Деҳаи Гармчашма
Гармчашма аз деҳоти Ванҷи Боло, шомили Ҷамоати деҳоти Рованд буда, дар канори чапи Ванҷоб воқеъ аст. Ба сабаби доштани чашмаи гарми шифобахш чунин ном гирифтааст.
Чашмаи шифобахши деҳаи Гармчашма
Чашмаи шифобахши диёри ганҷбори мо як неъмати бебаҳои худодод аст, ки хусусиёти муолиҷаи дардҳоро дорад. Оби шифобахши чашмаи мазкур барои бемориҳои склероз (суддабандии бофтаҳои узвҳо), ниқрис (подагра), невралгия (асабдард, авҷи сахти дард дар ҷойҳое, ки тори асаб бо мушак ё бофтае пайваст мешавад), остеопороз, бемориҳои вобаста ба узвҳои нафаскашӣ (хусусан бемории диққи нафас), барои рафъи захмҳои пӯсти бадани одам (мисли захм баъди ҷарроҳӣ ва шикастану лат хӯрдани устухонҳо), баланд бардоштани имунитети одам, кори мӯътадили майнаи сари одам дар ҳолати асабоният ва бемориҳои рӯҳи кумак мекардааст.
Лои зертаркиби чашма (сиячал) дорои минерал ва элементҳои кимиёвӣ мисли охан, кобалт, хром, титан, никел, калий, натрий, алюминий, мис силитсий, нитроген, магний, фосфор буда, токсини (модаи заҳрдор, ки аз микроорганизмҳо пайдо шуда, сабаби бемориҳо мешавад) баданро дур андохта, заррачаҳои хурди лой ба пӯсти бадан ворид шуда, онро беҷурм ва гардиши хунро дар рагҳои капиллярии (рагҳои мӯякӣ) бадан мӯътадил мекунад.
Пӯсти бадани одамро аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ муолиҷа мекунад. Лои зери чашма дажғоли (шлак) баданро бароварда, барои бемории буғумдард муфид будааст, пӯсти руй ва бадани одамро беожангу тару тоза нигоҳ медорад. Оббозӣ ва истифода аз чашма ройгон хаст ва ҳар кас метавонад аз ин неъмати бебаҳои диёр фоида барад. Таҳияи Азиз Қадамов. Акс аз Зинатшо Кишваров.
Назари хешро иброз кунед