Духтаре, ки ҳадафи падарро такмил кард

  Мо аз дастоварду муваффақиятҳои бародарону додаронн ҳамеша меболем, вале агар хоҳаре аз мо ба муваффақият бирасад, ин мояи ангезаву ифтихору дучандон аст. Хусусан, агар роҳи талошу худсозии хоҳарон бобарнома ва боҳадаф бошад.
  Симин Неъматова, хоҳараки азизи мо, фарзанди бародари гаронмояву соҳиэҳтироми мо Муҳаммадрозиқ Неъматзод аст, ки Донишгоҳи Алқосимияи Шорҷаи кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабро ба мадраки олӣ (дипломи сурх) ба поён расонид.
  Падари Симин ҳам, ки яке аз парчамдорони ҳаракати милливу озодихоҳии тоҷикон дар поёни аҳди шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлол миёни насли ҷавон буд, шомили факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда буд. Аммо ба далели оғози ҷанги шаҳрвандии нангин таҳсилро иҷборан тарк кард ва ҳамин тур орзуи рӯзноманигор шуданаш нотакмилшуда боқӣ монд.
  Аммо, тавре мардуми Ванҷ мегӯянд «дар вехи сфедор ҳатман сфедор мерӯя» дар хонаводааш духтари боиффату донишманде парварид, ки орзуи нимараҳмондаи падарро такмил кард ва он ҳам як такмил кардани содаву одие не. Донишгоҳро бо нумароти «Very Good» (дипломи сурх) пас аз таҷрибаомӯзӣ дар бонуфузтарин расонаҳои кишвари Иморот ба поён расонид.
  Барои ҳар падаре ин мояи саодат ва хушбахтист, ки духтараш дар зиндагӣ роҳрави пайроҳаи донишу донишварист ва нимае аз ҳадафу ифтихороти падарро иҷроӣ мекунад.
  Барои хоҳараки азизам Симинбону, барои хонаводаи муҳтарамаш – падару модари бузургвораш, ки дар худсозӣ ва ташаккули шахсияти ӯ саҳми бориз гузоштаанд, орзуи муваффақияти бештар мекунам ва аз Худо талабгорам, ки саъодат ҳамеша ёраш бошад!. Орзӯ мекунам, ки ҳамаи хоҳаронамон мисли Симинбону ифтихорофарини хонаводаву диёру миллату меҳан бошанд!. Иршод Сулаймонӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.