Зоири Давлат (Давлатов Зоир Қалошович) 16/06/1977 дар рустои Шрговади Ванҷ таваллуд ёфтааст. Дар мактабҳои Шрговад ва Ғҷоваст таҳсилоти миёнаи худро анҷом додааст. Бо пайравӣ аз падари донишманд ва модари фозила, ки беш аз 40 сол муаллима ва китобдори мактаби деҳа буд, ба Зоҳири ҷавон муяссар шуд, ки дар овони хурдсолӣ мутолеоти илмии зиёдро фаро бигирад.
Зоир аз нахустин ҷавонони худшиноси замони истиқлол мебошад, ки ҳангоми мактабхонӣ ба хондану навиштани хатти форсӣ тасаллути комил пайдо намуда, хондану навиштани хатти шикастаро низ ба зудӣ фаро гирифт. Соли 1994 дар озмуни забонҳои форсӣ ва англисӣ, ки байни хатмкунандагони мактабҳои ноҳия барои роҳхат ба Донишгоҳи байналмилалии Теҳрон баргузор гардид, ғолиб омад, аммо ба иллати шароити номусоиди замон имкон пайдо накард, ки таҳсилро дар Эрон идома бидиҳад.
Соли 1995 ба факултети Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000 бахши забон ва адабиёти арабии онро бо дипломи аъло хатм намуд. Соли 2002 аспирантураи Пажӯҳишгоҳи арабшиносии Лигаи кишварҳои арабро бо ихтисоси арабистика ба анҷом расондааст.
Зоҳири Давлат нахустин журналисти тоҷик мебошад, ки аз соли 2001 то 2004 аз минтақаи Ховари Миёна барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гузориш медод. Бояд гуфт, ки ин пайванди ӯ бо журналистика аз ҳамон давра шурӯъ гардида, пас аз мусофирату муҳоҷират, аз соли 2007 ба ин тараф дар ҳафтаномаҳои “Нигоҳ” ва “Миллат” матолиби таҳлилӣ дар бораи қазияҳои минтақа ва ҷаҳон, ба хусус Осиёи Миёна ва ҷаҳони ислом менависад.
Аз моҳи декабри 2009 то марти 2010 сардабирии ҳафтаномаи “Миллат”-ро бар дӯш дошт. Аз соли 2005 то 2007 дар кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб дар ширкатҳои гуногун ба ҳайси тарҷумон ва мудирияти бозорёбӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2007 то соли 2010 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба шогирдони факултетҳои забонҳои Шарқ ва филологияи тоҷик аз забони арабӣ ва хусусиятҳои рӯзноманигории арабӣ дарс гуфтааст. Феълан дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа менамояд.
Беш аз 200 мақолаи публисистӣ дар матбуоти даврӣ, дастурҳои таълимӣ ва китоби “Қуръон ва кашфиёти илмӣ” ба қалами Зоири Давлат мансуб мебошад. Ҳамзамон барои дифоъи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Таъсири равандҳои глобалӣ ба муносибатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ” омодагӣ дошта, ҳамкориҳояшро бо доираҳои академии кишвар идома медиҳад. Зоири Давлат ба забонҳои арабӣ ва англисӣ тасаллути комил дошта, аз беҳтарин тарҷумонҳои насли нав шинохта шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Назари хешро иброз кунед