Иматбек Ниҳмонов

  Иматбек Ниҳмонов 13 августи соли 1961 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Самарқандро бо ихтисоси агроном-олим хатм намуд. Аз соли 1983 Иматбек Ниҳмонов бо роҳхати Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳайси муаллими фанҳои ихтисоси агрономӣ ба совхозтехникуми ба номи В. Куйбишеви ноҳияи Бохтар ба кор фиристода шудааст.
  Аз соли 1983 то соли 1984 дар сафи қуввахои мусаллаҳ хизмат карда, соли 1984 ба кори пешинаи худ, муаллими ихтисосхои агрономии солхозтехникуми ба номи В. Куйбишеви нохияи Бохтар баргашта, то соли 1988 дар ин вазифа кор кардааст. Солҳои 1987-1988 дар совхози Вахши нохияи Вахш ба сифати агрономи агрохимик ва энтемолог адои вазифа намуд.
Солҳои 1988-1992 сарагрономи совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ, 1992-1995 ҷонишини директори совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ, аз соли 1995 то 1996 ҷонишини сардори Управленияи кишоварзии ноҳияи Ванҷро ба ӯхда дошт. Аз соли 1996 то моҳи майи соли 1998 Иматбег Ниҳмонов ба хайси ҷонишини сардори Управленияи кишоварзии Bилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон адои вазифа намудааст.
Аз мохи майи соли 1997 инҷониб МSDSP-и Хазинаи Оғохони ноҳияи Ванҷ мебошад. Дар он комёбихое, ки аз солхои мушкили 90-ум инҷониб бо кӯмаки Хазинаи оғохон ба даст омадаанд,ташаббусу ширкати бевоситаи Иматбек Ниҳмонов эҳсос мешавад. Бо тозакорию масъулиятшиносии хеш дар байни хамдиёрон обрӯю эътибори калонро касб намудааст. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев.
Иматбек Ниҳмонов аз соли 1988 то имрӯз ба ҳайси роҳбари аршади барномаҳои инкишофи Бунёди Оғохон дар Ҷумҳурии Афғонистон адои вазифа менамояд.
Аз соли 2016 то соли 2018 унвонҷӯи Донишкадаи ботаника, физиология ва генетикаи наботи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Маҳсулнокии картошка дар шароити кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон” таҳқиқоти илмӣ дошт ва дар тарихи 19 декабри соли 2020 таҳти роҳбарии доктори улуми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев рисолаи номзадии хешро бо муваффақият ҳимоя кард.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.