳалқа мезанад ва Худованд онҳоро дар назди малоика ёд мекунад». Омӯзиш ва омӯхтани илм дар масҷиди набавӣ фазилат дорад. Аммо омӯхтани илмҳои гуногун дар масҷид муносиб набуда, беҳтараш дар мадорису донишкадаву донишгоҳҳо фаро гирифта шавад.
Эътикоф
Эътикоф дар масҷид хилват гирифтани касе дар моҳи шарифи рамазон барои ибодати Худо ва тарки дунё дар ин муддат мебошад. Муҳаммад (с) дар масҷид эътикоф мекарданд ва асҳоб пойбанди эътикофи даҳаи охири моҳи рамазон буданд. Ҳадди ақали он як шабонарӯз буда, дар рӯзаш бояд рӯза дошта шавад. Мӯътакиф (эътикофшинанда) ба хотири ибодати Худо дар масҷид хилват гирифта, бояд ба намозхониву қуръонхониву зикру дуо машғул шавад ва аъмоли дунявиро тарк кунад. Дар ин муддат аз масҷид баромаданаш манъ аст, ба ҷуз зарурат, мисли хуроку нӯшок, адои намози ҷумъа. Беҳтар аст, ки эътикофро дар масҷиди ҷомеъ нишаст. Ҳамбистарӣ бо ҳамсар барои мӯътакиф манъ аст. Ҳазрати Оишаи Сиддиқа (раз) эътикофро чунин шарҳ додаанд: «Мӯътакиф набояд барои аёдати мариз ва адои намози ҷаноза хориҷ шавад, набояд занеро мисос (даст расондан) карда , бо ӯ ҳамбистарӣ кунад, барои ҳеҷ коре набояд берун шавад, магар ниёзҳои лозим ва мӯътакиф бояд рӯза дошта бошад ва беҳтар аст дар масҷиди ҷомеъ бошад». Агар ҳангоми эътикоф бо ҳамсар мубоширату ҳамхобагӣ кунанд ва ё онро пеш аз муддати нияткарда бишкананд, қазои он воҷиб аст.
Масоҷиди муқаддас
Аввалин масҷиде, ки дар рӯи замин сохта шудааст, «Масҷид-ул-ҳаром» дар Маккаи мукаррама мебошад. Дар ояти наваду чори сураи Оли Имрон мефармояд: «Нахустин хонае, ки барои мардум муқаррар шуд дар Маккаи муборака барои ҳидояти ҷаҳониён аст». Дуввумин масҷид баъди он «Масҷид-ул-ақсо» дар шаҳри Байтулмуқаддас аст, ки аз он Пайғамбари ислом (с) сайре ба сӯи осмонҳо дошт. Баъди онҳо «Масҷиди набавӣ» дар шаҳри Мадинаи мунаввара бино шудааст. Пайғамбари Худо (с) фармудааст: «Як намоз дар масҷиди ман (Масҷиди набавӣ) аз ҳазор намоз дар масоҷиди дигар беҳтар аст, ба ҷуз Масҷид-ул-ҳаром ва як намоз дар он аз сад ҳазор намози дар масҷиди дигар хондашуда беҳтар аст». Дар фазилати Масҷид-ул-ақсо он Ҳазрат (с) фармудаанд: «Арзиши як намоз дар масҷиди Ақсо баробари хондани панҷсад намоз дар масҷиди дигар аст». (Аҳодис аз Ибни Моҷа (раҳ). Худованд дар фазилати он дар Қуръон фармуда: «Поку муназзаҳ аст зоте, ки бандаашро дар як шаб аз Масҷид-ул-ҳаром ба Масҷид-ул-ақсо бурд, масҷиде, ки перомунаш баракат ниҳодем, то нишонаҳоямонро бинамоем». (Сураи Исро, ояти 1). Пайғамбари Худо (с) дар мавриди масҷиди Қубо, ки дар Мадинаи мунаввара воқеъ аст, чунин фармудаанд: «Ҳар касе, ки дар хонааш бодиққат вузуъ бигирад ва ба қасди хондани намоз ба масҷиди Қубо биёяд, барояш подоши як умра[3] дода мешавад».
Муҳаммад (с) мефармоянд: «Қасди сафар намешавад магар барои се масҷид: Масҷид-ул-ҳаром, Масҷид-ул-ақсо ва ин масҷид (Масҷиди набавӣ)». Пас дуруст, нест, ки ба ғайр аз ин се масҷид касе барои зиёрати масҷидҳое, ки ба пайғамбарону авлиёву ғайр нисбат дода мешаванд, сафар кунаду заҳмату машаққат кашаду сарфи мол намояд. Агар ин гуна масҷидҳо наздик бошанд, зиёраташон ба қасди намозхонӣ боиси заҳмату сарфи мол нашавад, боке надорад. Аммо ҳеҷ аҷру подоше барои зиёрати онҳо муқаррар нашудааст.
Дуои ба ҷониби масҷид рафтан
Вақте ки мусулмон ба қасди намоз хондан дар масҷид аз хона хориҷ шавад, суннат аст, бо пои рост баромада, дар роҳ ба сӯи масҷид дуо хонад ва як дуо ин аст:
«Аллоҳумма-ҷъал фӣ қалбӣ нуран ва фӣ басарӣ нуран ва фӣ самъӣ нуран ва ъан яминӣ нуран ва ъан ясорӣ нуран ва мин фавқӣ нуран ва мин таҳтӣ нуран ва мин амомӣ нуран ва мин халфӣ нуран ваҷъал лӣ нуран».
(Худоё, дар дилу биноиву шунавоиям, росту чапам, болову поён, пешу пасам нуру рӯшанӣ андоз ва бароям нур ҳадя намо»).
Ин дуоро аиммаи бузурги ҳадис Бухорӣ (раҳ) ва Муслим (раҳ) аз Расули Худо (с) ривоят намудаанд.
Мундариҷаи мавзӯот
Мафҳуми масҷид—————————————————————3
Фазилати намоз дар масҷид————————————————-3
Фазилати рафтан ба масҷид————————————————-4
Одоби ворид ва хориҷ шудан аз масҷид———————————-5
Таҳияи масҷид——————————————————————6
Одоби дохили масҷид———————————————————6
Фазилати интизорӣ кашидан барои намоз——————————-8
Касоне, ки вурудашон ба масҷид манъ аст——————————9
Тозагии масҷид—————————————————————-9
Вуруди шахси сирпиёзхӯрда ба масҷид———————————10
Хориҷ шудан аз масҷид беузр пеш аз намоз—————————10
Таъйини ҷои махсус дар масҷид——————————————10
Иваз намудани ҷой баъди намози фарз———————————11
Хариду фурӯш дар масҷид————————————————-11
Зинат додани масҷид———————————————————11
Фазилати сохтани масҷид—————————————————12
Гуноҳи тахриби масҷид—————————————————-12
Фазилати омӯхтани илм дар масҷид————————————-13
Эътикоф————————————————————————13
Масоҷиди муқаддас———————————————————14
Дуои рафтан ба ҷониби масҷид——————————————-15
Мундариҷаи мавзӯот———————————————————16
[1] Мухтасари «Салаллоҳу ъалайҳи вассалам” (“Дуруду саломи Худованд бар ӯ бод”) аст.
[2] Мухтасари “Раҳматуллоҳи ъалайҳ” (“Раҳмати Худованд бар ӯ бод”) мебошад.
[3] Умра – зиёрати Хонаи Худо дар Маккаи мукаррама ғайр аз замони ҳаҷҷи акбар дар дигар авқот дар тӯли сол.
Назари хешро иброз кунед