Маҳмадҷон Ҷорӯбкашов

  MhmadjorbkshМаҳмадҷон Ҷорӯбкашов 15  июни соли 1927 дар деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна фаъолияти меҳнатиашро аз колхозчии одии деҳаи худ оғоз намуд. Солҳои 1946-1949 шунавандаи мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон (дар Сталинобод).
  Баъди хатми он ба корҳои роҳбарияти хоҷагӣ гузашта, як умр ба ин шуғл содиқ монд. Пас аз якшавии колхозҳои хурду ташкил ёфтани хоҷагиҳои нисбатан калон, соли 1951 М.Ҷорӯбкашов ба раисии Правленияи колхози ба номи Горкий (баъд ба унвони “Съезди XX партия”  номгузорӣ шудааст) интихоб шуд. Дар ахбори кӯтоҳи рӯзномаи “Ҳақиқати Ванҷ” – и давраи мухбир Ш.Ҳусейнов чунин овардааст: «Колхози ба номи Горкий то солҳои  охир дар район яке аз қафомондаҳо ба шумор мерафт.   Дар охири соли 1950 колхози ба номи Горкий бо колхози “Зарбдор” муттаҳид карда шуд. Аз бозе, ки ба раисии Правленияи колхоз коммунист Ҷорӯбкашов Маҳмадҷон интихоб шуд, колхози ба номи Горкий дар муддати як сол яке ба колхозҳои пешқадам баробар шуд».
  Дар хоҷаги номбурда М.Ҷорӯбкашов то соли 1976 роҳбарӣ кардааст. Зиёданд корнамоиҳои ин марди асили меҳнат. Ин роҳбари кордону ғамхор, ҳарчанд метавонем ба доиаи самтҳои гуногуни хоҷагии бисёрсоҳаи ӯ саҳифаҳои зиёде бахшем, вале овардани суханҳои шахсеро, ки бевосита муваффақиятҳои кории раисро мушоҳида намудаасту бо чанд сухан онро воқеъбинона инъикос кардааст, басанда мешуморем. Дар доманаи кӯҳҳои сарбафалак кашидаи Федченко колхози “Съезди ХХ партия” воқеъ гаштааст, ки он қариб 10 деҳаи атофро муттаҳид мекунад. Ба ин хоҷагии серсоҳаи дурдасти район зиёда аз 20сол боз коммунист Маҳмадҷон Ҷорӯбкашов сардорӣ мекард. Қишлоқҳо ободу зебо гштаанд. Магазин, клуб, пункти тиббию алоқа, радиоузел, биноҳои истиқоматии лоиҳавии шиферпӯш ба ҳусни деҳа, ҳусни нав зам карда, ба посёлкаи типи шаҳрӣ шабоҳат доранд. Каналу ҷӯйборҳои нав бунёд гаштаанд.
  Ғаллакорӣ ва чорводорӣ соҳаи марказии истеҳсолоти он мебошад. Пас аз ин дар мақола хизмати баъзе аз сардорони бригадаи колхоз Аслам Мирзоев, Қурбон Ризвонов, ғаллакоронӣ пешқадам А. Назаров, Раҳимов, С.Неъматов, С.Додов бригадаи картошкакорӣ (сардораш Кишваршо Акбаршоев), ки ба ҷои 450 сентнер аз ҳар гектар 800 сентнери ҳосил мегирад ва чӯпонони пешқадам Файзов, Латифов, Гавҳаров ба тавсиф расидаанд. Аз қайдҳои боло бар меояд, ки ин раиси таҷрибадору хирадманд мисли дигар қаҳрамон Бӯстон Сулаймонова натанхо дар бораи пешрафти истеҳсолот, балки бештар ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, маишӣ ва маданияти ҳамдеҳагон ва аз он гузашта ҳамдиёрон ҷиддан ғамхорӣ зоҳир намудааст. Хизматҳои назараси ин марди корзори меҳнат аз тарафи мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои расмии давраи шӯравӣ баҳои баҳои баланд гирифтаанд. Ӯ бо чандин медалу ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи марказии ҳизб ва ҳукумати Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Нақши Маҳмадҷон Ҷорубкашов дар таърихи давраи муосири Ванҷ намоён аст. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.