Назарӣ Мирзоев соли 1925 деҳаи Вишхарваки деҳшӯрои Рованди ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Пас аз хатм мактаби 7 солаи «Коммуна»-и деҳаи Ғуҷовас фаъолияти меҳнатиаш дар колхоз оғоз ёфт. Солҳои 1941-1945 мисли ҳазорон ҳамватанони худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дошта, корнамоиҳои шоён нишон дод. Аз соли 1945 то 5 феврали соли 1948 дар шаҳри Чорҷӯи Ҷумҳурии Туркманистон идомаи хизмати ҳарби дошт. Соли 1948 Назарӣ Мирзоев ба зодгоҳаш баргашта, ба корҳои ташкилӣ ва ободонии хоҷагии коллективии деҳа машғул мешавад. Хизмати ӯ дар хоҷагии намунавии совхози Федченко хеле назаррас аст.
Назарӣ Мирзоевро чун устои оҳангари гулдаст, шикорчии номдор, боғпарвари асил ва меҳмоннавози овозадор натанҳо дар водии Ванҷ, балки берун аз он ба хубӣ мешинохтанд. Шуҷоат ва диловарӣ дар солҳои ҷанг ва хизмати шоёну тӯлонии Назарӣ Мирзоев дар ҷабҳаи меҳнат бо ордени “Нишони фахрӣ ”, ордени “Шараф”, медалҳои “Ғалаба бар Олмони фашистӣ”, “Шуҷоат” ва ғайра, инчунин, Раҳматномаи фармондеҳи олӣ И. Сталин аз 8-11-1944 қадр карда шудааст. Деҳқони асил ва марди шуҷову ҳунарманд Назарӣ Мирзоев 14 июни соли 1998 аз олам чашм пӯшид. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.
Назари хешро иброз кунед