Масалу мақолҳои мардумии Ванҷ
Авсун намебра, некӣ брндара тез мекна.
Ай афтови боор баҳра вардор, ай афтови тирамо хдта нига дор.
Ай блбл як блблай унойи гаш чр.
Ай борун грехтем, да барф зоем.
Ай девори каж ҳазар.
Ай ин гӯш бай вн гӯш бобии чапаргӯш.
Ай кайк зернойи гирамен.
Ай макри шайтун мерайиву ай макри занак не.
Ай ночоргӣ чор поргӣ.
Ай ра нигакнира хингчшмак наёвӣ.
Ай нваса чит мераса.
Ай оғли холинда гови кӯр созтарай.
Ай рафиқи номунсосиб кайфи носм битарай.
Ай чзи мфт кира намево.
Ай штр як рмба йӯшни каж.
Асп дар тайи пои хдт наланга.
Аспа ва як бор лангиян сарша намебран.
Аспа нал заан ғӯкнӣ поша бардоштаст, ки мнани нал зане.
Аспи бепо битарай, ки хари давнд.
Аспора наъл каран харо пошна вуч каран.
Ба чшми пиразан срма ҳайфай.
Бай гӯши кар қм-қми дар.
Бай даҳан салом бай шкамб пеғум.
Бай девлоха қрут набарамен.
Бай севи срх ҳама ҳавас мехран.
Барои кайк пӯстина насӯзамен.
Баъди пода птхус.
Бахила якш ду намегара.
Бачаи зоғ ай зоғай.
Бачаи ҳамак то банди мак.
Бел ва равши ов.
Бехабаруна бод ай пас занаме.
Беҳайора гфтан шохи чнор дар паст, гфтаст, ки сояи сармай.
Беэзор почакандара хандияст.
Бз нагӣ, пахта бгӣ.
Бз фарби шӣ дмш сих гараме.
Бзак бзак намр, ки баҳор миёя.
Бзак намуру баҳор шӣ.
Бобат мло чшмт кӯр.
Боғи бахил беҳосил.
Бори каж бай манзл намераса.
Боруни баҳор – баҳра вардор, боруни тирамо – Хдо нигаҳдор .
Боҷа боҷара мебина.
Боҷа ва боҷаву гов ва кнҷора.
Вагарм дстома, мехрм сепстома.
Ва грг қар мекнӣ пӯстшани мехра.
Ва харе бор надорӣ, чӣ кор дорӣ.
Вегунара дар млкт ра надеву арғнҷола дар боғт.
Ва дст бдуву ва по бдав.
Гандара Хдо ва зандгӣ намекша.
Ганҷури бемуш, кадуни бекаст.
Гапи хуб мора ай мучаш бадар кнаме.
Гндшкбача бай мумаша чув-чув нушун дааст.
Гов дар дияи мардм гусоласт.
Гов пеш ай ғелиянш таи поша тоза мекна.
Гов ума гусола фссаст мекна.
Гови фар садош бландай.
Грга, ки қрқмол карӣ, фкта бшӯ.
Гурги векор хари дарбора хӯр.
Гӯсолаи мо пир шиву гов нашӣ.
Гшна ва шер бар зааст.
Гшна дар хуна садақа дар биёбун.
Гшнара нуни дегдун дер гарама.
Да бало бошӣ бист, ки да буми бало.
Дам баста, бало баста.
Дар баста бало баста.
Даҳанш набоша гргш мехра.
Да ҷунтам бгириш вегуна вегунаст.
Дар боғ арғунҷолаву дар мулк қаравнара ра наду.
Дар гфтм, девол бшнав, дхта гфтм, сноор бшнав.
Дар дл ҳавасе дориву дар по фарае не.
Дар длт сӯзе надорӣ синаҷмбуни чӣ суд.
Девол бжғара бай друн бжғара.
Дертарак мешим, пртарак медунистм.
Дл бсӯза ай чшми кӯр ов мереза.
Дли воист диққатай, дли новоист диққатай.
Дст даста мешноса.
Дст дста мешӯва.
Дур браву ва пул бра.
Дӯст мега таварвор, дшман мега шакарвор.
Дшман ай почаи хеш.
Дшмунора ов бараме.
Забон гфт, ки чшим, ной гфт, ки шқрдм, шкам гфт надим.
Занака ва кори маракӣ чӣ корай.
Йӯра, ки вакап мекна, амтаре ки кӯр кайка биёва.
Ич касс дӯғи хдша трш нагфтаст.
Ичӣ гӯшт ай нохн ҷидо нашияст.
Каж бшину рост бгӯ.
Кама бхру ғама не.
Камбағала арғнчолш бар намегира.
Камбағала дар тори штр саг газияст.
Кампира гфтан ко як рақс кн, гфтаст дӯкун кажай.
Катхдора ай ра назан.
Клӣ бай хдгум, хдгум хдш гум.
Кола вози хованд, тхм пайи тана.
Крҷкбача бай ммаша чив-чив ншун дааст.
Кунта ва шохи гов ҷанг надоз.
Кӯдак почора ай тахт хамбундаст.
Кӯр тиёқша як бор гум кнаме.
Кӯр як бор дар ча бзана, дафаи га соп-соп мекна.
Кӯрм зову карм зо, пасмунда клухм зо.
Қассоб пр шӣ, гов ҳарм мегара.
Қопта биёру халтата не.
Қрбока: шӯ дорм, обрӯ дорм.
Лашкар мнму занм хабар даме.
Лой да деволи хшк начаспаме.
Лқма ай бешармост.
Маак ошқи члмӯ.
Мардм санга бай рӯи сева занамен на бай сафедора.
Моргазияра хов мебараву гшнара не.
Мо тут мегему ту тут мешнавӣ.
Мрға хрӣ як бор, тхмша хрӣ сад бор.
Мрғ та чанде прта тхм кна, кунш тангта мегара.
Мшти сахт ай пшти сахт.
На хд хру на касн, ганда кну бай сагн.
Нарбз барои куштанай.
Нволата ҷнси даҳант бгӣ.
Нодияак чзаке дошт, мемундшу мевардошт.
Нун да ҷӯшиш вамазаст.
Нунт грфт бай ов бдав, овт грфт бай гӯр.
Ов ай майда, нун ай ката.
Ов ай саргаш хоковаст.
Ови дари хуна тираву дхтари ҳамсоя хира.
Ови дари хуна хоковаву дхтари хамсоя хлмнӣ.
Ови рехтара ҷам каран намегара.
Овози модагови бешир бландай.
Овт бара ови катат бара.
Осёба то хр накнӣ, пас намечора.
Осёб ва нӯбатай.
Ош бе қошқ нест, дхта бе ошқ.
Панҷ члик яке нестан.
Пеш ай пода птхус дохтан.
Пеши чшми мрда калима, пеши чшми сармозагӣ алов.
Пешпохра дстша бгӣ.
Пойлич битарай, ки попӯши танг.
Пора санги хорара ов мекна.
Пота чени кӯрпат (танат) дроз кн.
Пӯстинша чапана пӯша днёра дар валовелак медоза.
Пшк ай ҳайзгиша бачаша хӯраст.
Пшк чаврӣ хов бинаме.
Рзқ дар пост.
Саг ай рӯйи соҳибш шарм мекна.
Сагбача ката ката кн та бгира банди пота.
Саги дҷояра грг хӯраст.
Санги вазнина ов набураст.
Сара бдуву гапа не.
Сари хама шамщер набряст.
Сари кафгӣ таи тоқӣ.
Сарта олӣ ва собини мн нашистай.
Сарт, ки дар накар доғш бсӯз.
Саҳар хестан сро сохтан.
Сера ай ко ғами гшнаст.
Сияпуча ҳамаш ай як куча.
Соле, ки накӯст, ай боорш пайдост.
Соле, ки бай бандаша ҷаврай, шаво авову ва рӯзо аврай.
Схан гуфтан ба кар ҳайфай.
Тавабоба бошӣ бист, ки таватағоӣ.
Тавар боло кнда дам.
Тавара на чзш бдуву на чзша бгӣ.
То шамол нагира барги драхт наҷмбаме.
Тори сӯхта нмков.
Тхм пайи шреш.
Тхми тава пок.
Фарбигира гӯсфанд мевардора.
Феҳли хара соҳиби хар дунаме.
Фкри ова да хшка мекнан.
Хамбани орда кӯдак тамом мекнаву кадни кара гесола.
Хар гандаву таъбш нозк.
Хар кра мекна, ки борш сабк гара.
Хар Маккаву Мадина рафту амун хариш хар.
Хар пуштш хорӣ бай таи бора медава.
Хар хари гара гзашт, ёлу дмш мереза.
Харш ай овринг гзаштаст.
Хеши зан қайла бзан, хеши шӯ фкта бшӯ.
Хдо бдат Тоқл ай Бунай миёя.
Хдо бедстака дст нада, калбзака шох.
Хдо бечзит бдаву бекасӣ не.
Хдо тавара аст накна, астш кар сарша дта накна.
Ховбурара ай хов ведоркнӣ оснай, хддарховдохтара қин.
Хока грфтӣ, ай хоктӯдаи бланд бгӣ.
Хори тез ай бнш тезай.
Хӯргиёи пшемуну нохӯргиёи дар армун.
Ҳайбои пир да сари кампир.
Ҳайфи шери бе ёлу уқоби кндчангол.
Ҳама ҷун пҷуни хешан.
Ҳамаи гапо дар куни пиргов.
Ҳамаи кавлез ва дег мекӯва.
Ҳамлаи одам се борай.
Ҳамсоя ай хамсоя ранг гирамаву олболӣ ай олболӣ.
Ҳар ҷо ки сангай, пеши бзи лангай.
Ҳисаи қаркн шӯрай.
Ҳмбасти модагов ай рӯи барзговай.
Чзта сахт бқапу ҳамсояра дзд нагӣ.
Чзи дста бдуву кланги дар ҳавора бгӣ.
Чроғ пеш ай муранш рӯшан мегара.
Ҷун ай ҷаҳун бист.
Ҷуни барбод мекана Фарход.
Шаве мо дздем матовшавай.
Шғнира дст меди бай оринҷт қап дозаме.
Шӯхако руйи руйи бому хапако корора тамом.
Э бача, тарафои мо вегавунай.
Як мавиза чл қаландар хӯраст.
Як минадорхунаш магам девол кнем.
Як пшки зндара сад шери мургӣ гирамен.
Як рӯзи боор хр кна амбор.
Фароҳамоваранда Ашраф Акрам.