Мӯҳсин Шаъбонзода намояндаи насли ҷавонпизишкони диёр аст. Мӯҳсин бо вуҷуди ҷавонӣ ва собиқаи кӯтоҳи корӣ дар пеша касби нуфуз кардааст. Аҳли диёр аз ӯ ба муҳаббат ёдоварӣ карда, ба маҳорати духтурияш қоиланд. Ба донишу маҳорат дар касб дар пойтахт соҳиби эътибору эътимод ва дар ҳоли омӯзишу пажӯҳиш аст.
Шаъбонзода Мӯҳсин 8 ноябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Баъди ба итмом расондани мактаби миёна дар соли 2008 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 бомуваффақият хатм намудааст.
Аз соли хатм дар беморхонаи №5-и шаҳри Душанбе дар Кафедраи факултативии касалиҳои дарунӣ таҳти роҳбарии профессор К.Ҳасанов ва А.Ф. Миллер дараҷаи касбии худро мукаммал менамояд. Аз он сол омӯзишро дар интернатура, дар беморхонаи клиникави Мадади Акбар бо ихтсоси духтур-уролог оғоз карда, пас аз хатми он дар соли 2015 ба ҳайси духтури уролог дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ ҳамчун духтури ҷавон ба кор шурӯъ намуд.
Пас фаъолияти сесолаи корӣ дар беморхонаи Ванҷ барои идома додани омӯзиш ва такмили малакаи касбӣ соли 2018 ба ординатураи клиникӣ, дар Шӯъбаи урологии беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе дохил шуда, идомаи кору таҳсил дорад.
Мӯҳсин Шаъбонзода алъон машғули таълифи рисолаи номзадӣ ва таҳқиқоти илмӣ буда, нияти хатми ординатураи клиникӣ ва ба аспирантура дохилшавӣ дорад.
Мӯҳсин Шаъбонзода фарзанди яке аз афроди маъруфи диёр, номзади илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи хуни Донишкадаи гастроэнтерология Шаъбон Шамсуддинов мебошад.
Назари хешро иброз кунед