Дастам Маҳкамов дар қатори олимони варзидаи муосири ҷумҳурӣ ҷой дошта, дар рушду пешрафти улуми таълиму тарбия хидматҳои шоистаи таърифу таҳсин намудааст.
Маҳкамов Дастам дар таърихи 15 октябри соли 1949 дар деҳаи Ғӯмасти ноҳия Ванҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1965 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм дохил шуда, онро дар соли 1969 бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ хатм намудааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба ноҳияи Колхозобод фиристода шуда, ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи №66 таъйин шудааст.
Дар соли 1970 ӯро ба хизмати аскарӣ даъват кардаанд ва вай онро дар соли 1972 дар шаҳри Гвардейски вилояти Калинингради Русия ба анҷом расонидааст. Баъди хизмати ватан дар соли 1973, дар муддати кӯтоҳе дар мактаби №8–и Ноҳияи Ванҷ муаллимӣ карда, дар ҳамин сол ба Факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (дар он замонҳо ба номи Шевченко) дохил шуда, онро дар соли 1977 бо муваффақият хатм кардаанд.
Баъди хатми донишгоҳ аз соли 1977 то соли 1983 муаллими фанҳои ҷамъиятии Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №19–и ноҳияи Колхозобод таъйин гардидааст. Дар солҳои 1983 – 1986 вазифаи муовини мудир оид ба корҳои таълимӣ-тарбиявиро дар Омӯзишгоҳи касбӣ–техникии №25 дар қасабаи Гаровутии ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон бударо адо намуда, дар солҳои 1986 – 1987 мудири мактаби шабонаи ҷавонони коргар будаанд.
Дар соли 1987 ба вазифаи мудири мактаби ҳаштсолаи №20–и ноҳияи Ҷиликӯл таъйин гардида, то соли 1994 дар он ҷо кор намудаанд. Дар солҳои 1994 – 1995 муаллими таърих дар мактаби миёнаи №82–шаҳри Душанбе ва солҳои 1995 – 1996 муаллими фанҳои ҷамъиятӣ дар Коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе шуда, аз соли 1996 то соли 2007 муовини директори Коллеҷи полтехникии шаҳри Душанбе шуда, фаъолият намудаанд. Аз соли 2007 инҷониб ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад.
Дастам Маҳкамов аз моҳи октябри соли 2007 дар ин муассиса ба пажӯҳиш оғоз карда, то соли 2009 дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Ҳоло дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар вазифаи мудирии Шӯъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар давраи фаъолияти меҳнатӣ аз соли 2007 бештар аз сад мақола, як китоби дарсӣ, ду китоби инклюзивӣ, се китоби бадеӣ- ахлоқӣ ва панҷ дастури методи навиштааст.
Дастам Маҳкамов дисертатсияи номзадии хешро дар мавзӯи: «Асосҳои педагогии демократикунонии ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои миёнаи касбӣ» дар соли 2012 бомуваффақият ҳимоя намудаанд. Ӯ номзади улуми педагогӣ ҳастанд. Ашраф Акрам.
Номгӯи мақола, китоб ва дастурҳои методии олим аз инҳо иборатанд:
(шумора, номгӯи мақола, китоб ва дастурҳои методӣ, шакли таҳия, сол ва моҳи нашр, теъдоди саҳифа)
1. Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Умари Хайём, Дастур, 2007,16с.
2. Омӯзиши ақидаҳои фалсафии Сино, Дастур, 2007, 31,с.
3. Таъминоти методии корҳои тарбиявӣ дар мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Дастур, 2007, 36.с.
4. Мавқеи фанни таърихи халқи тоҷик дар тарбияи ахлоқии донишҷӯён «Маърифати омӯзгор» №8/2008, 37-40.
5. Ростравро пайравӣ кун… Омӯзгор №32,8.08.2008
6. Камбизоатӣ ва таъсири он «Маърифати омӯзгор» №4/2008,с.51-54.
7. Тайёрии касбии омӯзгори оянда — тоқазои ислоҳоти маориф «Маърифати омӯзгор» 11-12/2008, с.11-15.
8. Тарбияи зебопарастии донишҷӯёни мактабҳои миёнаи касбӣ «Мактаб ва ҷомеа» 2(17),2008,с.24-27.
9. Абӯ Ҳанифа- рамзи тарбия ва пайравӣ Омӯзгор №15,10.04.2009.
10. Мавқеъ ва вазифаи роҳбари гурӯҳ дар тарбияи донишҷӯён «Имрӯз ва фардои маориф» ПРМ,2009,с.79-83.
11. Ҷавҳари маънӣ бо ӯст дар бораи Нодир Одилов Омӯзгор №46,6.11.2009.
12. Роҳбарӣ ба мактаби муосир «Маърифати омӯзгор» 7-8/2009,с.43-48.
13. Таҷрибаи пешқадамро омӯхтан мебояд «Маорифи Тоҷикистон» №2,2009,с.55-61.
14. Дарси вакантӣ- беҳтарин омили интихоби касб «Маорифи Тоҷикистон» №2,2010,с.71-74.
15. Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст Омӯзгор №5,29.01.2010.
16. Салоҳияти иттилоотии муаллими оянда «Маорифи Тоҷикистон» №1,2010,с.43-47.
17. Роль родителей в воспитании детей «Масъалаҳои маориф» №6(13),2010,с.41-46.
18. Макони касбу ҳунар Омӯзгор №35,13.08.2010.
19. Зиндагӣ довари якрӯст Омӯзгор №36,20.08.2010.
20. Дастоварди тиллоии истиқлолият Омӯзгор №39,09.09.2010.
21. Ташаккули фарҳанги техникӣ дар замони истиқлолият «Масъалаҳои маориф» №4(11),2010.с.7-12.
22. Тифлию домони модар Дастури мет. 2010, 100 саҳ.
23. Педагогические основы демократизации взаимодействия в процессе обучения вСУЗ-ах РТ. «Паёми педагогика» №3,2010.
24. Истиқлол ва рушди фарҳанги техникӣ «Маорифи Тоҷикистон» №4,2010,с.12-16.
25. Моҳияти таҷрибаи пешқадами педагогӣ «Маорифи Тоҷикистон» №6,2010,с.40-45.
26. Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст Омӯзгор №16,22.04.2011.
27. Истиқлолият сарфарозии ҳар миллат аст Омӯзгор №17-18, 29.04.2011.
28. Истиқлолият ва тарбия Омӯзгор №22,27.05 2011.
29. Худбаҳодиҳии сифатҳои равонӣ ва ҷисмонии муаллими оянда «Масъалаҳои маориф» №5,2011,с.66-70.
30. Ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги техникӣ Омӯзгор №28,25.06.2010.
31. Омӯзиши эҷодкорона ба мақсад мерасонад Омӯзгор №39,19.08 2011.
32. Истиқлол ва тайёрии касбии омӯзгори оянда «Маорифи Тоҷикистон» №4,2011,с.48-53.
33. Модули мактаби касбии миллии тоҷик «Масъалаҳои маориф» №3,2011,с.18-22.
34. Ҳуҷҷати тақдирсози миллат Сарқонун Омӯзгор №45,4.11.2011.
35. Инновационный педагогический подход к анализу исследования нравственно-потриотического вос.. «Паёми педагогика» №2(6),2011,с.40-45.
36. Педагогияеские основы демократизации взаимодействие обучение на основе инноватсионных подходов в СУЗ-ах РТ. Паёми ДМТ №4(68), 2011,с.374-276.
37. Демократикунонии Сино ва педагогикаи миллӣ Паёми ДМТ №5,(69),2011, с.327-332.
38. Ислоҳоти мактабҳои олӣ ва тадбирҳои демократикунонии он. Паёми ДМТ №7 2011,с.430-434.
39.
40. Нақши роҳбари гурӯҳ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ «Маорифи Тоҷикистон» №6,2011,с.33-37.
41. Тафсири Конститутсия ба хонандагон «Масъалаҳои маориф» №5,2011,с.20-25.
42. Хирмане аз киштзори парешон. Дастури тарбиявӣ Душанбе 2012, 115 С.
43. Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи тоҷикон «Маорифи Тоҷикистон» №3,2012, с.4-9.
44. Демократикунонӣ: монеа ва ҳадафҳо «Маърифати омӯзгор» №2-3,2012,с43-47.
45. Ҳуснорои инсон Омӯзгор №20,18.05.2012.
46. Он гаҳ дипломҳои мо қадр пайдо мекунанд. «Маърифати омӯзгор» №5,2012,с.9-14
47. Омилҳои педагогии инкишофи шахсият «Масъалаҳои маориф» №3,2012,с.42-46.
48. Ташкили корҳои тарбиявӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Дастури методӣ Д,2012,86 саҳ.
49. Роҳои тайёр кардани муаллимони оянда дар партави ислоҳоти маориф Дастури методӣ Д, 2012, 88 саҳ.
50. Асосҳои фалсафа Китоби дарси Д,2013,368 саҳ.
51. Низоми кредитии таҳсилот ва талаботи он Омӯзгор №44,2.11.2012,с.8.
52. Ташаккули сифатҳои худбаҳодиҳӣ «Масъалаҳои маориф» №5,2012,с.74- 80.
53. Иҷлосияи 16 дар истиқрори сулҳи тоҷикон «Маорифи Тоҷикистон» №8,2012,с.8-16.
54. Камбизоатӣ ва тадбирҳои пешгирии он-омили асосии камолоти ахлоқии мактабиён Маводи илмию амалии конфронси ҷумҳуриявӣ,Д-2012, с.71-76.
55. Мактаб барои кӯдакони нуқсони нутқ дошта Китоби таълимӣ 100- саҳифа
56. Аврупои Ғарбӣ: таҳаввулот дар муносибат ба кӯдакони дорои нуқи ҷисмонӣ Китоби таълимӣ 150- саҳифа
57. Ташкили дарсҳои тарбиявӣ дар асоси талаботҳои ҷаҳонишавӣ Китоби тарбиявӣ 150- саҳифа
58. Дасти сахои падар «Маорифи Тоҷикистон» № , 2012,С.39-41
59. Проблемаҳои фалсафӣ- педагогии демократикунонии ҳамкории субъектҳо Маҷалаи «Илм ва инноватсия» № 1,2013,с. 180-184
60. Мураккабии мавҷи сеюми демократикунонӣ «Маърифати омӯзгор» №5-6,2013,с. 80-85.
61. Чароғафрӯзи маориф ва маърифат Омӯзгор № 23,13.09.2013
62. Хаёлоти ширин ва даргузари ҷавонӣ Омӯзгор № 40, 2013.
63. Истиқлолият неъмати бебаҳост «Маърифати омӯзгор» №9-10, 2013,с.26-30
64. Омӯзгор ҳидоятгари ояндаи дурахшон Омӯзгор № 45, 8.11. 2013
65. Фалсафаи тарбияи ахлоқӣ- ватандӯстии донишҷӯён Дар «Илм ва инноватсия» № 2, 2013, с.138-140 ва дар конф. Байнал.
66. Анъанаҳои оилавии мардуми тоҷик дар тарбияи маънавӣ ахлоқии мактаббачагон «Паёми Душанбе» №107, 25.12.2013
67. Намунаи гузариш аз низоми маъмурӣ- фармонфармоӣ ба низоми демократӣ «Маорифи Тоҷикистон» №3, 2014, саҳ. 61-66
68. Дастагуле аз чамани андеша(Дастури методӣ- ахлоқӣ) Китоби тарбиявӣ- 2014, «Сифат», 230 саҳифа
69. Назарияи ахлоқӣ- тарбиявии А. Ҷомӣ Илму инноватсия №3,(9), 2014, 93-98
70. Тарбияи экологӣ Масъалаҳои маориф № 2,214, саҳ 74-78.
71. Ташаккули қобилияти дарккунии донишҷӯён дар асоси талаботҳои инноватсионӣ Маорифи Тоҷикистон № 1, 2014, саҳ. 43-47.
72. Низоми кредитии таҳсилот№6,6.02.2015 омӯзгор №6,6.02.2015
73. Баромад дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳуҷҷати сарнавиштсоз» Конститутсия роҳнамои ҳуқуқ ба таҳсил Душанбе 2014,с. 21-26.
74. Рамзи сарбаландию нишотмандӣ Омӯзгор № 12-13, 20.03 2015
75. Асосҳои назариявии таълим ва тарбия дар раванди ҷаҳонишавӣ Илм ва инноватсия №4,2014, (10 ),39-42.
76. Демкратикунонӣ яке аз мафҳумҳои муосир дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Илм ва инноватсия № 1-2, 2014,(7-8), саҳ 10-15.
77. Инноватсия, демократикунонӣ, низоми кредитӣ дар таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Дастури методӣ «Сифат» 2015, 179 саҳ.
78. Дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои касбӣ (Ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ) Дастури методӣ 120 с
79. Ифтихори миллат «Омӯзгор» №30,25.06.2014,
80. Иҷлосияи бунёдгузори миллат «Омӯзгор» № 45, 09.2014.
81. Дар маҷалаи АТТ ду мақолаам зери унвони «Ваҳдати вуҷуд дар таълимоти ирфонӣ- фалсафии А.Ҷомӣ» ва «Назарияи тарбиявӣ-ахлоқии А.Ҷоми» «Масъалаҳои таълим ва тарбия аз дидгоҳи Ҷомӣ» Саҳ. 13-16 ва саҳифаи 39-44, 2014
82. Дар китоби ВМ «Конститутсия роҳнамои ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил» 20-солагӣ «Конференсияи чумҳуриявӣ » Душанбе-2014, саҳ.21-26
83. «Таҷрибаи педагогӣ- омили асосии комёбӣ» Омӯзгор, №2, аз 09.01.2015
84. Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба гузариш ба фазои ҷаҳонии таҳсилот Ба Вазорати маориф ва илми ҶТ 32с
85. Наврӯз сарсабзию нишотмандӣ Омӯзгор №12-13, 20.03.2015
86. Низомномаи муассисаҳои ибтидоии касбӣ оид ба гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот Ба Вазорати маориф ва илм супоридам 28с.
87. Демократикунонии таълим ва тарбия ҳамчун зуҳуроти педагогӣ Масъалаҳои маориф № 3, 2015, с.52-54.
88. Хусусиятҳои миллӣ дар равади татбиқи низоми кредитӣ дар муассисаҳои миёнаи касбӣ «Илм ва инноватсия», №1-2, 2015, (12), с30 -34.
89. Маълумотномаи раванди татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Дар мушовараи Вазорати маор. ва илм 03.07.2015
90. Мактаби муосир дар тарбияи некию накукорӣ «Субхи умед» № 2015
с.2-4
91. Демократикунонии таълим ва тарбия ҳамчун зуҳуроти педагогӣ «Масъалаҳои маориф» № 3 с.52-54
92. Роҳнамои татбиқи низоми кредитии таҳсилот (Дастури методӣ ) «Сифат»2015 110 с. дастнавис
93. Аввал пойбаст, баъд девор (Бахшида ба соли оила) «Омӯзгор» №50, 11.12.2015
94. Конститутсия- ҳуҷҷати сарнавиштсоз Маърифати омӯзгор № 11-12.2015
95. Философический подход к нравственно-патриотическому воспитанию, Илм ва инноватсия № 4, 2015, (14), с.66-69.
Ду китоби муаллиф дар ин торнамо нашр гардидаанд:
Тифлию домони модар
Хирмане аз киштзори парешон
Назари хешро иброз кунед