Ба дастовардҳои варзишии қариб нимасраи охири ноҳия, алалхусус аз равияи гӯштӣ назар карда, хизмати устоду мураббии варзида, Ҳукуматшо Ғайратовро қайд накардан, маънии дар ин самти барои диёр хеле муҳиму ифтихорбахш беэътиноии таърихӣ зоҳир карданро дорад.
Дар воқеъ ин марди майдон, ғолиби бисёркаратаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, қариб ним аср боз ба ҳайси устод ва мураббии ҷавонони ба ин намуди варзиш марок дошта, заҳмат кашида, даҳҳо паҳлавонони дараҷаи олии варзиширо тарбия намуда ба майдони васеи сатҳи умумииттифоқӣ ва байналмиллалӣ баровардааст. То солҳои наздик қисми асосии дастаи мунтахаби гӯштигирони ҷумҳуриро паҳлавонони ванҷӣ ташкил мекарданд, ки дар он устоди соҳа Ҳукуматшо Ғайратов саҳми ҳалкунанда дошт. Имрӯз низ ин пири гӯштигирони ноҳия ҷавонон машқи касб ва дасти дуо мегиранд.
Маълум аст, ки мушкилоти солҳои 90 барои варзиш низ бетаъсир намонда буд. Вале монанди дигар соҳаҳо дар даҳсолаи аввали асри навин варзиш то андозае ба маҷрои пешравӣ ворид гардид.
Дар ноҳия дар шароити имрӯза 69 иншооти варзишӣ аз ҷумла, майдони марказии варзиш (стадион) бо 5 ҳазор ҷои нишаст, 4 толори варзишӣ, 33 майдончаи наздимактабӣ ва 31 майдончаи назди хонаҳои истиқоматӣ фаъолият доранд. Дар ноҳия мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки он бештар аз 300 ҷавонро аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифтааст. Умуман дар ноҳия бештар аз 500 нафар ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш шуғли ҷиддӣ ва доимӣ дошта дар мусобиҳаӣои гуногуни вазишии сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва аз ин боло фаъолона ширкат меварзанд. Фақат дар соли 2011 варзишгарони ноҳия дар 15 мусобиқаи сатҳи ноҳиявӣ, 5 мусобиқаи вилоятӣ, 4 ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи берун аз ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзидаанд. Аз ҷумла дастпарвари мактаби варзишии ноҳия Хусрав Хушқадам дар вазни 56 кг аз гуштини «Самбо» дар чемпионати «Осиё калон» дар Тошканд байни наврасон дастболо гардида, ҳамчунин дар мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар Латвия баргузор гардидааст, соҳиби медали биринҷӣ соҳиб шуд.Фақат дар дар нимаи аввали соли 2013 варзишгарони ноҳия дар 2 мусобиқаи вилоятӣ, 4 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1 мусобиқаи байналмиллалӣ, 2 мусобиқаи ҷаҳонӣ (байни чанд давлат) ширкат намудаанд. Аз рӯи натиҷаи онҳо бармеояд, ки дар мусобиқаҳои вилоятӣ 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Дар ва 4 медали биринҷиро соҳиб гаштаанд. Дастоварди мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ чунин аст: дар сатҳи байналмиллалӣ (байни чанд давлат), 3 медали тилло ва дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба 2 медали биринҷӣ сазовор гардидаанд. Ин худ нишондиҳандаи ниҳоят умедбахшест аз рушди бемайлони варзиш дар ноҳия.
Чорабиниҳои расмии дар ин самт амалигардида ва иншоотҳои варзишие, ки дар ноҳия солҳои охир дар хизмати ҷавонон қарор гирифтаанд, табиист, ки барои рушди он имконияти муносиб фароҳам меоваранд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки ҷавонони ноҳия мисли солҳои пешин дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дар баланд бардоштани шарафи варзишии ҷумҳурӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед