Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, Ибод Шайхов дар деҳшӯрои Язғуломи ноҳияи Ванҷ соли 1973 таваллуд ёфтааст.
Ин пахдавон ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ дар зери роҳбарии устоди гӯштии миллӣ Арзандавлат Гандумов аз нозукиҳои ин варзиши суннатӣ дуруст бархурдор гашта, ба ин касб дил дода буд. Ин шуғлро дар мусобиқаҳои ҷумҳурию байналмиллалӣ ба дараҷаи устодии комил сайқал додааст.
Дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар Минск, соли 1992, дар Омск, ки дар он ба гирифтани медали нуқра ноил гаштааст ва дар мусобиқаи минтақаи Осиё дар Сингапур (1999) доир ба гӯштии тарзи самбо дар вазни 100 кг ҷои дуюмро гирифтааст.
Дар ташаккули маҳорати варзишии Ибодпаҳлавон устодони шинохтаи варзиши ҷумҳурӣ Сайраҳмон Сайфиддинов ва Маҳмуд Абдуллоев саҳм гузоштаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқаю маъракаҳои гӯштии ҷумҳурӣ ва минтақавӣ дар солҳои охир баргузоргардида ширкат варзида, қариб дар ҳамаашон дастболо шудааст.
Ин паҳлавони ҷавону хеле таҷрибадор ҳоло дар айни камолоти касбист. Мухлисони сершумораш аз ӯ дар ин ҷода бурдбориҳо ва муваффақиятҳои навро интизоранд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед