Мӯҳтоҷ Гулобов 5 маи соли 1938 дар деҳаи Рохарви деҳшӯрои Ванҷ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1957 дар собиқ колхози ба номи Сталин шурӯъ намуд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ (1961-1964), ба Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда, бо ихтисоси байторӣ (духтури ҳайвонот) ба ноҳия баргашт.
Фаъолияти меҳнатии М.Гулобов ин тавр сурат гирифтааст: то соли 1974 сарбайтори стансияи ветеринарӣ, 1974-1985 сардори Управленияи кишоварзии ноҳия, 1985-1990 боз сардорӣ стансияи ветеринарӣ, 1990 ҷонишини раиси Иттиҳоди агросаноатии ноҳия, 1990 то фаро расидани марги нобаҳангом (16 феврали соли 1991) сарвари хоҷагии “50-солагии СССР». М.Гулобов дар ҳамаи ин вазифаҳо дониши муккамали, истеъдоди баланди роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ нишон додааст. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.
Назари хешро иброз кунед