Муҳаббат Сайфиддинов соли 1947 дар деҳаи Роғи деҳшӯрои Рохарв дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи ба номи Н.Крупская (ҳоло Ю.Қудратов) аввал дар Донишкадаи политехникӣ, шӯъбаи энергетика, сипас солҳои 1970-1974 донишҷуи факултаи физикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев) таҳсил намудааст. Солҳои 1974-1975 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ адои хизмат дошт. Аз соли 1975 фаъолияти меҳнатию касбиаш ибтидо гирифта, чунин идома ёфтааст: солҳои 1975-1984 омӯзгори факултаи физика; 1984-1986 омӯзгори факултаи муҳандисӣ- омӯзгорӣ; солҳои 1986-1999 муаллими калон ва аз соли 1999 то имрӯз ҷонишинии декани факултаи технология ва соҳибкориро ба ӯҳда дорад.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббат Сайфиддинов дар баробари корҳои таълимию-тарбиявӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, зиёда аз 20 мақолаҳояш дастраси хонандагон гардидаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед