Кишоварзӣ ва сохтори заминдорӣ
Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар бекигарии Дарвоз, аз ҷумла миригарии Ванҷ, ҷорӣ намудани системаи заминдории давраи ҳукмронии Манғитиён бо қисман нигаҳдошти низоми анъанавии давраи шоҳӣ, ки ба талаботи сохтори феодалии асримиёнагӣ мувофиқат мекард, то андозае эҳсос шавад ҳам, барои пурра равшани андохтан ба тамоми самтҳои печидаи муносибатҳои аграрӣ имкон намедиҳад.
Масоили муносибатҳои заминдорӣ ё аграрӣ дар аморати Бухоро ба таври умумӣ ва бо баъзе ҷузъиёт ба ин ё он андоза зери назари тадқикотчиёни тоинқилобии рус[1] ва муҳаққиқони шӯравӣ[2] қарор ёфта бошад ҳам, то кунун доир ба баъзе тарафҳои муҳимми иҷтимоии суннатӣ ва хусусиятҳои мавҷудияти онҳо дар ин ё он минтақаи мамолики исломӣ ҳалли пурраи худро наёфтаанд. Тибқи талаби мавзӯи баҳс ва ҳадафҳои ба омӯзиши таърихи Ванҷ мансуб мо аз таҳлили пурраи ин масъалаи мураккаб, ки худ таҳқиқи махсус ва ҷиддиро талаб дорад, худдорӣ намуда, фақат ба шарҳи мухтасари хусусиятҳои заминдорӣ дар бекигарии Дарвозу миригарии Ванҷ маҳдуд мешавем.
Дар бекигарии Дарвоз, ки дар он миригарии Ванҷ истисно буда наметавонад, чунин шаклҳои моликияти замин, ки ба талаботи моликияти феодалӣ ва қоидаҳои шариат ҷавобгӯ буданд, арзи ҳастӣ доштанд:
1. Замини шоҳӣ ё замини мирӣ (дар бекигариҳои қисми марказӣ ва шимолу ғарбии Аморати Бухоро онҳоро бештар бо мафҳуми «замини султонӣ» ном мебурданд. Ин заминҳо дар асл замини давлатӣ ҳисоб ёфта, бевосита дар ихтиёри бек, амлокдор (дар Ванҷ мир) ва дигар амалдорони калон қарор доштанд. Маҳсулоти аз ин шакли моликияти замин рӯёндашуда қисман ба мир ё амлокдор ва бештар ба фоидаи бек мерафт. Заминҳои мириро асосан заминҳои ҳосилхезтарини амлокдориҳо ташкил медоданд. Бек ва амалдоронаш барои зиёд намудани ин шакли заминдорӣ, ки қисми асосии даромадашон аз он вобаста буд, пайваста мекӯшиданд. Онҳо бо зӯрию фиреб заминҳои ҳосилхезтари деҳқононро кашида ба замини шоҳӣ ҳамроҳ менамуданд. Дар бисёр мавридҳо ба соҳиби замин пули ночизе дода, барои «қонунӣ» намудани ин амали ғоратгаронаи худ ҳуҷҷати хариду фурӯш тартиб медоданд. Бо ин восита шумораи фуқарои камзамину безамин торафт меафзуд. Дар ин заминҳо деҳконон ба тариқи ҳашар бо ҷуфти гов, омочу юғи худ кор мекарданд, ин намуди ҳашарро «ҳашари мирӣ» мегуфтанд. Дар ин маврид ҳатто таъмини хӯрок низ аз ҳисоби худи ҳашарчиён буд.
Дар бекигарии Дарвоз ба ғайр аз заминҳои кишти шоҳӣ ё мирӣ боз чарогоҳҳои мирӣ («чарохургоҳи мирӣ») мавҷуд буданд, ки беҳтарин чарогоҳҳоро дар бар мегирифтанд. Ҳамчунин ҳосилхезтарин боғҳо ва заминҳои полизӣ бо мафҳумҳои «боғи мирӣ» ва «полези мирӣ» низ моликияти давлатӣ, шоҳӣ ё мирӣ буда, ҳатто касонеро, ки коркарди ин заминҳо ба зиммашон афтида буд «одамони мирӣ» мегуфтанд. Деҳқонони барои кор дар замини мирӣ сафарбаршуда, барои ҳосили ба- ланд гирифтан ба замин пору кашонда, дар фасли баҳор чандин маротиба аз шудгор мегузаронданд ва киштгардон мекарданд. Ҳол он ки заминҳои худро аз як ё бисёр — ду бор зиёд ҷуфт рондан наметавонистанд. Тамоми ҳосили аз ин шакли заминдорӣ гирифта, ҳатто бо коҳаш дар зери назорати сахти амалдорон батамом ба ихтиёри бек ё амлокдор мегузашт. Деҳқон ба ивази ин заҳматаш аз ҳисоби ин заминҳои мирӣ пули пучаке ба даст намеовард. Ин заҳмати ройгон як навъи маҷбурияти феодалӣ ҳисоб меёфт.
2. Замини вақф. Ин навъи моликияти замин дар Дарвоз бештар бо мафҳуми «замини мазорӣ» маъмул буд. Ин заминҳо моликияти қонунии масҷиду мадраса, ин ё он мазору қаландархонаҳо ва ғайра ҳисоб ёфта, дар давраҳои гуногун аз тарафи заминдорони калон ба тариқи тӯҳфа ё ҳадя расман бахшида шудаанд. Заминҳои вақф чун манбаи даромад ва сарват аз ҷониби эшонҳо, шайхҳои мазорҳо, мударрисони мадраса, эмомони масҷидҳои соҳибвақф истифода бурда мешуданд. Дар ин заминҳо деҳқонон бе ягон музд «барои савоб» кор карда, тамоми маҳсулотро ба амалдорони муассисаи соҳиби вақф месупориданд.
3. Мулк ё мулки меросӣ. Дигар заминҳои мулки хусусӣ ба ҳамин навъ ё шакли заминдорӣ дохил мешуданд. Дар Дарвозу Ванҷ чунин заминҳоро, вобаста ба сабабу воситаҳои ба даст овардани ин навъи замин, бо мафҳумҳои: «замини худӣ», «мулки падарӣ», «мулки бобигӣ» ё «хоки падар», «хоки бобигӣ» ном мебурданд. Ин заминҳо пурра дар дасти соҳибмулконашон (сокинони маҳаллӣ) қарор дошта, чун моли мерос аз падар ба фарзанд мегузаштанд. Соҳиби ин навъи замин ё хок пурра ихтиёр дошт, ки онро ба гарав монад, фурӯшад ё ба иҷора диҳад. Муваққатан ба ихтиёри дигар кас гузоштани замини меросиро ба «орият додан» мегуфтанд. Соҳибзамине, ки аз андозу маҷбуриятҳо озод набуд, аз рӯи қоидаи шариат бояд аз даҳ як ҳиссаи даромад (дар амал ба маротиб аз ин миқдори муайяншуда зиёд)-ро чун андоз — «ушр» мепардохт.
4. Замини омма. Заминҳои умумӣ, обшинавӣ, ин навъи заминҳоро бештар бо мафҳуми «замини хосу ом» ном мебурданд. Ба он дашту пуштаҳои ғайри қобили кишт, айлоқу чарогоҳҳо ва ғайра тааллуқ доштанд, ки аз рӯи қоидаи асрҳо ба ҳукми анъана даромада, онҳо ба қисми мирӣ (шоҳӣ) ва раъиятӣ ҷудо мешуданд.
Шиносоӣ бо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии бекигарии Дарвоз ва миригарии Ванҷи он воқеан бартарии пурра ва тақдирсози кишоварзиро дар рӯзгори мардуми ин мулк собит месозад. Ба камзаминӣ, мушкилоти ҷуғрофию иқлимӣ нигоҳ накарда, сокинони меҳнатқарини ин диёри кӯҳсор, алалхус мардуми Ванҷ, ҳамеша худро бо маводи хӯрока то андозае таъмин мекарданд.
Мардуми меҳнатқарини водии Хингоб, дарёҳои Панҷу шохобҳояш — дарёҳои нисбатан хурдтари Ванҷу Язгулом, Пшихарву Курговад, Ҷорфу Хумбов ва ғайра, вобаста ба имконияту бардошти минтақавии иқлими диёр кишту кор, ҳарчанд ба ивази заҳмати ниҳоят вазнин бошад ҳам, қариб тамоми навъҳои зироатро рӯёнда, нафақат зиндагии хонаводаи хешро, балки, инчунин, пардохти андозу маҷбуриятҳои миёншикани фодалиро низ, бо мушкилии зиёд ҳам бошад, таъмин мекарданд. «Зироаткорӣ — асоси зиндагии зодагони кӯҳистон аст, — менависад А. А. Бобринской, — вале ба ҳамаи заҳмати ӯ нигоҳ накарда, камии замин, парваришу нигаҳдошти шумораи на онқадар зиёди чорво, кишту кори навъи зироати гуногун (гандум, ҷав, боқило, лӯбиёгӣ, дар соҳили Панҷ — пахта, зағир, офтобпараст, канадона ё беданҷир ва ғайра) талаботашро қонеъ карда наметавонад. Нарасидани гандумро (алалхусус дар амлокдориҳои марказии бекигарии Дарвоз. — Ҳ.П.), аз ҳисоби харида ворид намудани он аз Кӯлобу Қаротегин ва қисман меваи хушк, алалху- сус тут ҷуброн мекунанд».
Тибқи хулосаи ӯ зироаткорӣ талаботи аҳолиро таъмин карда наметавонист, аз ин лиҳоз барои дастоварди дигар воситаҳои хӯрокворӣ водор месохт. Дар Дарвоз ба ҷуз водии Ванҷ дигар мавзеъҳо ба маводи иловагии ғизоӣ эҳтиёҷ доштанд[3].
Ин мушоҳидаи А.А.Бобринской ва боз чанде аз саёҳатчиёни рус, ки Ванҷро ягона амлокдории (миригарӣ) худро аз маводи ғизоӣ пурра таъминкунанда номидаанд, маълумоти Гулшаниро оид ба «зироат надоштани Ванҷ» ботил месозад. «Аҳолии ин қасаба (Ванҷ. — Ҳ.П.), — навиштааст Гулшанӣ, — ҳама тоҷиканд, зироат низ надоранд. Ҳар кадоми онҳо чанд адад буз доранд, бо шири онҳо иктифо (қаноат. — Ҳ.П.) менамоянд. Ва аз асҷори мусмира (дарахти самардор. — Ҳ.П.) ва меваҷот дар ин ҷо сивои ашҷори тут чизи дигар мавҷуд нест. Ва ҳар кадоми онҳо чанд дарахти маъдуд дар тарсеи чаҳобоғи соири булдон ва амсори мустамликаи худ доранд ва каси дигар(ро) аз он истифода бурдан мумкин нест. Дар мавсими тобистон меваи онро хушк карда мемонанд ва дар ҳангоми барфу сармо онро сабаби маош менамоянд ва аз он меваи хушк сади боб ҷӯъ (гуруснагӣ. — Ҳ.П.) менамоянд. Бо истилоҳи аҳолии он ҷо онро тутпус меноманд ва дар Бухорои Шариф онро тутмавиз мегӯянд. Ва ҳангоми сармову зимистони ин ҷо тӯлонӣ аст, дар аксари сана нузули барф мавҷуд аст. Ҳар сол се моҳ фурсати тобистону гармо дорад. Аҳолии ин ҷо лиҳозо дар камоли фақранд. Зару сим дар ин ҷо ҳукми анқоро дорад… Ва баъзе мардумони ба сини шайхухат расидаи онҳо си- каву мӯҳри тиллоро надидаанд ва баъзе хариду фурӯхти худҳо муоваза менамоянд. Ва ин қитъа аз шаҳру маркази ҳукумати Дарвоз даҳрӯза роҳ аст ба одами пиёда (ин масофа ҳамагӣ 100 км буда, пиёда аз ду рӯз кам- тар вақт сарф мешавад. — Ҳ.П.). Ва дар он ҷо аспу саворӣ низ нест, аз сабаби суубати роҳи он, ки дар он ҷо ба саворӣ рафтан мумкин нест. Ва ин қитъа наздик аст ба вилояти Сарикули тавобеи Тибету Хитой ва наздик ба вилояти Дашти Олой тавобеи Русия (куллан нодуруст. — Ҳ.П.) Ва ҷамъияти он ҷо тахминан панҷ ҳазор хонавор мавҷуд аст. Ватан аз буюти (хонаҳо. — Ҳ.П.) онҳо ва маскани онҳо ҳама омода аз санг аст»[4]. Зарурати овардани чунин иқтибоси тӯлонӣ ва таҳлили он, аз диди мо барои хонандаи дигар манотиқи аз ҳақиқати ҳол ноогоҳу маълумоти Гулшаниро чун маъхази эътимодбахш қабулкунанда зарур аст.
Ба касони аз ҳақиқати ҳоли дар он замон ва имрӯз огоҳ, пӯшида нест, ки аз ҳисоби майдони кишт ва ҳосилнокии замин миригарии Ванҷ аз дигар амлокдориҳои на фақат Дарвоз, балки аз тамоми минтақаи Помиру Бадахшон бартарӣ дошт. Дар қисми Ванҷи боло, ки замини чарогоҳи кофӣ дорад, сокинонаш соҳиби чорвои (гов, бузу гӯсфанд) талабота- шонро пурра таъминкунанда буданд. Беҳуда нест, ки ҳамаи муҳаққиқони рус, ки бо миригарии Ванҷ шиносоии амиқ доштанд, онро чун «манбаи зиндагии Дарвоз» («житница Дарваза») муаррифӣ намудаанд. Аз ҷумла А.К.Разгонов, ҳангоми саёҳати худ дар Бухорои Шарқӣ ва Помир ба чунин хулоса расидааст, ки «водии соҳилҳои дарёи Ванҷ хеле васеъ буда, роҳҳояш барои боркашонӣ бо ҳайвоноти боркаш хеле муносиб мебошад. Водии Ванҷ аз зисти осудаҳолонаи аҳолиаш ба кас таассуроти хуб мебахшад»[5].
Дар ин мавзеъ ба иловаи тут қариб ҳамаи анвои дигари меваи дар Бухоро маълум мерӯяд. Дуруст аст, ки тут ва талқони он — тутпист ва дигар меваҷот дар шакли хушку тар чун маводи ғизоӣ зиёд истифода мешуданд, вале ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки тутпист ягона ғизои мардум бошад. Ин маълумоти Гулшанӣ дар қатори гуфтаҳои дигараш ба он гувоҳӣ медиҳад, ки бисёре аз ахбори дар китобаш ҷойдода, маҳсули мушоҳидаи бевоситаи ӯ набуда, аз бофтаи хаёлоташ беш нест. Ӯро дар қатори «ҷуғрофияшиносони намоён» муаррифӣ намудан низ ба ҳақиқат рост намеояд.
Агар касе ба ин шубҳа дошта бошад, боз як мисоли мушаххас аз мавқеи ҷуғрофии Ванҷ, ки онро муаллифи «Таърихи ҳумоюн» муайян кардааст, меорем: «Қасабаи Ванҷ, — менависад ӯ, — ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омуя ва Ҷайҳун ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррифи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»[6]. Аз ин гуфтаҳо шарҳи нодурусти ҷуғрофӣ додани муаллифро мушоҳида кардан мушкилие надорад. Агар Гулшанӣ худ бевосита водии Ванҷро медид, медонист, ки ба истиснои Водхуду Пшихарв, ки дар соҳили рости Панҷ ва Язгулом, ки дар водии шохоби тарафи рости Панҷ — дарёи Язгуломиоб ҷойгиранд, Ванҷ дар ду соҳили яке аз шохобҳои калони тарафи рости Панҷ — Ванҷоб ҷой дораду аз қадим бо ҳамин ном маълум будааст. Чунин иштибоҳҳо дар китоби ин муаллиф хеле зиёд ба назар мерасанд.
Дар Ванҷ нисбат ба дигар минтақаҳои Дарвоз навъҳои зироати хӯшадор, монанди гандум, ҷав, арзан, қуноқ, ҷуворӣ; лӯбиёгӣ: нахӯд, лӯбиё, мош, наск, мушунг, мулк ва боқило зиёдтар рӯёнда мешуд. Аз анвои сабзавот бошад, лаблабу, сабзӣ (зардак) ва пиёз ҳам зиёд парвариш мешуд. Ҳамчунин намудҳои гуногуни зироати полезӣ, аз қабили харбуза, тарбуз, бодиринг, каду дар ин диёр хеле нағз рӯида, парвариш меёфт.
Боғдорӣ яке аз шуғлҳои табии мардуми Дарвоз, алалхусус Ванҷ ҳисоб меёфт. Дар ин диёри биҳиштосо, дар ҷое, ки камтарин хоку имконияти сабзиши дарахт бошад, дарахти мевадиҳандаю бемеваи худрӯй ё боғу роғи бо заҳмат обод намудаи мардуми меҳнатқарин ба назар мерасад. Дар ин минтақа чунин анвои дарахтони мевадор аз қабили: анор, анҷир, ангур, бодом, гелос, зардолу, каён, муруд (амруд ё амрӯт), нашпотӣ, нок, олу, олуча, олуболу, санҷид (ҷигда), себ, тут, чормағз, шафтолу нағз парвариш меёбад. Дар ин бора сухан ронда, аз ду хусусияти ба он вабаста бояд ёдовар шуд: а) ҳар навъи меваи номбаршуда дар навбати худ зернамудҳои хеле зиёде дорад. Фақат зардолу дар ду деҳаи Водхуду Язгуломи Ванҷ аз рӯи гуфти деҳконони асил зиёда аз 30 навъ мавҷуд буда- аст. Ин мисолҳоро нисбати меваҷоти дигар амлокдориҳои Дарвоз низ овардан мумкин аст; б) дарахтони мевадиҳандаи дар шароити иқлими ин ҷойҳо парваришёфта, гарчи нисбат ба водиҳо дертар ба ҳосил мерасанд, умри зиёде дида, баъзан зиёда аз як аср ва аз ин ҳам беш аз ҳосил намемонанд. Дар ин минтақа то имрӯз дарахтони туту зардолу ва чормағзу анҷире ҳастанд, ки 3-4 насли мардум аз меваашон баҳравар шудаанд.
Пурра ва бехато муайян намудани масоҳати умумии замини кишт низ хеле мушкил аст. Дар шароите, ки маълумоти оморӣ чун кисми таркибии талаботи давлатдорӣ дар системаи идоракунии аморати Бухоро қабул нашуда буд, ҳалли амиқи масъаларо ёфтан ниҳоят мураккаб аст. Агар ҳатто кӯшише дар ин самт мешуд, онро тарзи анъанавии андозситонӣ, албатта, халалдор мекард. Кӯшиши кам нишон додани замини кишт на фақат аз тарафи деҳқонон, инчунин, аз тарафи амалдорон низ ба назар мерасид. Ба марказ аз будаш кам маълумот дода, аз он қисми ба рӯйхати замини кишт нагузашта, ба нафъи худ андоз меситониданд.
Дар маълумоти омории комиссияи расмии ҳукумати Русия, ки зери роҳбарии К.К. Пален дар Туркистон гузаронида шуд, дар бораи аморати Бухоро низ баъзе рақамҳо омадааст. Мувофиқи он дар Бухорои Шарқӣ имконияти ба кишт тайёр намудани 1 250 ҳазор десятина (андозаи русии масоҳати замин. 1 десятина ба 4 таноб ё 1, 09 гектар баробар аст) будааст. Вале аз он фақат 840 ҳазор десятина кишт карда мешуду халос[7]. Ал- батта, ин мутахассис дурнамои имконияти кишоварзиро дар назар доштааст. Ӯ ишора ба он дорад, ки дар ҳолати маблағгузрии зарурӣ ва сохтану ба кор андохтани иншооти обёрӣ боз 410 ҳазор заминро ба кор андохтан мумкин аст. Вале ин имконият ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хаёли амир ва маъмурони он наздик намешуд.
Аз рӯи ҳисоби муҳандиси рус Ю.А. Пославский, ки ба соли 1917 рост меояд, бекигариҳои Қаратегину Дарвоз (албатта дар ин ҷо миригарии Ванҷ низ дар назар дошта мешавад) якҷоя 200,4 ҳазор десятина замини фаъоли кишт доштаанд. Аз ин миқдор 54,6 ҳазораш зимини обӣ ва 145 ҳазор лалмӣ буд[8]. Бояд қайд кард, ки дар Дарвоз (бо истиснои Ванҷ), аз сабаби камчинии замин камтарин имконияти заминазхудкуниро истифода мебурданд. Бо ин сабаб ҳатто хурдтарин порчаи замини аз истифода берун мондаро ёфтан ниҳоят душвор буд. «Дар ин ҷо (Дарвоз — Ҳ.П.), — менависад Б.Л. Громбчевский, — бар хилофи Вахш ва Қаротегин, хар як порчаи замин кишту ҳосилаш олиҷаноб парвариш меёбад»[9]. Дар ин ҷо ба маънии том заминдорони калон ба назар намерасиданд[10]. Оилаи иборат аз 6 нафар дар як сол то 100 пуд орд истеъмол мекард[11]. Дар Дарвоз то марзбандии соли 1895 як млн пуд ғалла истеҳсол мешуд[12], ки ин ба 16 ҳазор тонна баробар меояд. Агар онро ба аҳолии Дарвоз тақсим кунем, онгоҳ ба сари ҳар кас қариб 300 кг мерасид. Вале бо таассуф бояд қайд кард, ки аз ин миқдор камаш 70% сарфи андози давлатию маҷбуриятҳои феодалӣ мешуд.
Чӣ тавре зикр шуд, чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои муҳимми таъминкунандаи зиндагию рӯзгордории мардуми кӯҳистон ҳисоб меёфт. Шароити сахти кӯҳистон, нарасидани алафу дигар навъҳои хӯроки ҳайвонот имкон намедод, ки ин соҳаи хоҷагидорӣ чун соҳаи сердаромад равнақ ёбад. Ба ин ҳолат тангии, аниқтар набудани бозору муносибатҳои савдо сабаб мешуд. Равнақи чорводорӣ дар тамоми бекигарӣ як хел набуд. Дар амлокдориҳои Сағирдашту Тавилдара ё дар қисми Ванҷи Боло, ки нисбатан барои нигаҳдории чорво ба ҷиҳати фаровонии алаф шароит мусоидтар буд, табиист, сокинони ин минтақаҳо бештар чорво нигоҳ медоштанд. Дар ин ҷойҳо баъзе аз давлатмандон 400 ва аз ин бештар бузу гӯсфанд, 12-14 барзагови ҷуфт, 8-10 сар асп, 7-8 модагови дӯшоӣ, 2-3 маркаб ва мурғи зиёде парво мекарданд[13]. Дар дигар минтақаҳои камалаф бошад, аз ин миқдор хеле камтар чорво нигоҳ дошта метавонистанд.
Чорводорӣ нафақат мардумро бо маводи ғизо таъмин мекард, инчунин намудҳои асосии пӯшоки гарму пайафзоли кӯҳистониён (чоруқ, хумак, мӯкӣ, маҳсӣ ва ғайра) аз маҳсули он тайёр мешуд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
[1] Ниг.: Ханыков Н. В. Описание Бухарского ханства. — СПб., 1843. — С.114-119; Гре- бенкин А. Заметки о видах землевладения в Зеравшанском округе // Туркестанские ведомости. — 1973. — № 3. — 16 января; Соболев Л. Н. Географические и статистиче- скин сведения о зеравшанском округе с приложением списка населённых мест округа // Записки Русского географического общества по Отд. Статистики. — Вып. IV. — 1874. — С.314-321; Ростиславов М. Очерки видов земельной собственности и позе- мельный вопрос в Туркестанском крае. — СПб., 1879. — С.6-13; Липский В.И. Горная Бухара. — Ч. 1. — С.14-15; Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протектора- том. — Т. II. — СПб., 1911. — С.45-47 ва дигарон.
[2] Семёнов А.А. Очерк поземельно-податного и налогового устройства бывшего Бу- харского ханства // Труды Среднеазиатского госуниверситета. — Серия Ист. — Вып. 1. 8 — Ташкент, 1929; Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Кито- би дуюм. — Душанбе, 1985. — С.200 — 205; Кисляков Н.А. Очерки по истории Карате- гина. К истории Таджикистана. Изд. втор. — Сталинабад, 1954. — С.151 — 166; Рахимов М. Р. Земледелие таджиков бассейна р. Хингоу в дореволюционный период (истори- ко-этнографический очерк). — Сталинабад, 1957. — С.86 — 149; Искандаров Б.И. Вос- точная Бухара и Памир во второй половине XIX в. — Ч. 11. — Душанбе, 1963. — С.50- 58; Маджлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX — начале ХХ века. $1- Душанбе — Алма-Ата, 1967. — С.71-134; Қушматов А. Деҳқонони тоҷик дар оҳири асри XIX ва ибтидои асри ХХ. — Душанбе, 1996. — С.83-141 ва ғайра.
[3] Бобринской А.А. Орнамент горных таджиков Дарваза (Нагорная Бухара). — М., 1900. $1- С.10.
[4] Гулшани. Таърихи ҳумоюн. — С.158-159.
[5] Разгонов А.К. По Восточной Бухаре и Памиру. — Ташкент. — 1910. — С.50. 116
[6] Гулшани. Таърихи ҳумоюн. — С.157.
[7] Пален К. К. Материалы к характеристике народного хозяйства в Туркестане. — СПб., 1911. — С.367.
[8] Пославский Ю. А. Экономический очерк Таджикистана // Таджикистан. — Ташкент, $11925.— С.243.
[9] Громбчевский Б.Л. Доклад о путешествии в 1889-1890 гг. // Изв. РГО. — Т. 27. — Вып. 2 — 1891. — С.100.
[10] Арандаренко Г.А. Досуги в Туркестане 1874-1889. — СПб., 1889. — С.445.
[11] Ҳамон ҷо. Приложение (замима). — С.466.
[12] Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин. (Этнографический очерк) // Военный сбор- ник. — Т. 154. — 1883. — № 11. — С.157.
[13] Ниг.: Рахимов М. Р. Земледелие таджиков бассейна р. Хингоу. — С.22.
Салом алейкум бародархо ин муалифи мо Х.П аз руи мавзухо амин бе Дарвоз Ванча тасавур кардаги нест ягон чизе аз тарихи Ванчи боло навиштаги нест ва тасавуроти анику дакик надорад як бор барои фахмидану пура кардан як бор пурсидан даркор аст аз халк