Дар бораи варзиш чун анъанаи таърихию мардумии диёри Ванҷ маълумот дода, аз як ҷузъиёт сарфи назар кардан, то андозае беэътинои зоҳир намудан нисбати ин шуғл мебуд, зеро дар ин мавзеъ варзиш натанҳо барои мардон, инчунин барои занон низ шуғли ифтихорист. Мисолҳои зиёде аз корнамоии занони диёр дар ҷабҳаи варзиш овардан мумкин аст.
Яке аз заноне, ки имрӯз мардум бо некӣ ёдаш мекунанд Қирғиз Ташрифова мебошад. Ӯ сол 1871 таваллуд шуда, соли 1979 аз дунё гузаштааст. Модари 4 фарзанд (се писару як духтар), ки ҳар кадоме дар обод кардани диёр хизмати лоиқи таҳсин кардаанд. Яке аз писаронаш Саид Миров, ки дар боло тавсифаш рафт, писари дигараш Шоҳмалах Мастулов, ки бо хушсуханию фарохдастиаш, кордонию бонангиаш (ӯ яке аз масъулини хоҷагии ноҳия буда, солҳои дароз роҳбарияти хоҷагии ҷангалро ба ӯҳда дошт) дар байни ҳамдиёрон обрӯю эътибори хоса пайдо карда буд.
Қирғизхола дар ҷавонӣ яке аз варзишгарони моҳири ноҳия ҳисоб меёфт. Ӯ дар гӯштӣ мардони мани-ман мегуфтагиро аз пой меафтонд. Дар бузкашӣ на ҳар мард ҷуръат мекард, ки бузро аз панҷаи пурқувваташ раҳо намояд. Ҳамчунин ҳофизу мутриби хубе буда, дар маъракаю базмҳо ҳунарнамоӣ мекард.
Бибимо Юсупова дар баробари мардон ва аз онҳо зиёд ҷуфт меронд. Ӯ испори вазнинро бо осонӣ мебардошт ё ҳангоми заминро буриданаш бо пой чунон зер мекард, ки ҷуфти гови кордида баъзан базӯр ӯро пеш мебурд. Халтаи тухмии 70кг вазндоштаро дар ҳолати дер мондани ҷуфтгарон худаш ба тахтапушт партофта, ба сари замин меовард.
Яке аз говҷӯшзанони пешқадами ноҳия, ки дар боло зикри номаш рафт Назрбибӣ Искандарова (модари паҳлавони номӣ Ҳукуматшо Ғайратов), дар иҷрои корҳои вазнини колхоз аз бисёри мардон пешсаф буд. Борҳо раиси азхудрафтаи колхозро (солҳои ҷилум) ки худ хеле боқуввату бадҷаҳл буда, баъзан бо қамчин ба сари колхозчиён ҳуҷум мекард, бардошта ба замин зада, лату кӯб кардааст. Шоҳидон чун ҷабрдида аризаи шикояти навиштани раисро, борҳо дидаанд. Вале намояндагони дастгоҳи тафтишотӣ, ки аз ҳақиқат огоҳ буданд, Назрбибӣ-апаро ҳақ мебароварданд.
Ҳамчунин дар бораи ҷуръати мардонаи Саидбибӣ Лайлиева, сардори Шӯъбаи маданияти комиҷроияи ноҳия, ки аз хизматҳояш ёдовар шудаем, ҳамдиёрони насли калон хуб хабар доранд. Саидбибӣ дар ҳамаи мусобиқаҳои варзишӣ, алалхусус гӯштӣ мушоҳиди фаъол буд. Агар мабодо паҳлавоне аз ҳарифони даъватшудаи паҳлавони ванҷӣ дастболо мешуд, ӯ ба худ ҷой наёфта, ба тезӣ паҳлавони дигареро ба майдон мекашид. Агар ин паҳлавон ё дигаре андак дудилагӣ зоҳир мекард, худаш ба майдон даромада, дасту остин барзада, гилаомез мегуфт: «Агар дар Ванҷ паҳлавони ҳамин марди дар майдон бударо меафтондагӣ набошад, худам меафтонам». Аз ин, нанги паҳлавонони ванҷӣ чунон боло мегирифт, ки якбора чандин талошманд ба майдон баромада, хоҳиши бо ғолиб қувваозмоӣ мекарданд. Онгоҳ Саидбибӣ-апа якеро интихоб мекарду гӯштӣ идома мегирифт ва табиист, ки бо ғалабаи соҳиби майдон хотима меёфт.
Аз шуҷоату нерӯи мардонаи дар ниҳоду бозуи занони Ванҷӣ буда, метавон мисоли зиёде овард. Вале дар ҳама ҳолат меҳрубонию ҳалимӣ, навозиши модарона, самимияту ифтихори баланд нисбати диёру фарзандонаш, кушодарӯию фарохдастии онҳо нисбати меҳмон равшану возеҳ ба назар мерасад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед