Назмишо Назришоев соли 1937 дар деҳаи Узбаи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1954 таҳсили мактаби миёнаро анҷом дода, соли 1956 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, онро соли 1961 хатм намуд. Аз соли 1962 то 1976 вазифаи сардори корҳои тафтишотии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Норак, соли 1976 то 1985 сардори корҳои тафтишотии Управленияи корҳои дохилии вилояти Қӯрғонтеппа, аз соли 1985 то соли 1991 дар вазифаи сардори шӯъбаи корҳои тафтишотии шаҳри Қӯрғонтеппа машғули адои вазифа буд. 27 сентябри соли 1992 дар рафти воқеаҳои шадиди ҷанги ҳамватанӣ ин ҳомии ҳукумати конститутсионӣ, ки тамоми ҳаёт сарбози ҳифзи қонуну шаҳрвандон буд, аз тарафи қотилони миллат ваҳшиёна ба қатл расонда шудааст.
Хотираи дурахшони полковники адлия Н.Назришоев, ки хизматаш аз тарафи мақомоти олии ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ баҳои баланд гирифтааст, дар дили ҳамкасбону тамоми ҳамдиёрон абадӣ боқӣ хоҳад монд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед