Ванҷ дар асрҳои миёна

  Бояд гуфт, ки ба сабаби аз роҳи асосӣ, ки қад-қади дарёи Панҷ мегузашт, то андозае дар канор мондани водии Ванҷ ба каме аз сайёҳон муяссар мешуд, ки сафари ин водӣ дошта бошанд. Аз тарафи дигар, вақти ба ин ҷо сафар доштани кормандону сайёҳони рус, Ванҷ алакай ба сифати амлокдории мирнишин дар ҳайати бекигарии Дарвоз қарор дошт. Ин тарзи нигаҳдошти маъмурии Ванҷ ҳанӯз аз солҳои 40-уми асри XIX, замони ихтиёран бо ҳам пайвастани шоҳигариҳои Ванҷу Дарвоз ибтидо гирифта буд (доир ба чи тавр сурат гирифтани пайвандшавӣ, дар ҷои зарурӣ маълумот оварда мешавад). Алҳол фақат мавриди ёдоварист, ки маҳз ҳамин омезиши ихтиёрӣ ва аз байн рафтани шоҳигарии Ванҷ, низ ба он сабаб шуд, ки сайёҳон таърихи мулки Ванҷро ҳама вақт дар ҳамбастагии таърихӣ бо Дарвоз медиданд.
  Шоҳони Дарвоз ва ҳокимони Ванҷ ҳанӯз қабл аз ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна, вобаста ба мавҷудияти парокандагии сиёсии замон, истиқлоли ҳокимияти худро таъмин намуда буданд. Дар арафаи оғози футуҳоти араб ин парокандагии сиёсӣ, ки дар солҳои охири ҳукмронии Ҳайтолиён ё Хуннҳои сафед (асрхои ^-‘УГ) ва Хоқонати турк (солхои 551-744) барои он заминаи мувофиқ пайдо шуда буд, хеле фаъол гардид.
  Роҳиби буддоии чинӣ Сюан-Цзан, ки соли 644 баъди зиёрати маъбадҳои буддоии Ҳиндустон ба воситаи Тахористону Бадахшону Вахон ба ватан баргаштааст, дар қатори Бодочуанна (Бадахшон) аз мулкҳои мустақили Шитсин (Шуғнон), ва Дамоситеди (Вахон) ёдовар шуда, қайд кардааст, ки ба шарқ ҳаракат карда ба водии Бомило (Помир) расидааст[1]. Дигаре аз роҳибони Чин Хой Чао соли 726 ба Осиёи Миёна сафар дошта, маълумот медиҳад, ки баъди Тахористонро забт кардани арабҳо, подшоҳашон дар Бадахшон панаҳ бурдааст[2].
  Ба маъхазҳои мӯътамад такя карда, Б.Ғ. Ғафуров аз мавқеи парокандагии феодалӣ дар Мовароуннаҳри миёнаи асри VII ёдовар шудааст. Аз ҷумла, ӯ ба мавҷудияти мулкҳои зиёди мустақилу ниммустақили минтақа аз қабили Рашт, Дарвоз (Каррон) ишора намуда, қайд кардааст, ки дар ҳудуди кунунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Вахон, Шуғнон ва Рӯшон буданд ва онҳо бо Бадахшон алоқаи зич доштанд[3]. Дар мулкҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Бадахшон коркарди маъданҳои тилло, нуқра, лаъл ва лоҷувард ба роҳ монда шуда буд[4]. Олим хулосае пеш овардааст, ки аввали асри VIII подшоҳи Хатлон ба ҳамон миқдоре, ки ҳокимони Шумон, Қубодиён, Шуғнон, Вахон лашкар доштанд, яъне 50 ҳазор лашкар сафарбар карда метавонист[5].
  Чи тавре мебинем, Б. Ғафуров вазъи сиёсии Мовароуннаҳри арафаи ҳуҷуми арабҳоро таҳлил намуда, аз мавҷудияти мулкҳои мустақили зиё- де дарак медиҳад ва дар ин зимн Дарвозро бо пойтахташ Каррон низ ном мебарад[6]. Тахмин кардан мумкин аст, ки деҳаи имрӯзаи Кеврон но- ми ҳамон пойтахти қадимиро нигоҳ доштааст. Дар наздикии харобаҳои пойтахти бостонии Дарвоз — «Қалъаи кӯҳна» қарор доштани деҳаи ном- бурда, худ далелест, ки ба ин фарзия тобиши воқеъӣ мебахшад.
  Албатта, он чӣ аз Қалъаи кӯҳна то кунун боқӣ мондааст, барои хуло- саи дақиқ баровардан имкон намедиҳад. Гарчи бостоншинос Ю. Яъқубов мавқеи ҷуғрофии қалъаи шоҳони Карронро (Муаллиф ба шакли Қарон овардааст) аз рӯи харобаҳои мавҷуда муайян намуда тахмин мекунад, ки «ин ҷо як баландии аз сангу хок иборат вуҷуд дорад ва шояд дар гузаштаи дур, яъне пеш аз ислом дар ин ҷо бурҷи оташи муқаддас, маъбади зардуштиён будааст»[7]. Баъдтар ҳангоми оғози ковишҳояш дар ин мавзеъ, ӯ таърихи мавҷудияти қалъа ва шаҳри Каронро чун маркази давлати дар ҳазосолаи сеюми пеш аз мелод арзи вуҷуддошта, муайян намудааст. Гарчи ин хулоса асоси илмӣ надошта бошад ҳам (он замон дар ин минтақа давлатҳо шакл нагирифта буданд), то андозае ба тахмини дар гузаштаи дур мавҷуд будани давлатдорӣ дар ин минтақаи кӯҳистон, тақвият мебахшад. Аз ин нуқтаи назар, хулосаи дар он замон дар кадом шакле, ки набошад, хоҳ мустақил ва хоҳ тобеъ, мавҷуд будани мулки ободи Ванҷ боз қавитар мегардад.
  Маълумотҳои аввалини хаттӣ доир ба мавҷудияти чунин мулкҳои мустақил дар минтақа чи тавре ишора рафт, ба асрҳои ^П-^УШ мелодӣ баробар меоянд. Аз ин ҷо тахмин меравад, ки гарчанде дар бораи Каррон ё Ванҷ (бо кадом номе, ки набошад), маълумоте наомадааст, эҳтимолияти қавии мавҷуд будани чунин мулкҳои мустақил вуҷуд дорад. Ба ин маълумоти дар маъхазҳои баъдина мавҷудбуда, далолат мекунад.
  Дар ин ҷо зикри чунин нукта низ бамаврид аст, ки сайёҳ ва ҷуғрофиёдони эронинажоди арабизабон Ибни Хурдодбеҳ (820-912/913) аз ҳаҷми хироҷи яке аз намояндагони хонадони Тоҳириён Абдуллоҳ иб- ни Тоҳир (828-844) барои солҳои 211-212 (826-827) дар аморати хеш (ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон) ёдовар шуда, дар қатори дигар навоҳию вилоёт ҳаҷми хироҷи барои Каррон таъйиншударо «чаҳор ҳазор дирҳам», барои Шикинон (Шуғнон) — «чиҳил ҳазор дирҳам ва ба- рои Вахон — бист ҳазор дирҳам» нишон додааст[8]. Вале аз чи бошад, ки дигар мулкҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Ванҷ аз мадди назари ӯ берун монда- анд. Тахмине пеш меояд, ки Ибни Хурдодбеҳ дар ду маврид метавонист аз мулкҳои ҳамҷавор сарфи назар намояд: а) дар ҳолати тобеъияти онҳо ба ин мулкҳои ишораёфта; б) аз сабаби берун аз хатти сафари ӯ мондани ин минтақаи кӯҳӣ, ва асос ёфтани маълумоташ аз тариқи пурсуҷӯи шифоҳӣ. Табиист, ки дар чунин ҳолат маълумот амиқу мукаммал буда наметавонад.
  Ба ақидаи ховаршиноси бузург В. В. Бартолд ҳудуди давлати Каррон қаламрави шоҳигариҳои баъдинаи Рӯшону Дарвозро дар бар мегирифт. Агар ин тавр бошад, пас мулки Ванҷ низ аз ин ҳамбастагӣ дар канор бу- да наметавонист. Гарчи маъхази мутаммаде то кунун пайдо нашудааст, аз хулосаи мантиқии вазъи замон бармеояд, ки Каррон дар аҳди Сомо- ниён мустақилияти фарогири ҳудуди давлатиро соҳиб бошад ҳам, узви қаламрави он салтанати бузурги тоҷикон ба шумор мерафтааст.
  Баъди суқути Давлати Сомониён то кадом андоза зери тобеъияти Ғазнавиён мондани мулкҳои Дарвозу Ванҷ маълум набошад ҳам, тахмин меравад, ки расман аз ҳудуди чунин давлати пурвусъат берун буда на- метавонистанд. Ҳамзамон, мавқеи канорагии ҷуғрофии онҳо имкон на- медод, ки тасаллути мутлақ дошта бошанд. Гарчи вазъи айёми ин ду мулкро дар давраи баъди суқути Сомониён ба сабаби то ҳол дастрас набудани далелҳои манобеи мӯътамад равшан кардан имкон надорад ва танҳо дар ҳадди ихтилофоти ҳудудии байни Ғазнавиёну Ғуриён қарор гирифтанашон ҳақиқати бебаҳс буда метавонад. Дар замони Ғуриён (1149-1215), алалхусус дар давраи салтанати намояндаи хеле машҳури ин сулола султон Ғиёсуддин (1163-1203) Дарвоз ба қаламрави давлати онҳо шомил буд. Дар «Табақоти Носири»-и (тақрибан солҳои 1259-1260 таълифшуда) муаррихи асри XIII Сироҷуддини Ҷузҷонӣ, маъруф ба Қози Минҳоҷи Сироҷ, чунин омадааст: «Ва чун малик Фахруддин бад- он тахт биншаст, атрофу билод ва мамолики ҷиболи Шуғнону Тахори- стон, то ба Дарвозу Булӯр ва атрофи Туркистон то ҳадди Вахшу Бадах- шон ҳама дар забт омад. Ва Малик Фахруддинро фарзандон шоиста даррасиданд»[9]. Ин ҳам далолат бар он аст, ки Ванҷ аз ин доира берун буда наметавонист.
  Аниқ муайян кардани давраи пайдоиши таркиби «Дарвоз» чун исми хос ва номи ин диёр, масъалаи бисёр мушкил ва сарбаста мебошад. Асли пайдоиши худи калимаро муайян намудан, дар назари аввал гӯё мушкилие надорад. Вай аз ду реша ва як ибораи тоҷикӣ: «дар» ва «воз», ки маънии дари боз ё дари кушода дошта, дар ҳамбастагӣ бо вожаи «дарвоза» — меоянд, таркиб ёфтааст. Вале кай чун ҷойгузини номи «Каррон» ба сифати майянкунандаи номи ин диёри бостонӣ қабул шуданаш, дақиқсанҷиро тақозо мекунад. Ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё бо чунин ном ин мулки кӯҳистон ҳанӯз то ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна маълумият доштааст. Барои хонандаи ба таърихи диёр таваҷҷуҳдошта аз ҳама муҳим он аст, ки ибораи «дарвоз» бидуни шубҳа тоҷикист ва беасос ба сифати номи диёр қабул нашудааст.
  Аз рӯи ақидаи асосноки В. В. Бартолд, ин мулк бо номи «Дарвоз» дар давраи Темур ва темуриён бо номи кишваре маъруф буд[10].
  Дар масъалаи ба доираи тасарруфи ҳокимияти муғулҳо даромадани тобеоти Дарвоз ва Ванҷ далели амиқи маъхазие дар даст надорем. Аксари муаллифон дар чунин ақидаанд, ки лашкари Чингизхон ё дастае аз он аз қаламрави ин мулкҳо нагузаштааст. Вале ин қазия маънои онро надорад, ки диёр аз тобеъияти истилогарони муғул пурра эмин мондааст. Дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз дар масофаи 2 км нишонаҳои коркар- ди тилло боқӣ мондаанд, ки тибқи ривоятҳои аз авлод ба авлод гузашта, дар онҳо гӯё навкарони Чингизхон тилло истеҳсол мекарданд ва халқи маҳалӣ низ маҷбуран ба ин кор сафарбар мешудааст. Ин худ далелест аз эҳтимолияти қабулу эътирофи ҳокимияти муғулҳо, гарчи он тобеъият амалан расмияти зоҳирӣ дошт.
  Чӣ тавре, ки дар боло қайд шуд, агар аз баъзе лаҳзаҳои тобеъияти муваққатии Дарвоз сарфи назар намоем, ин мулк то давраи ба аморати Бухоро ҳамроҳ шуданаш (1878) ҳамеша мустақилияти худро нигоҳ ме- дошт. Ҳаминро ба назар гирифта, Б.Н.Литвинов навиштааст: «Агар ба таърихи на он қадар мураккаби Дарвоз назар намоем, он гоҳ бо тааҷҷуб мебинем, ки ин шоҳигарии аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ хеле хурд, фақат ба наздикӣ (давраи ба Бухоро ҳамроҳ намуданашро дар назар дорад — Ҳ.П.) мустақилияти худро аз даст додаааст»[11]. Ҳатто дар давраи Темуру тему- риён, мутааллиқи қаламравашон бошад ҳам, тобеъияташ фақат бо ном буд. «Дар замони Темур, — менависад капитан Кузнетсов, — Дарвоз мисли Бадахшон дар қаламрави мулкҳои васеи зери тобеъияти ӯ қарор дошта бошад ҳам, аз тарафи шоҳони худаш идора карда мешуд»[12]. Абдурраззоқи Самарқандӣ дар баробари воқеаҳои соли 784 ҳиҷрӣ (1381 м.) рухдода, қайд кардааст, ки ҳангоми ба муҳосира гирифтани Калот, Темур дар лашкари худ дастаҳои аз сокинони Дарвоз, Қаротегин ва Ба- дахшон ташкилдодаро нигоҳ медошт[13]. Вале ин далели тобеъияти пурраи минтақа буда наметавонад. Шояд ҳокимони мулкҳои номбурда ва Ванҷ низ, ки аз иқтидори ҳарбии Темур нағз хабардор буданд, тобеъияти худро эълом дошта, ихтиёран барояш отрядҳои ҳарбӣ фиристодаанд ва бо ҳамин амали худ мулкҳояшонро аз тасарруфу ғорати лашкари он ғосиб эмин нигоҳ доштаанд.
  Аз Дарвози замони Темуру Темуриён ёдовар шуда, чанд нуктаи ҷолибро пеш овардан лозим меояд; аз ҷумла бояд қайд кард, ки Дарвоз бо чунин ном нахустин маротиба дар сарчашмаҳои хаттии ҳамин давра ёдовар шудааст, сониян, аввалин кас аз шоҳони Дарвоз, ки номаш дақиқ сабт ёфта ва то замони мо расидааст, низ мутааллиқи ҳамин давра ме- бошад.
  Ба ин асари таърихии Шарофуддин Алии Яздӣ «Зафарнома», ки соли 1425 дар Шероз бо супориши писари Темур — Шоҳрух (1409-1447) ва ба ривояти дигар бо фармоиши набераи Темурланг — Султон Иброҳим бай- ни солҳои 1419-1424 дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии дарборӣ ва нақли ҳамсафони Темурланг бо забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст, далолат мекунад. Дар ин асар давраи ҳукмронии амир Темур, гарчи дар камоли маддоҳу хушомад тасвир шудааст, аҳамияти хеле қавии маъхазиро дорост ва ба бисёр ҷузъиёти ҳаводиси сиёсии он замони пурошӯбу ҳассос равшанӣ меандозад.
  Аз мазмуни асар бармеояд, ки дар нимаи дуюми асри XIV Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои атрофи он, баъди суръат гирифтани бӯҳрони давлатдории чингизиён, мустақиман ба доираи тохтутоз ва задухӯрдҳои ҳокимони муғултабор кашида шуданд. Аз ин кашмакашҳо ҳокимони Хатлону Дарвоз дар канор монда наметавонистанд[14].
  Дарвозу Ванҷ ба монанди дигар мулкҳои минтақа, ба тобеъияти Темуриён, чӣ хеле дар боло ишора рафт, афтода бошанд ҳам, ин тобеъият зоҳирӣ буд. Ин сарзаминро дар он замон, зери итоати сиёсии он империяи абарқудрат бошанд ҳам, шоҳони сулолаҳои маҳаллӣ идора мекарданд.
  Чунин ҳолат дар давраи ба зери тасарруфи Абдуллохон даромадани Бадахшон (соли 1584) низ мушоҳида мешавад. Дар ин масъала навиштаҳои амалдори ҳарбӣ-маъмурӣ ва тадқиқотчии рус Г.А. Арандаренкоро овардан ба маврид аст. «Дарвоз, — қайд кардааст ӯ, — умеди Аб- дуллохонро, ки дар он сарватҳои зеризаминӣ ёфтану ба Ҳиндустон роҳ кушодан дошт ва ба нияти иҷрои ин мақсад тавонист ҳатто дар роҳи Бадахшон корвонсаройҳои хиштин созад, ба зудӣ аз ҳукмронии бухороиҳо раҳо ёфта, зери маъмурияти шоҳон аз сулолаи пештараи хеш қарор гирифт»[15].
  Доир ба ҳамин юриши ҳарбии Абдуллохон мулоҳизоти худро иброз дошта, Б.Н. Литвинов навиштааст: «Шоҳон ин хонигариро (шоҳигарии Дарвозро дар назар дорад — Ҳ.П.) ниҳоят муттасилу тӯлонӣ идора намудаанд ва хотираи халқ қариб сад нафари онҳоро, ки паси ҳам ба тахт нишастаанд, нигоҳ медорад. Ҳамин маром то ба тахти Бухоро соҳиб шудани Шайбонии шӯҳратманд Абдуллохон, ки дар ҷустуҷӯи роҳ ба Ҳиндустон ва бойгарии маъдании гӯё дар қаъри замини Дарвоз буда, ин мулкро ба худ тобеъ намудааст, идома дошт». Муаллиф бар ин ақидааст, ки номи деҳаи Работ (Рубот) аз работи (истгоҳи лашкар) дар назди ӯ со- хтаи Абдуллохон мондааст. Номбурда инчунин ин «хати муҳими ҳаракатро ба тартиб дароварда, чандин корвонсаройҳо бино ва воҳиди расмии маъмурӣ — нозирони роҳро таъйн намуд»[16].
  Навиштаву хулосаҳои бо ному фаъолияти Абдуллохон вобастаро чун ҳақиқати маҳз қабул намудан лозим нест. Чунин муносибат карданро шарқшиноси бузург В.В. Бартолд низ таъкид намудааст. Ҳанӯз дар очерки таърихии «Тоҷикон», ки соли 1925 рӯи чопро дидааст, академик В.В. Бартолд дар масъалаи Бадахшонро забт намудани Абдуллохон таваққуф намуда, қайд кардааст, ки ин кишвар то ғасби Абдуллохон (то соли 1584) дар зери ҳокимияти Темуриён қарор дошт. Ба ақидаи тахмини ӯ, вилоятҳои душворгузари Дарвозу Қаротегин «аз ӯзбекон соҳибихтиёр мондаанд»[17]. В.В. Бартолд ба ахбори муаррихи асри XVII Маҳмуд ибни Валӣ такя карда, навиштааст: «Фақат соли 1047 (1637/38) ба ӯзбекон бори нахуст қӯрғони Қалъаихум (шаҳри асосии Дарвоз), то- беъ гардид; саркардаи ӯзбекон Боқӣ атолиқ аз қабилаи ойратҳо; ҳоким (ҳокими Дарвоз — Ҳ.П.) Шоғариб кушта, каллааш ба Бухоро фиристода шуд; ба ҷои ӯ яқинан чун вассали ӯзбекон, бародараш Шоқиргиз, ки аз хурдӣ дар дарбори ӯзбекҳо (дар Балх) зиндагӣ дошт, таъйин карда шуд»[18]. Ин гуфтаҳо (агар аз он чӣ дар нисбати Шоқиргиз оварда шудааст, сарфи назар намоем), асоси воқеӣ дошта, бештар аз ҳақиқати ҳол дарак медиҳанд. Дар масъалаи хулосаҳои ба давраҳои Темуру Абдуллохон во- баста ҳаминро гуфтан лозим аст, ки ҳар муҳаққиқ бояд муҳоботи солно- манависони бо ин ё он сабаб ба кирдору фаъолияти ин ду шахсият алоқамандро дар шарҳи воқеаҳо пай барад ва эхсос намояд. Дар ин масъала бори дигар ба таҷриба ва хулосаи В.В. Бартолд рӯ меорем, ки таъкидан фармудааст: «Дар Туркистон мекӯшанд, ки ривоятҳо оид ба ин ё он воқеъаву корномаҳои таърихиро бо номи Темуру Абдуллохон … вобаст намоянд»[19]. Чунин «анъана» барои шарҳи воқеъаҳои таърихи Дарвозу Ванҷ низ истисно буда наметавонад.
  Аз мантиқи ахбори ба шахсияти Шоқирғиз мансуб бармеояд, ки па- дари ӯ тоҷик, аз намояндагони сулолаи шоҳони маҳаллӣ ва модараш духтари яке аз саркардагони авлодии қирғизҳои Ҷиргатол будааст. Шоқирғиз ном гирифтанаш низ аз эҳтироми падараш нисбат ба авлоди модариаш бармеояд. Тахмин кардан мумкин аст, ки падари Шоқирғизро ҳамсулолагони наздикаш аз тахт афтондаанд ва ӯ дар байни хешовандо- ни занаш панаҳ ёфтааст. Бо фаро расидани шароити мусоид, ӯ бо кӯмаки хешовандони занаш — қирғизҳо дар кашмакашҳои дарбории байни та- лошмандони тахти Дарвоз ғолибият ба даст оварда, писарашро соҳибтахт кардааст. Аз эҳтимол дур нест, ки Шоқирғизи ба камоли балоғат расида, бо саъю кӯшиши худ соҳиби тахт шудааст.
  Бо камию нокифоягии ахбори маъхазҳо, ихтилофоти мундариҷаву мантиқи матнҳо нигоҳ накарда, таҳлили маводи мавҷуда далолат бар он дорад, ки Шоқирғиз дар солҳои ҳукмрониаш мавқеи сиёсӣ ва ҳарбии
  Дарвозро дар ин минтақаи кӯҳистон ва берун аз он ба мақоми хеле на- заррас бардоштааст. Баландии эътибори ин шахсро хулосаи муаллифони қаблӣ то андозае равшан намояд ҳам, таҳлили ахбори роҷеъ ба ин замон, мақоми ӯро боз ҳам барҷастатару воқеъбинона нишон хоҳад дод.
  «Ин шоҳ (Шоқирғиз — Ҳ.П.), — навиштааст П.А. Кузнетсов, — одами далеру ҷанговар буд, барои раъияти худ корҳои зиёду хуберо анҷом до- даст». Ба гуфтаи ин муаллиф, баъди Шоқирғиз бародарзодаи ӯ Маҳмудшо муддати 60 сол дар Дарвоз ҳукмронӣ кардааст. «Дар давраи ҳукмронии ӯ, — идома медиҳад муаллифи номбурда, — Бадахшон, Вахон ва Шуғнон аз Дарвоз ҷудо шуда, аз ҷониби шоҳони худ идора мешу- данд. Вахон ва Шуғнон аз ҳамон вақт ба Бадахшон ё Дарвоз, вобаста ба иқтидору доираи таъсирашон андоз медоданд»[20]. Аз ин воқеъияти фазои сиёсӣ Ванҷ истисно буда наметавонист. Аз мантиқи далелҳо бармеояд, ки шоҳигарии Ванҷ, то давраи ба тахт то замони салтанати шоҳи Дарвоз Исмоилшо чун шоҳигарии воҳид, мустақилияти худро нигоҳ доштааст.
  Шоҳигарии Дарвоз монанди дигар мулкҳои ҳамсоя дуру дароз дар ҳолати суботу оромӣ қарор гирифта наметавонист. «Ҳеҷ гоҳ дар замони ҳокимияти шоҳони маҳаллии Дарвоз, — менависад Г.А.Арандаренко, — кӯҳистониён оромиро намедонистанд, гоҳо дар натиҷаи кашмакашу задухӯрдҳо хешони наздики ҳокимон музофотҳои алоҳидаи мамлакатро (Хулоз, Вахиё, Ванҷ) зери итоати худ гирифта, бо ёрии ҳамдигар Қалъаихумбро ишғол мекарданд, гоҳо дар натиҷаи кӯшишҳои пайгиро- наву ғаюрона ба шоҳ муяссар мешуд, ки мулкҳои ҳамсоя — Шуғнонро бо Рӯшону Қаротегину Балҷувон, зери итоати худ дароранд, дар онҳо низ ҳамеша олигархияи бенизом ҳукмронӣ дошт ва ин имкон медод, то дарвозиҳои тоқатовар нақшаҳои ғоратгаронаи ҳокимони худро ба ҷо оваранд»[21].
  Ин талошҳои бардавоми намояндагони хонадони шоҳӣ, ки аксаран бо задухӯрдҳо анҷом меёфтанд ва кӯшишҳои вусъат додани қаламрави мамлакат аз ҳисоби мулкҳои ҳамсоя барои мардум нафақат бори гарони моддӣ, балки натиҷаи ҷоннисориҳои зиёде мегардиданд. Агар ба ин боз ҳуҷумҳои фоҷиабору ғоратгаронаи хонигариҳои қавитару дуру наздикро зам намоем, вазъи ниҳоят сангину тоқатшикани рӯзгори аҳли заҳмат ба- раъло равшан мегардад. Ин гаронии тоқатфарсои зиндагиро фақат там- кину тоқати зодагони озодипарасти кӯҳсорон бардошта метавонист.
  Маълумоти доир ба фаъолияти шоҳони баъди Шоқиғиз ба тахтнишастаи Дарвоз: Маҳмудшо (1668-1729) , Танаи Фӯзашо (1729-1734), Муҳаммадхоншо (1734-1762), Мизробшои аввал (1762 — 1778), Шоидар- вози I (1787-1788), Мансурхон 1788-1797), Шотурк (1797-1803), Миз- робшои сонӣ (1803-1806). Султони кӯчак ё хурдӣ (1806-1815), Шоибро- имхон (1815-1828), Султон Маҳмудшо (1829-1838), Шоаҳмад (1839- 1842) нишондиҳандаи вазъи сиёсии номусоид, задухӯрдҳои дарборию ба доираи онҳо кашидани аҳолӣ ва ҷангу ҳуҷумҳои беисти байнимулкӣ ҳисоб меёбад[22]. Ин вазъият барои Дарвоз то ба тахт нишастани Исмоил- шо (1842) дар ҳолати номӯътадилии сиёсӣ қарор дошт.
  Доир ба Ванҷ низ, гарчи далели маъхазие дар даст надорем, табиист, ки аз ин фазои номусоид ба сиёсӣ дар канор буда наметавонист. Вазъи онро дар мисоли бе вориси тахт мондану ба Дарвоз омехтанаш бараъло гувоҳӣ медиҳад.
  Ба нигаҳдошту идомаи ин фазои ноҳамвори сиёсӣ, ташаккулу рушди хонигарии Қӯқанд бетаъсир буда наметавонист. Аз ин хусус ёдовар шуда, қайд кардан ба маврид аст, ки дар таъсису ташаккули хонигарии Қӯқанд ё Хӯқанд мавқеи тоҷикони Қаротегин, Дарвозу Ванҷ, дигар шоҳигариҳои Помири Ғарбӣ (Рӯшон, Шуғнон, Вахон) ва Бадахшон ниҳоят назаррас бу- дааст. Академик Б. Ғафуров аз хусуси дар асри XVIII пайдо шудани заминаҳои ҳалкунанда барои ташкилёбии хонигарии Қӯқанд сухан ронда, аз ҷумла қайд кардааст: «Дар ин роҳ қадами нахустинро Олимхон (1800- 1810) гузошт. Ӯ бо мақсади баромадан аз тобеияти ашрофи ҳарбии феодалӣ дастаҳои махсуси низомӣ ташкил намуд, ки комилан аз тоҷикони кӯҳистон — дарвозиҳо, қаротегиниҳо ва шуғнониҳо фароҳам омада буд. Ин даста вазъияти имтиёзнокро соҳиб гардида, дастаи асосии қӯшуни аз аҳолии маҳаллии ӯзбек ташкилшуда ҳисоб мерафт»[23].
  Чунин сафарбаркуниҳои ихтиёрӣ ва баъзан иҷбории (дар ҳолатҳои ғалабаи муваққатӣ) тоҷикони кӯҳистон дар замони ҳукмронии Умархон (1810-1822) ва Мадалихон (1822-1842) низ васеъ мушоҳида мешуданд. Аз китоби «Ванҷи ман»-и Ҳ. Пирумшоев.

[1] Ниг.: Мандельштам А.М. Материалы к историко-географическому обзору Памира и припамирских областей. // Труды Института истории, археологии и этнографии АН ТаджССР. Т.ЬШ. — Сталинабад, 1957. — С.111-119; Гафуров Б.Г. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. — Душанбе: Ирфон, 1998. — С.301.
[2] Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. — Душанбе: Ир- фон,1998. — С. 467.
[3] Ғафуров Б. Асари номбурда. — С.408-409.
[4] Ҳамон ҷо. — С.467.
[5] Ҳамон ҷо. — С. 304.
[6] Ниг.: Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. — М.: Наука, 1972. — С.307.
[7] Яъқубов Ю. Нигоҳе ба таърихи шоҳони Дарвоз // Миллат. — 2007. — № 23 (92). — 7 июн. — С.10.
[8] Ибни Хурдодбех. ал-Масолик ва-л-мамолик // Сомониён дар оинаи таърих.Ҷилди дуввум. — Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим ӣалил, 1998. — С.15.
[9] Иктибос аз: Давлатдории тоҷикон дар асрхои К-К^. (Порахо аз «Равзату-с-сафо» ва дигар кутуб). Мураттиб ва муҳаққиқ Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. — Душанбе: Амри илм, 1999. — С.502.
[10]        Бартольд В.В. Аму-Дарья // Сочинения. — Т. 3. — М.: Наука, 1965. — С.320.
[11]        Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памиры. — С.716.
[12]        Кузнетсов П.А. Дарвоз. — С.1.
[13]        Ниг.: Кисляков Н.А. Очерки по истории Каратегина. — Сталинабад, 1954. — С.28.
[14]        Доир ба ин масъала пурратар ниг.: Шарафиддин Али Яздий. Зафарнома. Подготовка к печати, предисл. и примеч.А. Урунбаева. — Ташкент, 1972. — С. 410-411 (Л. 195б- 196а); Пирумшоев Ҳ. Таърихи Дарвоз (аз қадим то замони муосир). — Душенбе: Ир- фон, 2008. — С.30-34.
[15]        Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин (этнографический очерк) // Военный сборник.
$1-     Т. 154. — 1883. — № 11. — С.145.
[16]        Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памиры. — С.716-717.
[17] Бартольд В.В. Таджики. Исторический очерк // В.В. Бартольд. Сочинение. — Т. II. —
Ч. 1. — М., 1963. — С.464.
[18]        Ҳамон ҷо.
[19]        Ҳамон ҷо.
[20] Бартольд В.В. Таджики. Исторический очерк // В.В. Бартольд. Сочинение. — Т. II. —
Ч. 1. — М., 1963. — С.464.
[21]        Дар ҳамон ҷо. — С.145-146.
[22]       Муфассал доир ба давраҳо ва фаъолияти шоҳони Дарвоз ниг.: Пирумшоев Ҳ. Таъри- хи Дарвоз (аз қадим то замони муосир). — Душанбе, 2008. — С. 37-63.
[23]       Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби дуюм. — Душанбе: «Ирфон»,1985. — С. 99.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.