Нилобек Ҷононаев соли 1918 дар деҳаи Вравзи миразории Водхуд, амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар мактаби ибтидоии деҳаи Вравз таҳсил намуда, сипас солҳои 1934 -1936 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории вилояти Ғарм идомаи таҳсил дошт. Соли 1936 ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, фаъолияташ ба тариқи зайл сурат гирифт: солҳои 1936-1937 муаллими мактаби маҳви бесаводӣ ва чаласаводӣ дар ноҳияи Комосомолободи вилояти Ғарм, 1937-1946 мудир, директори мактаби ибтидоӣ ва ҳафтсолаи ба номи Стаханови деҳшӯрои Водхуд, 1946-1949 директори хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ, 1949-1952 мудири шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Ванҷ, 1952-1983 корманди кассаи амонатии ноҳияи Ванҷ.
Н.Ҷононаев соли 1983 ба нафақа баромада, шуғли меҳнатро идома дод. Ӯ аз соли 1993 вазифаи раисии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ванҷро ба дӯш дорад. Дар давоми фаъолияти кории худ бо унвони ифтихории “Аълочии маорифи халқ”, “Аълочии бонки давлатии ИҶШС” ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед