Маҳмадниёз Мухторов

  Маҳмадниёз Мухторов соли 1925 дар деҳаи Узбай, ҷамоати Водхуд, ноҳияи Ванҷ зода шуда, таълимоти ибтидоӣ ва асосиро дар зодгоҳаш ва деҳаи Вравз гирифтааст. Соли 1942 маълумоти миёнаро дар маркази ноҳия гирифта, баъдан дар колхоз кор кардааст.
  Соли 1943 ба хизматӣ аскарӣ даъват шуда, баъди машқу тамрин дар шаҳри Самарқанд ба фронти Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристода мешавад. Дар яке аз набардҳо захми шуда, ба ақибгоҳ баргардонда мешавад. Баъди табобат ӯ ба зодгоҳ баргашта, ба сифати омӯзгори тайёрии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.
  Баъдтар ба ҳайси корманди почта кор карда, ба нафақа баромад. Ӯ собиқадори меҳнат, дорандаи ордени «Барои меҳнати шоён», «50 солагии ғалаба» ва дигар ифтихорномаҳои давлатӣ мебошад. Вай шахси соҳибэҳтиром, гули сари сабади тамоми маҳфилҳои сатҳи ноҳиявӣ буд ва аз тамоми имтиёзҳои давлатӣ бархурдор буд. Дили ин марди шариф моҳи августи соли 2018 аз задан боз монд. Ёдаш бахайр!. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.