Имон ва амали нек

  Паёмбарони Худо, ки дуруду паёмаш нисорашон бод, бо фарохонди инсонҳо ба БОВАРӢ (ИМОН) ва КОРИ НЕК навиди растагорӣ ва комёбии ду ҷаҳонро ба мардум изҳор медоштанд. Паёмбарони ростини Худо аз иртиботи инсон бо офаридгори хеш ва шинохти ӯ сухан гуфта, ба мардумоне, ки носипос гаштаву низоми зиндагишон барҳам зада буд, ҳушдор медоданд, ки низоми ҳастӣ, чархиши коинот ва тадбиру тасарруф дар ҷаҳон ба изну иродаи Худост.
  Ҳамчунин падид омадани шабу рӯз, ҳаракати ситораву сайёраҳо, нуру партавфишонии Хушеду Моҳтоб, фароҳам омадани абрҳову боронҳо, тӯфонҳову селобҳо, барафроштани кӯҳҳову пуштаҳо, ҷунбиши дарёву баҳру уқёнусҳо, густуронидани сабзаҳову ҷангалҳо, паёпай омадани фаслҳои сол, офариниши тамоми ҳастӣ ва офариниши ИНСОН, ки худ ҷаҳоне мармузу печида аст, ба изну иродаву хостаи Офаридгори ҷаҳон аст. Паёмбарон ин ҳақиқатро ИМОН мегуфтанд ва амалӣ шудани мавзӯи БОВАРӢ ва нашри ин воқеъиятро муҳимтарин ҳадафи хеш медонистанд. Онҳо дар расонидани паёми Худо аз ҳечгуна талоше дареғ намекарданд.
  Кори некӯ, ки дар адабиёти динӣ бо ибораи «амали солеҳ» ёд мешавад, рукни дуввуми асосии фарохонди анбиёро ташкил медиҳад. Замоне, ки фарохонди паёмбарон ба ИМОН ва КОРИ НЕК ба ИНСОН мерасад ва дар ӯ таҳаққуқ меёбад, дар ҳаёти ИНСОН бузургтарин ва амиқтарин инқилоб рӯй медиҳад. Манзур аз амали солеҳ фазилат доштану тарки разолат кардан ва иҷрои фармонҳои илоҳӣ бо шумули фароизу фазоилу ҳуқуқи бандагони Худост. Ба иборати кӯтоҳ, КОРИ НЕК адо кардани ҳуқуқи ОФАРИДГОР ва ҳуқуқи МАРДУМ аст!

Ислом комилтарин дин бо охирон паёмбари Худо

  Ҷобир яке аз саҳобагон, Худо аз ӯ ва аз онҳо хушнуд бод, ривоят мекунад, ки Муҳаммад (с) фармуданд:
  «Мисоли ман ва соири паёмбарон, дуруди Худо бар онҳо бод, монанди шахсе аст, ки манзиле сохтааст ва ҷуз ҷойи гузоштани як хишт тамоми онро такмил намудааст. Мардум вориди он мешаванд ва аз зебоиву ҷаззобияташ шигифтзада мешаванд ва мегӯянд, ки ай кош ҷойи он як хишт холӣ намебуд (ва бино такмил мегардид)». Дар идома фиристодаи Худо (с) гуфт: «Ман он хишти тамомкунанда ҳастам; ман омадаму силсилаи нубувват бо омадани ман поён ёфтааст».
  Оре, дар сохтори як манзил масолеҳ ва имконоти гуногуне ба кор бурда мешавад, ки ҳар кадом дар итмому зебоии бино ва коройии он нақши басазое доранд. Паёмбари охирини Худо (с) дар такмили иморати нубувват нақши хишти асосиеро дорад, ки ба унвони охирин хишт, ташнагӣ ва орзуи ҳар бинандаеро бартараф мегардонад.

Инсон, ҳазораи саввум ва раҳнамудҳои паёмбарон

  Ҳамакнун инсоният дар ҳазораи савум ниёз ба раҳнамудҳои паёмбарон дорад ва дигар паёмбаре намеояд. Инсонҳои воқеиятгаро ва афроди ҳақиқатҷӯ, касоне, ки дар қазияи наҷоти инсоният ва наҷоти худашон андеша мекунанд, шакке нест, ки рисолати паёмбари охирони Худо ва фармонҳои арзандаи исломро дар риштаҳои мухталифи зиндагӣ, дар ҷангу сулҳ, сиёсату иқтисод, ахлоқу иҷтимоъ ва монанди инҳо танҳо роҳи наҷот ва танҳо масири раҳоӣ медонанд.
  Душманони инсоният ҳамеша талош бар он мекунанд, ки паёмбари охирони Худо ва Исломро барои тамоми мардум сиёҳу бад муаррифӣ кунанд, аммо ҳамеша тири ҷафои онҳо бар хато меравад ва таваҷҷуҳи инсоният ба охирин дини Худо бештар мегардад. Зеро инсон аз ҳама чиз хаста шуда, роҳи наҷоти хешро ҷустуҷӯ мекунад ва ИМОНу АМАЛИ СОЛЕҲро шиори худ месозад, ки муроди паёмбарони Худо низ таҳаққуқи ҳамин ду дар ҷаҳон будааст. Зоҳиршоҳи Давлат. 2009-02-24.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.