Меҳмоншо Шарифзода дар ноҳияи Ванҷ зода шуда, таҳсилоти ибтидоиро дар ҳамон ҷо гирифтааст. Солҳои 1980 — 1985 донишҷӯи факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикстон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) буд. Ба қавли худи ӯ дар ин давра аз беҳтарин устодон сабақ гирифтааст.
Соли 1989 ҳамчун аспиранти шӯъбаи фалсафаи ДДТ, бо роҳбарии донишманди шинохтаи тоҷик Акбар Турсон диссертатсияи илмиро дар мавзӯи “Назарияи Одамият дар тассавуф” ба итмом расонида, вале воқеаҳои сиёсии аввали солҳои 90- ум имконият надоданд, ки дар вақташ кори илмии худро ҳимоя кунад. Баъдан, Диссертатсияро дар ҳамин мавзӯъ соли 2001 дар донишгоҳи Лондон бо муваффақият, бо баҳои аъло, ҳимоя кардааст.
Таҳсил дар Британия ба Меҳмоншо Шарифзода имконият дод, беҳтар ва бештар бо ҷомеаи ғарбӣ ва ба хусус ба методологияҳо ва назарияҳои навини мактабҳои фикрии ғарб шинос шавад. Соли аввали таҳсили 2000 — 2001 дар донишгоҳи Лондон, ки ҳам ба номи Мактаби Омӯзиши Осиё ва Африқо (School of Oriental and African Studies (SOAS)) машҳур аст, шӯъбаи аспирантураро хатм карда, аз шиносоӣ бо курсҳои “Таҳқиқоти муқоисавӣ дар омӯзиши маданиятҳо, Омӯзиши Ҷомеаи Аврупоӣ” маълумаш гашт, ки ғарбиён дар масъалаи таҳқиқ ва шинохт то куҷо пеш рафтаанд. Дар ин муддат дар як вақт Донишгоҳи Таҳққиқоти Исмоилиро дар солҳои 2000 -2002 ба итмом расонида, соли 2003 дар донишгоҳи Лондон программаи магистриро якҷоя бо ҳимояи диссертатсия дар мавзуи “Назарияи худӣ дар фалсафаи Ислом” бо муваффақият хатм намудааст.
Ҳоло докторанти соли дуюми донишгоҳи Бергени Норвегия, шуъбаи антропологияи иҷтимоӣ мебошад. Оиладор, соҳибии ду фарзанд аст. (Аз китоби «Худӣ ва низомӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон»-и М. Шарифзода).
Назари хешро иброз кунед