Тайи рӯзҳои охир дар водӣ ба миқдори зиёд барф борид. Ин дуввуми бори бориши барф дар зимистони имсола буда, мушкилотеро барои сокинои водӣ дар пай овард. Маъмулан, дар минтақаи Ванҷи Боло, ки иртифои бештар дорад, нисбат ба қисмати поёнии водӣ зиёдтар барф боридааст. Ба нақли сокинони ин минтақа барфи рӯфтаи атрофи хонаҳо то ба бомашон баробар шудааст. Чуноне ки бархе аз сокинони водӣ тазаккур доданд, агарчанде бориши зиёди барф мушкилу машаққатеро дар зимистон барои мардум орад, нафъе ба баҳору тобистон ва ҳосили замину дарахт ва чарогоҳ дорад.
Гузориши тасвирии Бахтиёри Шокарим аз боришоти барфи рӯзҳои охир:
Ана барфу мана барф