Бунёди пул бар фарози рӯди Бунай

  Иқдоми мазкурро соҳибкори созандаю бунёдкор, зодаи ин деҳаи зебоманзар Баҳор Мирзоев сармоягузорӣ хоҳад кард. Тендери марбут ба бунёди иншоотро пулсози ҷавон, фарзанди диёр – Одилҷон Аҳмадов дастрас намудааст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ чандин пулу роҳҳои мошингард низ сохтааст. Ҳамзамон, ин ҷавони варзидаву кордон, техникаву олоти заруриро оварда, корро оғоз намудааст.
  Ёдовар мешавем, ки бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё, об пули сохташударо мебурд ва дар гармии тобистон сокинони деҳа, хонандагон ва мӯйсафедон маҷбур мешуданд, боз 4 км масофа роҳро тай намуда, бо убур кардан аз пули мошингарди поён ба маркази деҳа, ки маркази деҳшӯрои Ҷовидон ба ҳисоб меравад, бирасанд. Ҳамакнун кори анҷоммедода бо риояи талаботҳои стандартӣ, мушкилоти масофаи роҳро бартараф сохта, равуои сокинони деҳаро дар чаҳор фасли сол сабук ва осон мегардонад. Тавассути ин пул, ба хонандагони мактаб, кормандони деҳшӯро ва дигар қишрҳои ҷомеа, роҳ кӯтоҳтар ва иртибот боз ҳам қавитар хоҳад шуд.
  Қобили зикр аст, ки пули номбаршуда 33 метр дарозӣ ва 1 метру 50 см паҳноӣ хоҳад дошт. Интизор аст, то баланд шудани сатҳи оби дарё, тақрибан моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.
  Ба назари мо ҳар соҳибкори огаҳ бояд худро дар баробари рушди диёри худ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мардуми он масъул ва дар масоили сарнавиштсози диёр шарик ва ҳамкор бидонад. Гузориши Бузургмеҳр Назарзода. 04.04.2019.

Расмҳо:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.