Исмат Абдуллоев: Бузургмарде мардумдору бошахсият
Дирӯз ба зиёрати яке аз хешовандони наздикам ва яке аз шахсиятҳои барӯманди диёр рафта будам ва аз сӯҳбатҳои пурмуҳтавояш хело ғизои маънавӣ бардоштам. Ростӣ чанд муддат буд, ки ин чунин суҳбати хуби хоси мардуми Ванҷро нашнида будам. Зеро ин солҳои ахир ҳама гирифтори кору бору худем ва кам фурсат миёбем, ки аз бузургмардони диёр биравему панду насиҳат ё ва гуфти ванҷиё “гапи хубе” бишнавем…
Ин марди Худо — Исмат Абдуллоев ва аз хуварзомардуми мо (бачайи амайи падарам) мебошанд, ки имрӯз синни мубораи 81 солагиро пушти сар карданду қадам ба 82 ниҳоданду шукри Аллоҳ то ба ҳол бар пойи худ истоданду давлати пирӣ меронанд.
Вай дар зинаҳои мухталифи идороти давлатӣ кору фаолият намудааст ва аксари ҳамкорону дӯстону ошноёнаш аз вай танҳо ба некӣ ёд меоваранд. Меҳмоннавозӣ хоси ҳама ванҷиҳост, ки ҳоҷати гуфтор нест. Тағойии Ҳоҷӣ Исмат дар баробари меҳмоннавозӣ одами китобхон буда, огоҳии хуб аз улуми даққиқ ва улуми динӣ дорад ва дар сӯҳбатҳояш инсон хастагиро эҳсос намекунад ва ҳатман як чизи наве барои худ мегирад.
Хидматҳои ӯро ҳукумати вақт бо медолу ифтихорномаву дигар ҷоизаҳо тақдир карда аст. Аммо бузургтарин тақдир ин лутфи Худовандист ки барои ӯ фарзандони солеҳу барӯманди дар хидмати ёру диёр ато фармудааст, ки имрӯз дар дохили ноҳия ва берун аз он то ба Русия номовару шӯҳраи на танҳо диёр, балки тоҷикону Тоҷикистони азизанд.
Ҳар тоҷике боре агар то ба Новосибирск рафта бошад, ҳатман аз хубиҳову меҳмоннавозиҳои фарзандони тағойии Исмат Гулназар, Хоҷа ва Бегназар қиссаҳо ва изҳори имтинон хоҳад кард. Дар ин ҳарфҳои навиштаам ҳеч муболиғаву болобардорие нест, балки қатрае аз баҳр аст ва борҳо аз бародарони тоҷики дигар манотиқ шунидааму дидаам.
Дар ин ҷо танҳо чанд ҳарфе барои ҷавонони диёр аз зиндагиномаи вай пешкаш менамоям. Зеро насли гуфти кампирҳо “давраи советӣ” аз хурд то бузург ва аз Пойи Мазор то Водхуд Исмат Абудллоевро хуб мешиносанд. Аз Худованд барояш тани сиҳат, хотири ҷамъ ва саодати ду оламро истидъо дорам!.
Исмат Абдуллоев 10 феврали соли 1938 дар деҳаи номдору зебоманзари Мдехарв, дар хонаводаи хизматчии давлатӣ чашм ба олам кушодааст. Вай соли 1956 мактаби миёнаро хатм намуда, дар ҳамон сол дар курси яксолаи мутахассисони хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Хоруғ ба таҳсил фаро гирифта мешавад ва аз соли 1957-1959 ба ҳайси муҳосиби колхоз ба кор оғоз менамояд.
Соли 1959 — 1961 таҳсили дар курсҳои омодасозии кадрҳои роҳбарикунандаи хоҷагии қишлоқ;
Соли 1961-1966 сармуҳосиби колхози “ХХ Партсъезд”, н. Ванҷ;
1966-1969 — муҳосиби Раёсати хоҷагии қишлоқ;
1969-1071- муҳосиб Интернати навтаъсиси № 1 деҳаи Ғуҷоваст;
1971-1976 – сармуҳосиби Шӯрои деҳоти Рованд;
1976-1981 — муҳосиб дар совхози “Федченко” ва ҳамзамон донишҷӯи бахши ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
1981-1987 – сармуҳосиби совхози “Федченко”;
1988-1993 — сарвари (директори) совхози “Федченко”;
1993-1995 — раиси деҳшӯрои Рованд;
1995-2008 — сармуҳосиби корхонаи Воҳиди давлатии сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон кору фаолият намуда, дар соли 2008 бознишаста мешавад (нафақа). Айни ҳол дар канори фарзандону нувасаҳову ҳабасаҳо давлати пирӣ меронад.
Исмат Абдуллоев 12 фарзанд, 7 писар ва 5 духтарро ба воя расонидааст, ки ҳамаи онҳои дорои маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногун ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд.
Исмат Абудллоев дар баробари илми ҳисоб, аз хурди алифбои арабиро омӯхта, дар назди падари хеш китобҳои диниро низ омӯхтааст ва огоҳии хуби динӣ низ дорад. Ҳамзамон аз илми тибби гиёҳшиносӣ огоҳии комил дошта, аз гиёҳҳои кӯҳистон доруворӣ барои беморон низ омода мекунад. Аъзамшоҳи Ширговадӣ. 10.02.2021.
Назари хешро иброз кунед