Таърихи Пшихарв аз тарафи ягон таърихшинос омӯхта нашудаст. Фақат дар охирҳои қарни нуздаҳ ва аввалҳои асри бист чанд муҳаққиқ-ҷосуси рус аз ин русто дидан карда, баъзе ёддоштҳо аз онҳо дар китобхонаҳои Масков ва Петербург боқӣ мондааст. Аз он ҷумла, онҳо зикр карданд, ки дарозтарин дара дар шоҳигарии Дарвоз Пшихарв будааст. Ҳамчунин навиштаанд, ки дар қарни нуздаҳ дар Рохарв 10 буна зиндагӣ мекардаст, вале дар Пшихарв ҳамон замон 50 хунавода мезистаанд.
Ҳар касе, ки Пшихарв сафар кунад, як нуқта возеҳу рӯшан аст. Пшихарв маҷмӯъаи чанд русто ва маҳалла аст, ки масофаи онҳо аз якдигар дур мебошанд. Ҳоло дар Пуниду, Сари ҷар, Боғӣ, Ҷангал ва Суғзунч мардум зиндагӣ мекунанд, вале мардум аз Бушур, Бишиф, Сарчашма, Пурхуф ва маҳаллаои дигар дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ноҳияи Қумсангир, чанд деҳа дар ноҳияи Ванҷ ва Қалъаихум кӯч бастанд. Аҳолии ин деҳа тамоман кам шуд.
Масъулини давраи шуравӣ ин деҳаро тамоман фаромӯш карда буданд. Мардуми ин деҳа аз одитарин хадамоти зербиноӣ, мисли роҳи мошингард ва барқ маҳрум буд. Ҳукумати онвақта дар як сол як бор ду бор ба Пшихарв фақат барои қаймоқ ва гӯшти индукхӯрӣ меомаданд. Дар тамоми деҳа як мактабу як мағозаи вайрона вуҷуд дошт.
Акаи Давлат Қандов аз зодагони ҳамин деҳа чандин сол дар Русия ва баъдан дар Душанбе кору зиндагӣ мекард. Солҳои 80-ум ба зодгоҳаш баргашт. Акаи Давлат азобу машаққати мардуми Пшихарвро медонист ва барои ин камари ҳиммат баст, то ба мардуми диёраш хидмат кунад. Ӯ ба сохтани як истгоҳи барқии обии кӯчак дар маҳаллаи Пуниду шурӯъ кард. Дар муддати чандин моҳ тамоми ловозимоти зарурии ин ниругоҳи барқии кӯчакро аз Душанбе ба Даани Ов бурд ва аз онҷо ба масофаи 7км бо хар онҳоро ба деҳа овард.
Мардум дар аввал кори акаи Давлатро ҷиддӣ қабул намекарданд, агарчанде ҳамаашон дар ҳашари сохтани ин нерӯгоҳ иштирок мекарданд. Дар ниҳоят, ин нерӯгоҳ сохта шуд ва Пунидуи Пшихарв нуронӣ шуд. Хурсандии мардум ҳадду канор надошт. Баъдан, дар се маҳаллаи дигар ҳам нирӯгоҳи барқии обӣ сохт ва мардуми Пшихарв бо барқи бепул то имрӯз таъмин ҳастанд. Акаи Давлат муҳандиси хуб буд, дар бахши сохтани нирӯгоҳҳои хурди барқӣ ва ҳам дар хонасозӣ, ҳам дар чӯбтарошӣ истеъдоди беназир дошт. Ӯ воқеан олим ва профессори кори худ буд ва ахлоқи хуб дошт.Чӣ қадар аҷру савоби бузургеро бо худ бурд. Номи неке аз худ боқӣ гузошт ва чӣ қадар кори мардум бо доштани барқ содаву осон шуд. Зиндаву ҷовид монд ҳарки накӯном зист… Муҳаммадрозиқи Неъматзод.
Назари хешро иброз кунед