Иқболшо Муҳаббатов соли 1949 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб-интернати махсуси шаҳри Хоруғ, соли 1970 ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, то имрӯз тамоми фаъолияги касбиашро ба ин соҳаи пурифтихор бахшидааст. Баъди хатми доиишгоҳ, дар деҳшӯрои Язғулом ва баъди мукаммал намудани донишу таҷрибаи касбӣ Орденатураи клиникии шаҳри Душанбе гузашта, аз соли 1982 боз ба зодгоҳ баргашта, идомаи фаъолият намуд.
Аз соли 1985 инҷониб Иқболшо Муҳаббатов ба ҳайси мудири шӯъбаи ҷарроҳии касалхонаи маркази ноҳияи Ванҷ адои хизмат намуда, дар ин ҷабҳа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Ба туфайли меҳнати ҳалол ва меҳрубониву самимияташ нисбати беморон дар байни гамоми ахди диёр эътибори хосса пайдо кардааст. Ӯ ҷарроҳест, ки мардум ба дониши мукаммал ва маҳорати дастони ҳаётбахшаш, эътиқоди комил доранд.
Дар ҷабҳаи варзиш низ, ин табиби ҳозиқ, дастовардҳои намоён дорад. Таи чанд солҳо аъзои дастаи яккачини Вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон буда, дар чандин маъракаҳои варзишии доир ба ин соҳа, дастболо шудааст. Дар ин ҷода ӯ аз мактаби варзишии паҳлавони намоён, устоди варзиши ИҶШС Назришо Миралишоев гузаштааст. Ҳамчунин ӯ ба варзиши сабук ва шоҳмот шуғл дошт ва то ба имрӯз ин шуглро идома медиҳад.
Дар ҳаёту фаъолияти касбӣ ва дар ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки кас бо як шиносоӣ дар ӯ эҳсос мекунад, мутолиаи мутасили адабиёти бадеӣ таъсири амиқе гузоштааст. Ӯ ба ашъори адибони форсу тоҷик дилбастагии хосса дорад. Завқи бадеӣ дар ҳама ҷабҳаи ҳаёт барояш илҳомбахш аст. Мардуми диёр дуогӯи онанд, ки табиби ҳозиқ Иқболшо боз даҳсолаҳо дар хизматашон бошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед