Дар рӯзҳои охир мавҷи ҷадиди бориши барф водиро фаро гирифта, минтақаро дар ҳолати изтирорӣ қарор додааст. Сокинон бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шудаанд. Барф роҳҳоро баста, соконони баъзе маҳаллоти деҳот аз хатари фаромадани тарма ба маҳаллоти дигар кӯч бастаанд. Ба нақли мардум бориши барф онҳоро ҳатто маҷоли рӯфтани роҳу атрофи хонаҳоро намедиҳад. Барфтӯдаи атрофи хонаҳо ба бомпӯши онҳо баробар гардидааст. Дар деҳаи Поймазор баландии барф ба зиёда аз 2 метр расидааст. Дарахтони бузург дар деҳот шикаставу аз бех афтода, роҳро банд намуда, симҳои қувваи барқро дар чанд мавзеъ кандаанд. Баъзе биноҳо низ зарар дидаанд. Аз ҷумла пешдевори бинои масҷиди деҳаи мазкур фурӯ рафтааст. Тармаи дараи Ғавеҷ дар Ванҷи Боло роҳи мошингардро бастааст.
Тавре ки мардуми диёр ёдовар мегарданд, чунин бориши зиёди барф дар соли 1969 ба амал омадааст. Шириншоҳ Иронов дар он сол ваколатдори комиссион оид ба ҳалатҳои фавқулода будааст, нақл намуданд, ки дар он сол низ чунин ҳол буд ва мо дар тӯли водӣ мардумро аз ҷойҳои хатарнок кӯчонида, аз онҳое, ки ба тарки маскан ризоят намедоданд, забонхат мегирифтем. Дар он сол тармаи бузурги дараи Удоб фермаи колхозиро бурд, 6-ми феврал ё 6-уми март буд, дақиқ дар ёдам намондааст, дар соати панҷи бегоҳ аз дараи Вишхарвак тармаи бузург фаромада, деҳаи Пуни Ҷангалро зер намуд. Хушбахтона, сокинони деҳа аз хавфи тармафароӣ ба деҳаи Ғӯмаст паноҳ бурда буданд. Аз он вақт мардум тарки он деҳа карданд. Баъди ду рӯз шабонгаҳ аз дараи Мудехарв тармаи бузурге сарозер шуд ва хисороти иқтисодӣ дар пай овард.Мардуми деҳ тармаеро ба ин бузургӣ на пеш ва на пас аз он надидаву нашунида буданд. (Расм аз сафҳаи фейсбукии Нурмуҳаммад Ёров. Деҳаи Ғуҷоваст. 03.02.2017).
Назари хешро иброз кунед