Давлат Абдулзода соли 1913 дар деҳаи Жамаги ҷамоати Язғуломи Ванҷ ба дунё омадааст. Солҳои 1927-1929 дар интернати давлатии Хоруғ таҳсил намуда, соли 1931 дар техникуми мардонаи омӯзгории шаҳри Душанбе хондааст. Дар маъракаи торумор кардани дастаи босмачиёни Иброҳимбек иштирок дошт. Яке аз фаъолони мубориза ба муқобили бесаводӣ (маҳви бесаводӣ) дар Қалъаихумб, узви комсомол аз солҳои 1927-1942, иштирокчии фаъоли ҳаракати колхозӣ. 1 августи соли 1932 то 1 августи соли 1936 дар вазифаҳои омӯзгор, директор дар мактабҳои ноҳияи Қалъаихумб кор кардааст.
Соли 1937 ба ноҳияи Ванҷ омада, дар мактаб-интернати бачагона ба ҳайси омӯзгор ва директор ифои вазифа кардааст. Баъди хатми мактаби ҳуқуқшиносӣ аз 8 июли соли 1937 Д.Абдулзода ба кори прокуратура гузашта, аввал дар вазифаи муфаттиши халқӣ, прокурори ноҳияи Ишкошим кор мекунад. Солҳои 1941-1944 прокурори ноҳияи Бартанг, 1944-1945 прокурор муфаттиши додситони ВМКБ, 1945-1952 ҷонишини додситони НМКБ назорат аз болои органҳои милитсия, солҳои 1952-1954 ҷонишини аввали додситони вилоят. Соли 1954 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти минбаъдаи Д.Абдулзода ин тариқ ҷараён гирифт: 20 октябри соли 1954 корманди прокуратураи ноҳияи Куйбишев, аз 23 декабри соли 1954 муфаттиши ноҳияи Ҳисор ва аз 23 июни соли 1955 прокурори ноҳияи Куйбишев. Солҳои 1963-1973 додситони шаҳри Норак, 23 феврали соли 1975 ба вазифаи инструктори комиҷроияи шаҳри Норак таъин шуда, то охири умр (1977) дар ин вазифа машғули фаъолият будааст. Меҳнати бисёрсола ва намунавии “Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо чандин медалу ифтихорномаҳои мақомоти давлатии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед