Деҳаи Одешт
Одешт ва дигар ҷойномҳое, ки имрӯз деҳаҳои Ванҷро меноманд, аслан аз шеваҳои маҳаллӣ нестанд. Ин гуна номҳо ба забоне ва ё шевае гузошта шудаанд, ки то омадани мардуми имрӯзаи Ванҷ вуҷуд доштанд. Ин забон ва ё шева ба шеваи мардуми Язгулом ва Шуғнон наздик будааст. Яъне ниёкони мо “помиризабон” буданд. Ин забони “қадимиванҷӣ” (старованчский язык) ба мурури замон аз байн рафтааст.
Фарз кардем, худи калимаи “одешт” маънои «ҷӯши гов» — баландиеро, ки дар он ҷо гов меҷӯшиданд, дорад. Имрӯз мардум бошанд, онро «дашти от» шарҳ медиҳанд.
Одешт пеш мисли як боғи мевазори сабзу хуррам буд. Дар деҳа тамоми мева мерӯяд. Аз гузашта дар деҳа то ба ҳол ҷангали ангур мавҷуд аст, ки дар деҳаҳои Ванҷ кам дида мешавад. Азбаски дар баландӣ ҷойгир аст, паррандаю чарранда бисёр пайдо мешавад. Зимистон барфи зиёд меборад.
Деҳаи Одешт яке аз кӯҳантарин деҳаҳои Ванҷ ба шумор меравад. Таърихи пайдоиши аҷдоди мардуми ҳозираи деҳ маълум нест, вале зиндагии пешавлодони аҳли имрӯзаи деҳа аз солҳои 1795-1800 шурӯъ шудааст.
Одешт се қисм аст: Убар, Ява, Повун. Мавзеъҳояш Даштак, Чешт, Сурога, Кӯрто, Боғако мебошанд. Дар ин мавзеъҳо одамон зиндагӣ намекунанд. Фақат дар мавзеи Сурога, ки дар он ҷо пойгоҳи пахши мавҷҳои телевизионӣ сохта шуд, якчанд оила хона сохта, феълан зиндагӣ доранд.
Авлоди мардуми Одешт аз як нафар — Мулло Носир баромадаанд, ки фарзандон ва набераю аберааш дар тамоми Ванҷ паҳн шудаанд. Одешт яке аз деҳаҳои баландтарини ноҳияи Ванҷ ба ҳисоб меравад. Касе, ки Одештро надида бошад ва аз роҳи Бовуд гузар кунад, калонии деҳаро намебинад, вале дар асл сарҳадаш аз Ҷангали Зуго то Овдараи Бовуд 9 (нӯҳ) км тӯл дорад.
Аҳолии деҳа рӯз аз рӯз кам шуда истодааст. Имрӯз шояд 84-85 хоҷагӣ мавҷуд асту халос. Чанд сол пеш мактаби ёздаҳсола сохтанд. Боғчаи бачагона буд, вале шумораи кӯдакон кам шуд ва боғча низ баста шуд. Ҷавонон натанҳо ба шаҳри Душанбе, балки ба Русия ҳам ба зиндагии муқимӣ рафтанд.
Одешт мардуми фаъол бисёр дорад. Бахши калони тиҷорати маркази ноҳия ҳоло дар дасти мардуми Одешт мебошад. Фарзандони бо обрӯяш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳуранд.
Тавре ки дар боло қайд кардем, мардуми деҳаи Одешт авлоди як нафар — Бобои Мулло Носир мебошанд. Мулло Носир дар замони худ бо унвони Махсум машҳур буд. Ӯро дар водии Ванҷ ҳамчун Махсум ва ё аз авлоди “Махсумо” мегуфтанд. Мулло Носир худ дар Бухоро таваллуд шуда, айёми ҷавониашро дар ҳамон ҷо мегузаронад.
Пас о ҳамроҳии падар ва бобояш ба Ҳисори имрӯза мекӯчад ва чанд соли дигар дар он ҷо умр ба сар мебарад. Падару бобояш дар Ҳисор вафот мекунанд. Худ ба сабабе аввал ба Ромит ва пас ба кӯҳистон, ба Ванҷ меояд.
Хулоса, саргузашти ин марди боҳиммат дуру дароз аст ва ман дар бораи зиндагии ӯ ва фарзандонаш китобе бо номи «Авлоди Махсумон» навиштаам, ки шояд дар моҳҳои наздик аз чоп барояд. Ривоҷ Мирзоев.
Назари хешро иброз кунед