Назриддин Шонасриддинов

  Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Назриддин Шонасридинов 10 январи соли 1949 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1968 то соли 1970 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ адои хизмат дошт. Соли 1971 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1976 бо баҳои аъло хатм кардаст.
  Аз соли 1976 то соли 1983 ассистент ва аз соли 1983 то соли 1989 муаллимии калони кафедраи Қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнатии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба зимма дошт.
  Таҳти роҳбарии олими намоёни шӯравӣ дар бахши ҳуқуқ, профессор В.О. Ойгензихт соли 1988 рисолаи номзадии илми ҳуқуқшиносиро дар шаҳри Свердловск дифоъ намуда, аз соли 1989 то соли 2001 ба ҳайси дотсенти кафедраи Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултаи ҳуқуқшиносй кору фаъолият менамояд. Аз соли 2001 вазифаи мудирии кафедраи мазкурро ба ӯҳда дорад.
  Назридин Шонасридинов муаллифи зиёда аз 70 корҳои илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 2 асари илмӣ, 2 китоби дарсй барои донишҷӯёни макотиби олии ҳуқуқӣ, 12 васоити таълимӣ ва ҳуқуқӣ, зиёда аз 50 мақолаи илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ, меҳнатӣ ва кишоварзӣ мебошад.
  Мақолаҳои илмии Назридин Шонасридинов, ҳамчунин дар нашрияҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Молдова ба табъ расидаанд.
 Асари илмии “Танзими ҳуқуқии истифодаи сариштакоронаи нерӯи барқ ва гармӣ”, китоби дарсии “Ҳуқуқи кишоварзии Ҷумҳурии Т оҷикистон” силсилаи мақолаҳои илмии Назридин Шонасридинов оид ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсии шаҳрвандон, иҷора, шартномаи меҳнатӣ, танзими ҳуқуқии истифодабарии об сазовори баҳои баланди олимону донишмандони маъруфи соҳаи ҳуқуқ гаштаанд.
  Олим дар семинару конфронсҳои байналхалқӣ дар Венгрия, Голландия, Белгия ва ғайра баргузоршуда, фаъолона иштирок намуда, шарафи илми тоҷикро ҳимоя намудааст.
  Назридин Шонасридинов ба ҳайси узви гурӯҳи корӣ дар таҳияи лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калон гузонпа, хамчунин дар таҳияи лоиҳаи Кодекси моделии меҳнати Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ фаъолона ва босамар ширкат варзидааст.
  Соли 1991 бо унвони ифтихории “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 20 августи соли 1999 барои хизматҳои шоён дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ, саҳми калон дар рушду инкишофи илми ҳуқуқшипосӣ ва ислоҳоти низоми ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Шараф” сарфароз гардонида шуд.
  Феълан узви гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Кодекси моделии меҳнат барои давлатҳои ИДМ, Шӯрои диссертатсионии минтақавӣ, Шӯрои илмӣ-машваратии Суди Олии иқтисодӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Рӯзгоре барои ибрат

  Назриддин Шонасриддинов номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,10 январи соли 1949 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1971 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, соли 1976 онро хатм намудааст.
  Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети мазкур оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 1983 кор кардааст. Аз соли 1983 то соли 1990 муаллими калони кафедраи қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳамзамон аз соли 1985 то соли 1988 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДТ ба номи В.И. Ленин таҳсил намуда, соли 1989 рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ дар шаҳри Свердловски Федератсияи Россия дифоъ намудааст.
  Солҳои 1990-1992 дотсенти кафедраи қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнатӣ, аз соли 1992 то соли 2001 дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, аз соли 2001 то соли 2012 мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.
  Н. Шонасриддинов курси такмили ихтисос барои муаллимони мактабҳои олӣ ва факултетҳои ҳуқуқшиносии мамлакатҳои ИДМ ва Муғулистонро дар назди Донишгоҳи Аврупои Марказӣ (Будапешт, май-июни соли 1999), курси тайёр намудани ҳуқуқшинос-инструкторҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Рим, декабри соли 2003) ва курси тайёр намудани муаллимон ҷиҳати омӯзиши судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (Рино, иёлати Невадаи ИМА, майи соли 2005) хатм намудааст.
  Ӯ беш аз 100 номгўйи корҳои илмӣ, таълимӣ ва таълимиву методӣ, аз ҷумла 2 монография, 3 китоби дарсӣ, 12 васоити таълимӣ ва методӣ таълиф намудааст. Муаллифи воситаи таълимии «Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ», ҳаммуаллиф ва муҳаррири масъули «Тафсири Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳаммуаллифи «Тафсири Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қисми умумӣ, ба забони русӣ), ҳаммуаллифи «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ» ва «Тафсири илмӣ-оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
  Мақолаҳои илмии ӯ дар Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Олмон ба забонҳои русӣ ва олмонӣ ба табъ расида, ба инкишофи ҳуқуқи гражданӣ, меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ мусоидат намудаанд.
  Саҳми Н. Шонасриддинов дар таҳияи лоиҳаи кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ба ҳайси узви гуруҳи корӣ дар таҳияи лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст. Бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи лоиҳаи Кодекси моделии меҳнат барои мамлакатҳои аъзои ИДМ саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз муаллифони лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ» мебошад.
  Саҳми Н. Шонасриддинов дар тайёр намудани кадрҳои илмиву омузгорӣ шоёни таҳсин аст. Таҳти роҳбарии ӯ ҳафт нафар аспирант ва унвонҷуй рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намудаанд. Барои фаъолияти дарозмуддату бенуқсон, саҳмгузорӣ дар инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» ва нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Фаромуз Орзузода. 10.01.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.