Луғатномаи ванҷӣ
А
Авгор – беҳолу бемадор
Аврун – абрӯ
Авсақол – калонгап
Авогрфта – ҳавобаланд
Аводаа – ҳавобаланд кардашуда
Агане – вагарна
Ағба – оқиба, кӯтал
Ай – аз
Ай ко бӣ – аз куҷо буд
Ай койи га – ба кадом ваҷҳ
Ай ҷойи га – аз дигар ҷо
Айқирун – фиғон, мағал
Алавна – зуд, фавран
Алвона – як навъи шафтолу
Алоҳал – аз ҳад зиёд тез
Аманда – ҳамин ҷо, дар ин ҷо
Амғал – дар ҳоли ҳозир
Амғалак –ҳоло, алъон
Амза – ҳамин қадар, миқдор
Амқа – ҳамон қадар
Амолӣ – ҳозир, алъон
Амтава – ҳамин тавр
Амтарай – ҳамин тавр аст
Амтарӣ – ҳамин тавр
Амута – ҳамин тавр
Амчигул – ҳамчун гул, монанди гул
Анда – ин ҷо
Анде – дар ҳар ҳол, ҳар чӣ бошад
Аранге – ба зур, ба душворӣ
Арх рехтан – ваҷаррос задани бадан
Аспи ғӯл – барги зуф
Афк – гиреҳ
Афлок – фалак, холӣ
Ахман (яхман) – навъи бутаи мевадор
Ахс – хира, якрав
Ахса – атса
Б
Бадар шӣ – берун шуд
Бай мова – тарафи мо
Бай монӣ – дар мо ҳам
Бай мофре – тарафи поён
Бандига – ҷои ҷудошавии ҷӯйбори фаръӣ
Бат – навъи таъом аз орду равған
Батар – бадтар
Бахши чӣ – барои чӣ
Бахя – дарз
Бган – бигӯянд
Бдума – медонам
Бдуме – медонам
Бедам – тешаи бе дам, тешаи кунд
Бебандов – худсар, дайду, бекас
Бебун – бепоён
Бева – зани бе шавҳар
Бедармун – саросема
Бехнур – беодоб
Бзмӯ – мӯи буз, пашм
Бзмӯгник – серпашм, сермӯ
Бзнов – оби чакка, ки аз халта чакад
Бӣ – буд, будаст, бошад
Бидабаст -будааст
Бим – будам
Бим – тарс
Бима – омад
Бқ – кулӯла
Блӯл – булӯр, кулӯла
Блӯлксар – кулӯласар
Блҳдӣ – молидани нарбуз хешро ба модабуз ба хотири бордоргардонияш
Бнг – бом
Боба – падар
Бобияк – гули қоқу
Бовуд – номи деҳа
Бодбарк – бодбарак (бозичаи кӯдакона)
Бодхрк – як навъи паранда
Боёв – алафи пасмондаи ҳайвонот
Брғавҷ – биное, ки дар болои чӯбҳо сохта мешвад
Бу – бошад, ки…
Бунига – номи деҳа
Бушол – навъи дарахтбутта
Бӯр – доринчинӣ,хинг
Бӯзбала – тануманд
Бӯт – аъзои барҷаста (мисли лаб)
Бӯтк – барҷасталаб
Бӯтӣ – мӯза
Бчк – бикӯб, бизан
В
Ваам – бо ҳамин
Ваам дасти чапум – бо ҳамин дасти чапам
Вагар – гардиш
Вагармш – қурбонаш шавам
Важғап – ба шикам афтодан, афтидагӣ, якҷо монда
Ванван – номи деҳа
Вардама – калону фарбеҳ шудан
Вардорш кашӣ – дунболагираш кард
Вардошт – бардошт
Ватрақта гӣ (бгӣ) – дар ҷоят ист (шин)
Вахез – бархез
Веда – бемаънӣ
Венога – ногаҳон
Верун – вайрон
Верунварастӣ – вайронкорӣ, харобкорӣ
Вех – бех, бунёд
Вехӣ – тамоман
Взнич – алаф
Влнга – шӯъла
Влҷа – нақда
Вндӣ – ноаҳл, унсногир
Вожидан – гуфтан
Вожк – ресмон
Вофир – фаровон
Врев – каҷ
Всто – усто
Вштиё – иштиҳо
Г
Ганҷур – ганҷхона
Гар – орд
Гаров – ордоба
Гво – гувоҳ, шоҳид
Гена – бозии бачагона, амсоли буҷулбозӣ
Гишхун – номи деҳа
Главшун – сурхча
Го-го – гоҳ-гоҳ
Гоҷела – беҳудапурс, якрав
Грзак – тана ва гули ревоҷ
Грича – як миқдори кам аз чизе
Грм – чашмаки чӯб, гурм
Грмвара – чӯби чашмакдор
Грмайман – дар як ҷо истодан, тануманд
Грмбаст – гулдурос
Грмбаст давӣ -тез давид
Грна – дар як ҷо монда, беҳаракат
Грун – гарон, вазнин
Гт – мағлуб
Гудапияр – падарлаънат
Гӯлабата – бе ақл
Гӯлмаза – нимширин
Гӯлоғайн – одами сода, аблаҳнамо
Гӯрсухта – гунаҳкор, муҷрим
Гӯшчапар – ростгӯш
Гшна — гурусна
Гшнапушт – аз насли фақир
Ғ
Ғайжд – чиркин, олуда
Ғайждун (ғайд-ғайдун) – кӯдакон
Ғал – ҳозир, ҳоло, ҳамин дам
Ғалвожк – навъи паранда
Ғапгӣ – гашта, рехта
Ғапучуқ – маҷак
Ғармаш – навъи гиёҳ
Ғарфа – таом аз гӯшту нон
Ғдора – кӯзача
Ғеморӣ – шилқин
Ғеш – пораи сабза бо решаю хок, ки бо бел канда шавад
Ғлбк – акка, алошақшақа
Ғмк – дам, нафас
Ғндал – ғунда
Ғов – ғавғо, ҷанҷол
Ғордаҳан – даҳанкалон
Ғравсиян – андармон шудан
Ғравчк – майда-майда шуда
Ғрмба – кӯфта, майдакарда
Ғрӯ – гиреҳ
Ғулу – ғулув, зиёда, аз ҳад берун
Ғӯмаяк – номи деҳа, зодгоҳи Мулло Ёр
Д
Дагарун – мушту лагадкӯб
Дамбаста – хира, дамгирифта
Дамдор – азиз, меҳрубон
Дамтос – гарми нороҳат; аз гамӣ фавтидан
Дамот – озод нафасгиранда
Дангоса – пакар,беҳунар
Даҳанвазан – калонгап
Даҳани ҳамак – худдонам, ақлак
Дбанд – мӯҳраи гардан
Девназочк – девонаавзоъ
Девол – девор
Дегтолак – зарфи думчадор барои обгирӣ
Диёр – маҳал, зодгоҳ
Диёр – намоён, чашмрас
Диёргӣ – ба чашм намоён, чашмрас
Дим – дидам
Диянӣ – дидорбинӣ
Дмблагӣ – зарфи думчадор барои обгирӣ
Дмтроқ – ходадум
Дмсих – бардоштадум
Дравзин – айвон
Дрозхашк – дарозпой
Друнгрфта – дарунгирифта
Друнзқ – ғаму ғуссаи ниҳонӣ
Дрягӣ – даридагӣ
Дсмӯза – даспӯшаки чармӣ барои хордарав
Дспарунӣ – дастпаронӣ
Ду – деҳа
Дук – борик (пои дук – пои борик)
Дук – олати ресандагӣ
Дӯкун – дӯкон
Думӣ – медонӣ
Дуно – доно
Дух – дуд
Ж
Жамаг – номи деҳа
Жғарва – вайрона
Жғарян – чаппа шудан
Ждарт – дар ҷо монда, беҳаракат
Жег – якрав, гапношунав
Жқиян – зер кардан, фишор додан
Жмблӣ – кирми аз намй пайдошуда
Жмқ – сахт
Жовиян – хоидан
Жовуд – номи деҳа
Жовян – хоидан
Жоғар – иллате, ки аз вайронии хун дар гардан пайдо мешавад
Жт – ҳисси кароҳат пас аз пурхӯрӣ
Жувуқ каран – пахш кардан
Жуж – навъи дарахт бо меваҳои майда
Жӯлиян – ҷунбидан
З
Зааст – задаст
Заг – ботлоқ, сабзазори тару намдор
Зарбед – як навъи бед
Зард – зарди гули хор, зарди залич (парранда), зарди заъфарон
Зғум – асбоб, олат
Земорчк – ниҳоят талх (заҳри аз мор чакида)
Зқян – ғам хурдан
Зқок – ғамхӯр
Змба – теппача, баландӣ
Змбарзқ – поймолкунӣ
Знк – дам, знкта бгӣ – даматро гир
Знкгрфта – дам ба дарун дошта, хомӯш
Знӯғ – доду фарёд
Зо – зад
Зон – заданд
Зор – дилбастагӣ, муҳтоҷӣ
Зош – зад
Зрвиян – зорӣ, илтиҷо
Зрнд – гирдоб
Зровиян – беҳолу мадор гаштан
Зу – танобе, ки аз рӯдаи чорво гиранд
Зуун – забон
Зхм – якрав, дарунгирифта
И
И – ин
Ибара – ин тараф, ин сӯ
Иқа – ин қадар
Инай – ин аст
Инс – одам
Ита – ин хел, ин тавр
Ита-ута – ин тавру он тавр
К
Кабиян – нӯшидан
Кабме – менушам
Кабуд – кабуди нил, нилобигун
Кад – хона
Кайик – тахтае, ки бар сақф зананд
Калачигос – бо сар поида нигаристан
Калкот – гаранг
Камбағалпочк – харобапой
Каноҷ – зоғнӯл
Капар – обкаду, носкаду
Капол –косаи сар, калонсар
Карай – кардаӣ
Ката – калон
Катанвола – бисёрхор
Катахашк – дарозлинг
Кафтар – кабутар
Кашолапайк – либосу попӯши ҷанда пӯшида
Кашян – кашидан, бурдан.
Кифо – кофӣ
Кзомзӣ – созиш; тавтеа
Кландк – чизи росту кӯтоҳ
Клмба – ғафс
Клӯхч – як навъи бехмева
Кме – мекунам, кардан
Кнск – хасис
Кос – шифти хона
Коспил – шифти бино
Кравсиян – ташнагӣ ё гушнагӣ беҳолу мадор гаштан аз
Кравск – ташна
Крбед – як навъи бед
Крйег – алафи индов
Крк – мурғи курк, мокиёне, ки барои ҷӯҷабарори болои тухм мешинад
Крмдор – бесабру қарор
Крндиян – сарзинш кардан; хоридан
Кробк – кирмаки обӣ, бисёробнӯш
Круш – навъи гиёҳ
Крч – саби бузург
Крҷк – гунҷишк
Кт – нӯл задан, минқор задан.
Куналов – беқарор, шӯх
Кунвахалак – зиддият, рақобат
Кундарманд – бетоқат
Кӯк – дарз
Кӯпсар – бузургсар
Кӯросопсоп – мисли кӯр ламсида ҷустан
Кшин – либосу сурати номуратаб
Қ
Қайза – истода
Қайт – бадманиш; шӯх
Қамчинак – тана ва гули ревоҷ
Қап – чанг
Қар – қаҳр
Қаравна – хешованд
Қарна – ҳадяе, ки барои каси қаҳркарда диҳанд
Қарндия – хабаркаш
Қарчағайн –мурғи шикории шоҳинмонанд
Қатғ – қаймоқи шир
Қимбобо – касеро дар гардан савор кардан
Қлач – дӯстдори хӯрдан
Қлғ – ташаккур
Қлмсқ – дӯғзанӣ, пӯписа
Қлп хӯран – ғарқ шудан
Қмбел – миқдори зиёди оби ҳаракаткунанда
Қнтӯла – пораи гулӯлашакли барфӣ
Қоп – ҷувол
Қопчқ – ҷуволи пури сарбаста
Қотрма – сахту дурушт
Қоқсандал – харобапой
Қрзмб – анбӯҳ, фаровон
Қрмб – санглох, сангтӯда
Қрна – зоғ
Қрт – кулӯла, лунда
Қртқ – нойи нафас
Қрч – соф, холис
Қрҷқ – пурбор, дарахти пурмева
Қӯлпоқ – обила, варам
Л
Лав – лаб
Лавлесӣ – ба чизе аз дурӣ ҳавас кардан
Лавпртик – бо лабон истеҳзо кардан
Лавунд- марди муҷаррад, марди ҳузарб
Ладо – навозиш
Лақ – яра
Лақа – чипор, хол-хол
Лақиян – сергапӣ кардан
Лақича – шӯх, ҳазлбоз
Лақҷгӣ – ҳазл, шӯхӣ
Лақоча – суст, ларзон
Лаҳн – забон, шева
Латолмбӣ – латукӯб
Лачар – маккор, фиребгар
Лғайсум – лагадкӯб
Лғат – лагат, шаллоқ
Лингӣ – рӯймоле, ки дар камар банданд
Линҷ – рухсор
Лифа – банди шалвор
Лич – луч, бараҳна
Личак – беизо, бепарда, бешарм
Лқиян – ҷумбидан
Лқок – ҷумбанда, суст
Лмбиян – лат кардан
Лоқ – либос, пӯшок
Лӯв – фарёд, овоз баровардан
Лувӣ – лӯбиё
Лӯла – теппа, баландӣ
Лфчк – сип-сиёҳ
Лхш – лағжон; қаллоб
М
Мағлеск – ришк; хурдакак
Мажлунбед – беди маҷнун
Майдун – майдон
Мак – гардан
Макиян – макидан
Манг – ғарами ҳезум
Манҷа – кат
Марак – мардак
Махов – одами хира, ногапгир
Маҷлун – Маҷнун
Мевом – мефорадам, мехоҳам
Мега – мегӯяд
Мегара – мешавад
Мемун – меҳмон
Мерава – меравад
Мерам – меравам
Месора – роҳи маро мепояд
Мешапат – шапидан, пошидан, задан
Млаак – ҳудҳуд
Млобӯтбӯтак – ҳудҳуд
Мн – ман
Мнгак – як навъи бехмева
Мндқ – кӯтоҳқад
Мндоқ – кундаи дарахти бурида
Мнҷр – изҳори заъф
Мобуз – модабуз
Мрчк – мӯрча
Мткин – санги гирд, санги кулӯла
Мтфрӣ – пакана, кӯтоҳқад
Мӯкӣ – навъи пойфзол аз чарм
Мура – мурда
Муранӣ – заиф, сустандом
Мҷрим – гунаҳгор
Мшти пар – бечора, бепушту паноҳ
Н
Набӣ – набуд
Набим – набудам
Набимӣ – намебинӣ
Навма – наомад
Навоистан – нахостан
Навомам – намехоҳам
Навомем – намехоҳам
Надуме(а) – намедонам
Нажғар – нагард, на афт, нағел
Назир – ҳамранг, монанд
Намзаак – камтар
Нарайӣ – раҳо наёфт
Нахме – намехӯрам
Нахо – наход
Наҷӯме — намеҷӯям
Нашӣ – нашуд
Нваҷо – новаҷо, ҷои мондани дег, табақу карсон
Нвохтан – дашному носазо гуфтан
Нжлк – ҷин, аҷина
Нжук – нола, фиғон
Нила – пилк, шахнила – хирачашм
Нқс – зиёновар
Новардун – новаи обрез
Новк – олат барои ҷуфт
Новомеш – намехоҳад
Нозманӯл – пурнозу карашма
Носрӣ – бурда, пора
Нумаке – андаке
Нумакеш бду – андакаш бидеҳ
Нумияк – камтар
Нхм – захми хурд
Нхпарӣ – навъи нони равғанӣ
Нхшр – кавша, нухшор
Ншлқ – бало, офат
Ншун – нишон, осор
О
Ов – об
Овзғеб – барги зуф
Овла – обила
Овринг – роҳи мушкилгузари кӯҳӣ
Ой даан – партофтан
Олак – бе қадру қимат
Олӣ – ҳоло, ҳамин дам
Осиёббило – наъ парранда
Оши тпа – оши бурида
Ошкӣ – ресмон
П
Пак – бозии кӯдакона, ки дар сурб ё курғошим порчаи пусти бузро насб карда, пеши по зананд
Пакар – гаранг, маст
Пақ – кӯтоҳқад, пакана
Пақ каран – пинҳон шудан
Пақ-пақ рафтан – хам шуда рафтан
Палӣ – паҳлу
Палпанг – хуриш аз омехтаи туту мағз
Паплағ – навъи гиёҳи шифобахш
Пархата – саросема, худро гумкарда
Патаёк – беҳолу мадор афтода
Пах заан – пахш кардан
Пахсунтан – хушк шудан (масалан: шири гов)
Пдшк – пашм (бӯи пдшк – бӯи пашми сӯхта)
Пияр — падар
Плафта – ёва, гапи бе маънӣ
Плхч – лахча
Подар – подарӣ, пояи дар
Покашелак – аз пой кашола кардан
Поргӣ – дарбеҳ
Пореса – шифти оғил
Поте(о)лк – пойкӯбӣ кардан, почазанӣ
Почаканда – почадарида
Ппи дев – ғуррие, ки дар танаи дарахтон барояд
Пр – пур
Прахча – шикастапора, реза, пора
Првойгӣ – аз гуруснагӣ ба марг қариб расида
Првоян – аз гуруснаги ба ҳалокат расидан
Птев шиян – махлут шудан; унс гирифтан
Птик – паҳн
Птк – пӯк, чӯби кирмхӯрда
Птрман – барфтӯда
Птхус – чангу ғубор
Пун – поён
Пуч –саргини мол
Пуча – зулф
Пӯш – навъи бутта
Пхник – жӯлидамӯй, пахмоқмӯй
Р
Рабат – қатор
Рав – номи деҳа
Рағд – замини холии бе ягон ҷиҳоз
Раша – қитъаи замини алафҳои худрӯй
Рндоқ – холӣ аз коҳу алаф, бемӯй
Роғак – маҳал
Рохарв – номи деҳа, маркази Ванҷ
Рохиян – бо душворӣ роҳ рафтан, роҳ рафтан
Роҷа – қатор
Рт – кандан
Рп заан – мижа задан
Рп буран – каме хоб кардан
Рӯварӯ – рӯ ба рӯ
Рӯдапочк – дарозлинг; заифпой
Рӯк – рахдор
Рӯфчк – аъзои ба рӯдаҳо часпида
Ршқа – юнучқа
С
Сагдрун – касе, ки кафшу либосаш тез медарад
Саглес – як навъи омос
Сағоч – санги паҳну тунук
Сангбаста – шахшуда, беҳаракат
Сандал – чоруқ, пойафзол
Сап – ҳал, хока
Сапи гар – як каф орд
Сапиян – хӯрдани маводи хурокии хокаӣ
Сап-сапак – оҳиста-оҳиста
Сардова – ҳавзи хунук, таҳхона
Сари ду – сари деҳ (номи маҳала)
Сарполиса – чӯби сақфи бино
Саҳмота – сода, нодида
Саҷҷода – ҷойнамоз
Сбилмунда – бесоҳиб, дар роҳ монда
Селова – шамшер, ханҷари дудама
Сепист – талқони себ
Сивун – сӯҳон
Скл – навъи гиёҳ
Склиян – нопадид шудан
Смбаи тавар – қундоқи табар
Смбак – пойкӯбӣ
Смсабил – нобакор
Смсакатӣ – нобакор
Смсӯла – пебӯшбела андохтан
Снд – ҳаромзода
Сндалоқ – бадзот
Сндун – сандон
Сни ко – ба куҷо, ба кадом тараф
Сноч – кема
Содалавҳ – содадил
Солчк – тухми мӯрча
Сопян – ламс кардан
Сп – торик
Сп – нобино, кӯр
Спафиян – макидан
Ст – хок
Сувайдо – гарди чашм, нишон
Суд – фоида, баҳра
Сӯзунка – газна
Слк – роҳ, тариқат
Суро – сарой (номи маҳалла)
Сӯқ – ҳарис, сертамаъ, носерам
Сфеднила – сафедии ашмонаш бештар
Схалчк – мондаи гиёҳи даравида
Т
Тава – бад, одами мумсик
Талқун – кӯфташудаи меваи хушк
Тармарг – ҷавонмарг
Тарҳавло – навъи ҳалво
Тахтамарг – паҳну сахт
Таш – потеша, тешаи калон
Тефтан – поймол кардан
Тғмт – кӯфтаи мағзу мавизу қанд
Тламбӯқ – фарбеҳ
Тлаяк – сагбача
Тлқ – бешарм, густох
Тмба – поя, зер кардан
Тмхч – гарми нороҳат
Тмч – талху турш
Тоқишлик – кулоҳи куҳна
Торстора – чӯби сақфи бино
Трғза – ғазаб, тундӣ
Тринг – чобук, чаққон, ҳунарманд
Тринҷиян – сахт кашидан, таранг кардан
Трихта – таранг
Трихтанила – бешарму ҳаё
Тркӣ – навъи гӯсфанди бузургу фарбеҳ
Тқлӣ – гӯсфанди ҷавон
Трнаг – калтак
Трсқ – кулӯла, фарбеҳ
Тум – туам
Тутпист – тути дар осиёб орд карда, талқони тут
Тӯжиян – азоби рӯҳӣ кашидан
Тӯрпӣ – барзагов
У
Убго – номи деҳа
Угам (вугам) – он гоҳ
Ума – модар
Ума – омад
Умам — омадам
Уман -омаданд
Ун (вн) – он
Урбаг – калтак
Уфтаст – афсӯс, уфтаст кар – афсус хӯрд
Ф
Фалҳос – сода, бе фаҳм
Фар – ҳайвони бе насл
Фарбӣ – фарбеҳ
Фархи сар – фарқи сар
Фач – бемаза
Фдинг – луч, холӣ
Фис – оби бинӣ
Фиток – ҳуштак
Фиҷол – обпар, шаршараи сунъӣ
Фияк – шонаи китф
Фияки овдиӣ – як навъ олоти деҳқонӣ, ки аз чӯб дар шакли шонаи китф месозанд.
Фияки барфрӯвӣ – бели чӯбин
Фк — манаҳ
Фкчхт – бовиқор, ҳавобаланд
Флқ – ҳозир шудан
Флқаст гристан – якбора гиря кардан
Флс – бешарм, дарундаро
Флхок – чормағзи бепӯст
Флхос – роҳгум, фақир
Фохтанӯл – паҳнбинӣ
Фравҷов – оби баъди шустушӯи дегу табақ
Фрнӣ – оби ордолуд
Фртунтан – дам кашидан
Фрфрок – чапагардон
Фрчрафта – ранграфта
Фрҷа – фурсат
Фс – дурӯғ
Фсмола – нозунуз, таъхиркорӣ
Х
Хамб – ҳамвор, боғи хамб – боғи ҳамвор
Хамбо – ромшуда, гапшунав
Хафлӯла – хафе, ки аз даҳон барояд
Хашк – ниҳояти ҳар ду по
Хдма – худамро
Хелян – хелидан
Хинг – хинги кавй, хинги лозур
Хинглав – сипурз
Хлёв – кафки даҳани ҳайвон
Хлптӣ – нобакор
Хмгӣ – майда, нонреза
Хмрч – лахча
Хмча – навда
Хочк – пасмондаи себи хӯрда
Хпк – майда, гард, зарра
Храме – мехурад
Храхӯра – бодхурда, ранҷур, пес
Хрме – мехурам
Хрндиян – сарзаниш кардан
Хрптӣ – ношуд, беҳавсала
Хртап – ғафсу фарбеҳ
Хрхпк – хушкшуда, сабук, хароб
Хср – падарарӯс
Хуб бе ҷрм шияй? – Хуб бедард шудай?
Хумтӯла – хом, нопухта
Хунасӯхта – бехонумон
Хуш – хушдоман
Хӯлова – кафки даҳан
Хчк – пешобдон
Ҳ
Ҳавагарм – садқа шавам
Ҳайб –айб, нуқс
Ҳалалот – фарёд, шавкун
Ҳалқапут – торҳое, ки дар сақф падид оянд
Ҳане – ҳино
Ҳапуков – атола, оби ордолуд
Ҳарадос – дос барои даравидани буттаҳо
Ҳатр – навъи рақс
Ҳаҷинамакнда – васвосӣ, хаёлӣ
Ҳелагарӣ – азиз, меҳрубон
Ҳоҷала – дарозқади харобандом
Ҳшбура – ҳушбурда
Ч
Чавал – каҷпой
Чавгад – катаки мурғон
Чалла – хонаи мурғон
Чалш – дурага
Чалтев – дар лой гаштан
Чамгӣ – каҷшуда, тофташуда
Чанголак – хаскашак
Чанза – чӣ қадар
Чапалқ – пачақ
Чаплоқ – ҷомаи дарида
Чапуш – модабузи ҷавон
Чармк – чарс, далер
Чатоқ – фиребгар, маккор
Чахиян – афшондан
Чахмохсанг – сангест, ки бо он оташ даргиронанд
Чахопо – беҳуда
Чахт – каҷ
Чахтк – одами каҷпой
Чаяст – ҳангома, сару садо
Чач заан – чанг задан
Чачи лал – тӯдаи саргии чорво барои поруӣ
Чи кме – чи мекунам
Чку пк – изу чора
Чқрбел – бели паҳну дарунаш чуқур
Чловян – дар об роҳ рафтан
Члфс – дурӯғгӯй, одами беҳунар
Чнграк – чорғов нишаста
Чндун – чиндон
Чова – чи тавр
Чова – чигуна
Чок – навъи паррандаи шабгард, гирдчашм
Чолк – шохи буридаи арча барои таёр намудани насвор
Чошиян – чошидан
Чпқ – маҷақ
Чпл – бедандун
Чр – навъи парранда, ҳушёр
Чрақсиян – аз хунукӣ сӯхтани андом
Чртк – мизроб
Чу каран – зур задан, қамчин зада рафтан
Чу кн – шитоб кун, ҳамла кун
Ҷ
Ҷавин — нони аз орди ҷав пухташуда
Ҷал – тез
Ҷал – тез, тезтар
Ҷаҳт – даъват тӯй, зиёфат
Ҷачлав – лабони ба ду ҷониб каҷ
Ҷвозк – ҳован
Ҷғел — чигил, дарида
Ҷебор – ҷӯйбор
Ҷела – беморие, ки пӯстро мехӯрад
Ҷелахӯра – мубталои ҷела
Ҷилак — латтапора
Ҷинҷ – ғиҷим, оҷинг
Ҷжбқ – майда, пакана
Ҷлдқ — айёр, беизо
Ҷлинг – тунук, нозук
Ҷлингов – оби тунуки камравғани таом
Ҷлқ – лабрез, пур
Ҷрм – ҷирм, дард
Ҷрт – боди мухолиф
Ҷрту прт – даму ҳавсала
Ҷувун – ҷавон
Ҷӯгун – чавгон
Ҷун – ҷон
Ҷундарнок – беқарор, беадаб
Ҷундарҳалқ – ҷон ба ҳалқомада
Ҷҳ – гурусна, носерам
Ш
Шавгад – хона барои шабгузаронӣ
Шавдег – хуроки аз шаб пухташуда
Шавкӯр – хирабин, нимбино
Шал – ланг
Шамантлоқ – гиёҳи бехдори хӯрданибоб
Шамар – беҳолу мадоргашта
Шамбар – якҷомонда, дар як ҷо қарор гирифта
Шаппа – химчаи буттаи кӯрт
Шарабара – чизу чора
Шаст — олати моҳигирӣ
Шаст – чолокӣ, чобукӣ
Шатто – маккор, фиребгар
Шахек – дарахти мевадори пурхор
Шахин – орди нахӯд
Шахов – хуб об додани оҳани тафсонда
Шаховоз – баланду паҳновоз
Шахч – замини нокорида
Шбр – хабар, дарак
Шғ – шиғ, хордевор
Шғнӣ – шуғнонӣ
Шӣ – шуд
Шила – пора, хӯса
Шим – шудам
Шира – ордоба
Ширбат – таом аз ширу орду равған
Шкана – таом аз гӯшту нон
Шлик – кӯҳна
Шлм – шилим, шираи гиёҳи шифоӣ
Шлми влчак – навъи гиёҳи шифоӣ
Шлмк – часпак
Шлмтк – хом, бе таъм
Шмшқ – шилқин
Шндк – харобу чолок
Шола – ҳалқаи симин барои рамаи чорпо
Шолга – ҳавлии хона
Шомар – шаҳмард
Шотӣ – нардбон
Шплтк – лағжон
Шплтоқ – урён, кал
Шриғ – химча, навдаи дарахт барои задани ҳайвон
Шт – бех, бунёд
Штала – мулоим, беқувват
Штк – мулоим
Штқарӣ – шилқин, шахси номақбул
Э
Эвар – бародари шавҳар
Эвол – убол
Элаксманун – беҳудагардӣ
Эмун – имон
Эстаан — истодан
Эфтаан – афтидан
Эфтагӣ – нони дар танур афтида
Ю
Юқ – ноаҳл, унсногиранда
Я
Ява – боло, баландӣ,
Як тарӣ – каме, андак
Яктрва – ба як тараф моил, каҷ
Яла – кушода
Янда – ин ҷо
Яфре – поён, пастхамӣ
(Фароҳамоваранда Ашраф Акрам. Шарҳи ағлаби вожаҳо аз устод Басир Расо).