Бурҳон Раҳмонов

  Бурҳон Раҳмонов 4 апрели соли 1934 дар деҳаи Одешти ҷамоати Рохарв, ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Бо амри тақдир хеле барвақт аз волидайн ҷудо шуда (падараш дар соли 1937 ва модараш дар соли 1947 аз олам даргузаштанд), аз соли 1942 то соли 1946 ҳамроҳи бародараш Саид аввал дар хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ ва баъдан дар хонаи бачагони ноҳияи Тавилдара тарбият ёфтааст.
  Баъди бо баҳои аъло хатм кардани Омӯзишгоҳи муаллимии ноҳияи Ғарм, соли 1953 ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик дохил шудааст.
  Пас аз хатми донишгоҳ соли 1957 барои кор ба Кумитаи радиошунавонӣ ба қайси наттоқи шӯъбаи бурунмарзии радио даъват шуд ва то ҳол дар ҳамин боргоҳ кор мекунад. Ӯ наттоқи дараҷаи олӣ ва роҳбари гурӯҳи наттоқони Идораи барномаҳои бурунмарзии Кумитаи телевизион ва радиои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  Аслан Бурҳон Раҳмонов ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Овози буррою таъсирбахш, лаҳни гӯшнавози ин марди ҳунар, ровии хушадоро ним аср боз тамоми форсу-тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ ва бурун аз он ба хубӣ фарқ мекунанд.
  Ӯ натанҳо фарҳангшинос, балки комилан фарҳанг аст, ҷаҳоногоҳии ботинӣ, пурра маънирас буданаш ҳатто дар қиёфаи зоҳириаш ҳувайдост. Одоби барҷастаи муошират, самимияту сӯҳбатороии эшон лоиқи тақлиду пайравист.
  Б.Раҳмонов дар нишастҳо маҳфилҳои ҳукуматӣ, дар консертҳо, дар барномаҳои гуногуни телевизион ва радио ба ҳайси баранда фаъолият мекунад. Соли 1968 дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Узбекистон чун барандаи нишастҳои фарҳангӣ иштирок карда, дар оғози консерти даҳа нақши Алишер Навоиро бозидааст. Ҳамчун роҳбари бадеӣ ва барандаи консерт ду бор ба Афғонистон сафар кардааст. Дар яке аз сафарҳо ба Кобул бо нобиғаи мусиқии шарқ Аҳмад Зоҳир ҳамсӯҳбат бурдааст.
  Дар киностудияи “Тоҷикфилм” дар чанд филми бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ нақш бозидааст. Дар дубляжи зиёда аз 600 филми бадеӣ ва мустанад ба забони тоҷикӣ ширкат доштааст. Соли 1996 дар ҷашни Фузулӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳайати вакилони Тоҷикистон ширкат варзида, суханронӣ кардааст
  Б.Раҳмонов бо чандин медалу ифтихорномаҳои ҳукуматй қадр гаштааст. Соли 1980 ӯ ба унвони ифтихории Корманди хизматнишондодаи маданият ва Аълочии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуд. Номаш дар китоби фахрии Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
  Бурҳон Раҳмонов дар таърихи 28 декабри соли 2015 дар синни 81 солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштанд.

Беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст

Ва бидон к-аз ҳама ҳунарҳо
беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст. (Кайковус).
Эй дил, ту ки дорӣ ҳаваси кӯи Бадахшон,
Шав аз сари нав боз саногӯи Бадахшон,
Парвоз чу шаҳбоз намо сӯи Бадахшон,
Зан бӯса паёпай ба гули рӯи Бадахшон,
Рақсем зи шодӣ ҳама дар тӯи Бадахшон. (Нодир Шанбезода).
  Шахсияти дигар. Ӯ як суханвару сухандону сухангӯй аст. Суханвари мумтозу варзида, наттоқи касбиву собиқадор аст.
  Дар бораи сухандону суханвар сухан гуфтан, ҳам осон асту ҳам мушкил. Осон бад-ин маънӣ, ки сухандон ба қадри сухан гуфтану заҳмати сухан гуфтан мерасад, зеро чунон ки гуфтаанд:
Фикр хунҳо мехӯрад то ранг мегирад сухан…
  Мушкил аз он ҷиҳат, ки дар бораи сухандоне, ки аксар мардум мешиносандаш, ҳамагон ҳамарӯза садои ӯро гӯш мекунанд, сухан гуфтан — ба хусус, сухани тоза гуфтан мусалламан мушкил аст. Аз сӯи дигар, ӯ худ дар бораи дигарон, дар ҳаққи дигарон ончунон сухан гуфта, ончунон сухани неку ончунон сухани тоза гуфта, ки агар ҷамъоварӣ мешуду ҷамъбандӣ мешуду чоп мешуд, даҳҳо ва шояд садҳо ҷилд китоб мешуд. Ва дар бораи чунин шахс сухан гуфтан осон нахоҳад буд.
  Хуб, бигзарем аз ин гапҳову аз ин шакку тардидҳо ва чун ин масъулияту ин борро бар дӯш гирифтем, дигар аз аз мо гуфтан асту қазовату натиҷагирӣ аз хонандаи закӣ.
* * *
  Сухани мо дар бораи Бурҳон РАҲМОН — наттоқи дараҷаи олӣ, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаи ҳукуматӣ ва сухангӯйи писандидаи мардум аст…
* * *
Сӯи хоки рӯҳбахшат саҷда орам, Ванҷи ман,
Эй ҷалолу маснади пурифтихорам, Ванҷи ман.
Нури Яздон метаровад аз нигоҳи мардумат,
Кинаи шайтониро дар дил надорам, Ванҷи ман.
Шеваи номардумӣ аз баҳри ту бегона аст,
Сарзамини мардхезу марддорам Ванҷи ман.
Рӯзҳое, ки гузашт андар лаби домони ту,
Беҳтарин ганҷинаи умрам шуморам, Ванҷи ман. (Шаҳрия).
  Бурҳон Раҳмон зодаи ноҳияи Ванҷи Бадахшон аст. Ванҷи афсонавӣ.
  Истеъдоди худододи Бурҳон Раҳмон дар ҳамин диёри зебоманзари кӯҳистон арзи ҳастӣ кардааст.
  Ӯ ба ёд меорад:
— Рӯзи ба идораи радио омаданам матнеро дода гуфтанд, ки бихонам. Пас аз хондан эрод гирифтанд, ки садоят бисёр баланд аст. Гуфтам, ки зодаи кӯҳистон ҳастам ва он ҷо ки шаршараҳо зиёданд, садо низ мисли шаршараҳо ғулғулаафкан мегардад. Шояд сабаб ҳамин бошад.
  Вале доштани истеъдоди табиӣ ба худии худ кофӣ нест. Истеъдоди Бурҳон Раҳмон низ пас аз омадан ба Сталинобод — маркази ҷумҳурӣ, пас аз мутолиаи зиёду заҳматҳои фаровон, пас аз омӯзиши адабиёти ҷаҳоншумули форс-тоҷик, пас аз ошноӣ бо назми безаволи классикону осори адибони муосири тоҷик ва мадади устодон рушду нумӯъ ёфта ва оламгир шуд. Бале, бидуни муболиға оламгир шуд, зеро ба садои баланду марғуб, садои нотакрору хос, садои таниндору қавии ӯ на танҳо дар кишвари мо ва дар мамолики ҳамсояву минтақа, балки шунавандагон ҳатто дар кишвари дур Мексика арзиш қоил шудаанд.
  Ба хости тақдир ва бозии талхи тақдир Бурҳон Раҳмон дар чаҳорсолагӣ аз падар маҳрум мешавад. Модар ба ночор тифли хешро ба хонаи кӯдакони ноҳияи Ванҷ месупорад. Давлат тарбияи ӯро ба ӯҳда мегирад. Ва ҳамин ҳақшиносиву намакшиносӣ дар баробари давлат имрӯз низ ҳамеша дар гуфтаҳои ӯ, дар рафтору амали ӯ ба мушоҳида мерасад. Фикр мекунам, ҳақшиносии ӯ, ҳақиқатгӯйиву ҳақиқатпарастии ӯ, хидмати содиқона кардан ба давлату миҳан, ба мардуми худ, мувозибату ғамхорӣ аз тифлон, ки баъдан шиори ӯ дар зиндагӣ гардид аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад ва дар ҳамин ҷо, дар ҳамин муҳиту дар ҳамин минтақаи зебову афсонавӣ пайрезӣ шудааст.
  Албатта, зоиаи аз даст додани падар ҷуброннопазир аст. Аммо акояш Саид то андозае халои ба вуҷудомада дар зиндагии ӯро бо дилсӯзиву меҳрубониҳои худ пур мекард. Ва дар камолоту худшиносии Бурҳони ҷавон нақши муҳим бозидааст.
  Бурҳон Раҳмон пас аз хатми мактаби ҳафтсола ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм месупорад. Баъдан, донишҷӯи факултети забон ва адабиёти Институти педагогии ба номи Шевченкои пойтахт мешавад.
Беҳтарин айёми ҷавонӣ, айёми донишҷӯӣ ва таҳсил дар Донишгоҳ оғоз мешаванд, ки аз хотираи ӯ нозудудаанд…
  Дар ин солҳо бо яке аз духтарони зебо, донишҷӯи ҳамин Донишгоҳ Саодатхон, ки бо ҳам каме қаробати хешӣ низ доранд, шинос мешавад ва тақдири худро бо ҳам мепайванданд.
  Оила бунёд мекунанд, оилаи намунавӣ. Имрӯз ҳамсари Бурҳон Раҳмон Саодат-апа омӯзгори собиқадору варзидаи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ аст. Дар 60 солагии муаллима — ин хонуми ботамкину озода, хушгуфтору хушмуомила эҳтироми беандозаи ҳамкорону устодону шогирдонро нисбати ӯ мушоҳида кардем. Вале муҳимтар ин ки ин ду нафар, ки бо ҳам солҳои тӯлониро пушти сар кардаанд, гармиву сардии зиёди зиндагиро дидаанд, бо якдигар муносибату эҳтироми истисноӣ доранд, ки намунаву қобили пайравӣ барои ҷавонон аст.
  Фарзандонро тарбия карданд, калон карданд. Фарзандони хубро. Соҳибмаълумоту соҳиби хонаву дару оила карданд онҳоро.
  Фаъоли ҷомеа аст Бурҳон Раҳмон. Хеле фаъол аст, коромаду пуркор, ҷиддиву пурмасъулият аст ӯ, серсоҳа аст фаъолияти ӯ. Фикр мекунам, муваффақияту самараи кораш низ аз ҳамин хислатҳояш сарчашма мегиранд. Фақат ном бурдани риштаҳои фаъолияташ қобили мулоҳиза аст. Наттоқи касбии радиои тоҷик, ҳамкорӣ бо телевизион, ширкат дар дубляж кардани филмҳои ҳунариву мултипликатсионӣ, овоз додани филмҳои мустанад, ҳунарнамоӣ дар филму намоишномаҳо, барандагии ҷамъомадҳову маҳфилҳои мухталифи расмӣ, садри суру маҳфилҳои шодии хонаводагӣ, фаъолияти ҳизбӣ, корҳои маҳаллаи зист, сафарҳои ҳунарии хориҷӣ…
  Ва ниҳоят ин ки ӯ дар рӯзҳои мушкили ҳамватанонаш — дар рӯзҳои сӯг ҳамеша ба по истодааст, ҳамеша омодаи хидмат аст, доимо дар хидмат аст. Ҳамеша бо мардуми худ аст. Ҳамдард, хайрхоҳ, дилсӯз, одамдӯст, хушмуошират, хушсухану хушгуфтор аст. Якеро дилдорӣ медиҳад, дигареро насиҳат мекунад ва мебинед, ки таҳаммули ҳатто кӯчактарин амали ноҷоро накарда якеро коҳиш мекунад. Ва ҳамаи инро бо дили соф, бидуни ҳеҷ гуна зоҳирпарастӣ, бидуни кӯчактарин риёкорӣ анҷом медиҳад, содиқона анҷом медиҳад, зеро ниҳодаш чунин аст.
  Як хислати дигари ӯро низ медонам, ки ба ниёзмандон, ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дасти мадад дароз мекунад. Ҳар чи аз дасташ меояд, иҷро мекунад. Обрӯю ҳайсияташ дар байни мардуму ҷомеа имкон медиҳад, ки мушкили ниёзмандеро рафъ намояд.
  Аз сӯи дигар ӯ, ки худ ҳамеша дар хидмати дигарон аст, ба дигарон некӣ кардааст, эҳтиёҷи дигаронро рафъ кардааст, ин робитаи баргашт кори ӯро осон мекунад ба ин маънӣ ки дигарон низ ба ивази некиаш ба вай бо некӣ посух медиҳанд.
  Масалан, медонам, ки барои як ҳамсояи маълулаш ба кадом корхонае рафта, бо садҳо мушкилот коляскаи маъюбиро супориш дода, баъд аз омода шудан онро ба ин ниёзманд расондааст.
  Чунин мисолро даҳҳову садҳо овардан мумкин аст.
  Ошкоргап асту усулӣ (принсипиалӣ). Ин амалу хидмати Бурҳон Раҳмон, ки дар ҷамъомадҳои расмиву ғайрирасмӣ, дар маҳфилҳои шахсиву хонаводагӣ одамонро ба кори нек, ба амали хайр, ба дӯстиву бародарӣ, ба ваҳдат, ба эҳтироми якдигарӣ, ба хидмати шоиста ба мардуму миллат даъват мекунад ва чун як устод, як тарбиятгар, як мураббии ҷомеа амал мекунад, ба ҳамагон маълум аст.
  Аммо як шеваи дигари таъсир ба ҷомеа — ба хусус ба қишри арбадаҷӯ ва бенизому бетартиби ҷомеа ва як шеваи насиҳатгӯӣ дорад, ки барои кам касон хос аст. Борҳо мушоҳида кардаам, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар автобусу тролейбусу «маршрутка» нафареро ба хотири ягон амали номуносиб ба боди интиқод мегирад, ё насиҳат мекунад.
  Эроду интиқодаш ҳам коргар мешавад, фоида мерасонад, зеро аксар мардум ӯро мешиносанд ва агар нашиносанд ҳам ҷиддияту қотеъияти ӯ, садои расои ӯ, мантиқу эроди дурусти ӯ он шахси беинтизомро водор менамояд, ки аз аъмоли худ шарм дорад. Боз ҳам таъсири суханаш дар садоқати ӯст, зеро беназмиву беэҳтиромиву дағаливу ситезаҷӯиву беинсофиву беинзиботиро дар ҷомеа таҳаммул надорад.
  Аз нобасомониҳои зиндагӣ бо дард сухан мегӯяд.
  Устуворақида аст, Бурҳон Раҳмон. Ба ҳизбе, ки солҳо узваш буда ва дар хидматаш буда содиқ мондааст. Магар бад аст ин?! Зеро ҳамаамон фарзанди замон ҳастем. Файласуфе гуфта: «Мо бештар фарзанди замони худ ҳастем, то фарзанди падару модар».
  Дар маҳфилҳое, ки садрнишин аст, сухангӯю баранда аст бо як эҳсосот, бо эҳтирос, бо назокат сухан мегӯяд. Садои нотакрори ӯ, истеъдоди ҳунарии ӯ, ҷӯшу хурӯши хоси ӯ таъсирбахш воқеъ мегардад. Бенизомтарин фарду бехабар аз арзиши каломро маҷбур ва водор месозад, ки ба сухани ӯ гӯш кунад. Шеваю усулу тарзи суханрониашро бо рӯҳияву завқи ҳузурдоштагон, бо қишри гуногуни шунавандагон созгор месозад, истифодаи бамавқеъ ва бисёри ашъор ноби классикӣ ва муосир таъсирнок мешавад. Садоқату самимияти сухани ӯ, андешарониву мулоҳизоти мантиқии ӯ воситаи дигари таъсирбахшианд.
  Аксаран соҳибони маҳфил ва довталабони сухан гуфтанро мешиносад ва ин ба ӯ имкон медиҳад, ки ононро бо шеваи хоси худ, бо як назокати сухан ва бо як маҳорат муаррифӣ намояд. Аммо агар ин ашхосро нашиносад ҳам кӯчактарин маълумот кофист, ки асли матлаб ва асли мақсадро дарёбаду шахсро моҳирона муаррифӣ намояд. Ҳамаи ин ҳосили таҷрибаву тӯлонӣ ва ҳосили истеъдоди ӯст.
 Бидуни шак, Бурҳон Раҳмон дар радифи наттоқону ровиёни варзидаи тоҷик мисли Файзулло Арабов, Абдуқодир Маниёзов, Маҳмудҷон Воҳидов, Субҳон Раҳматов, Наима Қаҳҳорова, Хосият Олимова ва дигрон дар даврае, ки аксар коргузорӣ ва маҳфилҳову ҷамъомадҳои расмӣ ва ҳатто ғайрирасмӣ ба забони русӣ анҷом мегирифт, барои ҳифзи забони тоҷикӣ, барои пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, барои дурусту саҳиҳ сухан гуфтан ба забони модарӣ, барои тарғибу тарвиҷи осори классикӣ ва адабиёти муосири тоҷик, барои муаррифию тарғибу шиносоии забони ширини тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ ба мардуми кишварҳои дигар хидмати шоиста кардааст. Мусалламан, бисёр наттоқону гӯяндагон — ба хусус, ҷавонон ба ин ё он шакл ба ӯ пайравӣ кардаанд, ба сурати мустақиму ғайри мустақим аз ӯ омӯхтаанд.
  Бидуни шакк, садои нотакрору лаҳни шевояш садҳо нафарро ташвиқу тарғиб карда, ки дар ҳунари наттоқӣ қувваозмоӣ кунанд ва худро агарчанде шогирдона бошад ҳам, ба мавҷи дарёи сухан бизананд ва агар дарёфти марвориди сухан муяссар нашавад, дасткам санги ҷилодореро аз умқи ин дарё бирабоянд. Ин худ кори шоистаи таҳсин аст.
  Зимнан, Субҳон Раҳматов — яке аз собиқадортарин корманди радио — суханвари дигари варзида ва наттоқи касбӣ, шахсе, ки 45 соли ҳаёташро вақфи ин даргоҳи барои вай муқаддас намудааст, дар китоби худ «Минбари савту калом», ки амалан аввалин сабту шарҳу бозгӯии таърихи ташаккулу рушди радиои тоҷик аз забони ин шоҳиди зинда аст, чунин баҳо додааст:
— «Фаъолияти собиқадори фидоии радиои тоҷик, гӯяндаи дараҷаи олӣ, Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ, аълочии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ Бурҳон Раҳмонов 15 маи соли 1957 дар ҳамин идора ба ҳайси гӯянда оғоз ёфта, ҳоло ҳам идома дорад. Сомеони миллионнафараи кишварҳои Шарқ беш аз 45 сол ин ҷониб садои форам ва лаҳни гуворои ин гӯяндаи боистеъдодро пайваста гӯш мекунанд ва дар мактубҳои сершумори худ изҳори сипос мекунанд. Овози марғуладори Бурҳон Раҳмоновро дар садҳо филмҳои ҳунарӣ ва мустанад ба осонӣ шинохтан мумкин».
  Сафарҳои зиёди тӯлонӣ ба шаҳрҳову кишварҳои мухталиф кардааст Бурҳон Раҳмон. Ба чандин шаҳрҳои ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, се бор ба Афғонистон, ба Ҷумҳурии Исломии Ирон ва ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҳунарӣ кардааст.
  Дар ин сафарҳо бо бисёр шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ, бо ҳунармандони маъруф мулоқот карда, шинос шудааст. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо аз дастовардҳои мардуми тоҷик, аз ҳунару фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷик, аҳамияти ҳунар ва нақши он дар тарбияи маънавии инсон сухан гуфтааст.
  Дар Кобул вохӯрӣ бо овозхони нобиғаи Шарқ Аҳмад Зоҳир барояш фаромӯшношуданист.
  Нотиқӣ, сухангӯӣ як ҳунар аст, ҳунари бостонист. Дар Юнони қадим нотиқон ба лаби дарёи пурхурӯш ё шаршара рафта, дар акси садои он овози худро сайқал медоданд ва машқ мекарданд. Аксар бузургону сиёсатмадорони ҷаҳон наттоқи хуб будаанд ва аз ин ҳунари худ барои таъсиргузорӣ ба мардум истифода мекарданд, дар мамолики исломӣ ҳунари наттоқӣ бо ваъзгӯӣ пайванд ёфта ва вазифаеро иҷро мекунад. Чун, сухан волотарин эътои Раббонӣ барои инсон аст ва нотиқ сухансозу сухангустару суханпардоз аст, нотиқӣ як ҳунари наҷиб аст.
  Ва Бурҳон Раҳмон як устоди ин ҳунари наҷиб аст ва дар рушду такмилу тарғибу тарвиҷи ҳунари наттоқии тоҷик саҳмгузор аст.
  Ман бо Бурҳонака дар ҳудуди 20 сол аст, ки дар идораи бурунмарзии радиои тоҷик ҳамкорӣ дорам. Ва бо итминон гуфта метавонам, ки вазифашиносиву масъулиятшиносии ӯ истисноист.
  Дар давраи Иттиҳоди Шӯравии собиқ тамоми ахбору тафсирҳои сиёсӣ аз Маскав аз тариқи телетайп барои мо ирсол мешуд ва мо тарҷумонҳо онҳоро ба дариву форсӣ бармегардондем. Маълум, ки дар кори радио шитоб ҷо дорад. Материал бисёр меомад. Вақти бисёр фикру мулоҳиза кардан нест. Ҳамарӯза ду бахш хабар ва ду тафсири сиёсӣ тарҷума мешуд. Назди мошиннавис нишаста маводро якбора аз русӣ ба дарӣ дикта мекардем. Аз сӯи дигар, назорату масъулият ҷиддӣ буд — хеле ҷиддиву сахтгирона. Барои кӯчиктарин иштибоҳ дасткам, «выговор» тайёр.
  Ғайр аз ин, тарҷумаи озод, ки мо имрӯз бештар ба он мутавассил мешавем, он вақт ташвиқ намешуд. Бояд тамоми климаҳои матни русӣ дар матни тарҷума мавҷуд бошанд. Дар чунин вазъ мусалламан, гоҳо ноҳамвориҳову нуқсҳое дар тарҷума ба мушоҳида мерасид. Аммо бидуни муболиға ва содиқона мегӯям, ки ҳар гоҳ тарҷумаи моро устод Бурҳон Раҳмон мехонд, ин ноҳамвориҳову ин кӯтоҳиҳову ин нуқсҳо рӯпӯш мешуданд. Ба туфайли маҳорату истеъдоди наттоқии ӯ. Аз сӯи дигар, Бурҳон Раҳмонов худ заъфи тарҷума ва ноҷо афтидани ягон калимаро даррав эҳсос мекард, эрод мегирифт ва мо онро ислоҳ мекардем. Дар айни замон дар кори тарҷумону муҳаррир ҳеч гоҳ мудохилаи ноҷо намекунад.
  Ӯ бо чунин масъулияту вазифашиносӣ, бо чунон ҷиддияту бо чунон диққату боинтизомӣ ба касби хеш муносибат мекунад, ки омӯзандаву дархури ситоиш аст. Гарчи Бурҳон Раҳмон даҳсолаҳо таҷрибаи наттоқиву сухангӯиро андӯхта, вале имрӯз низ қалам дар даст бо ҳамон масъулияти даҳсолаҳо пеш матнро бодиққату бомулоҳиза мехонад ва омодагӣ мебинад. Ин барои ҷавонон намунаи ибрат аст.
  Бале, истеъдоди худододи Бурҳон Раҳмон, овози буррои ӯ ва ҳамин вазифашиносиву масъулиятшиносиву покизакории беш аз ҳадди ӯ дар кор муваффақияти худи ӯро, маҳбубияти ӯро дар байни шунавандагон ва таъсири гуфторҳои моро ба шунаванда таъмин мекунад.
  Вазифашиносиву масъулиятшиносӣ ҳамроҳ бо дониши ҳамасоҳа, ошноии хуб бо адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дилбастагӣ ба забони модарӣ, истеъдод, таҷрубаи чандинсола, донистани нозукиҳои касби наттоқӣ — ҳамаи ин сабаб мешавад, ки дар қироати Бурҳон Раҳмон тамоми шеваю ҷанбаҳою вижагиҳои ҳунари наттоқӣ — яъне аввалан, ошноии комил бо матн, пурра дарк кардани мазмуни матну ҳадафи муаллиф, ҳамчунон омилҳое чун таваққуф (макс, пауза), лаҳн (оҳанг, интонатсия) ва зада бо тамоми тартибу низому қоидааш риоя шаванд.
  Бурҳон Раҳмон дар Идораи бурунмарзӣ ва умуман, радиои тоҷик як шоҳсутун аст, як устод аст, як мураббии ҷавонон аст ва як таблиғгари ғояи худшиносии миллӣ ва дастуру тасмимҳои Раиси ҷумҳур ва ҳукумати кишвар, як таблиғгари дастовардҳои мардуми тоҷик ва фарҳанги боарзишу бостонии тоҷик барои хориҷи кишвар аст.
  Ӯ як дилсӯзи боэҳтимоми кори радио аст. Аз муваффақияти кормандони радио беҳад шоду болида мегардад ва аз нобаробариҳои мо малул.
  Маҳбубияти Бурҳон Раҳмон дар миёни мардум, дар байни шунавандагонаш беҳад аст ва ҳаводорони ҳунару садояш хеле афзуданд.
  Чанд сол қабл дар яке аз вохӯриҳои навбатии кормандони радиои тоҷик бо шунавандагон дар ноҳияи Регар (Турсунзодаи ҳозира) ҳангоми пешвозгирӣ гулдастаеро ба ӯ тақдим мекунанд, аммо у бо фурӯтании хосаш мегӯяд, ки ин гулдастаро бояд ба роҳбари мо дод. Посух медиҳанд:
— Охир,мо шуморо мешиносем.
  Боре дар сарзамини Афғонистон дар як мулоқот дар кохе ҳанӯз ӯро муаррифӣ накардаанд, ки аз толор садоҳои бисёр баланд мешавад:
-Ин ҳамон шахсест, ки овозашро ҳамарӯза аз радиои Тоҷикистон мешунавем…
  Ман худам тайи шаш соли сафари хидматиам ба Ирону Афғонистон борҳо шоҳиди он будам, ки шунавандагони иронӣ ва афғонӣ ба садои ӯ ва ба тарзи хондану қироати ӯ арҷ мениҳоданд ва мо аз ин фахр мекардем.
  Бурҳон Раҳмон дар радио ба мақому манзалат даст ёфт. Мақому манзалати шоиставу боифтихор. Мақому манзалати дархури ситоиш.
  Қариб ним аср аст, ки ҳамарӯза меҳмони хонадони мардуми Тоҷикистон, Афғонистон, Ирон ва форсизабонони дунё аст. Аз Ҳиндустону Покистону мамолики араб ва тавре ки зикр кардам, ҳатто аз Мексики дур ба бахши бурунмарзии радиои тоҷик нома менависанд ва дар ин номаҳо қабл аз ҳама номи Бурҳон Раҳмон ва наттоқи дигари собиқадор Амирбек Кучакбековро зикр мекунанд.
  Ин хушбахтист. Ва ӯ ҳақ дорад худро хушбахт ҳисобад.
  Хушбахтии дигари ӯ, бахти дигари ӯ набераҳоянд…
  Нуктаи дигарро мехостам тазаккур бидиҳам, Бурҳон Раҳмон — ин фарзанди кӯҳистон дар нишастҳову дар маъракаҳову дар манзилу дар кору дар суханрониҳову дар рафтору гуфтору кирдори худ ба этикет — одоби муошират ва ҳамчунон ба риояти тартибу низом дар маъракаҳо чунон хурдагирона таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, ки барои ҳамагон омӯзанда аст.
  Хонандаи азиз, бадин тартиб, сайре, сайри иҷмоливу кӯтоҳе доштем дар олами ҳастии як ҳунарманди тоҷик, як наттоқи касбӣ, як суханвари варзида ва як хидматгузори мардум. Бо орзуи тавфиқи худовандӣ барои ӯ ва аҳли хонаводааш мегӯем: Сӯҳбат боқӣ. Мирзошо Ватаншо.
Пайнавишт: Ёдовар мешавам, ки ин матлаб дар замони барҳаёт будани шодравон навишта шуда буд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.