Моёншо Шодмонович Маҳмадбеков намояндаи олимони насли ҷавони Ванҷ буда, дар таърихи 12 моҳи апрели соли 1971 дар деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1978 ба мактаби миёнаи рақами 14-и ноҳияи Ванҷ рафта, онро соли 1988 ба итмомом расонидааст.
Аз соли 1988 то соли 1989 дар совхози “Россия” кор намуда, баъдан дар солҳои 1989 – 1991 хизмати аскариро дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Красноярски Русия адо намудааст.
Пас аз ин дар соли 1991 ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қ. Ҷураев дохил шуда, онро дар соли 1996 хатм намуда, дар солҳои 1996 – 2001 шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ба итмомом расонидаанд. Пас аз хатми донишгоҳ дар ширкати “Таъмир” ба ҳайси сармуҳандис кор кардаанд.
Аз соли 2001 то соли 2004 мудири шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намуда, аз соли 2004 то 2005 намояндаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муҳоҷират дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия будаанд. Пас аз он аз соли 2006 то 13 июли соли 2010 мудирии шӯъбаи муҳоҷират, урбанизатсия ва сокиншавии аҳолии Пажӯҳишгоҳи Демографияи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, аз 20 июли соли 2010 то 1 январи соли 2011 мутахасиси пешбарандаи раёсати тадқиқоти проблемаҳои инкишофи иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд. Аз 20 сентябри соли 2010 то 1 июли соли 2012 ба ҳайси мушовири миллӣ дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷират кор намуда,аз 1 июли соли 2012 то имруз дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими пешбари илмӣ ифои вазифа намуда, аз 20 июли 2014 Сардори раёсати муҳоҷирати меҳнати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моёншо 25 августи соли 2010 рисолаи илмии хешро дар мавзӯи «Равандҳои муҳоҷират: моҳият, тамоюлҳои асосӣ ва хусусиятҳои хоси он дар ҷомеаи муосир» (таҷрибаи Тоҷикистон) ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҷаъиятшиносӣ гардидааст.
Аз осори илмии Моёншо Маҳмадбеков ду монография, як китоби дарсӣ ва 32 мақолаи илмӣ дар мавзӯи муҳоҷират дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба нашр расидаанд.
Моёншо оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошанд. Ашраф Акрам.
Назари хешро иброз кунед