Вазъи сиёсиии Ванҷ дар арафаи ҳуҷуми Бухоро

Вазъи сиёсии шоҳигарии Дарвоз ва миригарии Ванҷ дар арафаи ҳуҷуми қӯшуни Амири Бухоро

  Баъди Исмоилшо муборизаи байни талошмандони авлодии шоҳон барои тахт хеле шиддат гирифта буд, ки ин на фақат ҳокимияти марказӣ, инчунин, иқтидори мудофиавии шоҳигариро суст мекард. Дар замони салтанати шоҳони охирини Дарвоз ин вазъият бараъло мушоҳида мешуд.
  Чи тавре ки дар боло ишора рафт, соли 1869 охирин намояндаи хонадони шоҳони Дарвоз, писари Султон Маҳмуд — Сироҷуддин соҳиби тахт гардид. Дар ёди мардум то солхои 40-ми асри XX баъзе намояндагони дигари ин хонадон, ки дар ин ё он музофоти Дарвоз дар арафаи тобеъ шудан ба аморати Бухоро вазифаи волӣ ё дигар мақоми маъмурӣ доштанд, боқӣ мондаанд. Искандархон писари Исҳокхон, ки идораи маъмурии водии Хингобро ба ӯҳда дошт, Шо Яъқубхон (аз рӯи баъзе хабарҳо, писари Шоидарвоз), Муҳаббатхон ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
  Дар давраи ҳукмронии Сироҷуддиншо ба сифати волӣ (ҷойнишин) дар Тавилдара аввал бародари хурдиаш Сулаймоншо (марқадҳои ӯ ва Шоидарвоз дар деҳаи Лангари назди Тавилдара мавҷуданд), сипас писараш Афзалхон таъйин шуда буданд[1].
  Дар замони ҳукумати Сироҷуддиншо, гарчи Дарвоз истиқлолияти расмии худро нигоҳ медошт, ӯ лозим медонист, ки барои худро аз хавфи ҳуҷуми Бухоро нигоҳ доштан ба амир Музаффар ба таври доимӣ тӯҳфаю инъом фиристад. «Ин сиёсати Сироҷуддиншо, — менависад Г.А. Арандаренко, — ба он оварда расонд, ки ӯ дар аввал ба мутеъ (вассал) табдил ёфта, сипас пурра ҳокимиятро аз даст дод»[2]. Ин назарро тақвият дода, Кузнетсов навиштааст: «Ду шоҳи охирини Дарвоз дар масъалаи мустаҳкам нигоҳ доштани ҳокимият шахсиятҳои сусту беирода баромаданд. Барои ҳокимияти худро нигоҳ доштан, аз амири Бухорову хони Қӯқанд ёрӣ меҷустанд ва мекӯшиданд, ки ба ивази тӯҳфаю инъомҳои арзиши баланддошта, ба дастгириашон ноил гарданд. Ҳатто духтарону писаронро аз аҳолӣ зӯран гирифта ба Бухорову Қӯқанд мефиристоданд ва бо ин амал халқро ба муқобили худ мехезонданд. Баъзе бекигариҳои (миригариҳо. — Ҳ.П.) дар ихтиёрашон буда, аз сабаби норозигии хеш нисбати ҳокимони Дарвоз аз ҳайати он баромада, қисман ба Бадахшон (дар мисоли Роғ), қисман ба Бухоро (Қаротегин ва Оқсу) ҳамроҳ мешуданд, як қисмашон хонигарии мустақил шуданд, масалан, Рӯшон. Қисмҳое буданд, ки оқибат ба зери тасарруфи хонигариҳои ҳамсоя гузаштанд. Ҳокимони охирини Дарвоз бошанд, то дараҷае бечораву бемадор буданд, ки заминҳои ҷудошудаашонро баргардонда наметавонистанд. Ҳамин тариқ, дар ихтиёри охирин шоҳи Дарвоз фақат Қалъихумб, Ванҷ, Язгулом, ҳамаи амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ бо Хоҳон дар якҷоягӣ бо Хуллозу Вахиё монда буданду халос»[3].
  Дар асоси ахбори дар даст доштааш капитан Кузнетсов шахсияти Сироҷуддиншоро чунин ба қалам додааст: «Ӯ одами сустирода буда, ҳокимияти марказиро пурра дар дасти худ нигоҳ дошта наметавонист, мекӯшид, ки ба амир наздик шуда, ҳокимиятро нигоҳ дорад ва то андозае ба ин ноил ҳам гашт. Вале халқи озодипарасти Дарвоз ин рафтори ӯро напазируфта, аз итоаташ берун мерафт. Сироҷуддин акнун роҳи халосиро дар қаробат бо Афғонистон меҷуст. Ин рафтори ӯ нияти амирро, ки ҳатман ҳамроҳ кардани Дарвозро дар нақша дошт, тезонд»[4].
  Доир ба фаъолияти Сироҷуддиншо дар давраи оғози ҳуҷуми сарбозо- ни амир ба Дарвоз низ маълумоти то андозае ихтилофомез мавҷуд аст.
 Н.А.Кисляков қотеъона набошад ҳам, фарзияе пешниҳод намудааст, ки мувофиқи он шоҳ то оғози ҳуҷуми Худойназар атолиқ ба Бухоро даъват шудаву дар онҷо зӯран нигоҳ дошта шудааст. Вале Кузнетсов ба таври боварибахш арза медорад, ки Сироҷуддиншо дар он вақт дар Қалъаихумб буда, бевосита дар сафарбар намудани қувваҳои мудофиа- вии хеш ба муқобили ғосибони манғит ширкат доштаасту баъди шикаст хӯрдан ба Қӯқанд, ба назди Ҳудоёрхон гурехта, аз он ҷо чун асир ба Бухоро фиристода шудааст. Ин ақидаи охирин ба ҳақиқат рост намеояд, чунки як сол пеш аз ҳуҷуми лашкари амир ба шоҳигарии Дарвоз (соли 1876) хонигарии Қӯқанд аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия барҳам дода шуда буд ва русҳо Худоёрхонро дар асорат нигоҳ медоштанд. В.Ф.Ошанин бошад, дар ин ақида буд, ки Сироҷуддиншо дар худи Дарвоз асир афтода, аз ҳамон ҷо ба Бухоро фиристода шудааст[5].
  Аз таҳлили маводи мавҷудаи маъракаи муқобилият ба кӯшуни амир мустақиман ширкат доштан ва ё надоштани Сироҷуддиншоро возеҳ муайян кардан хеле мушкил аст. Оё ӯ тавонистааст, ки бо воситае раҳо ёфта, ба Дарвоз баргардад ва ба муқовимати минбаъдаи сокинони мулкаш ҳаддалимкон роҳбарӣ намояд? Ҳақиқати онро танҳо аз таҳлили ҳамаи ахбори ба ҷанг ва забти Дарвоз бавосита ё бевосита алоқаманд, метавон дарёфт.
  Капитани рус Покотило, ки дар миёнаи солҳои 80-уми асри XIX (1876), ҳангоми сафари хизматӣ дар ҳарду соҳили дарёи Панҷи қаламрави бекигарии Дарвоз буд, натиҷаи сӯҳбату мушоҳидаҳои бевоситаи худро роҷеъ ба ин масъала дар навиштаҳои соли 1887 рӯи чоп омадааш, чунин иброз доштааст: «12 сол қабл (1876 — Ҳ.П.) ҳокими мустақили Дарвоз Сироҷхон (Сироҷуддиншо — Ҳ.П.) парвоначӣ (унвони амалдорие, ки қабл аз тасарруфи Дарвоз чун нишонаи «дӯстӣ» амири Бухоро барояш тақдим доштааст — Ҳ.П.) буд, ки дар Қалъаихумб иқомат дошт. Хешони ӯ (намояндагони хонадони шоҳони Дарвозро дар назар дорад — Ҳ.П.) се миригарии (амлокдори) тарафи чапи дарёро идора мекарданд. Миригарии Хоҳонро — Изатуллохон, Хуфро — Алфайзхон ва Шикайро — Азимхон ба ӯҳда доштанд. Вақте ки 10 сол пеш (1878 — Ҳ.П.) Дарвоз аз тарафи Бухороиҳо ишғол карда шуд, худи шоҳро ба Бухоро бурданд. Ба туфайли дастгирии генерал-губернатори Туркистон ҳоло дар Бухоро дар озодӣ зиндагӣ дорад: дар давраи амири марҳум (Музаффар — Ҳ.П.) зиндонӣ буд. Хешонаш ба ҳар тараф гурехтанд. Алфайзхон ва Изатуллохон ба Афғонистон рафтанд»[6].
  Роҷеъ ба фишори рӯзафзуни амири Бухоро ба Дарвоз пас аз иҷборан ба ҳайати аморат дохил кардани мулкҳои Бухорои Шарқӣ, маълумоти зиёде боқӣ мондааст. «Ворисони Исмоилшо, — менависад Г.А. Арандаренко, — барои аққалан дар дасти худ нигоҳ доштани қисмати марказии Дарвоз бо ҳар восита кӯшиш мекарданд ба амири Бухоро наздик шаванд. Ин сиёсатро пеш бурдани Сироҷуддиншо ба он оварда расонд, ки ӯ аввал ба мутеъият (вассал) табдил ёфта, барояш ба Шаҳрисабз тортуқ меовард, сониян мустақилиятро батамом аз даст дод. Музаффархон рутбаи шоҳияшро барҳам дода, худашро дар Бухоро нигоҳ доштааст»[7].
  Ин суханони муаллифи номбурдаро тақвият дода, муалифи дигари тоинқилобии рус, Б.Н. Литвинов навиштааст: «Баъди Шоҳисмоил ворисонаш эҳсос карданд, ки афзудани иқтидори мулкҳои ҳамсоя барои нигаҳдошти истиқлолияташон хавфи ҷиддӣ эҷод мекунад, бинобар сабаб ба тобеъияти номиналии (ғайрирасмии) Бухоро гузаштанро авлотар донистанд. Ин тобеъият торафт бештар характери расмӣ гирифта, Дарвоз аз истиқлолияти худ пурра маҳрум шуд. Охирин намояндаи сулолаи шоҳӣ Сироҷуддиншоро намояндагони ҳокимияти амир ба Бухоро фири- стоданд ва аз рутбаи шоҳӣ маҳрум намуда, дар он ҷо барои зиндагии муқимӣ нигоҳ доштанд»[8].
  Дар ин масъала боз аз иқтибоси арзиши манбаъвии дараҷаи аввал дошта, худдорӣ набояд кард. Дар гузоришномаи раиси идораи вилояти Фарғона ба унвони губернатори ҳамин вилоят (қайди санадаш нест), чунин омадааст: «Дарвоз дар зери ҳукмронии Муҳаммадсироҷхон(Сироҷуддиншо — Ҳ.П.) мулки мустақил ҳисоб меёфт. Ҳашт сол қабл аз ин, вақте амири Бухоро Кӯлобро ишғол кард, Сироҷ муносибаташро бо амир хеле хуб ба роҳ андохт, ҳар сол ба наздаш бо ҳадяҳо меомад ва аз амир ҳадя гирифта бармегашт. Соли гузашта моҳи сентябр Сироҷ аз рӯи анъанаи қабулшуда, боз ба назди амир ба Шаҳрисабз рафт, вале ӯро ба ҳабс гирифта ба Бухоро фиристоданд.
  Сипас амир моҳи декабр (1877 — Ҳ.П.) таҳти фармондеҳии Худойна- зар додхоҳ (баъди забти Дарвоз амир ба ӯ унвони «оталиқ» додаст — Ҳ.П.) барои тасарруфи Дарвоз лашкар фиристод» [9].
  Ба Бухоро тобеъияти ғайрирасмиро пазируфтани Сироҷуддиншо инчунин маълумоти шифоҳии солхӯрдагони таърихогаҳи Дарвоз, ки солҳои 40-50-уми асри гузашта, ба яке аз тадқиқотчиёни шинохтаи таърихи охириасримиёнагии Бухорои Шарқӣ Одил Маҷлисов баён доштаанд, далолат мекунад. Тибқи ахбори сабткардаи ӯ ба чунин натиҷа мерасем, ки баъди ба зери ҳокимияти амири Бухоро афтидани бештари мулкҳои Бухорои Шарқӣ, Сироҷуддиншо ва дигар амалдорони маҳаллӣ ҳар сол ба амир дар шакли тортуқ ҳадяҳои қиматбаҳо мебурданд. Амир низ аз тарафи худ ба онҳо, вақти бозгашт молу маводи барояшон зарурӣ инъом мекард ва ҳатто баъзан расман ба рутбаҳои амалдории аморат сазовор мегардонд. Онҳо ба диёри худ баргашта бо виқору ифтихор либосҳои инъомкардаи амирро пӯшида, ба унвонҳои маъмурии аморат сарфароз гаштанашонро тарғиб намуда, амирро ситоиш мекарданд ва ба тортуқбарии навбатӣ тайёрӣ медиданд. Вале ҳамаи ин дер давом карда наметавонист.
  Як сол қабл аз оғози хурӯҷи лашкари амир ба Бухоро гурӯҳи аз пештара дида сершумортари амалдорони Дарвоз бо сардории Сироҷуддиншо бо тортуқи аз молу амволи зиёди қимматбаҳо иборат буда сафар кард. Амир онҳоро тибқи таассуроти худашон хуш пазируфта, вақти бозгашт ба ҳар кадоме инъоме бахшид. Аз ин иқдом онҳо рӯҳбаланд шуда, тирамоҳи соли оянда (1877) шумораи вакилони Дарвоз аз ҳисоби амалдорони марказӣ (бийю додхоҳ, қаравулбегиву мирохурҳо, қозиву тӯқсабоҳо ва ғайра) ва маҳаллӣ (миразору муллоҳо ва ҳатто баъзе аз арбобони маҳалҳо) дучанд афзуд. Дар Дарвоз фақат бародарони Сироҷуддиншо ва чанде аз амалдорон монда буданд.
  Ин дафъа интизории мардуми Дарвоз аз бозгашти боғурури аъёну ашрофи худ бо сардории шоҳ хеле тӯл кашид. Зиёда аз ду моҳ аз онҳо дараке набуд. Баъд маълум шуд, ки бо фармони амир ҳамаи онҳоро дар Бухоро нигоҳ дошта, барои ғасби Дарвоз бо сардории Худойназар лашкар фиристодаанд. Амир Музаффар, ки нияти ғасби Дарвозро ҷиддан ба роҳ андохтани буд, бояд дер ё зуд амалӣ мешуд.  Аз китоби “Ванқ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1]  Кисляков Н.А. Ишан-феодал Восточной Бухары. С.7.
2 Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин. — С.146.
[3]  Кузнецов П.А. Дарвоз. — С.5.
[4]  Ҳамон ҷо.
[5]  Ошанин В. Ф. Каратегин и Дарваз. — Изв. РГО. — 1881. — Т. 17. — Вып. 1. — С.52-53.
[6]   Кап. Покотило. Очерк бухарских владений на левом беругу реки Пянджа 1886 г. // Сборник материалов по Азии. — Вып. XXV. — СПб., 1887. — С.271.
[7]  Арандареко ГА. Дарваз и Каратегин. — С.146.
[8]  Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памиры, — С.718.
[9]  Бойгонии Давлатии таърихии Ҷумхурии Ӯзбекистон (минбаъд ЦГИА РУзб). — Ф. 19.
$1-    Оп. 1. — Бастаи (дело) 10684. — В. 4.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.