Давлат Абдуллозода соли 1903 ҳамроҳи бародараш Файзулло писарони амакаш Умар ва Насриддин барои таҳсил ба шаҳри Бухоро мера- ванд. Муддате дар Бухоро мардикорӣ ҳам кар- дааст. Соли 1905 дар мадрасаҳои Наиб ва Шоҳисмоили Сомонӣ сабақ омӯхта, баъд дар мадрасаи Кӯкалтош таҳсили илм намудааст. Беш аз 16 сол дар Бухоро таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъди ғалабаи Инқилоби Бухоро ба Самарқанд омада, бо ариза ва хоҳиши худаш ба са- фи артиши инқилобӣ дохил мешавад. Соли 1922 ҳамчун роҳбалад ҳамроҳи аскарони сурх аввал ба Ғарм ва баъд ба зодгоҳаш Ванҷ меояд. Баъди барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар корҳои роҳбарикунандаи давлатӣ, хоҷагӣ ва савдо кор кардааст. Аз соли 1938 то охири умраш ба кори деҳқонӣ шуғл варзидааст. Забонҳои арабӣ, русӣ ва туркиро хуб медонист. Шеърҳояш дар рӯзномаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ чоп мешуданд.
Аз мухаммаси нотамом
То ниқоб аз чеҳраи гулранг боло кардаӣ,
Ҳамчу булбул ошиқонро масту шайдо кардаӣ,
Ҷилвагоҳи хешро бар чашми бино кардаӣ,
Аз паи ҳар ҷилва чандин ишва барпо кардаӣ,
Шӯҳрате дар арсаи офоқ пайдо кардаӣ.
Ванҷиям
Ванҷиям, андар дили кӯҳе ватан бошад маро,
Кӯҳсоронаш ба сад ранги чаман бошад маро.
Гар ҳамепурсӣ зи аҳволам, ки чунӣ ин замон,
Беҳ аз ин набвад зи хубӣ — ин сухан бошад маро.
Мекунам меҳнат, агар чанде ки синнам рафтааст,
Рӯ нагардонам аз он то ҷон ба тан бошад маро.
Дар замони пеш гар будам бараҳна солҳо,
Ин замон кимхову махмал пираҳан бошад маро.
То бурун оранд лаълу нуқраро аз мағзи кӯҳ,
Паҳлавонони далери кӯҳкан бошад маро.
Рубоӣ
Гар дил зи ту барканам, дилам сӯхта бод,
Оташ ба даруни сина афрӯхта бод.
Ҳар кас, ки туро зи ман ҷудо мехоҳад,
Ҳамчун дили ман хонаи ӯ сӯхта бод.
(Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшо).
Назари хешро иброз кунед