Гулаҳмад Сафаров соли 1953 дар деҳаи Ғуҷовасти деҳшӯрои Рованд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ шуғли варзиш дошт. Аввалин маротиба дар мусобиқаи расмии ноҳиявӣ соли 1968 баромад карда, дастболо гардид. Худи ҳамин сол дар ВМКБ ба ҷои аввал соҳиб шуда, дар ҳайати дастаи варзишии вилоят дар мусобиқаи расмии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар байни мактаббачагону наврасон ҷои якумро гирифта, чемпиони ҷумҳурӣ эълон шуд.
Соли 1970 Гулаҳмад дар мусобиқаи ҷумҳуриявии расмии болиғон иштирок намуда, дастболо гардид. Дар давраи гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати қувваҳои ҳарбии ИҶШС дар Олмони демократӣ, соли 1972 дар мусобиқаи байни қисмҳои қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ варзишгари якум, аз рӯи гӯштии тарзи озод эълон шуд. Дар тамоми давраи хизмат дар мусобиқаҳои байналхалқию умумииттифоқӣ дар ҷои аввал буд.
Баъди адои хизмат дар мусобиқаҳои расмии ҷумҳурӣ дар Регар — соли 1974, Душанбе — 1975, Хоруғ — 1975, чемпионати ҷумҳуриявӣ дар Душанбе — соли 1980, чемпионати умумииттифоқӣ, вилоятию, чумҳуриявӣ — 1983, 1984, 1985, 1988 Гулаҳмад Сафаров дар ҷойҳои аввал ё дар яке аз ҷойҳои аввал будааст. Дар тамоми ин давра чемпиони мутлақи вилоятӣ эълон шудааст.
Гулаҳмадпаҳлавон дар ҳаёт ҷавонмарди ҳалим, самимӣ ва сӯҳбатороест, ки то имрӯз, аз фаъолияти варзишӣ дур нест. Шогирдони зиёде тарбия кардааст. Падари 9 фарзанд, аз ҷумла 5 нафарашон маълумоти олӣ гирифта, дар хизмати халқанд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Паҳлавони мардумписанд
Қаҳрамонон бо корнамоиҳояшон хотира мегузоранд ва мардум аз рӯзгору корномаашон ёду қисса мекунанд ва гурдоне, ки зодгоҳи моро чун диёри паҳлавонон маъруф гардониданд, хотирае аз худ ба ёдгор гузоштаанд.
Замоне дар шаҳри Хоруғ донишҷӯ будем ва чун насли калонсол аз мансубияти маҳаллиямон огаҳ мешуданд, васфи паҳлавонию майдондориҳои Имматпаҳлавон, Шошопаҳлавон ва Гулаҳмадпаҳлавонро мекарданд ва бар дуи аввалӣ, ки дар қайди ҳаёт набуданд, дуо гуфта, аз ҳоли Гулаҳмадпаҳлавон пурсон мешуданд.
Ба нақли мардум дар он даврон маъракаҳои гӯштингирӣ чун ҷашнҳои пурҳангомаву сербинанда мегузаштанд ва марду зан аз дуру наздик савори мошинҳои боркаш шуда, ба ҷашнгоҳ меомаданд.
Гулаҳмадпаҳлавони ҷавон, ки муҳассили омӯзишгоҳи касбии маркази вилоят буд, бо намоиши маҳорати волои варзишӣ зуд шӯҳратвар шуд. Бо зуҳури истеъдоди фавқулода муҳаббати мардумро ба даст оварда буд ва мухлисонаш аам аз зану марду хурду бузург барои ҳаловат бурдан аз ҳунарнамоияш аз ҳар фосила хешро ба тамошогаҳ мерасониданд.
Ҳарифонро пайи ҳамдигар бо усулҳои зебо, дар муддати кӯтоҳ мағлуб месохт ва ҳаёҳӯи шодиёнаи мухлисон бар само бармехост. Муҳаббати мардум ба паҳлавон ба ҳадде буд, ки агар дар нисбаташ худиён ҳам ноҳаққие карда ва ё паҳлавони хешро тарафгирӣ мекарданд, мардум садои эътироз баланд карда, аз Гулаҳмадпаҳлавон тарафдорию пуштибонӣ менамуданд.
Гулаҳмадпаҳлавон аз замони наврасӣ шуғли варзишӣ дошта, ҳанӯз дар замони мактабхонӣ қаҳрамони ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ шуд. Дар тӯли фаъолияти варзишӣ дар мусобиқоти расмӣ дар ноҳияву вилоят қаҳрамони мутлақ ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ағлабан қаҳрамон, дар қувваозмоиҳои байналхалқӣ соҳиби ҷову медол будааст.
Дар замони хидмати ҳарбӣ дар кишвари Олмон дар мусобиқаҳо дар байни паҳлавонони қувваҳои мусаллаҳ дар риштаи гӯштини тарзи озод ва дигар мусобиқоти байнартишӣ дар ҷои аввал қарор доштааст. Пас аз он дар мусобиқаҳои расмии ҷумҳуриявӣ мақоми аввал ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, дар ҷашну маъракаҳои гӯштингирӣ, ки дар замони шӯравӣ тамошогаҳи бузурги оммавӣ буданд, ғолиби сабқатҳо мешуд.
Гулаҳмадпаҳлавон на танҳо дар ноҳия ва вилоят, дар ҷумҳурӣ маъруф буд. Мардум хабари паҳлавонии ӯро дар дигар манотиқ доштанд ва аз ширкаташ дар мусобиқа изҳори хушнудӣ мекарданд. Дар ҳар дафъаи ба майдон баромадан то даҳ ва беш аз он ҳарифро дар муддати андак бо усулҳои зебо ба пушт меафтонд. Тамошобинон ба ваҷд омада, шефтаи ҳунари волояш мегардиданд ва паҳлавонон аз қувва озмудан бо ӯ канораҷӯӣ мекарданд. Баъзан ба майдон мебаромад ва паҳлавоне ҷуръати дар муқобили вай истоданро намекард ва ӯро то қувваозмоиҳои ниҳоӣ пинҳон медоштанд, то паҳлавонон тарки майдон накарда, бо вай гӯштин гиранд.
Гулмаҳмадпаҳлавон дар зодгоҳ зиста, шуғли ронандагӣ дошт, дар деҳа на толори варзишӣ буду на шароити тамрини доимӣ кардан, ки барои варзишкор барои нигаҳдошти андом ва маҳорати варзишӣ муҳим аст. Бо вуҷуди ин дар мусобиқот ва қаҳрамониҳои расмию ғайрирасмӣ ширкат варзида, варзишкоронеро, ки дар шаҳрҳо, дар толорҳои варзишӣ таҳти назорати мураббиёни касбӣ мудом тамрин мекарданд, мағлуб мекард.
Гулмаҳмад Сафаров 11 июли соли 1953 дар деҳаи Ғуҷоваст ба дунё омада, пас аз хатми мактаби деҳа дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Хидмати аскариро дар сафи артиши шӯравӣ дар кишвари Олмон ба ҷо оварда, баъд аз он дар совхози ба номи Федченко ба ҳайси ронанда ва баъдан муҳандис кор кардааст.
Гулаҳмад Сафаров фаъолияти варзиширо аз овони мактабхонӣ оғоз кардааст. Усулу нозукиҳои пешаро дар мактаби варзишии вилоят таҳти сарпарастии мурраббии моҳир Карим Халилов ва муаллимони варзиш Шамшер Қурбонбеков, Назармамад Мералишоев омӯхта, дар даврони хидмати аскарӣ таҳти муроқибати ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон Алимбек Бистаев ва Александр Медведев сайқал додааст.
Пас аз ғолибият дар мусобиқоти расмии ноҳиявию вилоятӣ дар синни понздаҳсолагӣ дар шаҳри Конибодом қаҳрамони ҷумҳурӣ дар миёни хонандагону наврасон гардидааст. Паҳлавони маъруф дар соҳаи варзиш чунин муваффақиятҳо доштааст;
— мусобиқаи ноҳиявӣ дар миёни калонсолон, дар риштаи гӯштини миллӣ, дар соли 1969 – ҷои аввал;
— мусобиқаи вилоятӣ дар соли 1969, дар риштаи гӯштини миллӣ, дар шаҳри Хоруғ – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни хонандагон ва наврасон, дар соли 1969, дар шаҳри Конибодом – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни калонсолон дар соли 1969 – ҷои дуввум;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, дар соли 1970, дар шаҳри Хоруғ – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар миён захираҳои меҳнатӣ, дар байни омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ, дар риштаи гӯштини тарзи озод, дар соли 1970 – ҷои аввал;
— мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Пайшанбе Саидаҳмадов, дар соли 1971 – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, дар риштаи гӯштини миллӣ, дар соли 1971, дар шаҳри Қурғонтеппа – ҷои аввал;
— мусобиқаи вилоятӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз, дар риштаи гӯштини миллӣ, дар соли 1971, дар шаҳри Хоруғ – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар миён захираҳои меҳнатӣ, дар байни омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ, дар риштаи гӯштини тарзи озод, дар соли 1971 – ҷои аввал;
— мусобиқаи вилоятӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз, дар риштаи гӯштини миллӣ, дар соли 1971, дар шаҳри Хоруғ – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар миён захираҳои меҳнатӣ, дар байни омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ, дар риштаи гӯштини тарзи озод, дар соли 1972 – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, дар таърихи 21 апрели соли 1972, дар шаҳри Ҳисор – ҷои аввал;
— мусобиқаи Иттиҳод дар артиш, дар риштаи самбо, дар моҳи ноябри соли 1972 – ҷои аввал;
— мусобиқа дар байни қисмҳои ҳарбии артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Олмон, дар риштаи варзиши озод – ҷои аввал ва унвони беҳтарин варзишгари қувваҳои мусаллаҳ дар соли 1972;
— мусобиқа дар байни қисмҳои ҳарбии артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Олмон, дар риштаи варзиши озод – ҷои аввал, унвони беҳтарин варзишгари қувваҳои мусаллаҳ дар соли 1973;
— мусобиқа дар миёни танкистони қисмҳои ҳарбӣ, дар риштаи дзюдо, дар соли 1973 – ҷои аввал;
— мусобиқа ба муносибати “Полиси мардумӣ, дар Потсдами Олмон, дар риштаи дзюдо, дар соли 1973 – ҷои аввал;
— мусобиқаи Бозиҳои варзишии деҳотӣ, дар таърихи 24 – 26 майи соли 1974 – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи самбо, дар соли 1974, дар шаҳри Регар – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 50-солагии ВМБК дар риштаи самбо, дар соли 1975, дар – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 30-солагии ғалаба, дар 13 апрели соли 1975, дар риштаи гӯштини миллӣ, дар шаҳри Хоруғ – ҷои аввал;
— мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи Шӯрои депутатҳои халқи ВМБК, дар соли 1978, дар риштаи гӯштини миллӣ – ҷои аввал;
— мусобиқаи вилоятӣ дар риштаи гӯштини миллӣ, дар соли 1978 – ҷои аввал;
— мусобиқаи умумииттифоқӣ дар риштаи самбо, дар таърихи 12 — 15 сентябри соли 1979, дар шаҳри Душанбе – ҷои севвум;
— мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Пайшанбе Саидаҳмадов, дар соли 1979, дар риштаи гӯштини миллӣ – ҷои аввал;
— мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 50-солагии ВМБК, дар соли 1980 дар шаҳри Хоруғ – ҷои аввал;
— дар ҳама мусобиқаҳои ҷумҳуриявии “Ҳосилот”, ки ҳамасола мегузаштанд, чанд сол ширкат варзида, дар ҷойи аввали ин мусобиқаҳо қарор доштааст;
— мусобиқаи ҷаҳонӣ дар миёни устодон, дар таърихи 17 – 20 ноябри соли 2004, дар риштаи самбо, дар шаҳри Турсунзода – ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон.
Паҳлавон ба сабаби иттифоқотӣ ҳаётӣ, мусибатҳои хонаводагӣ варзишро тарк карда, ҳатто ба дунболи унвонҳо нагаштааст. Гулаҳмад Сафаров Номзад ба устодии варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Гулаҳмадпаҳлавон аз соли 2014 ҳамчун роҳбари мактабии варзишии зодгоҳ ба тарбияи варзишии насли наврас машғул аст. Сарфи назар аз мушкилу камбудиҳо ва шароити нобоби деҳи кӯҳистони дурдаст паҳлавон мекӯшад, саҳме дар рушду ташвиқи варзиш, хусусан навъи суннатии он – гӯштингирӣ дошта бошад ва шогирдони ӯ дар мусобиқоти ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба зодгоҳ бо дастовардҳо бармегарданд. 25.02.2021.
Гулахмад пахлавон дар хакикат яке аз беназиртарин, танумандтарин ва хоксортарин тахамтанхои имруз ва фардои диери пахлавонхези Ванчи пурганч буд ва хохад монд.
Фаркунандатарин хислатхои Гулахмадпахлавон ин хоксор ва инсони замини будани уст.
Ман факат чанде аз лахзахои гуштингирии Гулахмадпахлавонро, ки шохидашон будам ба Шумо накл мекунам.
Киссаи аввал.
Дар яке аз чашнворахои наврузи дар маркази нохияи Ванч Сардори инспексияи давлатии автомобилии нохияи Ванч (ГАИ) Окои Дарвеш пахлавон ба майдон баромада Гулахмадпахлавонро ба ракобат дават намуд. Гулахмад пахлавон азбаски бисер инсони хоксор ва инчунин худ ронанда буданд чанд бор пеши Дарвеш пахлавон рафтанд ва хохиш намуданд, ки Шумо хам мехмон астед ва инчунин яке аз рохбарони сохторхои кудратии нохия хастед ва ман бо Шумо гуштин намегирам. Лекин Дарвешпахлавон ба суханхои Гулпхмад пахлавон гуш надода уро бор бор ба майдон дават менамуд. Дар нихоят Гулахмад пахлавонро мачбур карданд, ки ба майдон барояд. Набардхои ин ду тахамтан огоз гардид ва дар талоши севум Гулахмад пахлавон Дарвешпахлавонро бо усулу пушт кардан дар замин ба тахта пушт хобонид. Дар ин хангом хурсандии хурду бузурги чамомада хаду канон надошт.
2. Дар яке аз чунин маракахои дигар дар маркази нохияи Ванч Диловар пахлавон дар майдон баромада Гулахмад пахлавонро ба набарди тахамтани дават намуд. Хамон шаб мо хамрохи Гулахмадпахлавон дар як дар мехмони будем ва Гулахмад пахлавон дарди шикамравиш дошт. Гулахмад пахлавон ду маротиба пеши доварон ва худи Диловарпахлон рафта узр кард, ки ман маризам ва гуштин гирифтан наметавонам, лекин аз чониби ракиб чавоби радро гирифт. Дар нихоят рохбарияти нохия низ Гулахмад пахлавонро мачбур карданд, ки ба майдон барояд ва гуштин бигирад. Дар нихоят гуштини ин ду пахлвонони номдори диер огоз гардид.
Бади ду се талош Гулахмад пахлавон, Диловарпахлавонро ба тахтапушт андохта маглуб намуд.
3. Боз хам дар яке аз маракахои идона дар маркази нохияи Ванч Худойдод пахлавони Пшихарви, Гулахмад пахлавонро ба майдон дават намуд. Гулахмад пахлавон ду маротиба пеши Худойдод пахлавон рафт ва илтимос кард, ки Шумо Устоди ман астед ва ман бо Шумо гуштин намегирам. Лекин рохбарони нохия Гулахмад пахлавонро мачбур намуданд, ки бо Худойдод пахлавон гуштин гирад. Дар нихоят ин ду тахамтан ба мубориза шуру намуданд. Дар талоши дувум Гулахмад пахлавон Худойдод пахлавонро пушт намуд ва метавонист, ки ба тахтапушт хобонад, лекин эхтироми устоди ва ватандори уро водор карданд,ки дар айеми калонсоли усодашро шармгин насозад. Ин аст химати мардонаги ва тахамтани.
Акаи Гулахмад!.
Ба Шумо сихату саломатии комил ва умри дарозу бобаракатро тамано дорам!.
Гулаҳмадпаҳлавон аз зумраи паҳлавони номвари Ванҷзамин ва Тоҷикистон аст, ки бархе аз ҷавонон бо ному шуҳрати онон бузург шуданд. Ҳар куҷо чун сухан аз паҳлавонӣ равад, нахуст номи Гулаҳмадпаҳлавон ба хотир меояд. Барои паҳлавон тани сиҳат ва умри дароз мехоҳем!
Борхо шохиди майдондории акаи Гулахмад бидаем,баъзе харифоша ам дар 10-15-сек мезо,нисбати харифош хамеша хрмату хизата риоя мекар,Пахлавони майдонзеб ва халиму хоксор ам би.Парвардигори яктову бехамто нигохдорш бошад.
Дар торихи солхои70 карни20 Пахлавони раками1 Ванчзамин