Иззатманд Саломиён шоир ва рӯзноманигори тоҷик зодаи деҳаи Ускроғи ноҳияи Ванҷ буда, хатмкардаи факултети забон ва адабиёти шарқи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти меҳнатии ӯ дар нашриёти “Ирфон” ҳамчун муҳаррир оғозёфтааст. Сипас дар охирҳои солхои 80-ум ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ дар кишварҳои Либиё ва Сурия кор кардаааст.
Иззатманд Саломиён аз журналистони муваффақи телевизиои ва радио буда, давоми солҳои 1988 – 1997 дар Кумитаи телевизион ва радио ба ҳайси муаллиф ва муҳаррир силсилаи зиёди барномаҳои адабиву фарҳангиро рӯи кор овардааст, ки онҳо дар хазинаи телевизион маҳфуз мебошанд.
Ҳамчун журналист ва мутахассиси соҳаи Васоити Ахбори Омма Иззатманд Саломиён дар созмонҳои байналхалқии марбут ба Васоити Ахбори Омма фаъолият намуда, дар тарбияи журналистони ҷавони соҳаи ТВ ва радио саҳми бориз дорад. Бештар ба тарҷумаи китобҳои касбӣ оид ба рӯзноманигорӣ машғул буда, алҳол тарҷумон ва тренери озоди соҳаи рӯзноманигорист.
Дар ҷодаи шеър низ қалам мефарсояд ва чакидаҳон хомаааш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифахои адабии интернетӣ интишор гаштааст. Китоби «Қафаси санг» аввалин маҷмӯаи адиби нозукхаёл Иззатманд Саломиён мебошад, ки аз шеърҳо ва тарҷумахо иборат аст.
Дӯст
Ҳар он чӣ дӯст некӯ хонд, некӯст,
Ба наздаш монд, ё гар ронд, некӯст.
Маро ҷон медиҳад ё ҷон ситонад,
Агар он доду инро монд, некӯст.
Зи изҳори муҳаббат метавон мурд,
Сухан андар даҳан дармонд, некӯст.
Гул ар майли сухан гуфтан надорад,
Ба абрӯ қиссаро фаҳмонд, некӯст.
Агар дасти дуъо бардошт, омин,
Агар ӯ остин афшонд некӯст.
Ҳадисе бе сухан, бе хома, бе ҳарф,
Ба ғамза дар варақ ғунҷонд некӯст.
Сари ёрон фидои Дӯст, гар сар,
Ба маънии ризо ҷунбонд, некӯст.
Эҳдо ба падарон
Пеши чашми ҳама тифлон – падарон,
Сурату сиккаи Рустам доранд: –
Дӯстон шод зи сарпанҷаи ӯ,
Душманонаш ҳама мотам доранд.
Қахрамонии падар дар ҳама ҷост: –
Ғолиби маъракаи деви сиёҳ,
Халқро пушту паноҳ …
Пеши чашми ҳама тифлони ҷаҳон,
Падаронанд ба ҳиммат Ҳотам.
Падаронанд ба ҳикмат Луқмон….
Дар сухан Рӯдакию Нодирҳо,
Дар садо Борбаду Зоҳирҳо…
Падари хуб будан осон нест,
Нағзу маҳбуб будан осон нест.
Чашми хушбини падар дар писарон,
Чеҳраи Юсуфи сонӣ бинад.
Гар хате сабт шавад дар варақе,
Ҳунару санъати Монӣ бинад.
Духтарон Марями Азро ба хисол,
Чун Зулайхо ба ҷамол….
Падаронанд, ки дар қомати тифл,
Дар дами пирӣ асо мебинанд.
Падари хуб будан осон нест,
Нағзу маҳбуб будан осон нест..
Мисли як тифли дабистонии хурд,
Ҳама дам мунтазири таҳсин аст.
Холӣ аз кибру пур аз тамкин аст,
Гар писар худ падар аст медонад:
Падари хуб будан осон нест,
Нағзу маҳбуб будан осон нест. (Душанбе, 30 ноябри соли 2015).
Назари хешро иброз кунед