Деваштич Убайдӣ намояндаи насли ҷавонпаҳлавонони диёр буда, бо намоиши ҳунару маҳорати воло дар ин ҷода дар ҷумҳурӣ номвар гаштааст. Волидайни ӯ аз деҳаи Баравни Жовуд ба пойтахт кӯчида ва Деваштич дар соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Баъдан, волидайнаш дар шаҳри Хуҷанд зистаанд ва Деваштич баробари ба мактаби №7-и ин шаҳр рафтан аз синни ҳафтсолагӣ ба машқу тамрини самбо шурӯъ карда, дар ин пеша зуд маҳорат зоҳир намудааст. Ҳанӯз дар замони дар синфи ҳаштум хонданаш соҳиби Ҷоми Ланглиф дар байни калонсолон гаштааст. Баъдан, Қаҳрамони ҷумҳурӣ дар миёни наврасон гашта, дар мусобиқоти самбои Осиё соҳиби ҷои сеюм гардидааст.
Баъди идомаи таҳсил дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дар соли 2010 таҳти сарпарастии мураббӣ Давлатхӯҷа Раҳимов дар Мусобиқоти ҷаҳонӣ дар миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон сазовори ҷои сеюм гаштааст. Аз соли 2012 то соли 2015 чаҳор сол паи ҳам ғолиби қаҳрамониҳои ҷумҳуриявӣ буда, дар соли 2015 ғолиби мусобиқоти Осиё дар Ҷумҳурии Қазоқистон шуд.
Мутааасифона, ба сабаби осеби зону то соли 2018 машқу қувваозмоиҳояш ба таъхир афтод ва пас аз шифо ёфтан ба варзиш баргашта, дар мусобиқоти варзишӣ ширкат намуд.
Имсол, дар таърихи 17.03.2020 дар Мусобиқоти самбои кишвар Деваштич Убайдӣ дар вазни 74кг Қаҳрамони ҷумҳурӣ гардид. Бояд қайд кард, ки Деваштич 11 маротиба дар ҳама намудҳои гӯштингирӣ қаҳрамони ҷумҳурӣ гаштааст ва чунин натиҷаро аз паҳлавонони диёр танҳо Муҳаммадшариф Сулаймонов касб кардааст. Имрӯз, бегумон Деваштич яке аз беҳтарин ҷавонпаҳлавонони кишвар аст, ки мухлисону ҳамватанон аз ӯ умед доранд ва мо барои касби дастовардҳои баланди варзишӣ ба Деваштич комёбӣ таманно дорем!. Апрел. 2020.
Зи расми куҳан ёд кун
Ба варзиш зи расми кӯҳан ёд кун,
Зи мардиву мардонагӣ ёд кун.
Деваштич Убайдӣ яке аз паҳлавонони номдори диёр аст, ки бисёр моҳирона ва озодона гӯштин мегирад. Сабку усул ва фандҳои гӯштин дар иҷрои Деваштич ҳангоми қувваозмоиҳояш бисёр чолокона ва ҷаззобу диданиянд. Кувваозмоиҳои Деваштичпаҳлавон дар майдонҳои гӯштини кишвар бешубҳа гӯштини суннатиеро, ки паҳлавонони номдори диёр дар вақташ мегирифтанд, ба ёд меоваранд.
Деваштичпаҳлавон имсол дар мусобикаҳои ҷашнии наврӯзие дар гӯшаҳои гуногуни кишвар, хусусан дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардида буданд, бисёр бо маҳорати баланду бо истифодаи усулҳои ҷолибу диданӣ қувваозмоӣ карда, як гӯштини зебо барои тамошобинон нишон дода буд.
Деваштич Убайдӣ имсол ҳам дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вазни 74 кг ба унвони Устоди варзиш дар риштаи самбо ва мақоми аввал шарафманд гашта буд. Паҳлавони хушноми диёр ин моҳ (декабри соли 2020) дар мусобиқаи Ҷоми Харлампиев дар давлати Русия ширкат варзида, соҳиби ҷои сеюм ва медали биринчӣ гашт.
Бузургон гуфтаанд, ки “Чун реша дар об аст, умеди самаре аст”. Деваштич ҳам дар сабқати самбо берун аз кишвар бори якум ширкат варзида буд ва феълан паҳлавони таҷрибадор ва нерӯманди диёр аст, боварии комил дорем, ки дар оянда, иншоаллоҳ, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо низ ноил мегардад. Барои ин паҳлавони хушноми диёр фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо аз самими қалб тамано дорем. Азиз Қадамов. 22.12.2020.
Назари хешро иброз кунед