Масҷиди деҳаи Мдехарв

  RasmachitМасҷиди деҳаи Мдехарв калонтарин ибодатгоҳи ҷамоати Рованд буда, масҷиди ҷомеи ин минтақаи Ванҷи Боло мебошад. Аз аёни хурдсолӣ, ки замони Ҳукумати Шӯравӣ ва салтанати бехудоён буд, дар ёд дорам, ки аслан мӯйсафедон бо вуҷуди мамнуъияту таҳти назорату фишори сахт қарор доштани дин қарзи бандагии хешро ба ҷо оварда, аҳкому аркони динро риоя намуда, ба ҳар василае мекӯшиданд ойини хешро аз адам ҳифз намудаву ба пасояндагонашон мерос гузоранд. Яке аз чунин ашхос дар деҳа Акбари Қадам буд. Ҳанӯз дар замони наврасияш падараш Муллоқадамро, ки котиби қозӣ буд, коммунистҳо бо ҷурми муллогиву «кулакӣ» ҳабс намуда, беному нишон нобуд месозанд. Ӯ (ҳамроҳи бародараш Акрам) илми динро асосан аз падараш ва дар назди дигар муллоҳои калони диёри хеш фаро гирифта, аз аввалин муаллимони ихтисосманди Ванҷ низ буданд. Дар хонаи ӯ мӯйсафедон ҷамъ меомаданд ва ӯ ба онҳо намозро меомӯхт. Манзили вай мисоли як маҳфилгоҳе буд, ки ҳамвора аз муйсафедони намозомӯзи деҳаву деҳаҳои дигару ва бо гуфти ванҷиҳо «ёру рафиқи» муллову китобхонаш пур буд. Аҷиб он буд, муллову китобхонҳои зиёде дар он «маҳфил» гирд меомаданд ва баҳсу мунозироти эшон дар масоили аҳкоми шаръӣ ба тундиву дашномдиҳӣ ва ҳатто то ба задухурди мӯйсафедон ба анҷом мерасид ва мо кӯдакон доим дар канори онҳо истода, интизори муноқишоташон гашта, аз он манозир ҳаловат мебурдем. Дар замони бозсозӣ, баъди шикаста гаштани ағлаби таҳримоти коммунистӣ Акбари Қадам бо дарёфти имкону шароит ба фаъолияти озоди динӣ гузашта, ҳамчун мубалиғу интишоргари дин хондани намози ҷумъаро дар деҳа ҷорӣ намуд.Mloalifbeg
  Баъди ба таъдил омадани вазъи номусоиди кишвар ва диёр дар деҳа масъалаи сохтани масҷид пеш омад. Ин ташаббуси бузургро Ҳоҷӣ Амири Жоғар ба даст гирифта, тирамоҳи соли 1999 (моҳи октябр) бо мадади пулии фарзандаш Аҳмад ва ҷалби мардум ба ин кор ба сохтмони масҷид ибтидо намуданд. Ин амали хайрро бо тариқи ҳашар (бо навбат ҳар маҳали деҳа) ва кӯмаки ҷузъии маводи сохти мардуми деҳа дар баҳори (моҳи апрели) соли 2000 ба итмом расониданд. Аз он дам то ба имрӯз ва иншоаллоҳ то абад аз баландгӯякҳои боми он садои азон дар деҳоти атроф танинандоз аст ва муаззини он Сайфуллоҳи Чилла мусалмононро ба  ба сӯи намозу растагорӣ даъват менамояд. (Дар сурати мусофираташ ӯро Ҷурабеги Жоғар ва Мирабуни Мазорбун иваз мекунанд). Имом-хатиби масҷид Алифбек Амирзода буда, аз ҷавонӣ ҳаёти хешро ба хидмати дин вобаста гардонидааст. Дар роҳи ободии масҷиду ҷалб намудани мардум ба масҷид кӯшишҳои зиёде намуда, ба мувафаққиятҳо ноил гаштааст. Дар ин ҷода муллоҳи ҷавони деҳа Акмали Муъмин, Бахтибеки Шамсуддин, Амроҷони Ҷура, Самади Шер ва дигарон саҳми ҳадалимкони хешро гузоштаанд. Ба шарафи даъвату ҳидояти эшон қариб тамоми сокинони деҳа намозхон буда, шаробхориву дигар аъмоли мункар дар деҳа аз байн рафтааст.Masjmusfedo
  Пас аз бино ёфтани масҷид хондани намози ҷумъа ба роҳ монда шуда, намозгузорони деҳоти атроф Ширговад, Ғуҷоваст, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмаст, Рованд, Мурғутга ҷамъ меоянд. Аммо муддате хондани намози ҷумъаро дар масҷид манъ намуда буданд. Имоми он Алифбеки Амирзодаро барои барқарор кардани он лозим омад, ки кӯшишу мушкилоти ниҳоят зиёдеро паси сар намояд. Ин машақатҳои ӯ албатта бар абас нарафт ва ба туфайли он имрӯзҳо мардум хутбаи ҷумъаро шунида, ҳадди ақал соате дар ин бино ғизои маънавӣ мегиранд. Ашраф Акрам.

Ходимони масҷид:

Mlomachit
Ходимон ва имомони масҷид: Акмали Мӯъмин, Амроҷони Ҷӯра, Армони Сулаймон, Алифбек Амирзода, Бахтибеки Шамсиддин.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.