Дар охирҳои асри XIX бобои мо Мулло Назарихудо писари Ашур аз деҳаи Бунай писараш Юсуфро, ки дар ӯ нишонаҳои хушзеҳнӣ дида мешуд, барои такмили илм ба Дарвоз бурд. Мулло Юсуф таълими аввалияро дар назди домуллоҳои Ванҷ гирифта, баъди маълум шудани зеҳни қавӣ ва овози хубаш падараш ӯро ба мадрасаи Дарвоз, ки дар он вақтҳо маркази илму фарҳанг будааст, мебарад. Ҳамроҳи ӯ бист нафар аз Ванҷу Дарвоз барои имтиҳон додан дар ин мадраса ҳозир шуданд. Имтиҳон дар рӯзи якум як саҳифаи Қурон барои толибон буд, ки онро ҳифз карда, рӯзи дигар азёд мегуфтанд.
Дар имтиҳони якум даҳ кас ноком шуданд. Рӯзи дигар барои даҳ довталаб ду саҳифа ҳифзи Қурон муқаррар карда шуд. Дар ин имтиҳон панҷ кас ноком монд. Рӯзи сеюм барои панҷ кас се саҳифа ҳифзи Қурон муқаррар карда шуд. Дар ин имтиҳон се нафар ноком шуда, фақат ду кас комёб шуданд, ки якеи онҳо охунди Мулло Юсуф буд. Ӯ гуфтааст, ки дарсҳоро дар шохи дарахт ҳифз мекардем, то ин ки агар хоб бурд, тарси афтидан аз сар наравад. Мулло Юсуф ахлоқи накӯ, зеҳни бурро дошта, дар тамоми солҳои толибилм буданаш ягон ишколе барои мадраса ворид накардааст.
Вақте мадрасаро хатм мекунад, падарашро ба ҷашнгирии хатми он даъват мекунанд. Мулло Назарихудо бо худ чанд нафар аз хешу табор ва аҳли илмро дар ин сафар ҳамроҳ мегирад ва ҳамчун тӯҳфа барои мударрисон чанд говеро низ пеш-пеш ҳай карда, бо худ мебаранд. Ҷашни бошукӯҳе барпо мешаваду баъди ҷашн мудири мадраса, ки аз рафтори Мулло Юсуф хело хушҳол буд, бо Мулло Назарихудо машварат карда, духтари худашро, ки ӯ низ мълумоти хуби исломӣ дошт, ба Мулло Юсуф ба занӣ пешниҳод мекунад. Бобои Мулло Назарихудо ин пешниҳодро бо хурсандӣ қабул мекунад. Мудири мадраса аз деҳаи Курговад буда, бо падари шоир Мумин Қаноат хешу таборӣ доштааст ва як бародараш бо номи Мулло Гиё дар мадрасаи марказии Бухоро мударрис будааст.
Мулло Юсуф ба деҳа баргашта, мадрасаи таълими қуръониро мекушояд. Дар чанд соле шогирдони хуб тарбия мекунад, вале ишғоли Ванҷ аз тарафи болшевикҳо сабаби баста шудани ҳамаи мадрасаҳо шуд. Мулло Юсуфро борҳо зиндонӣ кардаанд ва шогирдонаш, ки дар вазифаҳо буданд (Ғайрат Боқиев, Олимбек Полвонов), ӯро бо ҳилае раҳо мекарданд. Ӯ ба деҳқонӣ машғул шуда, дар солҳои ҷанг аз нодорӣ ва беморӣ бисёр азоб мекашад. Шогирдонаш ба ҳоли ӯ раҳм карда, ба ӯ мегӯянд, ки як вазифае барои ту пайдо кардаем. Мулло Юсуф аз чӣ будани он аз онҳо суол мекунад. – “Бригадирӣ” – посух медиҳанд онҳо. Аммо Мулло Юсуф рад намуда, арз мекунад, ки ман масъулияти ҷавоби фардои ҳаққи ин мардуми мазлуми гуруснаро ҳаргиз ба гардан намегирам. Бо ҳамин вазъ, дар азобу сахтӣ аз ин дунё мегузарад. Раҳмати Худованд бар ӯ бод!.
Зуҳуриддини Нуриддин.
PS: Дар аҳди ғасби диёру бум аз ҷониби аждари азим, рабояндаи имону дин, азбайнбарандаи фарҳангу зеҳнияти худии мардум афроде аслу диёнат нафурӯхтанд, онро бо баҳои ҷону уқубат ҳифз намуданд ва молу ишрати дунёро дар ивази он напазируфтанд. Касби шаъну обрӯ барои хешу авлодашон дар ин олам карданд ва саодати он оламро ба даст оварданд. Худованд аҷри заҷри кашидаи Мулло Юсуфҳоро иншоаллоҳ, дар охират хоҳад дод. Ашраф Акрам.
Бобои Мулло Юсуф дар пеши Мири Ванҷ ҳам обрӯ доштасту эҳтиромш мекаран. Боре як гуруҳ ай бачоои ёш ай Бунай гови касера медздан. Баъд ошкор мешававу меқапаншун. Ҷазои сардоршун амин бидаст, ки дар мобайни мардм дар сарш рӯғани доғ мерехтан. Пеш ай ҷазо додан бобии Мулло Юсуф мерава пеши мири Ванҷ хотирдоз мекна. Гапша қабул мекнан. Хай меган ала гова биёраву баъд бахшемш . Гова медаву баъд сарш медан.