Муборакшо Иронов

  Муборакшо Иронов аз зумраи паҳлавонони барҷастаи диёри Ванҷ буда, дар роҳи  боло бурдани эътибори варзиши гӯштингирию обрӯи диёри хешу ҷумҳурӣ  ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.
  Муборакшо Иронов 2 феврали соли 1956 дар деҳаи Мудехарви Ванҷи Боло чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ мактаби ҳаштсолаи рақами 12 деҳаи худро хатм намуда, мактаби рақами 1-ро хатм намудааст. Баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи сохмони шаҳри Душанбе дохил шуда, дар он ҷо як сол таҳсил намудааст. Дар соли 1973 аз он ҷо ба Донишгоҳи Тарбияи Ҷисмонӣ гузашта, онро соли 1977 хатм кардааст. Баъди хатм бо роҳхати донишгоҳ дар ҷамъияти варзишии «Ҳосилот»-и шаҳри Душанбе вазифаи мурабигиро иҷро намуда, баъди як сол кор намудан баҳри дастгирии падару модар ба зодгоҳаш баргашта, вазифаи муаллимиро дар мактаби рақами 12 ба дӯш мегирад. Аз соли 1990 то соли 2004 дар вазифаи муовини мудири мактаб оид ба таълим кор намуда,  18 феврали соли 2004 ӯро раиси ҷамоати деҳоти Рованд таъин намуданд, ки то моҳи марти соли 2010  масъули ин вазифа буданд. Аз таърихи 30 декабри соли 2011 ин ҷониб вазифаи раис ва сармутахассиси бахши динии ҷамоати Ровандро ба ӯҳда дорад.
  Муборакшоҳ гӯштингириро аз хурдӣ дар тӯю маъракаҳо оғоз намуда, дар мусобиқоти вилоятиву ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. Муборакшоҳ Иронов дар гӯштини тарзи самбо қувваозмоӣ намуда, ба чунин муваффақиятҳо ноил гаштааст:

— мусобиқаи кушодаи ҶШС Тоҷикистон дар 12 декабри соли 1973 – ҷои аввал;
— мусобиқаи мактаби варзишии «Мастерство»(маҳорат) дар соли 1973-ҷои дуввум;
— мусобиҷаи кушодаи ҶШС Тоҷикистон дар байни ҷавонон дар ноябри соли 1973-ҷои аввал;
— мусобиқаи кушодаи ҶШС Тоҷикистон дар таърихи 14 июни соли 1974-ҷои аввал;
— мусобиқаи умумииттифоқӣ барои дарёфти ҷоми Комсомоли Тоҷикистон дар таърихи 10 декабри соли 1974-ҷои аввал;
— мусобиқаи мактаби варзишии «Ҳосилот» дар соли 1974-ҷои авал;
— мусобиқаи кушодаи ҶШС Тоҷикистон дар соли 1974-ҷои аввал;
— мусобиқаи умумииттифоқӣ дар шаҳри Костовои Руссия дар моҳи июли соли 1974-чои чаҳорум;
— спартакиадаи дуюми бозиҳои деҳотии ҶШС Тоҷикистон дар соли 1974-ҷои аввал;
— мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе дар соли 1975-ҷои аввал;
— дувоздаҳум спартакиадаи ҶШС Тоҷикистон дар соли 1975-ҷои аввал;
— спартакиадаи шашуми халқҳои ИҶШС дар соли 1975-ҷои ҳафтум;
— чемпионати ҶШС Тоҷикистон дар соли 1976-ҷои аввал;
— мусобиқаи шаҳри Душанбе дар соли 1976-ҷои аввал;
— чемпионати ҶШС Тоҷикистон дар соли 1977-ҷои аввал;
— спартакиадаи сеюми бозиҳои деҳотии ҶШС Тоҷикистон дар соли 1978-ҷои аввал;
— чемпионати ҶШС Тоҷикистон дар соли 1978-ҷои аввал;
— мусобиқаи умумииттифоқии Комсомоли Тоҷикистон дар соли 1978-ҷои дуввум;
— мусобиқаи уммииттифоқии Блюхер дар соли 1979 — ҷойҳои панҷум ва шашум;
— спартакиадаи сездаҳуми ҶШС Тоҷикистон дар соли 1979-ҷои аввал;
— спартакиадаи ҳафтуми халқҳои ИҶШС дар соли 1979-ҷойҳои панҷум ва шашум.

  Ҳамаи ин заҳматҳои паҳлавонро ба назар гирифта, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Шӯрои Вазирони ИҶШС дар таърихи 10 декабри соли 1974 Муборакшо Ироновро бо унвони Устоди Варзиши ИҶШС шарафманд гардонидааст. Бар зами ин ӯ бо ифтихорномаҳо зиёде сарфароз гардидааст, ки бархе аз онҳо аз қабили инҳоянд:
— ифтихорномаи Кумитаи вилоятии Бадахшони Кӯҳии  Комсомоли Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ҳаёти варзишии вилоят ва ташвиқи варзиш дар байни ҷавонон ба муносибати Рӯзи Умумииттифоқии Варзишгар дар таърихи 9 августи соли 1978;
— ифтихорномаи Кумитаи ВМКБ Комсомоли Тоҷикистон барои ғолибият дар спартакиадаи сездаҳуми ҶШС Тоҷикистон ва будбориҳо дар гуштини тарзи самбо;
— ифтихорномаи фахрии раёсати қатораи тарғиботии «Ҳақиқати комсомолӣ» ва иттифоқҳои касабаи сохтмонии нақлёти роҳи оҳан барои тарғиби варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни талабагон ва сохмончиёни ҷавони қисмати ғарбии магистрали Байкалу Амур дар таърихи 26 ноябри соли 1977;
— ифтихорномаи Кумитаи ВМКБ Комсомоли Тоҷикистон барои ишғол намудани ҷои аввал дар мусобиқаи гӯштини миллӣ барои дарё1фти ҷоми П. Саидаҳмадов ба муносибати ҷашни 60 солагиии ИЛКҶ;
— ифтихорномаи кумитаи ВМКБ Комсомоли Тоҷикистон барои соҳибияти ҷои аввал дар гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми Мирзо Ризо дар соли 1976.
  Муборакшоҳ Иронов дар соҳаи омӯзгорӣ маҳорати баланди устодӣ нишон дода, Вазорати Маъорифи халқи ҶШС Тоҷикистон бо фармони 180-0 дар таърихи 26 сентябри соли 1990 ӯро бо унвони Аълочии Маорифи Халқи ҶШС Тоҷикистон созовор гардонидааст. Инчунин кумитаи ноҳиявии Комсомоли Тоҷикистон хизматҳои ӯро бо ифтихорнома барои фаъолияти хуби таълимӣ ва иштироки фаолона дар корҳои ҷамъиятӣ қадрдонӣ намудааст.
  М. Иронов дар соҳаи роҳбарӣ низ маҳорат касб намудааст ва бо гузаштани  курси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ соҳиби дипломи «Идоракунии давлатӣ дар шароити муосир»-и Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хуби ӯро дар маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати аскарӣ бо мактуби миннатдорӣ қадрдонӣ намудааст. Ашраф Акрам.

Муборакшо Иронов

  Муборакшо Иронов устоди спорти ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1956 дар деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ чашм ба дунё кушодааст.
  Солҳои 1973-1977 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳурй. Шуғли гӯштиро аз овонӣ мактабӣ оғоз намудааст. Дар солҳои донишҷӯ буданаш таҳти роҳбарии паҳлавонон Исмат Абдуллоев, Маҳмадшариф Сулаймонов, Мурувватшо Бачабеков ва Султон На- ботов аз рӯи гӯштии тарзи самбо машқ намудааст.
  Дар мусобиқаҳои расмии ҷумҳуриявӣ 7 маротиба ғолиб омада, аз соли 1973 то соли 1979 ҳамасола қаҳрамони ин мусобиқаҳо эълон шудааст. Ин паҳлавон дар чандин мусобиқаҳои умумииттифоқӣ, аз ҷумла спартакиадаи V халқҳои ИҶШС дар Тбилисӣ (1975), Тошканд (1975), Москва (1975), мусобиқаи умумииттифоқӣ барои гирифтани ҷоизаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравй Блюхер (1979), Спартакиадаи У1-уми ИҶШС (1979) ба дастовардҳон баланд ноил гаштааст. Дар ин майдонҳо ӯ бо чандин варзишгарони машҳури ИҶШС аз ҷумла Димитрев (РСФСР), Сулаймонов (Қазоқистон), Абдулзода (Озарбойҷон), Георгадзе (Гурҷистои) ва дигарон, ки устодони варзиши дараҷаи байналхалқӣ буданд, қувваозмоӣ намуда, дастболо гаштааст. 
  Аз шогирдони Муборакшо Иронов тарбия намуда, Умед Ҷоғараков (устоди варзиши ИҶШС оид ба самбо), Сайлам Неъмонов (номзад ба устодии варзиши ИҶШС), Тоир Давлатов, Зағир Холинов ва дигарон ба дараҷаҳои баланди шарафи варзишӣ соҳиб гаштаанд. Ин паҳлавон ба бузкашию шиноварӣ ҳаваси хосса дорад.
  Ҳоло Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборакшо Иронов ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи № 12 ноҳияи Ванҷ адои вазифа дошта, ба насли наврас таълими дониш, тарбияи беҳтарину накӯтарин хислатҳои инсонӣ ва анъанаҳои суннатии варзишӣ гӯштиро меомӯзад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.